Досияи сиёҳи “Мир”-и Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров
(бахши аввал)
Ҷамолиддин Мансуров кист?
Ҷамолиддин Мансуров 16 октябри соли 1951 дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор зода шудааст. Факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистонро дар соли 1973 хатм кардааст.Фаъолияти меҳнатиро соли 1973 ба ҳайси иқтисодчии калони комиҷроияи ноҳияи Ҳисор оғоз карда, сипас сардори стансияи иттилооту ҳисоббарории ноҳияи Ҳисор буд. Хидмат дар Артиши Шӯравӣ (1978–79). Нозири шӯъбаи ташкилии кумитаи ҲК ноҳияи Ҳисор, директори совхози ниҳолпарварии «Дӯстӣ», мудири шӯъбаи кишоварзӣ, нозири шӯъбаи ташкилии кумитаи ҲК ноҳияи Ҳисор (1979–89), раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор (1989–93). Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе (1993–94). Ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994–2001), ҷонишини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Вакили мардумӣ, узви Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.Ҷамолиддин Мансуров аз соли 2005 бознишаста шудааст. Дар ин ҳолнома ду нукта, яке инки Мансуров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз фармондеҳони Фронти халқӣ дар ноҳияи Ҳисор ва дуввум инки вай депутати Шӯрои олии Тоҷикистон дар даъвати солҳои 1990-1995 ҳам буд, зикр нашудааст.
“Мир”-и фронти хлақии Ҳисор
Ёдоварӣ аз ҷиноятҳои Ҷамолиддин Мансуров,раиси собиқи Ҳисор,ки имрӯзҳо ҳам аз пушти саҳна роҳбарӣ мекунад.
Ҷамолиддин Мансуров ба иттиҳоми куштори домулло Абдурраҳмон Сафаралиев,имом-хатиби собиқи ноҳияи Ҳисор дар соли 1992 боздошт шуд. Нашри ин хабар дар расонаҳо ва сайтҳои интернетӣ дар моҳи октябри соли 2017 барои ҷомеаи тоҷик ногаҳонӣ ва ғайримунтазира буд.Зеро Мансуров дар шумори афроди наздик ба Раҳмонов ба ҳисоб мерафт ва имкон надошт,ки дар даврони Раҳмонов ҳамчунин иттифоқе сурат бигирад. Аммо ин хабар,ки ҳам дар расонаҳои маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ мунташир шуда Мансуровро барои иртикоби одамкушӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам мекард, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кард. Инҷо аввал як ду даҳан дар бораи домулло Абдурраҳмон Сафаралиев мегӯем. Домулло Абдураҳмон Сафаралиев (Раҳмон Сафаралиев)корманди Идораи обу корез дар масҷиди Махдуми аъзами Ҳисор 25 сол мешуд,ки имом-хатибӣ мекард.Як рӯҳонии шинохта ва соҳибнуфуз ба шумор мерафт. Узвияти ҳеҷ як гурӯҳи сиёсиро надошт ва аслан ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба сиёсат ҳам намекард. Ҳоҷӣ ҳам шуда буд. Хулоса, як мулло буду бас.Аммо январи соли 1993 дар айни авҷи ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд.Фарзандонаш дар қатли падар Ҷамолиддин Мансуровро,ки дар он солҳо ҳам раис ва ҳам Фармондеҳи Фронти халқӣ дар ноҳияи Ҳисор буд,муҷрим меҳисобанд. Вале он солҳо бо далоили маълум сукут ихтиёр карда буданд.
Баъд аз соли 2005,ки Мансуровро ба нафақа фиристоданд, номаш аз сари забонҳо афтод ва худаш ҳам дар як гӯшаи фаромӯшӣ ба сар мебурд. Замоне ӯро бознишаста ва аз саҳна дур карданд, ки ҳоло синнаш барои нафақа нарасида буд,аммо мисле,ки кадом гурбаи сиёҳ миёни ӯ ва Раҳмонов гузашт,ки вайро пеш аз мӯҳлат берун кард.
