(бахши чорум)
Идомаи ҷиноёти Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Мутмаинам, ки дар бораи фоҷиаи бар сари оилаи Худоёровҳо омада огоҳ ҳастед.Тайи чанд соли ахир ин хонаводаро дар ноҳия имконияти зиндагии осуда ва осишта намедиҳанд. Ҳам Ҷунайдулло ҳам Фарҳод Худоёровҳо борҳо ба мақоот муроҷиат намуданд. Ҷунайдуллоро зиндонӣ ҳам карданд. Аммо асли қазия чӣ аст ва дар ин авохир ба сари ин оила боз чӣ балоҳо оварданд. Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҳмадтоир Зокирзода дар қазияи бар сари Худоёровҳо омада чи нақше дорад? Ба идораи мо як маълумоти муфассале расидааст, ки бо мутолиаи он шумо аз хеле аз ҷурму ҷиноёти мақомот ва бахусус Маҳмадтоир Зокирзода бохабар хоҳед шуд. Ва, инак ин номаро манзури Шумо мегардонем:
“Мо, чанде аз кормандони Раёсати Вазорати Корҳои Дохилӣ дар минтақа ва Н. Рашт низ аз ин ҳама моҷаро ва ноҳақӣ ва ноадолатиҳои омада, аниқтараш оварда болои ин хонавода огоҳ ҳастем, вале мутаассифона, ҷиҳати рафъи он, муқобала бо он, барқарории ҳақиқату адолат чизе аз дастамон барнамеояд, агарчанде медонем, ки инҷо садфоиз қонуншиканиҳои рӯирост карда истодаанд. Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш менамоем ин номаро тариқи сомонаи «Ислоҳ. нет» ва «Ислоҳ.ТВ» нашру пахшу намоед, то ба гӯши ҳамагон, ба хусус Президенти кишвар расад!”
Ҳамаи мақолаҳо ва барномаҳои шуморо пайгирӣ мекунем, ба хусус он барномаҳое, ки марбут ба минтақаи Раштонзамин мебошанд.
Дар ду моҳи охир се барнома дар бораи ҷиноятҳои Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва наздикону атрофиёнаш пахшу нашр намудед.
“Ҳама ҷиноятҳои анҷомдодаи Зокирзода Маҳмадтоир ва атрофиёни вай, ончики шумо ба нашр расонидед, шурбахтона ҳамааш саҳеҳ ва дуруст ҳастанд.”
Мо, кормандони милитсияи ноҳияи Рашт шоҳиди чандин ҷиноёти сангини Маҳмадтоир Зокирзода дар тӯли солҳои 2021 ва 2022 шудаем.
Дар ноҳияи Рашт дар тобистони соли 2021 тахминан моҳҳои июл дар деҳаи Яшм дар ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода як ҷавони 21-соларо бо номи Худоёров Алиризо Зубайдуллоевич хешовандони наздики Маҳмадтоир Зокирзода (5 нафар) латукӯб ва ба қалбаш бо корд зада ба шаҳодат расониданд.
“Алиризо дар Донишкадаи Омӯзгории Рашт донишҷӯи соли дуюм буд. Мо ӯро аз пушти падараш -Зубайдулло мешинохтем. Бисёр бачаи хушмуомила ва хушвохурду хушгап буд.”
Хулоса ҳамон рӯзи ҳодиса ба РВКД, ПРОКУРАТУРА ва КДАМ хабар расид,ки чунин ҳодиса рух додааст. Мо, як чанд нафар кормандони милитсия ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, воқеъ дар шаҳраки Ғарм рафтем. Ҳамкорони пештар рафта нақл намуданд, ки дар ҳолати ба беморхона овардани марҳум Алиризоро як мошини тамғаи ваз-21 010 омада дар назди реаниматсинӣ (бахши эҳё) меистад ва аз дохилаш як нафар фаромада духтурҳоро аз номи Зокирзода Маҳмадтоир таҳдид мекунад:
“ба ягон мақомот занг назананд, ин проблемаи деҳа аст, тарафи муқобил хешу табори Зокирзода ҳастанд, бе ҳузур ва дахолати мақомот ҳалаш мекунанд”.
