Чаро хуросониёни селзадаро ҳукумат зери фишор,зиндон ва ваҳшат қарор додааст?

Ислоҳ нет

 

Ин баҳор дар Хуросон ду бор:- аввал дар 21март, дар рӯзи Наврӯз ва дуввум дар 14-15 май обхезӣ шуд ва сели фоҷиабор омад,ки ҷони чанд нафарро ҳам гирифт. Бори аввал вақте сел омаду деҳаи Ҳалқаҷар зарари зиёдеро мутаҳаммил шуд:-як нафар ҷон бохт, шаш хона валангору хароб ва беш аз 40 хона қисман вайрон гашт, Э. Раҳмонов дар Хуҷанд масти ҷашни Наврӯз буд ва ба ин офатзадагон камтарин таваҷҷӯҳе нишон надод. Аммо обхезӣ ва сели дуввум,ки инак ҳам ду нафарро кушт ва ҳам хонаву кошона, замин, молу мулк ва чорпову ҳарчизеро, ки ин мардум дошт ва бо худ бурд, кордро дар устухони мардум зад.

 

Мардуми дар қади кӯча,бекурпаву болишт ва беҷомаву тоқӣ ва бепопӯшмонда, мардуми ҷонаш дар каду бандмонда, вақте дид ин бор ҳам ҳукумати кишвар таваҷҷӯҳе намекунад даст ба эътироз зад. Роҳе дигар надошт. Зану фарзанду модару падари хурду пиру барҷомондааш дар зери осмон ва рӯи замини сахт монд, сарпаноҳе надорад. Зери борон,зери офтоби сӯзон. Нону об аз деҳоти ҳамсоя. Халтаи орд, қуттии чой, намак, биринҷ, рӯған… шакар…. ҳамаро сел гирифту бурд. Чизе барои хӯрдан надоранд. Роҳи дигар, ки надошт роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. То бо ин васила диққати ҳокиму ҳокимонро ба мушкили худ ҷалб созанд, то бо ин васила як илоҷе биёбанд, чун охир ҳукумат аст, масъулият дорад, вазифааш аст.

 

Ҳама занҳо ва мардон ба сӯйи ҳукумати ноҳия равон шуданд вале онҳоро милисаҳо аз роҳ баргардониданд ва нагузоштанд. Раҳмонов бошад, чуноне зикр кардам мардуми зарардидаро гузошт ва шитофт ба сӯйи Суғд ва онҷо Наврӯзи бо дабдабаро дар айни фоҷеъаи мардуми Хуросон баргузор намуд ва бар рағми рӯзторӯз интишори бештар ёфтани COVID-19 мардуми зиёдеро бо ин ҷашнаш гирифтор ва мубтало намуду кушт.

 

Бори дигар фоҷеаи селхезӣ дар таърихи 14 уми май дар моҳи Рамазон ва айни авҷи корона -вабои аср мардумро ғофилгир кард ва бар асари он дар ҷамоати деҳоти С. Айнӣ ва деҳаи Неъмат Асадулло (собиқ 18 уми Партсъезд) ярчи бузург фаромад. Дар ҳоле сокинони ин деҳаҳо ба ҳукумат расонида буданд, ки ҷойҳои зисти мо амн нест ва эҳтимоли зиёди фаромади ярч ва селхезиҳое вуҷуд дорад ва бояд ба ҷойҳои бехафв кӯчонида шавем, касе ба ҳарфашон гӯш надод. Аммо офати табиӣ-сел ин бор бар сари ин мардум танҳо наомад. Иллати ба харобазор мубаддал шудани деҳаҳоро мардум ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд.

 

