Ман яке аз донишгоҳҳои машҳури Русияро хонда, ҳам бакалвр ва хам магистураро тамом кардаам. Донандаи панҷ забон мебошам. Баъд аз хатми донишгоҳ хостам рафта дар ватанам каме ҳам бошад саҳми худро гузорам ва бо касби хондагиам машғули кор шавам. Вақте ба Тоҷикистон расидам ба кофтани кор машғул шудаам. Ба кадом як ширкате рафтам аввалин суолашон ин буд, ки аз куҷо пул ёфта таҳсил кардӣ дар Русия ва туро, кӣ кумак кард, барои таҳсил кардан дар донишгоҳи баландпояи Русия. Вақте мегуфтам худам бо донишам дохил шуда таҳсил кардам ва шабҳо кор карда музди коркардаамро барои таҳсили худ масраф мекардам, онҳо мегуфтанд, рав баъдтар барои кор занг мезанем. Меомадам, аммо дигар на занг мешуду на хату хабар. Ҳатто барои ҳамчун муаллими забонҳои хориҷӣ шудан ҳам чунин ҳолати корро паси сар намудаам. Ба худ мегуфтам наход то ҳамон дараҷа шуда бошад, ки заррае дониш ва таҷрибаи корро дар ватани худам нигоҳ накунанд. Зиндагӣ хеле душвор аст дар Тоҷикистон, барои як шахсе, ки бо умед ба ватани азиз баргардаду бекор монад.
“Пас аз чанд моҳи кор наёфтан ба корҳои сохтмонӣ машғул шудам (шабаш гирифта кор мекардам). Хонаҳои мардумро тармиму таъмир мекардем. Ба худ мегуфтам наход як шахси бо таҳсилоти олӣ ва мутахассис дар як соҳа омада ба корҳои сохтмонӣ (черно рабочий) машғул шавад. Тақрибан як сол дар Тоҷикистон истодам ва боз ба Русия баргаштам. Ҳадди ақал дар Русия бо касби худ кор мекунам ва каме ҳам бошад худро озод ҳис мекунам. Баъзе дӯстонам нақл мекарданд, ки дар куҷоҳо кор мекарданд ва чихел ин авлод ва ҳукуматиҳо бизнесҳои Тоҷикистонро дар байни худ тақсим кардаанд. Аммо намедонам то чи дараҷа гапи рост аст ё на?”
Мегуфтанд барои дар дохили авлод ва дигар ҳукуматиҳо ҷанг нашудан тамоми маҳсулот ва ҳамин тавр бизнесҳоро байни худ тақсим кардаанд. Барои мисол, дрожро ба Тоҷикистон танҳо як нафар меорад ва аз тамоми навоҳиву вилоёти кишвар омада аз он шахс мегиранд (дар пуши «Девяти бал» складҳояш ҷойгир аст), ки ӯ шофёри президент мебошад. Яъне дрожро шофёри президент монополия кардааст. Собун ва равғани русиро бошад духтари ҷаноб монополия кардааст. Ба гуфтаи онҳо сари як вагон собунро холӣ кардан 800сомонӣ медиҳанд ва як вагонро 15 нафар холӣ мекунанд, ки сари кас 50 сомонӣ мерасад. Агар вагони дигарҳоро холӣ кунӣ маблағаш 1000то 1500сомонӣ мебошад. Чанд бор шахсоне, ки борҳои духтари президентро холӣ мекарданд забастовка карданд, то инки маблағашонро зиёд кунанд, аммо ба ҷои онки ки зиёд кунанд онҳо рафта аз мардикорбозорҳои шаҳр оварда бо нархи 500сомонӣ холӣ кардаанд. Чун ин бечораҳои грузчик дигар роҳ надоштанд, гуфтанд биё, бо нархи пешин холӣ мекунем. Яъне 800 сомонӣ. Аммо складчики духтари президент барои «дарс» додани грузчикҳо, ки забастовка карда буданд, гуфт барои ин коратон як моҳ бо нархи 500сомонӣ сари вагон кор мекунед ва баъд аз он мо ба 800 сомонӣ оварда мерасонем. Ин буд як қиссаи онҳо. Барои дар вагонҳои духтари президент кор кардан бояд шинос дошта бошӣ то ҳамчун грузчик қабулатон кунанд. Барои санҷиш худам рафта хостам грузчик шавам. Бо бригадирашон во хурдам аммо суолҳояш ҳамин буд: ай куҷо мешӣ? Ки роит кард? (Ман, ки худам рафта будам ва географияам, ки маъқулаш нашуд гуфт: «мо ҳаркаса корда намегирем, ма тра нашносм, бо ягон дузд набошӣ?». Ин буд қиссаи кор дар вагонҳо.
