Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №33

Ислоҳ нет

Ҳар вақте номаҳои шуморо барои нашр омода месозем, як бори дигар бовар ҳосил мекунам, ки кори дурусте кардаем. Ҳақиқатан ҳам мардум ба як чунин минбаре, ки озод бошад ва тавонанд дарди дилашонро, онгуна ки мехоҳанд бигуянд, шадидан ниёз доранд.

Contents
  Мо бо дар миён гузоштани мушкилоти худ бояд ин режимро водор кунем, ки масъулияти худро иҷро кунад. Мутмаин бошед ин бебанду бориҳо, ин заминфурушӣ, ин порахурӣ, ин ғасби бизнесу тиҷорат ҳамааш аз марказ ва зери сар худи Раҳмонов ва ё одамони вай аст. Барои ҳамин боҷуръат бошед ва бигуед:                                                Айнӣ   Хуҷанд    Ман сарбози Гвардияи миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳастам. Қисми ҳарбии 051056. Зулм болои сарбозҳоро дар инҷо бо чашмони худам дидам. Ин қисми ҳарбӣ дар Чкаловск-Бустони феълӣ воқеъ аст. Командири рота дар маркази таълимии ин воҳиди низомӣ лейтенанти калон Самандар Қурбонзода аст. Сахт баднафс мебошад. Сарбози нав даъватшударо падари ту чи кора аст гуфта бо каска ба сараш чандин бор зад ва гуфт, ки бигуяд ба ин рақам сум партояд. Сарбозро пешандоз карда ба туалет бурд ва маҷбур кард, ки бо дастони бараҳна туалетро бишуяд. Як нафари дигар дар ин маркази таълимӣ лейтенант Идизода Нозим ном дорад сарбозҳоро сахт азият мекунад. Мегуяд ман шахси масъули инҷо ҳастам, нафас каш гуям мекашӣ накаш гуям намекашӣ, фаҳмидӣ. Агар азроил барои гирифтани ҷонат ояд бигуяш, ки Идизода гуфт пагаҳ биё. Ҳамин тавр тарсонидаву издиватсия мекунад. Гапҳои куфр бисёр мезанад. Қомандири ин қисми ҳарбӣ Одиназода Абдусалом аст. Гапи даҳанаш “бар падарат лаънат” аст.   Баталиони1- Гвардияи миллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 2-яш дар Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Дар Сартуқай баталиони дуюми зудамал, қисми ҳарбии 051056 ҷойгир аст. Барои як кас ҳамаи 240 нафар сарбозро «упор лёжа» мемонанд. Замполит капитан Мардоншоев дашномҳои қабеҳ мекунад: «фалони оча, ман кофирим, очата фалон мекунум кофир таваллуд мекна», мегӯяд. Сардори Ситод капитан Сайдзода аз ҳар як сарбоз 400-500 сомонӣ мегирад ва сипас 10 рӯз ҷавоб медиҳад. Баъди омадан, яъне аз отпуска «доля»-и маро биёр мегуяд. Боз вақти аз хона баргаштан 150-200 сомонӣ мегирад. Дар дасташ як пашакушаки резинӣ аст. Ҳар гоҳе бихост сарбозҳоро бо он таги шаллоқ мегирад. Як капитани дигар Асфалихонов-помирӣ. Ин ҳам сахт дашном мекунад. Барои як берсии гум шудагӣ аз саҳар дар рӯзи борон ҳамаи батлонро дар берун луб луч кард. Раҳми инсонӣ надорад. Лейтенанти калон Ҳусейнзода фақат модар гуфта ҳақорат медиҳад. Мо сарбозҳо хаставу безор шудаем. Сайдзода ҳеҷ гоҳ фикр накун, ки ин ҳама зулму ситами шумо болои сарбозон даруни ин чор девор мемонад. Ба ин зулми кардаатон ҳатман ҷавоб хоҳед дод. Мо, бачаҳои мардум бесоҳиб нестем. Умедворем Генерал лейтинант Ҷамолзода Бобоҷон ин мушкилотро бартараф менамоянд!Акаи Муҳаммадиқбол. Илтимос ин номаи моро чоп кунед ва ба самъи халқи тоҷик бирасонед.                 Душанбе

 Интернет чизи хуб аст, ки дасти касифи ин ҳукумати диктотуриро кутоҳ кардааст ва ҳам моро бо ҳам мепайвандад. Аз ин ҷиҳат аст ки Раҳмонову дору дастааш ин қадар аз ин интернет дар ҳаросаст. Ба хотири зери контроли худаш қарораш бидиҳад як қудои данги бе саводи худ Бег Сабурро барои масдуд кардани он истихдом намудааст. Аммо Худоро шукр,ки ин масдуд созӣ ва таҳдидҳои мақомот ба мардуми ҷон ба каф омада коромад нашуда истодааст. Чунки мардум ба мо муфассал навишта истодаанд, ин далолат ва шаҳодат аз он медиҳад.

