Дарозумртарин султонҳои араб ва ҷаҳон даргузашт

Ислоҳ нет

 

Султон Қобус ибни Саъд ибни Темур ибни Файсал ибни Туркӣ ибни Саъид ибни Аҳмад ибни Саъид Оли Бусаъид дар сини 79 солагияш рӯзи 10 уми январ аз олам даргузашт.Султон Қобус султони нуҳуми давлати Уммон ва ҳокими дувоздаҳуми оилаи Бусаъид ба шумор мерафт.Султон Қобус дарозумртарин ҳокимони араб дар умум башумор мерафт ва дар олам бошад севвумин ҳокими дарозумртарин башумор мерафтааст.

 

Маълумоти кӯтоҳ аз Уммон

Давлати Умон давлати арабӣ буда дар ғарби Осиё қарор дорад.Салтанати Уммон ҳудуди панҷ миллион аҳолӣ дорад.Дахли фард дар ин давлат ба ҳар шаҳрвандаш дар сол 47 ҳазору 847 доллар мебошад. Дар шибҳ ҷазираи арабӣ аз рӯйи масоҳат севвумин давлати дорои масоҳати 309 ҳазор километри кв мебошад. Дар олам 23 умин давлат аз дорандагони нефти эҳтиётӣ буда ва 27 умин давлат аз дорандагони гози табии эҳтиётӣ дар олам аст.Инчунин Салтанати Уммон дар миёни кишварҳои олам 64 умин давлати иқтисодманд ба шумор меравад.

 

Ҳолати динӣ ва мазҳабии Уммон

Мазҳабаш Ибозӣ аст агарчи давлати халиҷиҳам бошад. Ибозиён ҳамон хавориҷанд ки давлатҳам доранд.Ҳукм дар дасти Ибозиён аст ,агарчи дар Уммон мазоҳиби Аҳли Суннат ва шиъаҳам зиндагонӣ мекунанд вале хело маҳруманд аз ҳама ҳуқуқҳо дар ин давлат.Хоссатан дар аснои ҳокимияти Султон Қобус.Уммон Оромтарин давлатҳои олам ба шумор меравад. Дар сол агар зиёд аз ин давлат шунавед, аз се ё чор хабар бештар намешунавед. Агарчи давлати саёҳати буда пас аз Саъуди бузургтарин давлат дар ҳавзаи давлатҳои халиҷи ба шумор меравад.

 

Султон Қобус дар олам ягона ҳокиме будааст,ки худаш сарвазир, вазири дифоъ,вазири хориҷа, вазири молия, раиси бонки марказӣ ва сарфармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳи Салтанати Уммон буд. Тамоман ба ҳеҷ касе эътимод ва боварӣ надошт,то масъулиятҳои давлатиро ба онҳо вогузор кунад. Чунин ҳокимон дар олам беназир ва метавон гуфт,ки тақрибан вуҷуд надорад.Дар мавриди иллати ин нобоварӣ дар охир онро баён медорам.

 

Ба Қобус дар оғоз унвони Имомро гузошта буданд ва ӯро аз ин хуш намеомад ва ба худаш унвони Султонро гузошт ва дигар Султон Қобусаш мегуфтанд.Бархе дигар мегуянд,ки падарашро Султони Масқат ва Уммон мегуфтанд.Яъне Масқат номи пойтахти ин кишвар аст ва Уммон номи давлат. Ҳардуро ба номи Султон изофа мекардаанд.Қобус чун таҳсилкардаи ғарб буд дар ҳол тибқи таълимоти гирифтааш корашро оғоз намуд.

