Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дуввумин масъули баландпояи мақомоти интизомиву қудратии Тоҷикистон баъд аз Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон аст ки дар пайи даргириҳои хунини миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар авохири апрели соли ҷорӣ ба Эрон сафар мекунад. Дақиқан ин сафар дар солргарди реҳлати бунёнгузори ҶИЭ Имом Хумайнӣ барномарезӣ шудааст. Яъне Рамазон Раҳимзода бояд дар ин маросим ало рағми нахостанаш ҳам иштирок кунад. Ин наметавонад тасодуфӣ бошад. Чуноне Вазири мудофиъаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар оромгоҳи Сардор Сулаймонӣ рафта дастбардошта бо “Чест”и эҳтиром арҷгузорӣ намуд. Ин ҳамаро хуб метавонед аҳамият диҳед, ки аз зиракии мақомоти Эронӣ шаҳодат медиҳад. Яъне пас аз ин қадар тавҳине ба кишвари Эрон кардед ҳоло маҷбуред сархам карда бо ин шакл узрхоҳи аз асосгузорони ҶИЭ кунед. Браво оқоюн, ба ин коратон ман қоил, ки ин ду вазири қудратӣ ё ҷанролҳои хашинро чунин гушмол намудед. Ин дуро гушмол намудан , силлие бар чеҳраи Раҳмонов буд. Аммо ин корро ҳатман бояд бо СС.Ятимов ҳам мекардед, дигар мо комилан қоил мешудем. Агар ин дафъа сафари СС.Ятимов дар нақша бошад, ҳатман ба ормгоҳи Муассиси ҶИЭ ӯро бубареду гулчамбаргузошта ашк ҳам бирезад. Набояд дар сафаре қабл аз ин ду дошт СС.Ятимовро бе чунин гушмол чапасар мефиристодед. Яъне то инҷо масали тоҷикии хубе ба ёдам омад : “Давидани гусола,то каҳдон” Дипломатяро аз Эрониҳо омӯзед ҷанобони қипчоқӣ.
Пушти ин сафарҳо ва ҳадафи тағйири муносибати Душанбе бо Теҳрон чи буда метавонадро танҳо метавон ҳадс зад. Зеро то ҳамин чанд гоҳи пеш Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли дарбори вай Эронро бо бадтарин шева мазаммат ва интиқод карда ва дар симои ин кишвар душмани ошкорои давлати Тоҷикистонро тасвир карда буданд. Дар воқеъ Эрон як кишваре ҳамзабону ҳамфарҳанг ва мудофеи манофеи милливу давлатии тоҷикон, ки нахустин шуда истиқлоли давлати Тоҷикистонро ба расмият бишинохт, нахустин шуда сафорати худ дар Душанберо ифтитоҳ кард ва бидуни онки кадом ғараз ва хостае дошта бошад тавассути созмонҳои ёригари худ,аз ҷумла Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ба даҳҳо миллион доллар ба фақирону қаҳтзадагони вилояти собиқи Кулоб дар солҳои ҷанг ва то ҳамин ба наздикиҳо кӯмакҳои маҷонӣ расонид, нақби Истиқлолро сохту дод, неругоҳи Сангтуда-2-ро бунёд карда ва то ба ҳамин ҳоло як дирам ҳам тақозо накардааст, яку якбора мавриди иҳонат, тӯҳмат, тавҳин ва нафрати Раҳмонов ва наздикони дар ҳукумати вай қарор гирифт. Шахсан худи Раҳмонов на як бору ду бор бо киноя, тамасхур ва танаффури зиёд «кишвари дар нохунак дӯст» гуфт, яъне ба ҳадде аз Эрон мутанаффир шуда буд, ки аз номашро бурдан иҷтиноб меварзид. Ингор дар сентябри соли 2015 ҲНИТ бо пули Эрон Ҳоҷӣ Ҳалимро барои баргузории як табаддлуоти давлатӣ водор карда бошад. Дар оташи ғазаби Раҳмонов дидору мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар ҳошияи як ҳамоиши байналмилалӣ дар Теҳрон бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятулло Алии Хоманаӣ равғани бештар рехт ва дигар дасту даҳони нукарони мафкуравӣ ва назарияпардозони Раҳмоновро дошта намешуд.