  Ончуноне худи шумо ҳам мушоҳида карда истодаед аммо навоҳие мисли Тавилдара, Спитамен, Шаҳринав ва вақтҳои ахир Масчоҳи наву куҳна каме пассив шудаанд. Ҳамчунин аз Бохтар-маркази вилояти Хатлон, аз Хуҷанд-маркази вилояти Суғд ва аз Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон маълумот камтар расида истодааст. Махсусан навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ибрози назару андеша ва ифшои мушкилоти худ кутаҳӣ мекунанд.

  Мо, набояд ба зиндагиву рузгори худ, бадтар аз ин ба ояндаи фарзандони худ бетафовутӣ зоҳир кунем.

  Мо бо дар миён гузоштани мушкилоти худ бояд ин режимро водор кунем, ки масъулияти худро иҷро кунад. Мутмаин бошед ин бебанду бориҳо, ин заминфурушӣ, ин порахурӣ, ин ғасби бизнесу тиҷорат ҳамааш аз марказ ва зери сар худи Раҳмонов ва ё одамони вай аст. Барои ҳамин боҷуръат бошед ва бигуед:

                                                Айнӣ

    Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Иншоаллоҳ, умедворам акаи Муҳаммадиқбол хуб ҳастед. Ман аз қишлоқи Фатмеви ноҳияи Айнӣ мебошам вале ному насабамро намегуям. Ростӣ гап хело сабр намудам аммо косаи сабрам лабрез шуд.

Ҳангоме дар синфи 10ум мехондем, роҳбари синфамон, ки муаллими фанни химия буд мегуфт ва таъкид мекард, ки хонед, то фардо ба Русия рафта мардикор нашавед. Акнун имрӯз ман усто ҳастам ва он муаллим сумкаи инструментҳои маро мекашонад. Ин яъне чи маънӣ дорад? Сабабгори ҳамаи ин бадбахтиҳо кист? Албатта, лаънаткардаи Аллох Эмомалии хукмиҷоз аст. Дар ҳамсояқишлоқ, ки Зосун ном дорад 2 ҳафта пеш 19 муаллими ҷавон корпартоӣ ва ба Русия сафар карда дар инҷо мардикор шудаанд, барои он ки мудири маорифи ноҳияи Айнӣ гуфтааст барои ман аз чи ҳисобе набошад «доля»  ҷамъ кунед, вагарна аз маошатон медорам. Зосун мактаби хело калон дорад. 3ҳазор талаба ва 68 муаллим. Акнун 19 нафари онҳо нестанд. Як қишлоқ аз мо боло Испағн ном дорад. Бовар кунед муаллими тарбияи ҷисмонӣ физика дарс мегуяд. Баъд кадри наврас бесавод нашавад, ки бесавод мешавад?

 4 сол пеш бояд дар деҳаи мо як мактаби 2 ошёна бунёд мекарданд. Ҷойи он муқаррар шуд, катлаванашро сохтанду таҳкурсӣ ҳам рехта шуд. Аммо бо ҳамин халос. Инҷо як боғи калони себу ноку ангуру чормағз дошт. Онро раиси қишлоқ Соҳибов Абдураҳим буриду ҳезум карда ба мардум фурӯхт. Зиёда аз 2 ҳазор дарахтҳои зардолуи мевадиҳанда, ки аз они мардум буд, маҷбур бурида 200сомонӣ ҳар яки онро фурӯхт. Ман аз мардум даъват мекунам, ки дигар аз банди тарс бароянду мушкилиҳоро гуянд. Ба шумо бигӯям, ки ин танҳо оғози кори ман аст.  Дигар ягонҷои тарсу ҳарос нест ва ин сабаби нотарсии ман низ шумо ҳастед.