Дар сайти «Сомон.тҷ» кор мекофтам, ки ногоҳ коре ёфтам маблағаш 4500 сомонӣ, ҷои хоб, хурду хурок бепул. Гуфтам, ана кори хеле хуб. Дарҳол занг задам пурсон шудам, ки кор дар куҷост? Гуфтанд дар Зидде, дар кони кумур-ангишт, ки соҳибаш хитоихо мебошанд. Ин ширкати хитоӣ номаш Зингхуа мебошад. Соҳиби ширкат номаш Шоян ё ки Шуян. Тоҷикиро озод суҳбат мекунад. Пурсидам, ки маош 4500 сомонӣ? Гуфтанд бале. Фардо тайёр шуда либосҳои гарм гирифтам, чун гуфтанд хеле хунук аст либоси гарм гир. Дар деҳаи Чорбоғ мошинашон омад ва рафтем ба кон. Гуфтанд агар дар щахта кор кунӣ 4500сомонӣ. Розӣ шуда корро сар кардам. Ду тарҷумон доштаанд, ки коргарони КДАМ буданд. Корашон ҳар рӯз арақнушӣ. Ба хитоиҳо духтарони тоҷикро ҳамчу повар оварда якҷоя бо онҳо алоқаи ҷинсӣ мекарданд. Номи ин Ду амниятӣ Аминҷон ва Азиз буд, ки падари Азизаш дар кадом вазифаи баланд дар амният кор мекардааст. Падари Амин чанде пеш ба Амрико рафт.
“Кор дар шахта хеле душвор буд. Тибқи нақша ҳар рӯз бояд намордники нав (махсус ) бандӣ, то инки чанги ангишт ба шуш таъсир нарасонад. Аммо аз рафтагиам танҳо як дастпуш доданд, ки барои ду ҳафта бояд истифода барӣ. Аввали рафтан як намордники пластмасии одди доданд, ки ҳаррӯз баъди кор меомадӣ, медидӣ,ки чи гуна чанги ангишт ба бинӣ ва гулуят гузаштааву лабу даҳонат пур аз сиёҳӣ шудааст. Вақте намордники нав талаб мекардем, намедоданд. Маошро бошад бояд якуним моҳ кор кунӣ баъд медиҳанд. Ҳоҷатхона, ҷои сар шустан ва оби гарм надошт.”
Як гурӯҳ коргарҳоро оварданд. Онҳо бетон рехта ҳоҷатхона, ҳаммом ва амбор сохтанд. Аммо вақте пулашонро надоданд, корро партофтанду рафтанд. Танҳо кришааш монда буд. Аммо вақте пулашонро надодан партофта рафтанд.