Дар ин ҳолат бачаҳои мо – яъне кормандони милитсия меоянд фарёдаш мекунанд, ки «ку инҷо биё, ту кӣ ҳасти?» Он нафар мошинро шишта аз дари беморхона мегурезад. Баъди ин бачаҳои милитсия бо марҳум Алиризо ҳамгап шудагианд. Алиризо номи 5 нафарро, ки ба вай ҳамла намуда ӯро ба қатл расониданд, зикр мекунад.
Худи ҳамон рӯз дар асоси аризаи падари Алиризо Худоёров Зубайдулло ва шоҳидоне, ки 5 нафарро диданд, чигуна Алиризро задаанду аз ҷои ҳодиса фирор карданд, кормандони ШВКД-и Навобод рафта қотилонро боздошт намуданд.
“Ҳамаи он панҷ нафарро ба шӯъбаи милитсия оварданд, онҳо ба гардан гирифтанд, ки бале, мо бо маслиҳати пешакӣ муташаккилона ҳамин кушторро анҷом додем. Тибқи қонуни ҷиноии кишвар, ҷиноятҳои характери муташаккилонаро хуб медонед, ки чигуна муҷозот бояд шаванд. Аммо сабил монад,ки инҷо Маҳмадтоир Зокирзода меистад.”
Худи ҳамон шаб, тахминан соатҳои 22:00 кормандони милитсия Зафарҷони Насриддин, яке аз қотилонро гирифта ба деҳаи Яшм мераванд ва бо дастури Зокирзода дар он ҷо як сенария тайёр мекунанд. Шоҳиди сенария нақл кард, ки вақте ман шунидам дар деҳаи Яшм чунин ҳодиса рух додааст, ба он деҳа раҳсипор гардидам. Вақте поёни деҳа расидам, кормандони милитсия моро қарор дорониданд ва хоҳиш намуданд, ки онҳоро болотар барам. Саворашон намудему рафтем ба хонаи Ҳамидов Мансур, писархолаи Зокирзода Маҳмадтоир онҷо як чанд кормандони милитсия ҳузур доштанд ва Идизода Зубайдулло, полковники милитсия, муовинони сардори ШВКД шаҳраки Навобод, ки яке аз нафарони наздик ба Зокирзода мебошад, ӯро гап нишон дода истода буд, ки чи гуна задаму чихел шуд ва чиҳо гуфтан лозим аст, то ҳамаатонро зиндонӣ накунанд, яъне корманди милитсия-мақоми ҳифзи ҳуқуқ ба қотилон адвокат шуда маслиҳат медод, ки чи тавр ҷинояткор худро аз ҷиноят мубарро нишон диҳад.
“Баъдан онҳоро ба прокуратураи н.Рашт, ба шаҳраки Ғарм оварданд. Як нафарашон- ҳамон Зафарҷонро боздошт ва боқимонда чаҳор нафари дигари одамкушҳоро бо фармони “боло”озод намуданд. Ростӣ мо дар ҳолати шок қарор гирифтем, ки чигуна гумонбарони қатлро сар доданд, дар ҳоле, ки Алиризои раҳматӣ ба забони худ қотилонашро номбар карда буду шоҳидони ҳодиса ҳам баёнот дода ва дар асоси аризаи шикоятии падари Алиризо онҳо боздошт шуда буданд. Ҳама баёнотҳо дар шуъба маҳфӯз буданд ва пас аз як занг онҳо ғайб заданд”
Сипас, яке аз ҳамкоронамон, ки аз асли моҷаро бохабар буд, гуфт, ки Маҳмадтоир Зокирзода ба сардори раёсати корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон ва прокурор Кишварзода Абдурашид мегӯяд, ки ин нафарон хешовандони наздики ман ҳастанд ва набояд зиндон шаванд. Як нафарашро бо ягон моддаи сабук маҳкам кунеду дигаронашро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накунед. Онҳоро ёрдам кунед, гуфтааст Зокирзода Маҳмадтоир.
