Дар Исфара на танҳо масъалаи ҷангу ҷангҷоли сарҳад мушкили мардум аст, кормандони мақомоти давлатӣ ҳам болои мардум мушкилии зиёдеро меоваранд. Бо ҳар баҳона мардумро ҷарима мекунанду пул мекананд. Барои мисол агар лампочкаҳои пешинаро дар хонаатон пайдо карданд, ҳатман 150 сомонӣ ҷарима мешавед. Ходимони милиса
бе иҷозати соҳибхона ба хона зада даромада кофтуков карда мардумро ҷарима мебанданд.
Имрӯз тамоми мақомоти ноҳияи Исфараро вобаста кардаанд, ки бо ҳар баҳона мардумро ҷарима баста ба буҷаи ноҳия то 5 март накам аз 5-миллион сомонӣ пул ворид кунанд. Гӯё,ки ин Пешвои сархур дар моҳи март ба Исфара меомадааст. Бо ҳамин сабаб кормандони андоз, милиса, ГАИ ва дигар мақомотҳоро маҷбур карда истодаанд, ки бо ҳар баҳонае аз мардум пул гиранд.
АЗ ФАРЗАНДОНИ ИСФАРАГИҲО “АВАНГАРД” МЕСОЗАНД
Боз барои омадани Пешвои сархӯр бояд сафи Авангардон аз талабаҳои мактабҳо зиёд карда шаванд. Бояд дар худи Исфара сафи Авангардон накам аз 1500 нафар бошанд. Милисаи доир ба ноболиғгон Абдуллоев Саид ва муовини раиси ноҳия Бобоён Мадина дар мактабҳо рейд гузаронида беасосу бо баҳонаи сохта мактаббачаҳоро айбдор ва падару модарони онҳоро ба милисахона даъват ва тарсонда истодаанд, ки шуморо барои гуноҳи фарзандонатон ҷарима мебандем. Ҳамин тавр ин милисаҳо болои волидони мактаббачаҳо таҳдиду сиёсат карда ва сипас гӯё муросову раҳм карда ба падару модарон мефаҳмонанд, ки ҳар рӯз баъди дарс писаронатонро ба шуъбаи ноболиғон гусел мекунед. Мо барои онҳо2 соат ё 3 соат дарси фаҳмондадиҳӣ мегузарем. Дар асл бошад онҳоро барои ояндаи худашон «буз» мекунанд. Дар ин гурӯҳи Авангардҳо нафақат писарбачаҳоро даъват мекунанд, духтарбачаҳоро ҳам маҷбуран даъват мекунанд. Масалан фарзанди шумо либоси мактабӣ надорад, ё ки бо телефон ба мактаб омадааст, гуфта, хуласи калом, бо ҳар роҳ баҳона ёфта айби ноҳақро дар болои мактаббачаҳо бор карда истодаанд. Бояд дар тамоми Исфара Авангард на кам аз 3000 аъзо дошта бошад. Ин Авангардҳо боз ду гурӯҳ будаанд. Авангардҳои ВКД ва Авангардҳои УБОП-Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил. Ва ин Авангардҳоро барои пешвозгири Пешво ва барои ягон митинг ё ки дар барномаҳои мухолифин суханронӣ кардан тайёр мекардаанд. Ва ин суханони худи мактаб бачаҳои ҳамон Авангардон мебошанд. Ё ки барои ягон делоҳои сохтаи милисаҳо ҳамчун «одами холис» ҷалб карда мешаванд. Вақте ки ин Авангардон ба мактабҳо меоянд бояд барои инҳо хурок, роҳкиро ва дигар хароҷтҳояшонро директорони мактабҳо маблағгузорӣ кунанд. Бояд падару модарони ин мактаб бачаҳо аз найранги ин милисаҳо бохабар шуда ояндаи фарзандони худро ба дасти худашон гиранд. Чунки дар ин ҷо ягон фаҳмондадиҳӣ нест. Мақсади онҳо «буз» кардани фарзандони мардум мебошанд.
