Дар кадом ҳолатҳо дурӯғ гуфтан ҷоиз аст?
Хоҳаре аз мо суол мекунад: Асалому алайкум, устод Муҳаммадиқбол. Хоҳиш мекунам ба саволи ман посух гӯед. Оё дар шариъати ислом ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки дар он дурӯғ гуфтан ҷоиз бошад? Ё ба куллӣ дурӯғ гуфтан ҳаром аст ва набояд ҳаргиз дурӯғ гуфт. Оё миёни зану шавҳар дар зиндагӣ дурӯғ гуфтан ҷоиз аст ва агар бошад онҳо кадомҳоянд? Мехоҳам саволамро бо далел посух гӯед, зеро ҳолатҳое ҳаст, ки ба ин масъала рӯ ба рӯ мегардем ва мехоҳам ба он посухи комил гирам, то гунаҳкор нагардам. Дар Одноклассники саволҳои худро мегузоштем ва аз шумо ҷавобашро мегирифтем. Чанд рӯз аст ҳарчи ҷустуҷӯ мекунам номи Шуморо аслан пайдо намекунам. Маҷбур шудам дар шабакаи Фесбук саҳфа кушоям, то бо Шумо пайваст шавам. Салима М.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, салому дуруд бар равони поки Муҳаммад ва хонадону асҳоби эшон бод.
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Тибқи фармудаи Қуръону Суннат ва иҷмои уммат дурӯғ дар асл ҳаром аст. Дурӯғ яке аз бадтарин гуноҳоне дар зоти худ буда, дуруғгӯро авоқиби вахиме интизор аст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони азимушшаън мефармояд:
“То бар Худо дурӯғ бофед, барои ҳар дурӯғ, ки бар забонатон меояд, нагӯед, ки ин ҳалол асту ин ҳаром. Касоне, ки ба Худованд дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд!”
(Сураи Наҳл,ояти 116)
Дар аҳодиси Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) нисбати мазаммати дурӯғ гуфтан аҳодиси зиёде омадааст.
عن ابن مسعود ـ رضي الله عنه ـ عن النبي صلي الله عليه وسلم قال : (( إن الصدق يهدي إلى البر ، وإن البر يهدي إلى الجنة ، وإن الرجل ليصدق حتى يكتب عند الله صديقا ، وإن الكذب يهدي إلى الفجور ، وإن الفجور يهدي إلى النار ، وإن الرجل ليكذب حتى يكتب عند الله كذاب
Аз Абдулоҳ ибни Масъуд (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Ба таҳқиқ ростӣ ба суйи некӣ роҳнамоӣ мекунад. Ва ба таҳқиқ некӣ ба суйи ҷаннат роҳнамоӣ мекунад. Ва ҳар ойна мард вақте рост мегӯяд назди Аллоҳ ростгӯй сабт мегардад. Ба таҳқиқ дурӯғ роҳнамоӣ мекунад (инсони дурӯғгӯйро) ба сӯи бевиҷдонӣ ва Худонашносӣ. Ҳар ойина бевиҷдониву беиффатӣ роҳнамоӣ мекунад (инсони дурӯғгӯйро) ба сӯйи оташ (ҷаҳаннам). Ба таҳқиқ вақте мард дурӯғ мегӯяд назди Аллоҳ дурӯғгӯй сабт мегардад.”
(ҳадиси саҳеҳ мутаффақун алайҳ)
Дар ҳадиси дигаре марфуъ дар сунани Ибни Ҳиббон чунин омадааст:
عليكم بالصدق فإنه مع البر وهما في الجنة ، وإياكم والكذب فإنه مع الفجور وهما في النار ،
“Шуморо мебояд ба ростӣ, зеро (ростӣ) ҳамроҳи накӯйист ва ин ду дар ҷаннатанд. Шуморо барҳазар медорам аз дурӯғ, зеро (дурӯғ) ҳамроҳ бо бевиҷдонист ва ин ду дар оташанд.”
(ҳадиси ҳасан саҳеҳ аст)
Иҷмои уммат ҳам ҳама бидуни ихтилоф муътақид ба ҳаром будани дурӯғанд, зеро далелҳои сареҳу ошкор нисбати дурӯғ ворид шудааст.
То ин ҷо ҳаром будани дурӯғро бо зикри далоил аз Қуръон ва Суннат дар умум баён намудем.
إلا أنه يجوز الكذب اتفاقاً في ثلاث صور كما أخرجه مسلم في الصحيح من حديث أم كلثوم بنت عقبة رضي الله عنها ؛ قالت : ( لم أسمع يُرَخَّصُ في شيء مما يقول الناس كذب إلا في ثلاث : الحرب، والإصلاح بين الناس، وحديث الرجل امرأته وحديث المرأة زوجها).
Дар ҳадисе нисбати иҷозати дурӯғ дар се ҳолат омада, ки ин ҳадис дар сеҳеҳи Муслим аз Умми Кулсум бинти Уқба (раз) чунин омадааст: ”Нашунидам, ин ки рухсат бошад дурӯғ гуфтан дар ҳеҷ чиз, ки мардумон мегӯянд ҷуз се ҳолат ё се маврид. Дар ҷанг, дар ислоҳи миёни мардумон, инчунин сухани мард ба зан ва сухани зан ба шавҳар.”
