Даъвати мардум ва эълони тайёрӣ барои баргузорӣ ва ташкили митинг дар барномаи «Минбари муҳоҷир» аз тарафи як сокини Ноҳияи Ҳамадонӣ нукару муздуру чоплусони Раҳмоновро ба шиддат нигарон кард ва то пойи ҷон тарсонд. Чунки дар ҳақиқат Раҳмонов қувваи барқи мардуми тоҷикро дуздида ба хориҷа фурухта истодааст. Ва, ин дуздии Раҳмонов солҳост, ки идома дорад ва солҳо аст ки мардуми тоҷик дар фасли тирамоҳу зимистону баҳор аз қувваи барқ маҳрум карда мешавад.
Барои ҳамин Раҳмонов пушташ ва тагаш тар аст. Тардоман аст. Инро хуб медонад, ки набояд, ба ҳиҷ ваҷҳ, набояд имкон диҳад, ки ҳатто сад нафар таҷаммуъ кунад, чунки метавонад мисли оби кули Сарез ҳамаро яксон ва хоки сиёҳ кунад, мисли вулқони зери куҳ куҳро ба коҳ бадал кунад, мисли расиши кутоҳ (короткое замекание) заводро ба коми оташ бикашонад.
Раҳмонов медонад, ки халқ медонад, ки агар қувваи барқро ба хориҷ нафурушад ба халқ мерасад. Аммо Раҳмонов халқи худашро признават накарда, одам ҳисоб накарда ба ҳамсояҳо фурухта истодааст. Аз ин ҷиҳат ҳарфи митингу тазоҳурот вайро мурданивор метарсонад.
Ба назар мерасад, ки Раҳмонов наметарсад. Аммо ҳар қадр, ки шумори милисаву амниятро меафзояд, прокурорҳоро зиёд мекунад, маънояш ин аст тарс беш аз пеш дар баданаш реша давонида истодааст. Чунки вай хеле зиёд ғун кардааст. Он қадар ғун кардааст, ки намехоҳад аз дасташ бидиҳад. Барои Раҳмонов додани ҷон аз додани молу дороӣ ва сарвату курсӣ осонтар ва арзонтар меафтад ва вай розӣ ба ҳамин вариант аст. Варианти пулу сармоя ва курсӣ ба ивази ҷон барои вай қобили қабул нест.
Дар таърихи миллати тоҷик ҳеҷ дузде мисли Раҳмонов надуздидааст. Ва, баъди вай ҳам ҳиҷ касе мисли вай дуздида наметавонад. Вай, дар як даврае омад, ки ҳамаҷо ва ҳамачи бесоҳиб шуд. Дар совхоз таҷрибаи дуздиро дошт. Он таҷрибаро дар давлат татбиқ кард ва дорад мекунад.
На танҳо дороӣ, молу мулк, масалан ҳамин қувваи барқ, вай ҳама чизи миллат ва мардумро, то хонаву дару тиреза, то оғилу коҳдонҳоро дуздид. Оромишу осоишу зиндагиву ҷони мардум, аз ҷумла мо, ва аз ҷумла аз они худи ман ва ҳамроҳони манро дуздид.
Мо, ин шо Аллоҳ ба он давра ва марҳала хоҳем расид, ки халқ тазоҳурот хоҳад кард, ба майдону хиёбонҳо хоҳад рехт, чун Раҳмонов ба осониву роҳатӣ намеравад ва исёну ошубу тазоҳуроту эътисоби миллӣ роҳи барканории вай аст.
Аммо, дар ин рӯзе, ки Рӯзи Президент номаш кардаанд ва дар гузашта гуфта будем, ки рӯзи президент эълон кардани 16 ноябр на мантиқе дорад ва на ба воқеият мувофиқ, ба ҳамин як саволе, ки косалесони Раҳмонов дар ҳар барномаи «Минбар муҳоҷир» аз ман мепурсанд, ҷавоб доданиам.
Мепурсанд, ки Шумо чи мехоҳед?