 

Чанд маълумот аз Султон Қобус

 

Султон Қобус ягона писари Султон Саъид бин Темур буд.Дарсҳои ибтидоияшро дар Салола яке аз манотиқи саёҳатӣ ва сарсабзи Салтанати Уммон ҳосил намудааст. Падараш Қобусро дар соли 1958 ба Совеки Англистон барои таҳсил мефиристад онҷо дусол таҳсил менамояд.Соли 1960 ба академияи Сондҳерсти ҳарбӣ шомил мешавад ва соли 1964 онро ба охир мерасонад. Инчунин барои шашмоҳ дар давлати Олмони федеролӣ таҷрибаи низомироҳам мегузарад ва ба Салтанати Уммон бармегардад.Пас аз баргаштанаш падараш Қобусро тақрибан шашсол ба омӯхтани улуми динӣ ва таъриху фарҳанги мардумаш дар Салола мегузорад,то ончи аз ӯ боқи монда буд такмил намояд. Аммо ончи солҳои 1958 ва 1964 таълими гирифтааш ба ӯ таъсири зиёд карда буд ва таълимоти ғарбии гирифтааш бар ӯ ҳамеша муассиртар аз динӣ ва дохилияш қаламдод мешудааст.

 

Султон Қобус чигуна ба қудрат расид?

 

Султон Қобус бо тарафдоронаш дар 23 июли 1970 бар алайҳи падараш Султон Саъид бин Темур инқилоби сафед намуда ҳокими салтанати Уммон шуд. Султон Саъид бин Темур ба Бритонё фирор кард ва дар 19 уми октябри соли 1972 аз олам даргузашт ва онҷо дар қабристони Борокуд дафнаш намуданд.Султон Қобус хабари вафоти падарашро шунида ва 19 уми октябрро ном гузошт ба “Рӯзи наҳзати муборак” . Ҳолдонҳо мегӯянд,ки пас аз инки худаш бар алайҳи падараш инқилоб кард ҳаргиз дар дилаш издивоҷкардан ва фарзанддоршуданро дӯст намедошт.

 

Агарчи бо зане бо номи Наввол бинти Ториқ Оли Саъид издивоҷ кардааст ва пас аз дусол аз ӯ ҷудо шудааст ва ҳеҷ фарзанде аз ин зан надоштааст.

 

Нишонҳои Султон Қобус ва баъзе дороиҳояш

 

Султон Қобус бин Саъид дар ин 50 соли ҳокимбуданаш дорандаи 34 нишонҳои давлатҳои олам гаштааст.Шаш нишонаш аз Англистон ва аз давлатҳои Аврупоӣ ва арабиҳамбудааст.Ҳамаи ин нишонҳо аз соли 1976 то соли 2012 будаанд. Султон Қобус дорандаи киштиҳои гаронбаҳотарини оламҳам будааст ва қимати умумии онҳоро ҳудуди якмиллиард доллар мегуянд.

 

Адади ин киштиҳоро шашто мегуянд дутои ин киштиҳо Олмонӣ,ки қиммати ин ду кишти 300 миллион доллар будааст. Як киштияш Итолёвӣ, ки то имрӯз дар Итолё чунин кишти дигар бо ин ҳазинаи ҳангуфт сохта нашудааст ва номашро гузоштааст “Луъ-луъ -атил Баҳр”, ки 104 метр тул доштааст. Як киштиаш Ҳоландӣ ва яктои он махсӯс дар Уммон тавассути ширкати Сименси Олмонӣ сохташуда будааст. Сиёсатҳои Султон Қобус.

 

Султон Қобусро дар минтақа шахсияти оромтабиъат ва кишварашро аз ҳама эътилофҳо ва иттиҳодияҳо дур нигоҳ медоштааст. Агарчӣ кишвари бастае набуд ва саёҳони зиёде ба ин кишвар сафар мекардаанд вале ҳангома соз набудааст. Метавон Султон Қобусро дар сол дар хабарҳо мардуми олам намедиданд. Дар конфронсҳо бисёр ширкат намекардааст.Дар муддати панҷоҳсоли ҳокимияташ саводнокии мардумашро аз 10% ба 86% расонидааст.То солҳои 1998 дар миёни давлатҳои Халиҷӣ вазъи зиндагонии аҳолияш болотар аз дигар кишварҳо будааст.Чун бо дигар кишварҳо дарҳои боз нагузошт чуноне буд боқӣ монд.Яке дигар аз корҳои Султон Қобусро ин аз байн бурдани системаи ҳукми қабилавӣ ва табдили он ба низоми ҳукми низоми дастурӣ ё демократӣ дар кишвар медонанд.Дар кишвараш шуроҳои қабилавиро ба шурои иқлимӣ табдил дод, ки аз марказ яъне Масқат бо шумули ҳама ақшори кишвар идора ва тасмимгири мешуд ва исми онро Маҷлиси Уммон гузошт.