Танҳо ин се ҳолат истисно шудааст, зеро дар ин се маврид ҳолатҳои ислоҳӣ ва нафъи умум вуҷуд дорад. Масъалан наҷоти ҷони мусалмон ё молаш ҳангоме, ки ба зулм рӯ ба рӯ шудааст. Ин ҳолатҳо ҳам истисноӣ мебошанд ва бояд танҳо дар ин ҳолатҳо истифода гарданд.
Имом Нававӣ (раҳ) мегӯяд: Албатта зоҳири ривоят иҷозат аст истифодаи дурӯғ дар ин се маврид, вале дӯрӣ кардан ва ба дурӯғ наздик нашудан авлотар аст.
Муҳаддисин ин се мавридро чунин шарҳ додаанд: Он дурӯғе, ки иртибот дорад дар умури зану мард ва ҳаёти зану шавҳар андозаи муайяни худро дорад. Он дурӯғ дар ин бахш чунин истифода мегардад: Он масъулияте, ки зан назди шавҳараш дорад мисли иффат ва ҳифзи номуси шавҳар ва ҳифзи молу сарвати шавҳар, дар онҳо аслан истифода набояд шавад, зеро онҳо бо аҳодиси дигар ва оёти қуръонӣ масунияташон ва даст нахурданашон сареҳ зикр шудааст. Набояд зани мусалмон дар онҳо хиёнат кунад ва дурӯғ гӯяд. Мард ҳам он вазоифе, ки бар ӯҳдааш гузошта шудааст онҳоро комилан риъоят намояд ва ҳеҷ дурӯғе ин ҷо аз ӯ пазируфта намешавад. Ин ҷо мисли ташвиқ дар издиёди муҳаббат миёни ҳамдигар ва баъзан масоиле, ки агар онро зан бигӯяд гоҳо ба мусибату талоқ меанҷомад. Масалан бархурди хонаводаи мард бо зан хуб нест, такрори ҳамешагии он мушкилот сабаби вайронии зиндагӣ мегардад. Мард низ онеро, ки зан дӯст намедорад шунавад, мисли ман зани дигар мехоҳам, ман дигар аз ту хаста шудам, ту чунину ту чунон, бояд дар ин масъала барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳамсараш изҳори муҳаббат ва гоҳо аз баъзе ахлоқҳое, ки барояш нописанд аст чашм пӯшад. Ин аст он дурӯғе, ки дар ҳадис зикр гардидааст.
Ҳолати дигари дурӯғ гуфтан ҳангоме, ки масъалаи ҳаёт ва марг вуҷуд дорад. Мисли як мард назди шумо пинҳон аст ва дар ҳолате ӯ гуноҳ надорад ва аз тарафи золим ё ситамгаре ҷустуҷӯ мешавад. Агар он мард дастгир ва кушта мешавад ва ё ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегардад. Вақте аз ту пурсанд чунин шахсро дидӣ, шумо гӯед, -на, ман надидаам. Ҳатто фуқаҳо мегӯянд, агар қасам ҳам хӯрад барои наҷоти ҷони ин мазлум гунаҳгор намешавад.
Ончи дар мавриди ҷанг омадааст мо медонем ҷанг худ фан ва истеъдод аст ва мақсад ҳамеша дар набард ба даст овардани пирӯзӣ аст. Тавре ки дар ҳадиси дигар омадааст: ”Ҷанг худ фиреб аст”, пас вақте чунин аст фиреб додани душман барои ноил гаштан ба пирӯзӣ иҷозат аст, то бар душман бо ин фиреб ё дурӯғ гуфтанат чира гардӣ.
Ислоҳи миёни мардумон, мисли ду нафари бо якдигар ҷангӣ ва мушкил дошта. Дар назди аввалӣ изҳор мекунӣ, ки Аҳмад гуфт: Маҳмуд хеле инсони хуб аст, то дилашро гарм созӣ. Назди дуввум аз таърифу тавсифи Маҳмуд изҳор мекунӣ ва розӣ будани ӯро барои рафъи мушкили миёнашон мегӯӣ. Ин дурӯғ иҷозат аст, то оштӣ миёни ин ду сурат гирад. Инчунин миёни ду қавм, ду гурӯҳ ва ду давлат низ шаръан истифодаи дурӯғ барои созиши дубора ҷоиз аст.
Хоҳари гиромӣ, ба ҳикмати Илоҳӣ бингар, барои ҷалби муҳаббат миёни ду дили ҷудогашта ва қаҳрӣ буда. Ҳаром будани суханчинӣ, албатта ин ҷо сидқ ва ростӣ дар замири ин се дурӯғ вуҷуд дорад. Зеро он чи иҷозат аст дар ҳар се маврид, сидқ, наҷот, муҳаббат, пирӯзие, ки дар интиҳояш саъодати садҳо, ҳазорҳо ва гоҳо милионҳо инсон нӯҳуфта аст. Вале дар мавридҳои дигар ҳаргиз дурӯғ нагӯед ва дар дил нуқтаҳои сиёҳро ҷой надиҳед ва худро ба он дурӯғ ба оташи ҷаҳаннам наандозед, валлоҳу аълам биссавоб.
Дар фарҷом аз Аллоҳ истидъо мекунам, то ростӣ ва ростманиширо барои ҳар марду зани мусалмон насиб бигардонад ва аз дурӯғ ва он чи ба он марбут аст моро дур бидорад, дурие, ки он мисли дурии миёни Машриқу Мағриб бошад, омин.