Мо, чи мехоҳем?
Мо, мехоҳем, ки Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Тоҷикистон набошад.
Мо, мехоҳем, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ набошад.
Мо,мехоҳем, ки Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Иҷрои Президенти Тоҷикистон набошад.
Мо, мехоҳем, ки Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир набошад,
Мо мехоҳем, ки Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия набошад.
Мо мехоҳем, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа набошад.
Мо мехоҳем, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ набошад.
Мо мехоҳем, ки ин ҳукумат сарнагун бишавад.
Касе бо мо аст, касе ҳамроҳи мо аст, касе ончиро, ки мо мехоҳем, бихоҳад бо мо бипайвандад, дар канори мо биистад. Ин роҳро дер ё зуд бо ҳам мепаймоем. Инро низ бояд бигуям,ки ҳоло онҳое ин фикрро доранд ададашон хело бештар аз онҳое ҳастанд,ки будани Раҳмоновро мехоҳанд.
Чаро мо ин корро мехоҳем бикунем. Чунки Раҳмонов тули сиву як сол на як бору ду бор исбот кард, ки қабила ва гуруҳи хурд аст. Давлати як қабила давлати миллӣ ва миллат нест. Маҳкум ба фанову шикасту нобудӣ аст.
Раҳмонов намояндаи миллат нест. Раҳмонов самозванетс аст. Раҳмонов Квачков аст. Раҳмонов Меркулов аст.
Раҳмонов Авестогруп, Мармарӣ Сиёма- мол, Кушониён, Меҳргон, Талко кабел, Ориёниншуренс, Спитаменбонк, Коммерсбонк, Душанбе-сити, Ориёнбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, IRS-роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд, Сафедорак, Сифатфарма, Амирӣ,Таҷеро, Талко кабел, Талко кемикал, чойхонаи Хуррамшаҳри Данғара ва садҳову ҳазорҳои дигар чунинҳост. Раҳмонов Данғара аст
Раҳмонов Рустам, Раҳмонв Азизмо, Раҳмонов Озода, Раҳмонов Рухшона, Раҳмонов Парвина, Раҳмонов Зарина, Раҳмонов Ҳасан, Раҳмонов Амонулло, Раҳмонов Раҳматулло, Раҳмонов Зоир, Раҳмонов Зарифбек, Раҳмонов Ашраф, Раҳмонов Рамз, Раҳмонов Сафар, Раҳмонов Тоҷиддин –командир, Раҳмонов, мудир Исо, Раҳмонов, Исмоили дастбахайр, Раҳмонов Шоҳрух, Раҳмонов Юсуф Раҳмон, Раҳмонов Бег Сабур,Раҳмонов Зоир, Раҳмонов Шамсулло, Раҳмонов Ҷамолиддин….яъҷуҷу маъҷуҷ, Раҳмонов, аҷириқ. Раҳмонов аломати беохири арифметика аст, тамомӣ надорад…. (бубинед, ки дар байни инҳо як одами сиҳатро мебинед? Як донишманд, як олим як инсоне, ки боиси ифтихор бошад. Ҳамааш дузду ғоратгар ва инҳо ҳамаашон дар мактаби давлатдории пешво калон шудаанд)
Онки дар Берлин бо тухм задандаш, кам карданд, ҳақаш буд. Ман аз Асадуллои сумбулоғо хоҳиш дорам як бор то Раҳмонов номурда Абдулло Роҳнамои русурхакро пеши вай барад. Дилаш ҷазу доғи доғ аст. Якборакак барад. Монанд, ки бинад. Дар ҳасрату дар ормон намонад. Ба висолаш расонад.
Ин ҳақаш буд, кам карданд. Раис –устод Муҳиддин Кабирӣ дуруст гуфт ,ки бояд бо тухми шутурмурғ мезаданд. Ин ба назари Раҳнамови русурхак ин хел аст. Раҳмонов ҳуҷҷати миллат нест, чун зидди миллат аст, чун оилаву авлодашро боло аз миллат кардааст. Аз тамоми миллати тоҷик танҳо Раҳмонов ҳуқуқ дорад, ки то охири умр, то мурдан раис шавад. Магар чеҳраи миллат бо миллат ҳамин хел муносибат мекунад?