Ба болои мавзеъҳое, ки акнун зери лою гили сел мондаанд, наҳре аз тарафи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ (Расвети собиқ) ҷорист,ки аз он мардум киштзор ва мазореъи худро обёрӣ мекунанд. Аммо дар ин ҷо ҷӯйи пасоб,ки алоҳида бошад, вуҷуд надорад. Пасоби заминҳои кишоварзон аз болои деҳа омада ба дарёча мерезад. Заҳбур ва канале,ки дар қисмати поёни деҳа мавҷуданд ва пасобу оби наҳр ба он мерезад,ба иллати бепарвоӣ ва бетаваҷҷӯҳии масъулони Идораи водоканали ноҳия бо хоку лой пур шуда ва дигар обногузар шуданд. Асл ва сабаби мусибат ва иллате, ки сокинони ин манотиқ феълан гирифтор ба ин офат задаанд,ҳамин аст. Агар кори худро онҳо аз рӯи рисолат ва масъулият анҷом медоданд ва танҳо бо ришвату пора фикр намекарданд, онҳо вазифахару вазифафурӯш намебуданд, агар онҳо мутахассис буданд, мефаҳмиданд, ки обпарторо бояд тоза кард,ки накарданд. Ҳамин буд, ки боришоти зиёд оби ин наҳрро ҳам ба худ гирифт ва ҳазорҳо тонна лою гилу хоки онро бо худ оварду болои хонаҳои мардум андохт ва халқи худро беҷову бемакону дар мусибату дарду ғам нишонд. Агар ин ҳукумат ҳукумат буд, имрӯз дастандаркорони бевиҷдони муфтхӯрро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашид, зеро иҷо асос на оби сел, асос оби наҳр ва лою хоку солҳои сол тозанокардаи он болои ин мардум ин офатро овард.

 

Ҳукумати кишвар ба 37 оилае,ки хонаҳояшон пурра хароб шуд, пас аз як ҳафта хайма барои зистан дода аст. Ягон кӯмаке,қобили мулоҳизае барои ин мардум на аз тарафи ҳукумати марказӣ ва на аз тарафи ҳукумати ноҳия ихтисос надодаанд. Ин 37 хаймаро ҳам пас аз як ҳафта аввал ба панҷ ё шаш нафар доданд ва баъди даъвову шикояти ҳазор бор рафтан ба маркази ноҳия ба боқимондаи ин 37 оила доданд. Ҳама кӯмакҳои дигар ё кумакҳои башардӯстонаи Раҳмонов ба ин осебдидагон пас аз ҳашт рӯз оварда дода шуд. Он ҳам агар қиём намекарданду доду фиғон намекарданд, намерасид.

 

Барои аксари мардум ва шаҳрвандони кишвар қазияи роҳбандони сокинони ба ҷонрасидаи Хуросон норӯшан ва нофаҳмо аст. Вақте бо сокинони Хуросон ин масъаларо дар миён гузоштем чизи дигаре бароямон гуфтанд. Гап дар инҷост ки иллати бастани шоҳроҳи Душанбе Бохтар сурат гирифт.

 

Раҳматулло Сафарзода, раиси ҳукумати ноҳияи Хуросон аслан ба ҳолу аҳволи ин мардум расидагӣ намекунад ва мардум худро комилан бесоҳиб меёбанд. Дар ин вақт ба мардуми осебзада хабар мерасад, ки раиси ноҳия Сафарзода дар лаби роҳи Душанбе- Бохтар дақиқан ҳамон ҷое роҳбандон сурат гирифта буд дар дасташ дурбин ҳамон минтақаҳои зарардидаро тамошо мекунад. Мошинаш дар бари шоҳроҳ гузошта аст. Ин хабар ҳангоме ба мардуми осебзадаи аламнок мерасад, зану мард ҳама мешитобанд,то бо раиси ноуҳдабарои холабеғам рӯбарӯ бишаванд ва доди худро бирасонанд. Инчунин бипурсанд, ки чаро ба ҳоли онҳо диққат ва таваҷҷуҳе намекунад? Мардум ҳама ҳаракат мекунанд ва раисро дар дақиқан ҳамон лаби шоҳроҳ дармеёбанд. Агар ба навори ин роҳбандон диққат диҳед ҷипи сафеди Сафарзодаро онҷо мебинед ва худатон асли қазияро мефаҳмед.

 

Мардум раисро меқапанд ва табиист, ки ба ӯ талабҳои худро пеш мегузоранд. Сафарзода мехоҳад, ки аз дасти мардум бигурезад. Аммо занҳои зарардида аз кастюму галстукаш меқапанд ва намегузоранд, ки гурезад то ба саволҳои худашон ҷавоб нагиранд. Дар ин ҳолат ӯ ба мошин менишинад ва дар онҷо раиси БДА пайдо мешавад ва раис ба ӯ бо дашном амр мекунад, ки мардумро яктарафа кунад,то худаш гурезад. Раиси БДА ҳам дақиқан ин фармони раиси ноҳияро иҷро мекунад ва мардумро ба як тараф мебарад ва раис аз назди таҷаммуъи мардуми ба хашм омада фирор мекунад. Пас аз он дигар мардуми онҷо ҷамъ омада мебинанд, ки касе ба додашон намерасад он анбуҳи ҷамъ омада аз он шоҳроҳ ба қафо намераванд ва онҷо боқӣ мемонанд.