“Тӯҳмату таҳқиру тавҳин алайҳи Эрон то онҷо кашид, ки дигар алайҳи он филмҳо ҳам ба намоиш даромад, ва Эрон дар зеҳнҳо ва тасвирҳо тавре ҷо карда мешуд, ки он дигар имрӯзу пагоҳ дар Тоҷикистон инқилоб мекунад ва Муҳиддин Кабириро меоварад ва давлати исломӣ барпо мекунад.”
Резахорону муздуроне мисли Абдуллоҳи Раҳнамо ва Сайфулло Сафаров ҳатто шарт мегузоштанд, ки агар Эрон бихоҳад бо Тоҷикистон муносибати хуб дошта бошад мавқеашро муайян кунад: Бо Кабирӣ аст ва ё бо Раҳмонов? Барои мисол Раҳнамо мегуфт, ки худи ҲНИТ ҳеҷ чизе нест, гурӯҳи заиф аст, аммо пуштибонони қавии хориҷӣ дорад. Манзури Раҳнамо, албатта Эрон буд. Аммо ҷуръаташро надошт, ки ошкоро бигӯяд, чун аз ин кишвар сахт муттаҳам аст. Вақте Сафаров ҳам менавишт,ки ҲНИТ абзори дасти хориҷиҳост,ӯ хориҷӣ гуфта Эронро дар назар дошт.
“Аммо давлати Эрон ин ҳамаро нодида гирифт, чун ин ҳама иттиҳомот бепояву асос буданд. Ва,дигар ҳам ин ки ба худ муносиб надид, ки ба як хурду реза ва ба як заъифи нотавон посух бидиҳад ва лоиқ надонист. Иттиҳомоти Раҳмонову мубаллиғони камзарфияти вай барои бадномсозии Эрон то ба ҳадде пешрафт карданд, ки гуфтанд дар манотиқи мухталифи Эрон тоҷикон тамриноти низомӣ дода мешаванд, Сипоҳи посдорони инқилоби Исломӣ барои Кабирӣ маблағ медиҳад ва фалону маҳмадони дигар.”
Аммо ҳоло мебинем, ки ин ҳама иттиҳомот фаромуш шуда ва яке, яке вазирони қудратии Раҳмонов мераванду аз барқарорӣ ва суръатбахшии ҳамкориҳо суҳбат мекунанд.
Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ аз ташкили Кумитаи муштаркаи дифои Эрону Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ мекунаду Рамазон Раҳимзода дархости ифтитоҳи дафтари намояндагии вазорати дохилии Эрон дар Душанберо орзу дорад.
Дар ҳар сурат ин қадар аҷала,ин қадар шитоб ин ҳама такопуву тапиданҳо нишонаи возеҳи он аст,ки Раҳмонов аз ҷое шадидан эҳсоси хатар ва ноамнӣ доранд . Боз ин ҳама аҷала дар фиристодани мақомоти баландпояаш медонед барои чӣ аст ? Мабодо раисҷумҳури ҷадид бо ин ҳама тавҳинҳое бар алайҳи Эрон намудем дигар барқарории равобитро нахоҳанду дар саҳро монем. Раҳмонов ҳоло ба ҳама шартҳо омодааст,то бо мақомоташ,бо сафиронаш мулоқоте сурат бигирад. Раҳмонов ,бисёр мехоҳад, ки Оятулло Алии Хоманаӣ эълон кунад, ки сипари боэътимоди Тоҷикистон аст. Дигар фарқе надорад, ки Эрон Ҷумҳурии исломист, фаромӯш кардааст барҳазардоштанҳояшро аз минбарҳо бар алайҳи Эрон. Муҳим эълон кунад ва баёняе диҳад, ки Тоҷикистон шарики асосӣ, балки «укоча»-и Эрон аст ва Хоманаӣ падари Эмомалӣ Раҳмонов. Ҳамчуноне солҳои пеш Ислом Каримовро ба падараш монанд мекард ва «отамиз» гуфта буд. Аммо Раҳмонов бохт ва ин бохти хело шармовару фаромӯш ношудинии торихист.