Раҳмонов дар хонаи Худо дискобар, найтклуб, утоқи КГБ, театр сохтааст. Раҳмонов муқаддасоти миллатро таҳқиру дашном кардааст. Ин аблаҳи чоплуси русурхак зур зада аз вай фавқулмиллат сохта истодааст.
Раҳмонов ҳоло, ки дар қудрат ҳаст, ҳоло, ки ҳукумат дорад ҳасту вуҷуд дорад, аз ҳукумат рафт дар саг обру мемонад дар вай не. Аз Назарбоев бадтар мешавад.
Русурхак Раҳмоновро буту санаму маъбуд наъузубиллоҳ карда истодааст.
Кӣ аст Раҳмонов?
Мо Раҳмоновро роҳбар наҳисобидаем.
Мо мехоҳем, ки бозори Панҷшанбеи Хуҷанд, бозори Иноми Шаҳритус, бозори Истаравшан ва дигар бозорҳо, корхонаи кимиёвии Исфара, нуриҳои азотии Вахш(Сарбанд) корхонаи кимиёвии Ёвон, корхонаи Гулистон ва даҳҳо корхонаи дигар ба соҳибонашон баргардонида шавад.
Ин чоплусҳо ва ин муздуракони занбамузд мегуянд, ки шумо чаро пешравиҳоро намебинед?
Пешравӣ яъне чӣ?
Гирифтани корхонаҳое ки Зайд сохт?
Гирифтани корхонаҳое, Низомхон Ҷураев сохт?
Гирифтани сети автозаправкаҳои Умед-88
Гирифтани конҳои ангишти саросари кишвар?
Гирифтани права ва техосмотр аз Гаи ва додан ба Фароз?
Гирифтани лабораторяҳо аз беморхонаҳо ва додан ба Фароз?
Гирифтани ширкаи камол аз чор камбағал ва додан ба Фароз?
Тамоми кишварро балъида истодааст. Мисли наҳанг, мисли аждаҳор.
Сантуда -2 80000 миллион доллар қарздор
Сангтуда-1 350 миллион қарздор
Фикр мекунед ин пулҳо куҷо меравад?
Ҳоло дар ҳамин маҳал, дар ҳамин русто ва дар ҳамон кучаатон ҳисоб кунед, ки чанд кас пули барқро надод. 100% ҳама додааст. Аммо пул ку? Чаро қарздор?
Пул дар суратҳисобҳои оффшории дузди дуздон. Пулҳоро Раҳмонов дуздид ва баҷо кард.
400 ҳазор тонна пахтаи Тоҷикистонро кӣ обу лой мекунад?
Заводи алюминий чи шуд?
Конҳои тиллову нуқраву қалъагӣ дар саросари Тоҷикистонро Раҳмонов ба кӣ ва бо чи қимате додааст?
Раиси кони тиллои Шугнов Амриддин Нахшов, писархолаи Рустам! Писари боҷаи Раҳмонов, чаро?
Аз кадом пешравӣ доред гап мезанед?
Роҳро мардум ҳашар мекунад, макатбро мардум ҳашар мекунад, амбулаторияро мардум ҳашар мекунад, як насос вайрон шавад худи мардум соз мекунад.
Дар Хуҷанд Сифатфарма, дар Душанбе Сиёма- мол
Ҳамааш аз они Раҳмонов ва оилааш аст. Ин халқ мардаш Одинаву занаш рабиня Изаура шудааст.
Пас, ин мардум митинг накунад, Абдуллои русурхак мекунад?
Баргардем боз ба ҳамон саволе, ки медиҳед.
Мо чи мехоҳем?