Вале дар соли 2017 писарони домулло Абдураҳмон Сафаралиев,ки ин ҳама муддат мунтазири шароити муносиб буданд, алайҳи Мансуров ба Прокуратураи Ҳисор ариза навишта додхоҳӣ карданд.Тафтишот шурӯъ шуд. Сафаралиевҳо муваффақ шуданд,ки бо дастури додситонии Ҳисор ва мақомоти милиса баъди 24-25 сол эксгуматсия гузаронида санади пизишки қонуниро ҳам дар мавриди аз тири туфанг ба қатл расидани падар ба даст оваранд. Ҳатто пироҳани аз пайи тир сӯрохшуда ва тирҳои аз онҳо кушташударо ҳам ба мақомоти тафтишот ироа доданд.
Далелу мадорики мувассақ ва низ шоҳидони ҳодиса тафтишотро кӯмак мекарданд. Прокуратура ду-се навбат Мансуровро барои бозпурсӣ даъват ҳам кард. Кам монда буд,ки эътироф кунад. Кор ба ҳадде кашид,ки Мансуров бо нашри як муроҷиатнома аз номи собиқ вакилони халқӣ ва роҳбарони ноҳияи Ҳисор дар таърихи 4 декабри соли 2017 ба унвони Прокуратура худро бегуноҳ ва баракс қаҳрамону фидоӣ ҷилва диҳад. Дар ин муроҷиатнома ҳатто аз он ҳам ёдовар шудааст,ки рӯзҳои аввали вориди Душанбе шудани Эмомалӣ Раҳмонов Мансуров аз ҳисоби Ҳисор ҳар рӯз то 10 тона орду нон кӯмак мекардааст. Аммо бо як тарзе печидаву печонида иқрор ҳам кардааст,ки ҳаводис ва руйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ идоранашаванда буд:
“Ҳама нағз медонем, ки табиати ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна аст. Аксар вақт мардуми як маҳалу як забону як дину мазҳаб якдигаркушӣ мекунанд. Тоҷикистон низ дар солҳои 1992- 1993 дар ҳамин аҳвол буд. Касе аз касе қасд меситонд, бо баҳонаҳои гуногун ва барои фоидае ба қатл ҳам мерасонд…”
Аммо дар ин миён 16-уми ноябри соли 2017 дар Қасри Арбоби Хуҷанд бахшида ба 25 умин солгарди Иҷлосияи 16 ва сари қудрат овардани Раҳмонов як ҷаласаи мутантане бо иштироки онҳое,ки 25 сол қабл дар ҳамон толор ҳузур доштанд, баргузор шуд. Мансуров,ки як пояш дар тафтишот ишкел шуда буд низ дар ин ҷаласа ширкат дошт ва онҷо буд,ки Раҳмонов рӯбарӯ мезанад ва Раҳмонов ҳам дар ҳузури ҳама аз ҷумла журналистон мегӯяд: “ Мо дар бораи худат хабарҳоро дорем.Аз ҳодисаҳое, ки дар бораи ту ҳастанд, аз аризаҳо хабар дорем. Маълумотҳоят пеши мо ҳаст.Аммо мо туро танҳо намегузорем .Ёд дорем соли 92-ро. Дар ҳаминҷо барои ман овоз дода будӣ. Ман барои ман овоз додаҳоро ҳифз мекунам”.
Баъди чунин изҳори назари Раҳмонов,ки барои Мансуров як навъ “неприкосноваемост-дахлнопазирӣ” –ро таъмин кард, муносибати тафтишот тамоман тағйир кард. Ва Прокуратураи Ҳисор ҳам,ки дар оғози кор барои исботи иддаои писарони Сафаралиев ҷидди даст ба кор шуда қабри падари онҳоро канда ва аз пизишки қонунӣ ҳам санад гирифта буд, тафтиши парвандаро қатъ кард ва ба номи шокӣ чунин посух дод:
“Тибқи моддаи 75 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аз рӯзи содир шудани ҷинояти махсусан вазнин понздаҳ сол гузашта бошад, шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.Аз лаҳзаи вафоти Сафаралиев Р. зиёда аз 24 сол гузашта, муайян кардани ҳолати воқеии марги ӯ ва пайдо кардани далелҳои шайъӣ ғайриимкон буда, ҳамчунин шоҳидоне, ки метавонистанд оиди вафоти Сафаралиев Р. нишондод диҳанд, вафот кардаанд. Ҳамин тариқ, дар рафти санҷиш далелҳои мӯътамаду раднопазир оиди кушта шудани Сафаралиев Р. дарёфт карда нашуда, бинобар гузаштани мӯҳлати зиёд аз лаҳзаи марги Сафаралиев Р. имконияти пайдо кардани далелҳои иловагӣ дар хусуси кушта шудани Сафаралиев Р. ғайриимкон мебошад.”