   Ман ҳоло аз қафои якчанд одамкуш ва бо пули калон делоро маҳкам кардани раиси ноҳия ва прокуратураву амният ҳастам, ки кушандаҳои аслӣ дигаронанд ва инсонҳои бегуноҳро 23 сол зиндон намуданд.

 Ҳаттто инхел воқеа рух дод, ки як одамро ба зино муттаҳам дониста зада куштанд. Ва он одам дар Роғун кор мекард. Бо баҳонае, ки ин аз Роғун заҳролуд шуда мурд 280.000 сомонӣ Қурбонов Саидқул аз Роғун маблағ гирифта бо падари кушташуда тақсим карданд.

   Хуҷанд
    Ман сарбози Гвардияи миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳастам. Қисми ҳарбии 051056. Зулм болои сарбозҳоро дар инҷо бо чашмони худам дидам. Ин қисми ҳарбӣ дар Чкаловск-Бустони феълӣ воқеъ аст. Командири рота дар маркази таълимии ин воҳиди низомӣ лейтенанти калон Самандар Қурбонзода аст. Сахт баднафс мебошад. Сарбози нав даъватшударо падари ту чи кора аст гуфта бо каска ба сараш чандин бор зад ва гуфт, ки бигуяд ба ин рақам сум партояд. Сарбозро пешандоз карда ба туалет бурд ва маҷбур кард, ки бо дастони бараҳна туалетро бишуяд. Як нафари дигар дар ин маркази таълимӣ лейтенант Идизода Нозим ном дорад сарбозҳоро сахт азият мекунад. Мегуяд ман шахси масъули инҷо ҳастам, нафас каш гуям мекашӣ накаш гуям намекашӣ, фаҳмидӣ. Агар азроил барои гирифтани ҷонат ояд бигуяш, ки Идизода гуфт пагаҳ биё. Ҳамин тавр тарсонидаву издиватсия мекунад. Гапҳои куфр бисёр мезанад. Қомандири ин қисми ҳарбӣ Одиназода Абдусалом аст. Гапи даҳанаш “бар падарат лаънат” аст.

   Баталиони1- Гвардияи миллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 2-яш дар Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Дар Сартуқай баталиони дуюми зудамал, қисми ҳарбии 051056 ҷойгир аст. Барои як кас ҳамаи 240 нафар сарбозро «упор лёжа» мемонанд. Замполит капитан Мардоншоев дашномҳои қабеҳ мекунад: «фалони оча, ман кофирим, очата фалон мекунум кофир таваллуд мекна», мегӯяд. Сардори Ситод капитан Сайдзода аз ҳар як сарбоз 400-500 сомонӣ мегирад ва сипас 10 рӯз ҷавоб медиҳад. Баъди омадан, яъне аз отпуска «доля»-и маро биёр мегуяд. Боз вақти аз хона баргаштан 150-200 сомонӣ мегирад. Дар дасташ як пашакушаки резинӣ аст. Ҳар гоҳе бихост сарбозҳоро бо он таги шаллоқ мегирад. Як капитани дигар Асфалихонов-помирӣ. Ин ҳам сахт дашном мекунад. Барои як берсии гум шудагӣ аз саҳар дар рӯзи борон ҳамаи батлонро дар берун луб луч кард. Раҳми инсонӣ надорад. Лейтенанти калон Ҳусейнзода фақат модар гуфта ҳақорат медиҳад. Мо сарбозҳо хаставу безор шудаем. Сайдзода ҳеҷ гоҳ фикр накун, ки ин ҳама зулму ситами шумо болои сарбозон даруни ин чор девор мемонад. Ба ин зулми кардаатон ҳатман ҷавоб хоҳед дод. Мо, бачаҳои мардум бесоҳиб нестем. Умедворем Генерал лейтинант Ҷамолзода Бобоҷон ин мушкилотро бартараф менамоянд!

Акаи Муҳаммадиқбол. Илтимос ин номаи моро чоп кунед ва ба самъи халқи тоҷик бирасонед.                 

Душанбе

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз як проблемаи дигар мехоҳам бигуям. Ин ҳам бошад қаллобӣ бо истифода аз шабакаҳои маҷозӣ аст. Як ҳаромхур баромадааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуё конкурс  баргузор мекунад. Дар шабакаи Ютуб мошинҳо мемонаду билет мефурушанд. Яке аз ин гуна қаллобон, ки конкурсҳову бозиҳои пулӣ доир мекунад Баҳром-медиа мебошад. Аммо ин ҳаромхурҳои қаллоб шогирдони Шоҳрух Саид мебошанд. Онҳоро ҳамин Шоҳрух Саид «кришават» мекунад.