“Мунтаҳо дар як турфатулайн Эрони Кабирӣ шуд Эрони Раҳмонов. Ҳоло ин сари турбати Ҳофизу Саъдӣ рафтанҳову аз Тахти Ҷамшед зиёрат карданҳову аз муштаракатои забони форсӣ гуфтанҳои Рамазон Раҳимзодаи Ниҳониро намегӯед?”
Ҳамагӣ саркану покан ва кашолу молон ба самти Эрон руй оварда истодаанд. Дар ҳоле, ки ба маҳзи мухолафати Тоҷикистон дар соли 2019 Эрон натавонист узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бишавад, ҳоло сафири Тоҷикистон дар Эрон изҳор доштааст, ки барои вуруди Эрон ба ин созмон кадом мушкил вуҷуд надорад ва Тоҷикистон кишварҳои узвро ташвиқ мекунад, ки аз барои пайвасти Эрон даст бардоранд. Аҷаб! Беш аз ин,саросемавор ва мисли як нафаре,ки аз ғарқшавӣ раҳояш додаанду намедонад домани наҷотдиҳандаро раҳо кунад ё хайр, ин сафири булфузул аз раиси ҷумҳури ҳоло номунтахаби Эрон даъват кардааст, ки ба Душанбе ташриф биоварад.
Вале, бояд бароятон бигӯям, ки раиси ҷумҳурии ояндаи Эрон 100% аз Ҳасани Руҳонӣ фарқ хоҳад дошт. Ин раиси ҷумҳурӣ дар гумон аст иҷоза бидиҳад, ки Раҳмонов ва режими вай бо Эрон бо якчунин такаббур ва нописандӣ муносибат кунад. Зеро Раҳмонов инро мехоҳад ё не Эрон ҳатман узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад. Ҳатто дар ҳамин созмон ҳам Эрон метавонад муттакои Тоҷикистон бошад.
“Инро низ бояд зикр намоям,ки Эрон бо ду кишвари абарқудрат ва зинуфзӣ Созмони ҳамкории Шогҳои ончунон робитаи қавӣ ва стратегӣ дорад,ки дигар ворид шудан ва нашуданаш дар он ниёзе нест. Чаро ниёзе нест? Масалан Эрон бо Чин қарордоди чансад миллиард долларӣ дорад ва ба муддати 25 сол. Дар мавриди Русия бошад ниёз ба шарҳу тафсиле надоред. Чун робита ва қарордодҳо дар чандин соҳаро дорад ва амал карда истодааст. Бояд инро низ қайд намоям, ки Эрон бо ҳеҷ кишварҳои узви созмони Шонгҳои ҳеҷ мушкилоте ҳам надорад ҷуз Тоҷикистон. Аммо Эрон набояд фаромӯш кунад, ки ҳоло ягона мухолифи воридшудани кишвараш дар ин созмон пас аз танишҳои охири Тоҷику Қирғиз ва ин сафарҳои мақомоти қудратӣ, метавонад Қирғизистон бошад. Иллати асосии ин ҳам Раҳмонов аст, ки вазъро ба ин ҳоллат оварда расонид.”
Ҳоло, ки маълум аст Русия ва Чин дар бархурд бо Қирғизистон ба ҳеҷ ваҷҳ пушти яке аз ду ҷонибро нахоҳанд гирифт, Раҳмонов ночор шудааст, ки рӯ ба Эрон оварад.
“Аммо чуноне гуфтем ҳукумат ва раиси нави Эрон баъид аст ба ин роҳатӣ бо як нафаре, ки зидди ислом аст, мусалмононро ҳамарӯза таҳқиру тавҳин мекунад, зиндонӣ кардааст ва ҳоло ҳам дорад идома медиҳад, тарҳи хуби ҳамкорӣ ба роҳ монад. Ба эҳтимоли зиёд сиёсатҳои ин давлати муқтадири минтақа бахусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дучори тағйир хоҳад шуд.”