 

Дар ин ҳолат муовини шуъбаи корҳои дохилии ноҳия мардумро дашном мекунад ва ҳатто тапончаашро мехоҳад барорад. Аммо мардуми ба хашм омада намегузоранд тапончаро ба дасташ гирад, мегӯянд ором бошад, мо чизе ҷуз ҳаққи ҳалоли худамон аз ин ҳукумат талаб надорем. Ту ҳақ надорӣ моро таҳдид кунӣ. Дар ин ҳолат ин муовини умури дохилаи Хуросон аз ҷои таҷаммуъи мардуми ба хуруш омада фирор мекунад. Мардум тӯли се соат онҷо боқӣ мемонанд ва шоҳроҳро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумати ноуҳдабарои марказӣ ва ҳукумати ноҳия маҳкам мекунанд, то ба додашон расанд. Ин ҳодисаро дида ШКВД Хуросон аз вилояти Хатлон ду автобус гурӯҳи зудамалро даъват мекунанд,чун дигар тавони идораи ин вазъро надоштанд. Ин гурӯҳи зудамал омада мардумро дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан ва дар даст сипару калтаки резинӣ (дубинка) пароканда мекунанд. Тибқи маълумоти сокинони ноҳияи Хуросон ин гурӯҳи зудамал ҳудуди се шабонарӯз дар ин минтақа боқӣ мемонанд, то боз ин мардуми ба ҷӯш омада нахезанду қиём накунанд.Ин гурӯҳ даруни қишлоқҳо хона ба хона дар дасташон силоҳ мегаштаанд.

 

Ин эътирозҳо таваҷҷӯҳи ҳукумат ва ҷомеаро,то ҷое ба худ ҷалб кард:

 

Ин эътирози мардуми Хуросон ва корашон воқеан ба ин мардум то ҷое ҳам бошад фоида расонид. Чунки ҳама кумакҳо ва хаймаҳо ва ҷудо кардани қитъаи замин барои мардуми осебдида ва дар умум дар масъалаи сохтмони хонаҳои ҷадид,ки барояшон ваъда доданд пас аз ин роҳбандони се соата ба даст омадааст. Пас ҳеҷ вақт нагӯед кори мо, эътирози мо суд надорад. Ҳама эътироз ва садои мо бе фоида нест.

 

Эътирозҳо муовини сарвазирро ба Хуросон овард:

 

Пас аз ин аз Душанбе муовини сарвазир Гулмаҳмадзода Давлатшо, собиқ раиси вилояти Хатлон ва дисернетии маъруф ба ноҳияи Хуросон меояд, то вазъро хубтар бифаҳманд ва амал кунанд. Ба дунбол аз мақомоти амниятӣ аз Душанбе ба Хуросон меоянд ва шурӯъ мекунанд ба таҳқиқ ва боздошти афроде дар ин таҷаммуъи роҳбандон иштирок намуда буданд. Рӯзи аввали омадани амниятиҳо ба Хуросон 70 нафар зану марди офатзада, ки хонаҳояшон зери об монда ва дар ҳавои кушод зиндагӣ доштаро ба шӯъбаи амнияти ноҳия мебаранд. Онҳоро, дар шӯъбаи амнияти ноҳия таҳти таҳдиду фишору дӯғу пӯписа қарор дода “чаро шумо бар зидди давлату миллат хестед ва аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат норозигӣ намудед” гуфта ҷарима мебанданд.

 

“Шумо хоин ҳастед” гуфта ва шуруъ мекунанд аз Қараева Мелихол, ки қисман хонааш зери об монда буд. Ӯро бо писаронаш ҷарима мекунанд худашро 500 сомонӣ писаронаш Қараев Тоҷиддин ва Қараев Исломро 3500 сомонӣ ҳардуяшонро 7000 сомонӣ. Хулоса, беш аз бист зани хонаҳояшон зери сел мондаро 500 сомонӣ ҷарима мекунанд. Ин сиёсати Пешвои миллат аст бояд итоъат кунед, вагарна хоини миллат мешавед 29 сол зиндонӣ хоҳед гашт.