Мо, мехоҳем, ки султа ва ҳукумати ин оиларо аз сари мардум дур андозем. Ин оила Тоҷикистонро ба мазраъаи кишти хусусӣ ва корхонаи шахсӣ бадал кардааст.
Тамоми хонаҳои авлоду хешу табори Эмомтапаки касиф бо қувваи барқ таъмин аст.
Фермаи ҳоҷӣ Раҳматулло бо барқ таъмин аст.
Дискоклуби ҳоҷӣ Амирулло бо барқ таъмин аст.
Талко голд бо барқ таъмин аст.
Сиёма мол бо барқ таъмин аст.
Сифатфарма бо барқ таъмин аст.
Таҷеро бо барқ таъмин аст. Ин ҳам беохир….
Аммо мактабҳову масҷидҳову бемористонҳои мардум, хонаҳои мардум сарду торик аст, барқ надорем.
Тамоми зулумот ва истибдод зери сари Раҳмонов ва оилаи вай аст. Мушкили Тоҷикистон, мушкили мардуми тоҷик танҳо ва танҳо Раҳмонов аст. Раҳмонов дар асл душмани миллат, мардум ва дини мардуми тоҷик аст.
Мо ҳоло дар марҳалаи ифшокорӣ ва пардабардорӣ аз чеҳраи касифи инҳо қарор дорем. Бо ҳам аз минбар ва имконоте, ки фароҳам шудааст, аз ҷурму ҷиноёти инҳо мегуем.
Падару модарҳоро маҳкам карда истодаанд, ки бачаҳояшонро аз Русия оварда бисупоранд. Шабҳо ба хонаҳои мардум юриш бурда истодаанд.
Тибқи омор ҳафтсадҳазор ҷавони синни даъват доштаем. Қувои мусаллаҳ, камтар аз бистҳазор. Дар ду сол чаҳор бор даъват мешаванд. Яъне максимум 5-6, хуб 7 ҳазор иваз мешавад. Чаро инро буд намекунанд? Ҳафтсадҳазор куҷову 7 ҳазор куҷо?
Ин ҳам як роҳи саркуб, душняк ва тарсонидан ва қудрату зӯр нишон додан аст.
Ё ҳамин тавр муносибат бо масҷид, риш, сатр, мулло ва дар умум дини ислом.
Инҳо ватани моро ҳаром карданд.
Мо, роҳе дигар надорем. Ман, шуморо, мардум ва бахусус ҷавонони бонангу номус ва шуҷоъу ҷасури миллат ,хуб дарк мекунам. Хашму ғазаби худро бо азобе дар худ нигоҳ дошта истодаед. Аз инҷо аст ки қасд доред тазоҳурот барпо бишавад. Тазоҳуроти мову шумо бояд тавре барномарезӣ ва ташкил ва вориди хиёбони марказии пойтахт бишавад, ки натиҷа ва паёмади матлуб ба даст биёяд. Бояд ҳалқаҳо ва гуруҳҳои худро ташкил ва таъсис бидиҳем. Наҷоти мо дар дасти худи мо аст!
Ин қабила, ки қудрат ва ҳукуматро ғасб ва тасарруф кардааст, онгуна ки мепиндоред, нест. Инҳо ҷуръат ва ҷасорати муқовимат ва мубориза бо мардумро надорад ва нахоҳад дошт. Инҳо он қадар дар симу зар ва сарвату давлат ғутидаанд, ки ба ҳеҷ гоҳ ҳозир ба мубориза бо мо нахоҳанд буд.
Инҳо гумонашон ин аст ки милиса, амният ва бахусус артиш мардуми муътариз ва ба майдонҳо рехтаро мепаронад. Аммо ин тавр нахоҳад шуд. Чунки онҳо-ин қувваҳои ҳарбиву ҷангӣ писарони ҳамин мардуманд.
Дар бархе аз воҳидҳои ҳарбии вилояти Суғд баъд аз ҳамон барномаи «Минбари муҳоҷир» ва суҳбатҳо аз баргузории митинг ин сарусадоҳо баланд шудааст, ки муқобили мардум тир нахоҳем кушод.