    Мисол 10 мошинро мегираду мегуяд, ки дар розыгрыш мондем. Ва бо ҳамин фиреб ягон чанд ҳазор билет мефурӯшад ба муҳоҷирҳо. Баъдтар ягон одами худашро съемка мекунад, ки гӯё вай мошинро бурид. Барандаи мошин шуд. Аммо дар асл ягон наафр ғолиб наомадааст. Инҷо онҳо суми калон ҷамъ мекунанд. Вале ҳамааш чашмбандӣ, фиреби мардум: алик-малик асту тамом. Агар рафту ягон кас жалоб кад зуд ва якрост мераванд УУР-пеши Шоҳрух. Ӯ камбағали жалоб кардаро меоранд Раёсат ва ончунон задане мекунанд, ки ба халосгар зор мешавад. Пул дода, тавба кардам гуфта наҷот меёбад. Вале агар нафари шикоят карда дар Русия бошаду муҳоҷир бошад, хонааш меравнаду мегуянд, ки бачаатон дар онҷо бо Кабирӣ ва Муҳаммадиқболу дигарҳо дар тамос аст. Ва, он падару модарҳо маҷбур мешаванд, ки бар ивази пул номи бачаашонро дар назди онҳо «сафед» кунанд. Хоҳиши ман аз шумо ин аст ки ин масъаларо дар барномаҳоятон бигӯед, то муҳоҷирҳо ба доми ин қаллобони номард наафтанд.

  Зафаробод

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар барномаи пешина дар бораи ин одамҳо ба шумо навишта будам. Ин нафарон аз Угуки Ғончӣ-Деваштичи имрӯзаанд. Сардорони инҳо дар Душанбе кор мекунанд. Яке аз онҳо Абдураҳим Холиқов аст. Чанд сол раиси Кумитаи дини Тоҷикистон буд. Ҳоло вакили Маҷлиси намояндагон аст. Як нафари дигарашон Холов ном дорад. Номашро намедонам. Вай телехи Анушервони бачаи Рустами Эмомалӣ аст. Номи акааш Мақсуд аст.

Дар посёлкаи Меҳнатобод Зарина раиси ҷамоат аст. Хеши наздики Сулаймон Зиёзодаи муовини сарвазири Тоҷикистон. Ин зан  беҳад ҳавобаланд. Бо раиси Зафаробод «отношения» дорад. Раиси мо Раҷаб Ашӯров аст. Бисёр ҳам аз дину диёнат нафрат дорад.

Домулло як чизро фаҳмидам, ки аз Зафаробод ба Ӯзбекистон бисёр тилло мегузаштааст. Инро як нафар аз кормандони сарҳадбон гуфт. Дар Зафаробод яке аз вазифаҳое, ки бисёр харидор дорад сардори УУР-шуъбаи кофтукоби ҷиноятӣ будааст. Аммо ин тиллоҳо куҷо меравад номаълум аст.

 Президенти имрӯзаи Ӯзбекистон авлодаш аз Ғончӣ-Деваштичи имрӯза аст. Ман намегуям, ки угукиҳо бо вай шояд алоқа дошта бошанд, аммо ин угукиҳо ягонтааш дар Зафаробод кор намекунанд, аксарияташон дар Хуҷанд кор мекунанд ва дар Душанбе.

Дар Зафаробод  беҳад бузу чоплусҳо бисёранд, кони бузу чоплус шудагӣ.  Дар ҳар як куча 2, 3 бузи амният ҳаст мегуяд як ҷураам. Шумо як бор гашту рафтори Манучеҳри сардори нотариус ва Ориф-судиҷрочии моро бинед, дар ҳайрат мезанед. Инҳо гумон мекунанд, ки соҳиби ҳамин ноҳияанд. Мағрур, ҳавобаланд.

