Дар Ӯзбекистон 13 масҷиди ҷомеъи нав ба истифода дода шуд

Ислоҳ нет

Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар Ӯзбекистон 13 масҷиди ҷомеъи ҷадид дари худро барои эътиқодмандон боз кард.

 

Дар ин бора, Усмонхон Алимов, раиси Шӯрои мусалмонони Ӯзбекистон, зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии “Арзишҳои маънавию ахлоқии муштараки миллатҳои дӯст”, ки дар  Қазоқистон баргузор шуд, иттилоъ дод.

 

“Танҳо дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон 7 масҷиди ҷомеъи нав фаъолияташонро оғоз карданд”, – гуфт муфтӣ Усмонхон Алимов.

 

Тавре расонаҳои ӯзбекӣ хабар  додаанд, дар Форуми байналмилалӣ тақрибан 600 намояндаи рӯҳониёни кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат варзиданд. Дар рафти ин Форум табодули  таҷрибаҳо суръат гирифта, масъалаҳои баланд бардоштани касбомӯзӣ ва дониши ходимони масоҷид, муносибат бо эътиқомандон, масъулият ва нақши онҳо дар ҷомеаи муосир баррасӣ шудааст.

 

Маврид ба зикр аст,  чанде пеш дар Ӯзбекистон президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев тавсия дод, ки дар шафати шоҳроҳҳо масҷидҳои сарироҳӣ сохта, ба истифода дода шавад, то сайёҳон ва роҳгузарон дар вақти намоз барои ҷустуҷӯи масҷид сарсон нашаванд. Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев амр содир карда буд, ки бояд ҳар як микроноҳияҳои шаҳрӣ на кам аз ду масҷиди ҷомеъ ва ҳар як маҳалаҳо масҷидҳои панҷвақтнамози худро дошта бошанд.

Масҷидҳои панҷвақтнамоз ва сарироҳӣ дар Ӯзбекистон танҳо барои намозҳои панҷгона буда, барои хутбахонӣ, тадрис ва таҷлили ҷашнҳову ҷамъомадҳо пешбинӣ нашудаанд.

 

Хабари ҳамарӯза расонаӣ шудани ифтитоҳи масҷидҳо дар саросари Ӯзбекистон дар ҳолест, ки дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон моҳе нест, ки аз бастани даҳҳо масҷид хабарҳо нашр нашавад.

Чанд соли ахир дар Тоҷикистон дари ҳазорҳо масҷид баста шуда, ба марказҳои фароғативу фарҳангӣ ва маишӣ табдил дода шуданд. Иддае аз биноҳои масҷидро дар Тоҷикистон ба ихтиёри идораҳои амниятӣ ва пулис супоридаанд.

Share This Article