Вале, шумо ба ин писарони худ, ки бо облава аскарӣ мебаранд, шумо ба бародарони худ, шумо ба шавҳарони худ ҳамвора ва пайваста таъкид бикунед, ки ба ҳеҷ ваҷҳ тарафи мардуми худ напаронанд, оташ накушоянд.
Шумо ба писаронатон, ки маҷбурӣ ба аскарӣ бурда истодаанд, бифаҳмонед, ки дар он рӯз ва дар он лаҳза силоҳҳояшонро ба самти онҳое тоб диҳанд, ки фармони парронидан ва қатли мардуми муътариз ва ба хиёбонҳо рехтаро медиҳанд.
Шумо, як бор биандешед, ки бо андохтани тир ва бо куштани мардуми ба дод омада ва даст ба исён ва инқилобзада киро ва киҳоро ҳимоят ва ҳифозат мекунед.
Ҳифозати ин режим бадтарин ҷинояти башарӣ аст. Баракс, тиру туфангу ҳарчизеро, ки ба дасти шумо доданд, сокит нигоҳ доред ва бигузоред, ки ин мардуми тули беш аз сӣ сол зери юғ ва бардагии ин қавм уфтода, ба мақсад ва ҳадафи олии худ бирасад.
Масҷиду маърака, муллову домулло таҳқир мешавад. Дини моро, шарафу номуси моро таҳқир мекунад. Аксҳои Раҳмоновро дар дару деворҳои масҷидҳо овезон кардаанд.
Инчунин хабосат ва наҷосат дар давраи шуравӣ набуд. Мебарояд дар «Минбари муҳоҷир» ҷуръат намекунад бигӯяд, ки пешвои ман Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст. Мегуяд пешвои ман Раҳмонов аст. Маълум аст ки аз тарс ин ҳарфҳоро мезанад. Магар чунин одам ба митинг намебарояд? Ҳатман мебарояд. Чунки аз ҷонаш безор шудааст.
Масҷид бинои шуъбаи амният, масҷид дискоклуб, кореро, ки ҳатто Ленин накардааст. Таҳдид болои масҷид: агар сарбоз наёваред, агар обуна ҷамъ накунед, агар фулону фулон накунед, масҷид баста мешавад. Ингор инҳо муслмон нестанд. Мо чи гуна бояд тоқат бикунем, ки як гуруҳи кучаки номусулмон халқи даҳмиллионии мусулмонро савор шудааст.
Мо мехоҳем, ки мамлакат озод ва дар дасти худи мардум бошад.
Мо мехоем, ки интихобот дар тамоми сатҳ, аз раиси ҷамоат то раиси ҷумҳуриро худи халқ доир кунад.
Мо мехоҳем, ки шоха ва аркони ҳукумат мутавозин, мутаодил ва мусовӣ ва ҳар кадоме дар воқеъ ҷудо бошад. Ин тавр ки ҳоло ҳама чиз дар дасти Раҳмон бошад, набошад.
Ин тавр набояд бошад, ки тамоми қудрат дар дасти як кас ҷамъ шуда бошад.
Аз ин ҷиҳат аст ки Раҳмонов бачаҳову духтару домоду додарарусу хоҳарарус ҷияну…. ҳамаашро дар сари ҳукумат овардааст.
Мо мехоҳем, ки прокурори вилояти Суғд аз худи ин вилоят бошад.
Мо мехоҳем, ки прокурори вилояти Бохтар аз худи Бохтар бошад.
Мо мехоҳем саҳмияи тамоми маҳаллу манотиқи кишвар дар ҳукумати марказӣ муроот шавад.
Раҳмонов чаро ҳукуматро қабилавӣ ва оилавӣ кардааст?
Чаро бояд прокурори вилояти Суғд, сардори милиса, сардори амният, сардорони воҳидҳои низомӣ аз ин вилоят набошад?