“Ва, боз як маълумоти дигар аз Исфара. Имрӯзҳо дар шаҳри Исфара гӯё, ки охири замон мешуда бошад, тамоми заминҳоро раиси осоишгоҳи Зумрат бо миёнаравҳои худаш ва бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ фурӯхта истодааст. 6сотихӣ, барои участкаи наздиҳавлигӣ гуфта барои фурӯш омода карда истодаанд. Сотихи заминро дар маҳаллаҳои Сомониён ва гирду атрофи он ва минтақаҳои 15 ва 16 на кам аз 1200 доллар фурухта истодаанд. Сотихи заминҳои даруни шаҳр, заминҳои обӣ ва заминҳои гаражу совхозу колхозу заводҳоро аз 3000 долар сар карда то 10,000 долар фурӯхта истодаанд. Бисёри харидорони ин заминҳо пулдорони Ворух, Чоркуҳ ва Сух мебошанд.”
Сардори амнияти Исфара иваз шуд- полковник Каримов Нозим.Пеш аз Исфара дар вилояти Бадахшон кор мекард. Номери мошини шахсаиш 5000 РР-03 Лексуси сафеди 470 мебошад. Сардори собиқи амнияти Исфара Шамсидин Амаков, зодаи ноҳияи Айнӣ буд ба Вилояти Бадахшон ба кор рафт ҳамчун «опер»- панижения рафт.
“Дар охир каме бошад ҳам дар бораи раиси ЗАГС-и Исфара Муҳиба Ёқубова мехоҳем бигӯем. Муҳиба Ёқубоваро кормандони Агентии коррпусия аввали моҳи феврали ҳамин сол дастгир карданд ва аз кор гирифтанаш. Аммо бар ивази пули калон «корҳояша бо бачаҳакои боло ҳал кардааст». Боз ба ҷойи кори пешинааш ҳамчун раис меомадааст.”
Як чизи дигарро ҳам гуфтан мехоҳем. Айни ҳол дар тамоми расонаҳои Точикистон таърифу таъриф дар бораи Қирғизу Тоҷик: «муйсафедон оши оштӣ хурда гаштаанд». Ин гапҳо ҳамааш як намуди мардум фиребӣ мебошад. Дар асл бошад, дар он тарафи куҳи Чоркуҳ, Ворух ва Хоҷаиаъло Қирғизҳо тамоми техникаҳои ҷангии нестандарҷаҳонро оварда тайёрии ҷангро дида истодаанд. Ва мардуми маҳаллаҳои қирғизнишини худашонро кучонида истодаанд. Ҳамон муйсафедони оши оштиро хурдагӣ баъди ин оши оштӣ куч баста истодаанд. Аз ин худатон хулоса бароред. Рӯзҳои наздик дар сарҳад чи ҳодисае руй медиҳад. Ҳозир нафареро полковник С.Сафаровро сардори сарҳадбонони Исфара таъйин кардаанд. ( Ин нома пеш аз ҳодисаи охири дар марзи Исфара сурат гирифта ба “Ислоҳ” расида буд.Мутаассифона фурсати нашри он нарасид)
Нома аз Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ ба “Ислоҳ”
Ин нома аз деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба «Ислоҳ.нет» расидааст. Муаллифони он бисёр ҳам хоҳиш кардаанд, ки онро ҳарчи зудтар ба чоп расонем. Дар ин нома сухан дар бораи фаъолияти ҷамоати Чоркӯҳ ва кормандони он меравад. Муаллифони ин нома навиштаанд, ки имоми деҳаи Хоҷаи аъло масҷидро ба офиси бизнеси худ ва коркунони ҷамоат табдил кардааст. Масалан, чанд вақт аст ки никох дар масҷид сурат мегирад. Аз ҳар як никоҳ 200 сомонӣ мегирад. Ва ин маблағҳоро, ки дар масҷид ҷамъ мешавад, баъди намози ҷумъа ба идораи ҷамоати Чоркуҳ бурда месупорад. Сипас «ҳисобот» медиҳад: кӣ риш мемонад,кӣ сатр мекунад. Ҳар ҷумъа ҷойи гуфти худову расул гуфти Раҳмоновро аз минбари пайғамбар ба мардум мехонад. Масалан: «президент ба мо сулҳу ваҳдат овард, тинҷиву оромӣ овард, барои ҳамин мо бояд шукронаи президентро кунем».Ин гапҳое аст, ки имом ҳаррӯз дар мавъизаҳояш такрор мекунад. Ин имоми гумроҳу динфурӯш Муқаддасбек Сулаймонов ном дорад. Боғу замини корами мазори деҳаро аз они худ кардааст. Мардум мехост, ки ин боғу заминро ба гӯрковҳо бидиҳад. Аммо ӯ бо ёрии кормандони ҳукумат аз они худ кард. Боз барои вай 30 сотих замини наздиҳавлигӣ бо нархи арзон доданд. Боз аз ҷамоат барои «бузӣ» карданаш гандуму хурока медиҳанд. Имом илми кофӣ надорад, халқ аз кори вай розӣ не .Вай дудаста ба ин вазифа часпидааст. Бачаҳои боилму қорӣ ва дар донишгоҳҳои бонуфуз хондагиҳоро намемонанд ва ин «чаламулло»-ро имоми масҷид мондаанд.