Бубинед, ки ҳамин ҳоло ҳам Раҳмонов ва бахусус мақомоти амниятии он доранд бо Эрон душмании худро идома медиҳанд.
Рамазон Раҳимзода дар ҳоле бо мақомоти эронӣ асноди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад, ки дар Тоҷикистон донишҷӯён ва хатмкардаҳои тоҷики донишгоҳҳои Эрон дастгир ва ба давраҳои тӯлонӣ ба зиндон кашонида мешаванд. Дар шумори ин донишҷӯҳо онҳое, ки дар арсаҳои дунявӣ таҳсил кардаанд низ кам нестанд. Аммо дар ин маврид ҳам Эрон кадом вокуниши кучаке нишон надодааст.
“Инчунин Рамазон Раҳимзода дар Эрон асту бо мақомоти баландпоя мулоқот менамояд. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоъи гурӯҳи ташкилнамудаи ВКД ва дақиақан ана ҳамин Рамазон Раҳимзода бо номи «АВАНГАРД» ба роҳбарияти давлати Эрон тавҳин ва носазо, аксҳои роҳбарияти онро хашин ба мардуми Тоҷик ба намоиш мегузоранд ва иттиҳом ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва роҳбарияти он мекунад. Магар ин аз сидқи ин режим ва ВКД ӯ мекунад?”
Бархе аз коршиносон чунин ақида доранд,ки боздошту ҳабси шаҳрвандони ҷавони тоҷик, яъне ҳамин хатмкарда ва толибилмони феълӣ чи рабте ба Эрон дорад. Чун онҳоро Эрон умдатан ройгон омӯзонидааст, боз чи коре бикунад ва ин дигар кори худи давлати Тоҷикистон аст. Бале, ин ақида дар назари аввал мантиқӣ ба назар мерасад. Аммо, чаро ин гуна сарнавишт болои тоҷикони муҳассил ва ё хатмкардаҳои кишварҳои дигари олам масалан Русия ва ё Амрико наомадааст? Онҳое, ки дар кишварҳои ба истилоҳ исломӣ ва беш аз ҳама Эрон таҳсил кардаанд, омадааст? Ҳоло Эрон ин ҳақро надорад, ки бипурсад чаро чунин вазъ болои донишомӯзони тоҷики донишгоҳҳои Эрон пеш омадааст? Хамушии мақомоти эронӣ ҳам таассуфангез ва ҳам номафҳум аст. Чун дигар рӯшан аст, ки онҳоро ба маҳзи инки дар Эрон таҳсил кардаанд, ҳабсу зиндон намуданд. Магар Эрон бо онҳо чи карда, ки хомуш аст? Бадбахтона дар ин васат дар шумори боздошту зиндонишудаҳо олимону устодон низ ҳастанд,ки бархе аз онҳо ҳатто фориғуттаҳсилини 15-20 сол пештари донишгоҳҳои эронианд.
Шералӣ Мирзо,вазири дифоъ, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила ба Эрон сафар карданду тавбаву надомати Раҳмоновро расониданд. Ҳоло, чи хеле тоҷикҳо мегӯянд, «дафъаи мардон то се бор»,магар инки СС.Ятимов,раиси КДАМ ва барномарезу тарроҳи қатъи равобити ҳасанаи Тоҷикистону Эрон ва муаллифи асосии бадномсозиву душмантарошии Эрон низ бояд биравад ва ба зону биншинад, то Эрон «кишвари дӯст дар даруни нохунак» албатта барои мақомоти тоҷик,ки аз соли 2015,то кунун Эрон бо чунин ном дар ВАО ёд мешуд ва «пуштибони Кабирӣ» ва бахусус раиси ҷумҳурии нави он бар самимият ва садоқати Раҳмонов бовар кунад ва дар масофи бо Қирғизистон пушти онро холӣ нагузорад…