Ҷойҳои асосӣ ва пурдаромад дар дасти оила ва аъзои оилааш аст. Ин нафаронро дар сохторҳои қудратӣ барои он мондааст, ки қудратро, зурро барои ҳифзи ин оила ба кор андозад.
Тамоми гапҳои дигар ва кору кирдораш дуруғ аст.
Ҳар чизе дигар мегуяд дуруғ аст.
Ҳатто тамоми матбуот ва расонаҳоро ҳам аз одамони маҳалли худаш таъин кардааст. Яъне дар контрол ва дар замок гирифтааст.
Сахтарин душмани Раҳмонов, мо Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастем. Раҳмонов ҳамин хел медонад ва ҳамин хел меҳисобад. Аз соли 2015 садҳо, ҳазорҳо наҳзатӣ зиндониву фирориву кушта шуд. Ҳатто дар даруни зиндон наҳзатиҳоро кушт ва ҳоло ҳам идома дорад.
Барои он ин корро карда истодааст, ки бо ислом мушкил дорад. Вай ҳамчуноне хаффош аз хуршед ҳарос дорад, ҳамчуноне барф дар шуоъи офтоб нобуд мешавд, ба ислом танаффур дорад.
Мо медонем, ки иллат ва танаффури Раҳмон аз ислом дар куҷо сарчашма ва маншаъ мегирад.
Вай дар Ислом, мулло домулло, дар масҷиду дар минбар Наҳзатро мебинад ва дар Наҳзат охири хатро.
Мо давлат, ватан, миллат ва ҳукумат ва мардум ва Тоҷикистонро аз чанголи ин оила халос хоҳем кард.
Мо Пешво, Шоҳ, Ҷаноби олӣ нахоҳем дошт.
Ҳар кас бизнес мекунад, ҳар кас ҳизбашро ташкил медиҳад, ҳар кас газетаашро, радиову телевизионашро ҳақ дорад, ихтиёр дорад. Ҷаҳони озоду боз.
Ана он вақт мардум касеро интихоб кунад. Интихоби мардум ҳадди аксар барои панҷ сол. Ягон вақт барои 7сол не. Ҳатто агар он одам дар 7 сол Тоҷикистонро ба боғи ҷинон ва хулди барин бадал карду аз ҷуйҳо ва ҳавзҳо ширу қамоқ бигирем ҳам бояд биравад.
Ҳайкалашро намегузорем. Исмоили сомонии сонӣ гуфта қошу қавораашро намечаспонем. Тем более модарашро намегузорем. Аслан намемонем.
Барои вай қонуни алоҳида наменависем.
Чунки вай як времянка аст, раиси давлат аст, раиси кишвар аст, сарфармодеҳи кули қуво аст, аммо одам аст мисли ману шумо. Вай махдум нест, ходим аст ходими халқу давлат.
Вай халқро не халқ вайро интихоб кардааст. Вай ҳақ надорад ба халқ гуяд, ки ҳамин ки ба кори давлат қуш шудӣ турма мешӣ, вай ҳақ надорад гуяд, ки ман фармон додам, ки помириҳоро кушед
Вай ҳақ надорад ки заминро ба Хитой диҳад, ҳақ надорад, ки ба қирғиз диҳад, ҳақ надорад, ки аз ҳудуди кишвар барои аҷнабӣ базаи ҳарбӣ диҳад.
Вай времени аст. Меравад. Намеистад, бачаву духтару ҳамхобаҳои бешумори духтарҳояшро ба ҳукумат кашида намоварад.
Вай, домодаш ва қудаи домодаш ва наберааш бо наркотик наметавонанд заниматса кунанд.
Мегуянд, ки пешравиву ободиҳоро намебинед
Аз кадом ободӣ гап мезанӣ? Бобо, бача набера ва бахудо қасам ҳоло абераҳо ҳам Русия рафта истодааст. Чаро тоҷик барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҷойи якум аст? Русия тоҷикҳоро ҷанги Украина мебарад, шаҳрвандиашонро лағв карда истодааст. Тамоми таҳқирро карда истодааст. Аммо боз тоҷик дар ҷойи аввал аст? Чаро? Магар одам ватаншаро тарк мекунад?