“Прокурор ва сардори раёсати корҳои дохилӣ сухани Зокирзодаро ба ҷону дил пазируфта худ муртакиби ҷиноят гардиданд. Чунки ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбарон ин худ ҷиноят мебошад. “
Прокурор алайҳи Зафарҷони Насриддин, ки ба гуфтаи наздикони Алиризо Худоёров тибқи маслиҳати пешакӣ кушторро ба душ гирифта буд, бо қисми яки моддаи 104, яъне одамкушӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Ин модда 8 соли зиндонро пешбинӣ мекард.
Аммо падар ва амакҳои Алиризоро Худоёров нагузоштанд, ки прокурори н.Рашт Кишварзода Абдурашид ба мақсадаш расаду хоҳиши Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ба пуррагӣ анҷом диҳад. Онҳо талаб ва чи қадар даводаву кашмакашҳо намуданд то қотили асосии Алиризоро, ки бо номи Азимов Абдулло Мансурович мебошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.
“Бубинед корро: ҳам писаратро мекушанд ҳам даводаву кашокаши мекунӣ то қотилон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд!”
Баъди боздошти қотили дуввум хешовандони марҳум Алиризо Худоёров ба унвони Президенти кишвар ва ба тамоми мақомотҳои давлатӣ ариза ирсол намуданд то боқимонда шарикони ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шаванд,вале бенатиҷа буд.
Падари Алиризо тамоми далелҳои бо маслиҳати пешакӣ ва гурӯҳӣ ба қатл расонидани писарашро ба мақомоти милитсия, прокуратура ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод намуд, аммо бенатиҷа буд.
Вақте Зокирзода Маҳмадтоир дид,ки наздикони Алиризо аз даъвову шикоят дастбардор нестнад прокурори н.Рашт ва мақомоти милитсияро амр кард, ки коре кунанд, ки даҳони эътирози Худоёровҳоро банданд:
«чанд ариза шуд аз болои ман, ба Президент ва Дастгоҳ навишта истодаанд: ман одам дорам, аризаҳои онҳоро нобуд мекунанд ва ба дасти Президент намехуранд,в-агар на ҳамамона фалон мекунад».
Ташкили провокатсияи мақомот бо фармони Зокирзода
Сардори раёсат Саидзода ҳамроҳи прокурори ноҳия Кишварзода худро дур гирифта, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳраки Навобод Сафолзода Ҳабибулло ва муфаттиши шӯъбаи мазкур Аҳёзода Билолро амр мекунад, ки коре карда провактсия-иғво кунед, Худоёровҳоро зиндонӣ кунем. Провактсияҳоро тариқи ҳамон шарикони қатли марҳум Алиризо ба роҳ монда буданд. Онҳо модари Зубайдуллоро латукӯб намуданд. Вақте ҳолати латукӯби он кампири қариб 70-сола ба вуқӯъ мепайвандад, писари он кампир амаки Алиризо бо номи Ҷунайдулло дар рӯзи тирамоҳ табар дар даст барои шикастани ҳезум мерафтааст дар ҳамон қади кӯча дар пеши масҷиди деҳаашон ба тарафи нафарони онҷо буда мегӯяд, ки «чаро модари манро он ҳайвон зад, шумо халос накардед»? Дар ҳамин гап провокаторҳои тайёрнамудаи фармоишгирифта иғво мекунанд ва мехоҳанд, ки ин нафар ягон ҷиноят содир кунад. Бо сабабе, ки қонунро хуб медонанд ҳеҷ зӯроварӣ ва занозанӣ намекунад. Аммо дар ҳамон вақти баҳс он нафарони дасисабоз як чанд дақиқа Худоёров Ҷунайдуллоро ба навор гирифтаанд, ки шахсан худи ман он наворро тамошо кардам, просто табар дар дасташ ҳаст на ба сари касе табар бардоштаасту на касеро задааст. Дар ҳамон навор дида мешавад, ки табарро худаш бо хоҳиши худ ба дасти як нафари дигар медиҳад, табарро он нафар гирифта меравад. Кормандони милитсия ҳамон нафарони дар боло зикргардида Сафолзода Ҳабибулло ва Аҳёзода Билол маслиҳат карда алайҳи Ҷунайдуллову модар ва хоҳараш парвандаи ҷиноятии сохта боз намуданд, то онҳоро тарсонанд, ки дигар ба унвони Ҷаноби Олӣ ва дигар мақомоти болоӣ ариза нанависанду талаби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани хешовандони Зокирзода Маҳмадтоирро накунанд.