 

Афроде,ки дар боздошт ва зиндонкуниҳои сокинон нақши асосӣ доштанд:

 

Баъд аз ин Каримов Ҳотам, раиси ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, ки таваллудаш 1980 аст фармон медиҳад ба муовинони худ, ки онҳое, ки дар ин роҳбандон иштирок намуда буданд, онҳое,ки дар гирдомадани мардум саҳм доштанд ва мардумро ба шоҳроҳ бароварда буданд, номҳои онҳоро мушаххас кунанд. Дар ин ҳолат Нуров Маҳмадназар Табаралиевич сардори бахши танзими Кумитаи дини ҳамин ҷамоат тавллудаш 1985 ва Шодиев Нарзулло Тағойбекович, ки котиби ҷамоат соли таваллудаш 1984 ва Муллои масҷиди деҳаи Неъмат Асадулло Фатҳуллоев Хайрулло Сайфуллоевич соли таваллуд 1976 рӯихати он нафаронро тартиб медиҳанд. Ин нафарон дар ҷинояти боздошти даҳ нафар аз сокинони ин ҷамоат ва атрофи он даст доранд. Ин афроди дар боло номҳояшон зикр шуда дар додани маълумотҳо ба амният ва сабаби боздошти онҳо нақши асосӣ бозидаанд:

  • 1.) Ҳасанов Маҳмадкарим Мелибоевич 1979
  • 2.) Икромов Муҳаммадраҷаб Садриддинович 1990
  • 3.) Музаффаров Ҳусейн Тошқуватович 1984
  • 4.) Музаффаров Кароматулло Маҳмадисоевич 1993
  • 5.) Икромов Сайдраҳмон Садриддинович 1975
  • 6.) Қараев Ислом Шарифович 1990
  • 7.) Фозилов Муҳаммадайюб Ҳусейнович 1993
  • 8.) Аваз Мирзохонович 1973
  • 9.) Қараев Тоҷиддин Шарифович 1978
  • 10.) Кароматуллои Муҳаммадисо 1994

 

Аз ин афроди боздоштшуда се нафарашонро ба амнияти марказӣ яъне ба Гестапо ба Душанбе бурдаанд ва касе аз аҳволашон огоҳӣ надорад.

 

  • 1 Ҳасанов Маҳмадкарим Мелибоевич 1979
  • 2 Икромов Муҳаммадраҷаб Садриддинович 1990
  • 3 Музаффаров Ҳусейн Тошқуватович 1984

 

Боқимонда ин ҳафт нафарро ҳам дар макони номаълум нигоҳ медоранд ва ҳар бор ки наздиконашон барои дидани онҳо меравнад, мегӯянд, ки онҳо дар Бохтар мебошанд. Вақте онҷо мераванд барояшон мегӯянд,ки онҳо дар Хуросон мебошанд. Ҳамин хел наздиконашонро ба тӯби футбол табдил додаанд. Хонаҳояшон зери обу сел мондааст ва шавҳару писарони ин мардуми осебдидаро амнияти Раҳмонов барои талаби ҳақи ҳалоли худашон боздошт намудааст ва имкон дорад онҳоро барои солҳои тулонӣ зиндонӣ кунад. Мардуми Хуросон бошанд бояд шукронаи ана ҳамин Пешворо кунанд. Наздикони ин боздоштшудаҳо ҳоли зору парешон доранд ва агар Раҳмонов мард бошад ин боздоштшудаҳоро ,ки бегуноҳанд озод кунад ва миллатро дигар азоб набояд диҳад. Зану фарзандони ин мардум бе саробонанд ва мунтазири мардони хонаводаҳояшон мебошанд.