Ин марум барои сер карани ишкамаш барои аз гушнагӣ намурдан рафта истодааст. Дар ватан рӯзаш намегузарад. Аммо Рустам самолёти шахсӣ дорад, Раҳмонов самолети шахсӣ дорад, Ҳасан самолёти шахсӣ дорад. Озодаву Парвина бонки шахсӣ доранд. Бубинед, ки тафовут аз куҷо ва то ба куҷост? Бубинед, ки кӣ ободу кӣ пешрав кардааст?
Ҳоло дар сари Раҳмонов ин фикру хиёл аст ки чи тавр Рустамро оварад. Яъне, Раҳмонов мардум ва миллатро задагӣ аст.
Раҳмонов чизеро мехоҳад, ки миллат ва мардум онро намехоҳанд. Раҳмонов мехоҳад бо истифода аз зур ин корро кунад.
Раҳмонов ҳамеша муҳит, фазо ва иқлими кишварро пурхатар ва амниятӣ мехоҳад нишон диҳад ва худашро ба унвони Асосгузори сулҳ пураҳамият нишон диҳад.
Шумо ба худ суол диҳед, ки Раҳмонов рост мегуяд? Агар Раҳмонов хайр салоҳи мардуми тоҷикро мехост Рустамро меовард? Раҳмонов хайр салоҳи оилаи худаш, қабилаи худашро мехоҳад. Раҳмонов рушду пешравиву ободии оила ва қабилаи худашро мехоҳад.
Ана, барои чи Раҳмонов таги думаш тар аст? Ана, барои чи Раҳмонов аз митинг ва аз эътирозу тазоҳурот метарсад?
Манбаъи мо дар Прокуратураи генералӣ, ки бо Юсуф Раҳмон, робитаи наздик дорад, гуфт баъд аз он барномаи «Минбари муҳоҷир» дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов як ҷаласаи изтирорӣ доир кардаанд.
«Фармон чунин шуд, ки дар ҳолати баромадани мардум ба хиёбон ва ташкили тазоҳурот-митинг сахттарин чораҳоро бояд андешид. Чунки ҳама масъулиятро бар души мақомот мегузоранд. Самолёти №1 ҳамеша бояд дар ҳолати омодабош барои тарки Тоҷикистон бошад.
Гузориш шудааст, ки тамоми сохторҳои МВД омода ва барои пешгирии ҳар гуна гирдиҳамоиҳо тайёранд. «Дар аввал қисмхои низомии 3502, СОБР, ОМОН ва ҳайатхои шахсии раёсатҳои МВД ҳозир мегарданд ва агар лозим шуд боз қувваҳои махсус ҳам омодаанд».
Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки «Ягон кор аз дасти Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол намеомад ва намеояд. Тамоми он доду фиғоне, ки мекунанд, танҳо аз дурӣ аст, дар дохил ҳеҷ қуввае надоранд.”
Агар дар як минтақа мардум барои норозигӣ хезад, дигар наметавон пешгирӣ кард. Набояд гузошт, ки мардум ба суханҳои хоинон гуш андохта даст ба тазоҳурот бизананд. Бояд бо агентура ВКД ва КДАМ корҳои шабонарузӣ барад ва ҳар куҷо буе аз норозигиҳо хезад ,дарҳол дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашид.
Кабирӣ инро як санҷиш кардааст, ки канӣ мардум бо баҳонаи барқ мехеста бошанд. Агар хест амом. Навбати дигар, боз чизи дигарро сабаб мекунанд, ҳамин тавр то Госпереворот.
Охир ҳой аҳмақҳо мо эълон накардаем ва ин як пешниҳоди муҳоҷире буд,ки дар барнома садо дод. Мо медонем чихел кунем ва чигуна эълон кунем. Нақшаҳои шуморо мо хуб медонем ҷаноби генпрокурори хреновий.