Бояд Русия кор мерафтам. Беморхона барои справкаи саломатӣ рафтам. Аз нарколог-ҷинихона справка даркор буд. Мо ду нафар будем. Рафтем, ки духтур як бачаи ҷавон. Гуфтем, ки справка даркору агар илоҷаш бошад ба русӣ наувисед. Ин духтур ҳам нарколог ва ҳам духтури ҷинихона будааст. Гуфт, ки 300 сомонӣ диҳед, навишта медиҳам. Агар не равед нотариус. Нотариус омадем гуфт, ки 60 сомонӣ ҳар кадомет медиҳед. Боз ҷинихона рафтему гуфтем 50 сомонӣ медиҳем. 2 кас 100 сомонӣ мешавад. Фикр карду гуфт розӣ аст. Навишту доду сад сомонӣ гирифт. Аммо ман розӣ нестам. Наход 2 коғаз 100сомонӣ бошад?

 Ин мақомотҳо куҷоро нигоҳ доранд 

  Домулло як рафиқи ман пеш дар Конибодом дар хонаи як одам кор мекардаст.Мегуфт,ки муносибати хуб доштем. Беҳад одами хуб аст.Аммо то ҳамин қарибӣ намедонистааст, ки ин одам стукач будаст. Хонаи он одам кормандони ҳарбӣ бисёр меомадаанд. Кришаи ин одам пеш телехи президент будааст. Ҳозир соҳиби заводи семент аст. Рутбаи майёрӣ дорад. Номаш Фаррух. Як нафар рафиқи ин одам Насриддинов Нурулло аз Панҷакент. Дар Прокуратураи генерлӣ кор мекунад. Аз даҳони худи ҳамон одам рафиқам шунивидааст, ки ӯ стукач будааст.

       Душанбе

   Бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман худамро шинос намекунам. Зарурат надорад. Аммо ман сваршик-челонгарам. Аз соли 2011 то 2018 дар Русия будам. Чанд вақт омадам ватан. Дар якҷо корро сар кардам. Бо ман наздик ба 30 нафар кор мекарданд. Аммо давоми солҳое, ки кор кардем ҳамагӣ 10% медоданду халос.

 Соли гузашта дар ҳамин шабурӯзҳо мо ҳамроҳи ҳамкорон 25 қудуқ-колодесро канда оҳанҳояшро ба металлолом додем. 8 моҳ ба Прокуратураи генералӣ ариза кардем, касе ба додамон нарасид.

Гап дар бораи чӣ меравад?

  Дар як сол 5- миллион доллар, ки муъодили 50 млн сомонӣ аст барои сохтани системаи гармидиҳии як минтақа аз тарафи ҳукумат ҷудо мешавад. Ин 50 миллион сомонӣ бояд ба 10 фирмае, ки тендерро бурида аст дода мешавад. Вале Маҳмадулло Атовуллоеви хеши Эмомали Раҳмонов, сардори ….. шаҳр, пулро намегузаронад ва худаш рафта аз Хитой ё аз Русия масолеҳи сохтмонӣ меовард. Масалан труба, элоктрод ва изолятсия. Ва фирмаҳоро маҷбур мекунад, ки масолеҳи сохтмониро аз ӯ бигиранд ва агар нагиранд аз тендер намегузаранд. Фирмаҳое, ки тендерро буриданд маҷбур мешаванд, ки гапи Атовуллоевро бигиранд ва аз вай масолеҳ дарёфт кунанд. Дар ин ҳолат онҳо зарар мекунанд. Баъд на маоши усторо, на маоши коргарҳо ва на музди кори экскаваторро медиҳанд. Дода наметавонанд.

   Ҳамчунин барои кураторҳое, ки аз тарафи Атовуллоев ва Ёров Абдуҷаббор барои нигоҳубин ва назорати объектҳо таъин мешаванд аз сари маблағи ҳар фирма 200.000 сомонӣ мегиранд. Трубаҳо бояд дар даруни латокҳо хобонида шаванд. Вале бидуни латок мехобонанд.

 Ин 50 миллион сомонӣ-5 миллион доллар буд он вақт, ки барои корҳои як мавсим ҷудо мешавад. Дар асл бояд фирмаҳое, ки тендерро буриданд, худашон масолеҳи сохтмонӣ харанд. Онҳо вақте худашон хариданд, бо нархи маъмулӣ ва аз бозор арзонтар мехаранд. Аммо Атовуллоев аз нархи бозор ҳам гаронтар ба онҳо мефурӯшад.

 Маҳмадулло Атовуллоев фирмаҳоро маҷбур мекунад, ки агар кор бифорадатон материалашро аз ман мегиреду корро пеш мебареду сум кор мекунед.