Вале Бадриддин Сафаралиев ба расонаҳо гуфтааст,хулосаи тафтишотро қабул надорад ва боз ҳам ба тафтиши парвандаи марги падараш ва ба ҷазо кашидани қотилони ӯ исрор хоҳад варзид:
“Прокурор дар номааш навиштааст, ки падари ман гӯё моҳи январи соли 1992 кушта шуд. Вале ӯро моҳи январи соли 1993 куштанд. Падари ман тобистони соли 1992 сафари Ҳаҷ рафта буд. Аз ин нома чунин бармеояд, ки падарамро пеш аз сафарии Ҳаҷ рафтанаш алакай кушта буданд. Хулосаи экспертро ҳам чунин тоб доданд, ки гӯё аниқ аз чӣ мурдани падари маро нагуфта бошад. Ҳол он ки дар хулосаи эксперти тиббӣ дарҷ шудааст, ки Раҳмон Сафаралиевро аз масофаи наздик бо яроқи оташфишон паррондаанд. Инро дар номаи прокурор пӯшондаанд.”
Баҳриддин Сафаралиев, писари домулло Абдураҳмон,вақте Ҷамолиддин Мансуровро ба Додситонӣ кашид,қариб аксарияти расонаҳои нашри Душанбе ва васоити ахбори хориҷӣ дар заминаи даъвои ӯ мақола ва гузоришҳо ба нашр расониданд.Худи ӯ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла шабакаи Ютуб навору гузоришҳо таҳия карданд. Аз ҷумла дар яке аз ин филмҳои мустанад моҷарои кушторро ин тавр ҳикоят кардааст:
Дар ҳақиқат 30.12 соли 92 падарам домулло Абдураҳмон бо даъвати раиси ноҳияи Ҳисор ва фармондеҳи Фронти халқи Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров ба наздаш рафт ва дигар барнагашт. Дар таърихи 07.01.93 яке аз муовинони Ҷамолиддин Мансуров ба хонаамон омад ва аз мо барои ҷасади падарам 60 000 рубл талаб намуд,то пагоҳӣ моро вақт дод. Рӯзи 8 январ омада аз хонаамон пулро гирифт ва бародам ва ҳамсояамон -писари амакамро барои овардани ҷасади падарам бо худ бурд.Дар роҳ қисме аз ин маблағро ба Баҳром Сувонов,ҷонишини сардори раёсати кофтукови ҷиноятӣ медиҳад ва вай ҷойи ҷасади падарамро нишон медиҳад.Мо омадем аз зери хок ҷасадро гирифтем.Хона овардем, табибҳо экспертиза карданд. Тир аз наздик зада шудааст. Рӯзи 6-уми январ падарамро оварда мепарронанд…чанд рӯз дар таҳхонаи милиса лату куб мекунанд. Баъди кушодани қабр ҳам санад гирфтем. Пайкони тирро ҳам аз ҷасади падарам гирифтанд. …..” Ин қиссаи дароз аст…
Хулосаи ин моҷаро чи шуд?
Хулоса ин шуд,ки баъд аз онки Раҳмонов барои Мансуров як навъ иммунитет қоил мешавад Ҷамолиддин Мансуров ба додгоҳ бар зидди Баҳриддин Сафаралиев шикоят овард ва дар авоили июни соли 2018 додгоҳ чунин ҳалнома содир шуд:
“Додгоҳи ноҳияи Ҳисор бо судури ҳалнома даъвои Ҷамолиддин Мансуров, собиқ раиси шаҳри Ҳисорро дар нисбати сокини ҳамин ноҳия Баҳриддини Сафаралиев барои “расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ” қонеъ кард ва нисбати Сафаралиев ба андозаи 13 ҳазору 164 сомонӣ, ҷарима таъин намуд.”