“Як кормандамон,ки майор аст наворро тамошо карда дар назди ҳамаи мо мегӯяд, ки вай деҳа аст, яке табару дигар белу каланд ба даст аз пайи кору бори худашон ҳастанд, чаро шумо бидуни содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудед? Барои ин суханаш вайро аз вазифааш барканор намуданд.”
Бародар Муҳаммадиқбол!
Фикр мекунед, ки чаро Маҳмадтоир Зокирзода нафари сеюм дар ҷумҳурӣ аз пайи нест кардани як оилаи намоёни ноҳияи Рашт мебошад? Дар солҳои 2014 то 2015 кадом нафаре аз болои Маҳмадтоир Зокирзода ба Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ариза ирсол намудааст, ки Зокирзода хоин асту фалон ҷиноятҳоро анҷом додааст. Зокирзода баъди ирсоли он ариза ба қавли худаш 700000$ (ҳафтсад ҳазор доллар) пора медиҳаду барои боқӣ мондан дар вазифаи давлатӣ ва ҳамин тариқ ҷони худро аз зиндон раҳо мекунад. Зокирзода ин қазияро аз Худоёровҳо мебинанд ва дар пайи қасос гирифтан аз онҳо мешавад. Дар соли 2021 фармон медиҳад алайҳи Худоёров Фарҳод, раиси бахши Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар минтақа ва н.Рашт парвандаи ҷиноятии сохта боз мекунанд. Бовар кунед, мо бо парвандаи Фарҳод шинос шудем, далелҳои боз кардани парванда хандаовар мебошанд.
“Зокирзода барои он алайҳи Фарҳод парванда ташкил кард, ки Фарҳод қаблан дар интихоботи соли 2015-ум номзадиашро ба вакилии порлумон пешбарӣ намуда буд ва барои аз саҳнаи сиёсии ҷумҳури берун андохтани Фарҳод ин коро кард.” ( делои кушодашуда нисбати Фарҳод Худоёров дар ислоҳ маҳфӯз аст, чунон бо туҳмат навишта шудааст,ки як кудак мефаҳмад,ки ин ҳама ғайри воқеӣ ва сохта мебошад)
Дигар нақшаи сар додани қотилони Алиризо дар он буд, ки Худоёровҳо эҳсосоти шуда онҳоро ба қатл расонанд, то онҳоро боздошт намуда барои абад ба маҳбас равона кунанд. Бовар мекунед, ки 5 моҳ кормандони мо интизор буданд, ки кай Худоёровҳо қотилони Алиризоро ба қатл мерасонанд, то боздошташон кунанд, вале онҳо аз доираи қонун берун амал накарданд ва бо ин хирадмандиашон нақшаи бузурги Зокирзодаро барҳам доданд.