 

Султон Қобус яке аз миёнҷигарони миёни Эрон ва Амрико будааст ва муваффақияти миёни Эрон ва Амрикоро дар масалаи мувофиқаи ҳастаӣ,ки соли 2015 миёни Теҳрон ва Барак Обамо ба имзо расида буд саҳми Султон Қобусро бузург мешуморанд.То инки Трамп омад ва ҳамаи тавофуқотро нақз ва лағв намуд.

 

Бадшудани саломатии Султон Қобус ва вафоташ

 

Султон Қобус аз соли 2014 то рӯзи вафоташ аз бемории саратон ранҷ мебурд.Як ҳафта қабл аз вафоташ аз Белжик ва оламон аз табобат баргашта буд. Ба баъзе хабарҳо рӯзи 7 уми январ даргузашт ва то рӯзи 10 уми январ онро пинҳон гузоштанд.Рӯзи 10 ум эълони ваташро карданд ва рӯзи 11 уми январ Султони ҷадиди кишварро эълон карданд.

 

Султони ҷадиди Уммон ва чигуна интихобшуданаш

 

Тибқи қонуни асосии Салтанати Уммон пас аз вафоти султон, интихоби султони ҷадидро бояд панҷоҳнафар мардон аз аъзои хонаводаи ҳоким, дар давоми се рӯз бояд интихоб намоянд.Султон бояд мусалмон бошад ва аз падар ва модари Уммонӣ ба дунё омада бошад.

 

Агар дар муддати се рӯз оилаи ҳоким касеро натавонистанд интихоб намоянд. Раёсати қувваҳои мусаллаҳ ба ниёбат ва маҷлиси олии кишвар бо маҳкамаи олии кишвар ҷамъ мешаванд. Дар як сандуқ Султон Қобус як номаи сиррие навишта аст ва ҳама якҷо он сандуқро мекушоянд ва исми касе дар он нома бошад ӯ Султони кишвар бе ихтилоф пазируфта шавад ва ҳама ба ӯ бояд байъат кунанд.

 

Ҳама аъзои оилаи ҳоким дар се нафар ихтилоф доштанд ва маҷбур гаштанд сандуқро дар ҳузури ҳама кушоянд ва дар он нома исми Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саъид писари Амаки Султон Қобусро дарёфтанд, ки 65 сол дорад Султони Уммон интихоб намуданд. Дар ҳоле миёни се нафаре бояд яке аз онҳо Султон мешуд, исми Ҳайсам набуд ва касеҳам ҳатто фикр намекарданд, ки ӯ Султони ояндаи Уммон мешавад.

 

Султон Ҳайсам фориғуттаҳсили донишгоҳи Оксфорди Лондон аст. Ӯ ду писар ва ду духтар дорад.Султон Ҳайсам ки вазифаҳои муовини вазири хориҷаро дар гузашта ба уҳда дошт ва аз солҳои 1990 вазири фарҳанги Салтанати Уммонро ифо мекард, рӯзи 10 уми январ қасами дастуриро адо кард ва Султони Уммон гардид. Салтанати Уммон се рӯз азои умумӣ эълон намуданд ва муддати чилрӯз парчами ин давлат поён мебошад.

 

Ин буд маълумоти кутоҳ аз Салтанати Уммон ва вафоти Султони нимасраи Қобус ва Султони тоза интихобшудаи Уммон Ҳайсам Ибни Ториқ Оли Саъид.Умед аст истифода намуда бошед.

 

Share This Article