Чанд рӯз мешавад, ки аз ноҳияи шаб тамоми сохторҳо дар ҳолати махсус қарор дода мешаванд
Хонанда ва бинандаи азизи Ислоҳ аз онки сели номаҳои мардуми норозӣ ба дасти мо мерсанд огоҳ аст. Ҳоло барои онки ин мардум аз ин ҳукумат ва аз Раҳмонов то пойи ҷон безор шудаанд ва ҳеҷ гоҳ ӯро роҳбари давлат ва чеҳраи миллат намешуморанд, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз ин номаҳо ду иқтибоси кутоҳ меоварам:
«Номаамро аз ноҳия Шаҳритус менависам .Дар ноҳияи мо як заводи пахта фаъолият мекард. Масоҳати ин завод аз 3 гектар бештар буд. Завод аз навъҳои гуногуни техника: пахтачинаку пахтапуркунак, тележкаву трактор, экскаватор, булдозер ва дигар техникаҳо соҳаи кишварзӣ пур буд. Даҳҳо мошинҳои борбар дошт. Бовар кунед, ки ҳамаи ин техникаҳо ҳатто дар давраи ҷанг солиму сиҳат истода буданд.
Аммо ҳамаи ин техникаҳоро ҳоҷӣ Раҳматуллои бародари Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов дуздиду фурухт.
Боз як заводи пахта дар ҷамоати Ҷура Назар буд, ки пурра кор мекард. Он ҳам дорои тамоми техника буд. Ин заводи пахтаро ҳам давоми солҳои 2004-2005 тамоман холӣ кард, бурду фурухт. Ҳоло ягон чиз намондааст. Чарогоҳи гову гусфандони ҳоҷӣ Раҳматулло шудааст. Дар ноҳияи Шаҳритус дигар чизе намондааст. Тамоми техникаҳоро аз пунктҳои пахта бурданду фурухтанд. Боғи марказии ноҳияро гирифтанду фурухтанд».
Дар Шаҳритус ҳамаи мардумро наркоман карданд. Аз дасти ин авлоди паст мо рӯз надорем.
«Ман сокини ноҳияи Қумсангир, ҷамоати Ваҳдати миллӣ, деҳаи Боқӣ Раҳимзода ҳастам. Воқеан бас аст дигар дуруягию масхарабозӣ. Тарсу ҳарос бас аст дигар. Мо ҳам инсонем, зиндагии мисли як инсон мехоҳем? То кай ин зулму ситамро давом медиҳед. Аз соли 1992 як гуруҳ омад фақат корашон қатлу куштор буд, дуздиву таҷовуз ба номусу молу мулк, хурдану бурдан. Аз ин гуруҳ халос нашудем, ки бо ду гуруҳи дигар илова шуд. Охир, мо мардуми Қумсангир аз Африка наомадаем, ки шумо иддаи бенасаб ҳарчи мехоҳед бар сари мо бор ва таҷриба кунед, ё мо ҳақи зиндагӣ кардан надорем?
То кай зулму ситам мекунед? Магар занҳои мардуми Қумсангир суд, прокурор началник милиса, сардори ГАИ, мудири маориф, сардори молия таваллуд карда наметавоннад?
Ё инки шумо меҳмонҳои нахонда ҳатман биёед болои мо мардум ба зуриву зулм худатонро решадавон кунед?»
Имрӯз Раҳмонову олу уруқаш Рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ҳиҷ парво надоранд, ки халқи бечора ба чи ҳолу рӯз гирифтор шудааст.
Аммо, ин шо Аллоҳ ва мутмаинан лимити қувваи барқ омил ва ангезаи ҷиддӣ барои баргузории митинг хоҳад буд. Чунки ин дарди миллӣ аст. Он метавонад тамоми мардумро бар зидди Раҳмонов муттаҳиду басиҷ кунад, таҳрик, тела ва такон бидиҳад.