“Дар ҳоле Бурҳониддин Сафаралиев,бародари Баҳриддин-писари дигари марҳум домулло Абдурраҳмон гӯиё барои паҳн кардани маълумот ва ахбори дурӯғ ва “миллатчигӣ “иттиҳомоте дигар як сол маҳкум ба зиндон гардида буд. Тибқи хабари нашр намудаи сомонаи Ахбор Сафаралиев Бурҳониддин,ки 31-уми январи соли 2019 ба муҳлати як сол маҳкум ба зиндон гардида буд.Таърихи 13-уми декабри 2019 аз маҳбаси №3/6 Ёвон барои “Рафтори намунавӣ” бо додани “ифтихорнома” озод гаштааст. Акнун бубинед зулмро падаратро мекушанд ин “Фронти халқиён” боз барои талаби хунбаҳои падарат бо туҳмат зиндонат мекунанд,чун медонанд бегуноҳ ҳасти як варақи нодаркори дигарат бо номи “Ифтихорнома” медиҳанду 47 рӯз пеш озодат мекунанд,боз ношармида мегуянд шукронаи анаҳминхел пешво кун,ки туро зиндон кард. Ин аст адолат дар кишвареки зери султаи ин тудаи авобош ва арозил қарор дорад.
“Ҳоло ба Бурҳониддин Сафаралиев дар озодӣ қарор дорад , ӯ худро гунаҳкор намешуморад ва мегӯяд: ҳаргиз маҳалчӣ ва маҳалгаро набудааст ва ин як туҳмати беасосе буд,ки ба ӯ нисбат додаанд ва бегуноҳ зиндонӣ шудааст.Номи масҷиди деҳа бо талаби мақомоти амниятӣ иваз карда шуда буд.
Бурҳониддин Сафаралиев 46 сол дорад ва падари 4 фарзанд аст, ки хурдиаш дар синфи 3 мехонад. Ӯ қаблан раиси маҳаллаи деҳаи Сайёд-1 буд, вале баъдан раҳбарии деҳаи Сайёд-2-ро, ки дар теппаҳои Уртабуз сохта шуд, низ ба вай супурданд.Ӯ фарзанди Домулло Абдураҳмон, як рӯҳонии маъруф аз Қалъаи Ҳисор аст, ки соли 1993 аз ҷониби ҷангиёни Фронти халқӣ кушта шуд ва фарзандонаш соли 2017 аз мақомот талаб карданд, ки қотилони падарашонро ёфта, ба ҷавобгарӣ бикашанд.Ин талаб боис шуд, ки як гуруҳи ҷанговарони собиқи Фронти халқӣ бародарон Сафаралиевҳоро барои қасдан ба ҳам задани вазъият дар минтақаи Ҳисор ва тарафдорӣ аз Иттиҳоди собиқи мухолифин ва ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) айбдор карданд.
Сафаралиевҳо он аъзои собиқи Фронти халқиро ба додгоҳ кашонда, узви ҲНИТ набудани худро исбот карданд ва аз яке аз даъвогарон товон низ рӯёнданд. Дар додгоҳ маълум шуд, ки Бурҳониддин Сафаралиев узви ҳизби халқии демократӣ ва як бародараш узви ҳизби коммунист будаанд.”.Ин буд порае аз моҷарои қазияи куштори домулло Абдураҳмон Сафаралиев,ки бо фармони мустақими Ҷамолиддин Мансуров ба қатл расонида шуд. Аз бадани домулло Абдураҳмон 8 пайкони тири автомат Калашников пайдо мешавад,баъди 25 сол вақте,ки қабри ӯро бозкушоӣ мекунанд. Ҷамолиддин Мансуров бо баҳонаи “вовчик” ва “ғармӣ” будан на танҳо домулло Абдураҳмон садҳо нафари дигарро ҳадафи тир қарор додааст. Вале ӯ на танҳо қатлу куштор, балки ҷиноёти зиёди дигаре ҳам содир кардааст,ки дар навиштаҳои баъди ба таваҷҷӯҳи шумо хоҳем расонд.Аммо инҷо аз ҳамаи шумо даъват мекунам,ки ҳар чи дар бораи ин қотили мардуми Ҳисор ва атрофи Душанбе медонед, маълумоте доред ба мо бифиристед.Мутмаин бошед,ки рӯзи ҷазо барои ҳар як ҷинояткор хоҳад расид. Кайфари корашро хоҳад бурд ва подошашро хоҳад гирифт. Ин ваъдаи Парвардигор аст.
Идома дорад,поёни бахши аввали “Досияи сиёҳи Мири Ҳисор”
Навори ин досия, рӯзҳои наздик бо наворҳои ҷолиби марбут ба он тақдими бинандагони “ISLOH TV” мегардад!