Зокирзода Маҳмадтоир аз Худоёровҳо дар назди мақомоти давлатӣ “ҷиноятпеша ва хоин “ метарошанд, вале мо ки Худоёровҳо ва Зокирзодаҳоро хуб мешиносему медонем, гуфтанием, ки вақте Худоёровҳо барои барқарории сулҳу субот дар ҷомеъа хизмат мекарданд Зокирзодаҳо халқи бечораро ғорат мекарданд. Вақте ки барои барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ Худоёровҳо кушиш ба харҷ медоданд Зокирзода ҳамроҳи бародараш Умар ва писари тағояш Абдухолиқ мардуми бедору огоҳ ва ҳомиёну равшанфикрони миллатро террор мекарданд.
Бо дастуру супориши бевоситаи Маҳмадтоир Зокирзода Миршарофов Маҳмадрасул гуфтанӣ шахсро, ки раиси ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод ва як нафари намоён буд Абдухолиқи писари тағои Зокирзода дар рӯзи равшан аз дохили боғ аз байни халқ гирифта бурда ба қатл расонид. Бовар накунед писари бародари Миршарифов ҳамкасби мо кормандони милитсия дар Нуробод аст бо номи Фирӯз аз ӯ пурсед, ки чигуна амакашро куштанд.
Ана ин аст хиёнат!
Пеш аз маргаш марҳум Алиризо дар беморхонаи ш. Ғарм каме ба ҳуш омада дар назди кормандони милиса аз 5 қотил ном мебарад, ки ҳамаи номҳои қотилон сабт шудаанд:
Ҳусейнов Алишер Насриддинович ,
Ҳамидов Самандар Сайидаҳрорович ,
Кишваров Синоҷон Искандарович,
Ҳусейнов Зафарҷон Насриддинович,
Азимов Абдулло Мансурович.
Бояд номбурдагон ҳамаашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, вале вакте Зокирзода дахолат кард, сардори Раёсати н.Рашт амр кард, ки хомуш истед то Зокирзода ягон балоеро ба сарамон наёрад!
Сардори Раёсат Саидзода ва прокурор Кишварзода Абдурашид амр доданд, ки Худоёровҳоро ваъда бидиҳед, ки қотилонро оварда маҳкамшон мекунем, то онҳо ором шаванд, вале то ҳол қотилон дар озодӣ мебошанд. Дар байни мақомот маълумот аст, ки қатлро Зокирзода Маҳматоири Зоир фармоиш додааст, маҳз ба хотири қасос гирифтан аз наздикони Алиризо, ба хусус аз Зубайдулло.
“Шояд хонанда ва бинандаи шумо суол кунад, ки чигуна Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке дар Рашт пайдо шуда ба роҳбарони мақомотҳои давлати во хурда аз хешовандони қотилаш ҳимоят намудааст?”
Ҷавоб: Агар хонандаи ҳушманд ба ёд дошта бошад санаи 10-уми июли соли 2021 минтақаи Рашту Тоҷикободро зилзила такон дода буд, ки дар натиҷа хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта шуда буд ва рӯзҳои 11-у 12-уми июли соли 2021 яъне дар рӯзҳои қатли Алиризо, Зокирзода бо дастури роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дидан аз маҳалли зарардидагони заминҷунбӣ омада буд, ва тахминан як ҳафта дар Рашт қарор дошту бо раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода, сардориРВКД Саидзода маҳмадсаид Борон ва прокурори ноҳия Кишварзода Абдурашид якҷоя буданд ва дар ҳамон рӯзҳо Зокирзода аз онҳо хоҳишу талаб мекунад, ки набояд хешовандони қотилаш зиндонӣ шаванд. Ва бояд онҳоро ҳимоят намоянд шоҳиди ин ҳолат ҳамкори худи мо, ки барои амнияти ҷону ҳифзи мансабаш аз зикри номаш худдорӣ мекунем, мебошад.