Абдуҷаббор Ёров раиси ТЕС-маркази барқу гармидиҳӣ аст. Ин як ҳаромхури дигар мебошад. Гармидиҳии шаҳр бар уҳдаи ҳамин аст. Одамҳояшро меорад онҳо, чуноне гуфтем 200.000сомонии фирмаҳоро мегиранд. Ва, онҳо рӯрост мегуянд, ки чи хеле мефорадатон трубаро зери хок кунед, начакад тамом, ақалан барои ҳамин сол начакад. Як сол бигзарад. Аз ин 5 миллион 200.000 ашро инҳо мегиранд, масолеҳи сохтмониро Атовуллоев бо нархи чанд баробар мефурӯшад, баъд ин фирмаҳо зӯрашон ба коргарҳо мерасад ва  фанду фиребашон мекунанду имрӯз биё, пагаҳ биё гуфта муздашонро намедиҳанд.

Бовар кунед дар кашидану хобонидани аксарити трубаҳои шаҳри Душанбе иштирок кардам. Қариб ба маблағи 600.000 сомонӣ пули корамонро  натавонистем бигирем. Ин ҳама ноинсофиву номардӣ аз тарафи Маҳмадулло Атовуллоев сардори УРС-и шаҳр аст. Мо чанд трубаҳои аз давраи шуравӣ мондаро кнада ба металлолом дода андаке пул кор кардем.

Ёров Абдуҷаббор ду одам дорад: Ҳамза ва Некбахт. Некбахт аз Суғд аст. Инҳо масъули “авторский надзор”-анд. Инҳо ҳамин 200.000 сомонии фирмаҳоро мегиранд. Ва, ошкоро мегуянд, ки то “лой”-и моро надиҳед кор карда наметавонед. Иҷозат намедиҳем. Мегуем, ки кори шумо дуруст нест. Вақте “лой”-яшонро гирифтанд сипас он тарафаш кори фирма аст. Экскватор меёбаду киро мекунаду хати трубаҳоро меканад. Фирмаҳо на танҳо фоида намебинанд, зарар мебинанд. Вале маҷбур ҳастанд, ки корро анҷом бидиҳанд, чунки тендерро буридаанд. Роҳи бозгашт надоранд. Қарздор мешаванд. Инҳо худашон бояд латок бихаранд, чунки трубаи оби гарм дар изолятсия печонида ва сипас ба даруни латок хобонида ва болои латок маҳкам пушонида шавад. Азбаски дигар имконият надоранд бе ҳеҷ латок ва бе ҳеҷ изолятсия трубаҳоро шабошаб дар чуқурии кандашуда мехобонанд. Танҳо шаб кор мекунанд, токи касе набинад. Экскватор чуқуқрии барои трубаҳоро кандагӣ аст. Шабошаб мехобонанд. Беҳтар аст бигуем таги хок мекунанд. Ягон 5 метрро латок мешинонад, трубаҳоро дар изолятсия мепечоннад аксу сураташро мегирнад, болояшро мепушонанд, хуллас, ҳамин 5 метрашро қоидавӣ мекунанду тамом.  Боқиаш комилан халтура ва қалбакӣ. Дигарашро, чуноне гуфтам на краска мекунанд, на дар латоку на дар изолятсия мегиранд. Сабабаш он аст ки дуздӣ аз болои боло аст. Ва, ин майдаву чайдаҳ, яъне фирмаҳо ҳам аз ҳисоби экономи латоку, краскаву дигару дигар сум кор мекунанд, яъне медузданд. Аммо зарарро мардум ва давлат мебинад, чунки миллионҳои онҳоро ба ҳаво сар доданд. Хароб мешаванд ин трубаҳо.

 Соли гузашта бо сармояи Русия 5 мактаби русӣ сохтанд-дар Душанбе, Регар, Шаҳринав, Бохтар ва Кулоб. Онҷо ҳам як бригада тамоми трубаҳои системаи гармидиҳоро кашид Фирмаи ТГМ-“Иқбол” буд соҳиби ин кор. Иқбол ҳамкурси Рустами Эмомалӣ аст. Ин Иқбол низ инҷо беҳад дуздиву ғорат кард. Роғун ҳам дар дасти ҳамин Иқбол аст. Иқбол аз Ховалинг мебошад. Соли гузашта системаи гамидиҳии парки нави 8-марти Душанберо ҳам сохтанд. Инро ҳам  Маҳмадулло Атовуллоев дақиқан бо ҳамин схемаи дурӯғу фиреб кард.