 

Тибқи маълумоти дигари расида аз Хуросон дар латтукӯби журналисти “Азия плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ инҳо ширкати мустақим доштанд:

 

  • 1. Бобоев Суҳроб Нуриддинович с.т1982
  • 2. Нуров Маҳмадназар Табаралиевич с.т1985, раиси танзими ҷамоати С. Айнӣ
  • 3. Давлатов Абдулмаҷид Ашурмахмадович 1972

 

Ин се нафар бо фармони раиси ҷамоат ва раиси ноҳия ин хабарнигорро латту кӯб кардаанд. Ба онҳо дастур дода шудааст,ки ба ҷуз аз хабарнигорони расонаҳои давлатӣ бақияро нагузоред, ки назди селзадаҳо ворид шаванд ва бо онҳо ҳамсӯҳбат шаванд. Агар ки исрор варзиданд, занед ва донед онҳо душман ва хоинони милатанд ва онҳоро ҳар куҷо дидед занед, ҷавобашро худам медиҳам, гуфтааст раиси ноҳия. Ин суханро раиси ноҳия дар яке аз маҷлисҳояш ба мардум низ ошкоро гуфтааст. Ин се нафар фармони раиси ноҳияро иҷро карданд ва раис ҳам дар гапаш истод ва онҳор бо пардохти ҷаримаи 500 сомонӣ аз ҷавобгарӣ озод намуд.

 

Ғорати масолеҳи сохтмонии осебдидагон:

 

Мардуми осебазада шикоят мекунанд,ки ҳар шаб як мошини “Опел караван” дохили мактаби 13 дар ҷамоати С.Айнӣ ва деҳаи Чорбоғ мешавад. Дар амбори мактаб масолеҳи сохтмонии барои мардуми осебзада ҳамчун кӯмак оварда шуда ҷо карда шудааст. Ин “Опел-караван” аз онҷо семент ва дигар масолеҳи сохтмониро мебарорад. Ин кори раиси ҷамоат ва шайкаи ҷиноятпешаи ӯ мебошад, ки бо фармони раиси ноҳия ин ғоратгариро рӯирост анҷом медиҳанд.

 

Пас аз боздошт ва зиндонкуниҳо ҳукумат ба сокинон таҳдид мекунад:

 

Дар аввал мардумро ваъда дода буданд,ки мо бароятон замин медиҳем ва хонаҳоро ҳукумат бароятон месозад. Аммо диданд,ки мардумро шикастанд ва бурда зиндон карданд, касе чизе нагуфт ҳоло тамоман фаромуш карданд. Баракс баъди ин задану ҳабсу ҷарима карданҳо шерак шуда фармон додаанд, ки шумо бояд то сисолагии истиқлолият худатон созед! Аз куҷо месозед бо кадом пул дигар онаш кори шумо ва ба мо марбут нест.

 

Барои соҳибони хонаҳое,ки сел онҳоро нобуд намудааст ҳукумат ба онҳо 120 халта семент 6 куб тахта ва 65 дона шифери тунукагие,ки сифати паст дорад ва барои пушонидани хона аслан онро истифода намекунанд,ҳамчун кӯмак додааст. Аммо ба онҳое панҷоҳ % хонаҳояшон осеб дидааст, нисфи онҳоро додааст.

 

Ҳукумат ба кумаккунандагонаш аз ҳаққи мардум мукофот ҳам дод:

 

Тибқи маълумоте,ки ба мо расид Нуров Маҳмадназар бо истифода аз мусибати мардум чор ҷойи хона бо масолеҳи сохтмонӣ барои худаш гирифтааст. Дар ҳоле,ки ба хонаи истиқоматии ӯ на сел омадааст ва на лой. Ин ҳамон раиси танзим ва латукуб кунандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ мебошад. Тақрибан ним гектар замин барои ӯ бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди чаҳор хона ин инъоми режим ба кумаккунандаҳояш мебошад.

 

мардуми шариф ва ғаюри Хуросон шумо қаҳрамонед ва исмҳои ҳар яки шумо дар сафаҳоти таърихи дурахшони ин миллат сабт хоҳад шуд.Ин режим ниҳояташ расидааст вале номҳои шумо ҳамчун талабкунандагони ҳаққи ҳалоли худ аз режими маҳвгар ва миллаткуш то абад бо хатҳои тилогин сабт хоҳад шуд.Мо набояд аз ин тудаи авбош ва арозил тарсем ва ҳарчи мехоҳанду дикта мекунанд сар хам карда мисли маддоҳону лаганбардорони атрофиёнашон бале гӯем. Мо фарзандони Кова,Абумуслим,Восеъ ва садҳо шермардони гузаштаамон ҳастем. Пеши ҳеҷ золиму манғете сар хам намекунем ва нахоҳем кард!

 

Зинда бод ваҳдати миллат ва мардуми шикастнопазири кишвар,нафрин бар режими миллаткуш ва золими Раҳмонов

Share This Article