Ончики Шумо дар бораи тасарруфи замин аз тарафи Зокирзода ва наздикони он навиштед, ҳамааш воқеият доранд. Писарони холаи Маҳмадтоир Зокирзода, Ҳусейнов Сайидҷалол Ҳамидович ва Ҳусейнов Хайриддин Саймиддинович дар 40 то 50 сотих замин хона сохтаанд. Вале бо он сер нашуда роҳе, ки дар харитаи деҳаи Яшм роҳи мошингард нишон дода шудаги аст онро ҳам баста ба заминҳои худ ворид намудаанд. Имрӯзҳо касе ҳақ надорад, ки бо он роҳ-роҳе, ки ҳазорон сол дар истифодаи мардум буд, ҳатто пиёда убур намояд. Ин хешовандони “Беки Рашт” ягон ҳуҷҷат надоранд. Вақте заминҳоро чену андозагирӣ кардем, онҳо шифоҳӣ мегуфтанд “иқаш аз фалонӣ, иқаш аз беҳмадонӣ»,аммо ягон санаде дар даст надоштанд. Охирон 4 сотихаш зиёдатӣ баромад, гуфтем охир ин роҳ аст, гапро тоб доданд, ки гӯйё 4 сотих аз поёни заминаш мекушояд. Хулоса роҳро ба зуъми гардан боз накарданд. Вақте пурсидем ин худаш кӣ аст, ки роҳи халқро маҳкам кардаву намекушояд ? Кормандони кумитаи замин гуфтанд, писари холаи Зокирзода Маҳмадтоир мебошад ва аз номи вай Пракурор моро амр кард, ки «ба онҳо чақа нашавед,ки боз Зокирзода аз вазифа дафъ накунадмон».
“Ҳамин тариқ ҳисоб кардем писархолаҳои Зокирзода бо пуштибонии бевоситаи ин нафари севуми кишвар дар деҳаи Яшм 6- ҷо бидуни ҳеҷ ҳуҷҷат ва санаде манзили истиқоматӣ сохтаанд, ки дилхоҳ одам метавонад рафта аз он манзилҳои истиқоматӣ дидан намояд. Ногуфта намонад, ки дуто аз ин манзилҳои истиқоматӣ дар дохили заминҳои хочагии деҳқонӣ сохта шудаанд. “
Сайҷалол Ҳусейнов аз пушти Зокирзода бисёр катагӣ мекардааст. Вай дар тамоми корхонаву идораҳо аз номи Зокирзода Маҳмадтоир суиистифода мекунад ва ба қавли худи ӯ ин чизро худи Зокирзода ба ӯ гуфтааст, ки «дар любой ҷо аз номи акат гап зан, кадомеш гапи зиёдатӣ зад манда гу дафъ мекунамша». Аз ҳамин хотир ягон кас аз кормандони прокуратура ва милитсия ҷуръат намекунад, ки гӯянд роҳи халқро кушо!
“Писари Мансур Ҳамидов бо исми Насим дар зимини хоҷагии деҳқонӣ хона месозад. Баъди ин кораш ба прокуратура меафтад. Мегӯянд, ки хонаҳоро ғайриқонунӣ сохтагиӣ, меканемшон. Мансур, ки духтараш Нигина дар Душанбе зиндагонӣ мекунад ба назди наҷотдиҳандааш Зокирзода мефиристад, ки ҳолати кор ҳамингуна аст. Нигина ба назди Маҳмадтоир Зокирзода меравад. Онҷо ба қавли муйсафедони қадим дар рагу хуни Зокирзода ҷой мекунад. Ва ба ивази амали маҳрамона бо ин зан,ки набераи холааш аст ба Рашт занг мезанад ва коре мекунад, ки хонаҳоро аз чаппа кардан ҳифз менамояд.”