Ҳамаи корҳое, ки дар ин соҳаи шаҳрдории Душанбе анҷом дода мешавад, корҳои калон-калон, маблағҳои бузург ҷудо мешавад, ки ҳамаашро ҳамин Маҳмадулло Атовуллоев обу лой мекунад. Роғун дар дасти одами Рустам аст. Аммо дар шаҳр, дар Бохтар, дар Данғара ҳамаашро Маҳмадулло Атовуллоев иҷро мекунад.

Дузди асосӣ ҳамин Атовуллоев аст. Ин “бизнес” дар дасти ҳамин аст. Сум ҷудо мешавад фирмаҳоро сум намедиҳад, масолеҳи сохтмониро худаш меоварад, ва ба ҳангоми қабул ҳам боз одамҳои ҳамин қабул мекунанд. Албатта, боз бо додани ришва. Чун ҳама медонанд, ки лулаҳои оби гарми Душанбе чи тавр ва тибқи кадом “қоида” хобонида мешаванд. Рустами Эмомалӣ бояд имсол пеш аз сардиҳо хуб ин корҳои Маҳмадулло Атовуллоевро санҷад вагарна мисли зимистони соли гузашта ва оғози соли 2023 Душанберо интизор аст.

      Айнӣ  

    Салом бародари ҳақгуву нотарс Муҳаммадиқбол.

 Банда …. ном дорам. Муҳоҷир дар Русия. Қариб 15 сол мешавад, дар шаҳри Екатеринбург дар роҳсозӣ кор мекунам. Шукри Аллоҳ моҳонаи хуб мегирам. Ин мактуби ман дар бораи мактаби миёнаи ба номи Александр Пушкини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Рарз мебошад. Солҳои шӯравӣ директори мактаб Назаров Абдуғанӣ ва ҷонишини директори мактаб Маҳмадқулов Қозихон буданд. Дар давоми кори ин ду марди хоксору худотарс аз ин мактаб олимону академикҳо номзадҳо, вазирон судяҳо, докторони бо обуруй баромаданд. Баъди ин ду марди худотарс директори мактаб Бадалов Мирзоазиз шуд. Ва сар шуд корҳои ҳарому бе интизомӣ.   Директори нав Сангинов Муллонабӣ шуд. Инсофу одамияту ахлоқ аз байн рафт. Дар мактаб ғайр аз майнушӣ, садақафурӯши ( помош) ва аз ҳама бадтаринаш зинокорӣ бо толибагон, бо муаллимаҳо бо фаррошон (уборчистахо) дигар пешравӣ нест. Ҳама бесавод шуданд. Ҳама майнушу зинокор. Ин директор чандин сол кор кард бо ҳамин ахлоқу интизом. Сангиновро гирифтанд. Директори нав вале боз давом диҳандаи корҳои бади пешина. Директор Шоев ҳар бегох маст. Як муаллими дигар то хонааш ӯро мебарад. Баъди Шоев боз директори нав кадри бисёр донову зирак  ба мактаб омад. Ӯ бисёр нав созӣ кард. Вале ӯ ҳам ҳамон корҳои директорхои пешаро давом дод. Бо муаллима, бо толиба чи ки мехост мекард. Худаш шоҳу табъаш вазир буд. Мактабро маҳалли фасод кард. Инро ҳам бигуям, ки дар вақти директории Сангинов Абдулваҳҳоб, ки бародараш Самад ҳам инҷо муаллим аст се толибаи мактаб ҳомила шуданд. Аммо касеро ба ҷавобгарӣ накашиданд. Ин директор боз муҳофиз дошт. Раиси идораи ҷамоати Рарз Сангинов Абдулаҳад, бародари худи Абдуваҳҳоб. Бовар кунед вазъи мактаб то ба ҳадде безеб шуд, ки қаровулҳои мактаб муаллим шуданд. Мо муаллимҳо муҳоҷир шудем. Фаррошҳоро худашон пайдо мекуннаду муаллима мемонанд ва бо онҳо ҳамхоба мешаванд. Ин директорро ҳам аз вазифа гирифтанд. Вале нақли ман дар инҷо тамом намешавад….Боз хоҳам навишт.

Share This Article