Ман як моҳ кор кардам, аммо партофтам, чунки саломатиям бад шуд. Шишҳоям аз чанги зиёд пневмания гирифт. Ҳар касе дар онҷо кор мекард як моҳ зиёд кор карда наметавонист. Хитоиҳо фақат духтарони ҷавонро ба ошпазӣ кор мегирифтанд, ки истифода баранд. Як зани ҳомиларо ин 2 бешарафи амниятӣ оварда буданд, ки ҳам худашон ва ҳам хитоиҳо истифода мебурданд. Як хола ҳамроҳи шавҳараш кор мекард, ки покиза мегашт. Охранаашон одами амният буд, ки 10.000 сомонӣ моҳона дошт. Як вақт,ки якҷо шиштему маст шуд нақл кард, ки маро худи Ятимов инҷо роҳӣ кардагӣ аст ва моҳона 10.000 сомонӣ медиҳанд. Дар ин кон Ятимов «доля» ва саҳми худашро дорад. Ин хитоии соҳиби кон ҷураи Ятимов будааст. Ин амниятӣ гуфт,ки тамоми конҳои тилло дар таҳти назорати Талко аст ва Талко дар дасти Ҳасан Асадуллозода ва Шералишо Кабирови пешвои иқтисодиёти кишвар. Конҳои ангиштро Рустам ба бачаи холааш додааст. Бачаи холааш дар Зидде 5 конро ба Фароз додаасту 2тоашро ба хитоиҳо. Пеш аз он, ки Рустам конҳои ангиштро гирад, одамҳое, ки дар Зидде зиндагӣ мекарданд бо хар ва мошинҳояшон ангиштро мебурдан ва дар поёни куҳ ҷамъ карда ба харидорҳо мефурӯхтанд. Аз болои куҳ танҳо зиддегихо ангиштро меоварданд ба поён. Зиндагии ин деҳа аз ҳамин лиҳоз буд. Ҳатто Русия намерафтанд, чунки ангишт мефурӯхтанд ва зиндагиашонро пеш мебурданд. Рустам омада ва як қисми куҳро аввал ба Фароз дод. Мардуми Зидде аз тарафи дигари куҳ ҷамъ карда дар поён амбор карда мефурӯхтанд. Ва ангишти тарафе, ки зиддегиҳо мефурӯхтанд сифаташ баландтар буд. Хитоиҳо омаданду сраза ҷои зиддегиҳоро гирифтанд ва намонданд зидегиҳо ҳатто як хар ангишт баранд. Зиддегиҳо ба ғазаб омада тамоми қишлоқ хест то инки иҷозаташон диҳанд ангишт гирифта мисли пешина фурӯшанд. Аммо армия дароварда мардумро иҷозат надоданд. Дар ҳоли ҳозир фақат ба онҳое иҷозат медиҳанд, ки омада кор мекунад ва ангишт мебарад. Ин буд қиссаи охраники кони ангишти хитоӣ.
Ин хитоӣ алакай 10-15сол дар Тоҷикистон буда аст ва бештари домҳои Душанберо вай сохтаву сохта истодааст. Тоҷикиро озод гап мезанад. Азизи амниятӣ як рӯз нақл кард, ки дар мошини хитоии соҳиби кон ба хона рафтам. Ва дар раҳ гап зада рафтем. Гуфт «ҳоло президенти мора настрениш грехтагияй кати президенти шумо». Гуфтам барои чи? Гуфт: « барои он ки вақте корона сар шуд Тоҷикистон аввал шуда самолётҳои моро манъ кард ва хитоиҳоро намонд ворид шаванд. Чанд бор шуд, ки президенти моро даъват мекунад аммо вай рад мекунад. Сафорати мо мераванд зора доранд, ки якбор ба сафари хизматӣ ҷанобро фарёд кунед, аммо намекунанд. Ҳатто студентҳои тоҷикро дигар намонда истодаанд, ки дароянд.» Хуллас, мо на танҳо дар Русия балки дар ватани худ ғуломем. Наход хитоӣ ояд дар ватанат корат фармояду маошатро надиҳад. Ман якуним моҳ кор кардам аммо 1 моха маош доданду тамом. Як тоҷикро 3 моҳашро надоданд. Вай калидҳои экскаватор ва подгрузчикро гирифта надодашон, то инки ваъда доданаш, ки Душанбе биёву гир. Аммо намедонам вақте Душанбе рафт доданаш ё не. Дигар на хату на хабараш шуд.