Ҳама нооромиҳои деҳаи Яшм аз пушти Зокирзода Маҳматоир мебошад. Дар Яшм 5 нафар заминҳои саҳми мардуми деҳаро гирифта ғайриқонунӣ дар даврони Раиси кумитаи замини Ҷумҳури будани Зокирзода бо додани пора ба Зокирзода ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Дар ин заминҳо корами обӣ ба писаронашон хонаи истиқоматӣ сохта истодаанд. Мо, кормандони мақомот таҳлил намудаем, то заминҳои ин деҳа баробар дар байни мардуми ин деҳа тақсим нашавад, роҳҳои маҳкамнамудаи хешовандони Зокирзода ва 5 тан аз қотилони марги Алиризо Худоëров зидонӣ нашаванд, ин деҳа ҳеҷ гоҳ ором намешавад .
“Ака боварму кунен дар пойҳои ҳамкасбонамон пойафзоли сиҳат намондааст. Ҳар рӯз хешовандони Зокирзода Маҳмадтоир як провоктсия мекунанду кормандони милитсия фармон мегиранд, ки равед ба Яшм.. О, мо хаста шудем. Намешавад, ки ҳамон се -чаҳор қотиле, ки Зокирзода ҳимояташон дорад ба ҷавобгарӣ кашанду оромӣ ҳукмфармо шавад?”
Маҳмадтоир Зокирзода ба кормандони милитсия ва прокуратураи ноҳияи Рашт амр карда аст, ки Худоёровҳоро ғам диҳед, фармоед зананд, арзашонро напурсед. “Тавре кунед, ки онҳо безор шуда зидди ҳукумат ва роҳбари давлат сухан кунанд, он вақт онҳо зидди давлату президент гуфта хоин эълонашон намуда зиндониашон мекунем. Агар онҳо- яъне Худоёровҳо дар н.Рашт набошанд, дигар кадомета чихеле форад катагӣ карда инҷо мегардӣ, гапи ноҳия ҳамин дарунда мемонад, онҳо каме помехшон диҳӣ дарав менависанд” гуфта ба онҳо роҳнамоии аблаҳона карда аст. Ҳамин чанд рӯзи пеш момаи Алиризо- Ғарибова Мавҷигули кампирро боз хушдоману зану қайсангулу хусурбачаи Азимов Абдулло, ҳамон қотили Алиризо, ки ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст, чаҳоркаса шуда дар кучаи деҳаашон дошта латукӯб намуданд, ки экспертизаи судии тиббӣ хулоса дод, ки кампири бечора дар натиҷа осеби мағзи сар гирифтааст.
Илова бар ин телефони мобилии ин модарро зада мегиранд, ки ин худ ғорат “разбойное нападение” ба ҳисоб меравад ва бояд тибқи Кодекси ҷиноятӣ ҳар кадоме аз ин ҳамлаварон бояд фавран боздошт шуда на кам аз 8-солӣ ҷазо гиранд. Вале боз ҳам дар пушташон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Вақт нишон медиҳад, ки чи мешавад!
Ростӣ, ба модарбузурги Алиризо – апаи Мавҷигул диламон месӯзад. Қариб як сол мешавад, ки кампири бечора оби дида дар бари рӯяш дар дари идораҳои давлатӣ мегардаду касе ба додаш намерасад. Бечора кампирро, набераашро куштаанд, латукӯбаш карданд ва бо фармони Зокирзода Маҳмадтоир “заключени” -ташхиси экспертизаи судиашро, ки зарари миёнаи ҷисмонӣ бардошта буд бекор намуда алайҳи худаш парванда боз намудаанд. Инак бояд бидуни содир намудани ҷиноят судаш кунанд. Акнун додгоҳ чи ҳукм мебарорад Худову худашон- кормандони суд медонанд. Онҳо низ зери фишори Зокирзода мебошанд ва эҳтимол меравад ки дар суди ин пиразан дахолат намояд.
Мо, инсонему виҷдони инсонӣ дорем, наметавонем хомӯш истем.
“Аз ин рӯ ман тавассути шабакаи овозадори «Ислоҳ» ба гуши Презденти кишвар мерасонам, супориш диҳад ин мушкилот ҳал шаванд ва мо аз рафтан ба ин деҳа ҷонамон халос шавад.”
Агар хато накунам дар таърихи 15 уми Апрел дар додгоҳи ноҳияи Ғарм мурофиаи момаи Ғарибова Мавҷигул Шукуровнаи 67 сола баргузор мегардад. Судияҳои додгоҳи Рашт аз дидани қазияи ӯ имтиноъ варзидаанд. Сабабаш бояд ба ҳамагон маълум бошад,ки боз ҳам фишори Маҳмадтоир Зокирзода аст. Чунин тасмим гирифтаанд,ки Судияи додгоҳи Лахш дар Ғарм омада ин қазияро бубинад. Акнун намедонем ин судияи Лахш чи ҳукмеро содир мекунад. Оё Маҳмадтоир Зокирзода ба судияи Лахш ҳам фармони ҳабси ин кампирро медода бошад? Аммо аз дасти ӯ ҳар корро интизор шудан мумкин аст. Аммо аз ВКД ,ки ман инҷо кор мекунам ошкоро роҳбар гуфт,ки фармон аз боло аст,ки ин кампирро бояд ҷазо диҳем,то барои фарзандонаш дарс шавад. Як сармоядори маърӯфи Ғармӣ ҳам дар қазияи яке аз қотилони панҷгона Ҳамидов Алишер Насриддинович истодааст ва пул ҳам додааст,ки набояд ӯ зиндонӣ шавад. Номи ин сармоядори маърӯфи Ғармӣ пас аз ҳаллу фасли қазияи бо далел ба “Ислоҳ” мефиристем. Мо интизори ҳаллу фасли ин қазияи куштор ҳастем ,то охир.
Поёни бахши чорум, таҳқиқи ҷиноятҳои Маҳмадтоир Зокирзода идома дорад….
Ps: Ин нома ба “Ислоҳ” ду рӯз пеш расид ва мутаассифона имрӯз имкони нашри ин нома расид. Ба Маҳмадтоир Зокирзода гуфтани ҳастем,ки дар ҳоли болои зин будан зулм накун. Фаромӯш накун, ки ҳамеша дар болои зин нахоҳи монд. Чун пас аз пушт ба зин будан , рӯзе фаро мерасад,ки зин ба пушт хоҳед шуд. Манзур ин курсию қудрату ҷоҳу ҷалол поён дорад. Дар ин моҳи мубораки рамазон бар мардум зулм накунед ва модар озориро бас кунед.
Ин кормандони мақомоти н. Рашт чанд фармонҳоеро ба “Ислоҳ” фиристодаанд,ки мақомоти ноҳияи Рашт чунин корҳоро бояд анҷом диҳанд дар қиболи оилаи Худоёровҳо. Акси делоҳои ҷинояте,ки бар алайҳи ду писари момаи Мавҷигул кушодаанд ба “Ислоҳ” фиристодаанд. То ин делоҳоро надидем ин ҳама сару садоҳоро он қадар бовар намекардем. Пас аз дидани он делоҳои сохта яқин кардем, ки Маҳмадтоир Зокирзода хело бар сокинони ноҳияи Рашт ситам ва зулм карда истодааст. Чаро раиси як органи қонунбарор даст ба чунин ҷиноятҳои мудҳиш мезанад? Магар ин доғ ва лаккаи сиёҳ бар ин болотарин мақоми кишвар нест? Оё ин ҳамаро роҳбарият намедида бошанд? КДАМ ва ВКД, Прокуратура ва ниҳодҳои тафтишотӣ ба болои боло ин маълумотро намерасонанд? Агар мерасониданд кормандони бо шарафи ВКД ба “Ислоҳ” нома наменавиштанд. Инҷо ҳам мо иғво меандозем? Ё шумо ноуҳдабаро ҳастед?