“Писари калонии ин имомхатиб дар милитсия кор мекунад. Худашро фарзанди давлат ҳисобида фахр мекунад. Ин писари ӯ чандин касро фиреб кард. Бароятон паспорти русӣ месозам гуфта аз 150 то 200.000-и русиашонро гирифт, вале ба касе паспорт насохт. Барои гирифтани ҳар гуна справка ё санади дигар «посредник» мешавад, пул мегирад. Як порахӯри ҳаром аст. Бо формаи милисагӣ дар кучаҳо гашта мардони ришдорро бинад, ришҳоятонро гиред гуфта ба сари онҳо фишор меоварад. Ин як мунофиқ ва бузи тайёр аст.”
Фарзанди дуюмаш аптекачӣ аст. Фозилбек Сулаймонов. Вай байни падару модарҳо ва донишгоҳҳои Хуҷанд «посредникӣ» мекунад. Гап дар бораи абитурентҳо ва тарзи дохилшавии онҳо ба донишгоҳҳо меравад. Фозилбек 1-2.000 долларӣ болои нархи донишгоҳҳо илова карда аз падару модарҳо мегирад.
Нафари дигар Одинаев Маннон, наркобарони №1,бузи №1 ва дузди калон аст. Бо долларҳои фалшивий ба даст афтод, аммо бо як аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов, ки сахт рафиқ аст, нагузоштанд, ки шинад. Гап дар бораи Зоир, домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов меравад. Маннон дар бизнеси наркотик ва фурӯши мошинҳои асосан дуздии Зоир нақши «ҳалкунанда» мебозад. Героини Зоир ҳоло дар яке аз амборҳои осоишгоҳи Зумрат нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳаминҷо онро ба қирғизҳо мефурӯшанд. Аз қирғизҳо қисмҳои эҳтиётӣ, балони мошин ва дигар чизҳо мегиранд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама тиҷорату даромад, Маннон аз аксарияти мағозаҳо қарздор аст. Вай зану чаҳор фарзанд дорад. Вале зани як масчоиро аз шавҳараш ҷудо карда бо ду фарзандаш ба никоҳаш даровард. Номи ин зан Озода аст. Шавҳари вай хонаву дар обод карда буд вале Маннон масчоиро бадарға ва хонаву дар ва зану кӯдаконашро соҳибӣ кард. Маннон дар ҳавлии ин масчоӣ корхонаи сементблок кушод. Ин масчоӣ ба инҷо хонадомод шуда омада буд. Русия рафта пул кор кард. Омада хонаҳоро аз нав обод кард. Аммо ин номард ӯро аз зану хонаву дараш ҷудо кард. Як амбори совхози собиқро, ки дар маркази деҳа ҷой дошт бо як пули ночиз харид ва дар онҷо хонаи дуошёна ва як мағоза сохт. Халқ аз ин кори вай розӣ набуд. Чунки вай ҷойи ҷамъиятиро харида ба манфиати шахсиаш истифода кард. Онҳое, ки замини ҷойҳои ҷамъиятиро ғайриқонунӣ харидаанд, бояд бохабар шаванд, ки рӯзаш меояд давлат онҳоро гардонида мегирад.
Нафари дигаре, ки дар ҷамоат ҳамаро фиреб дода истодааст Шарипов Абдухалил муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ аст. Гармхонаи совхозро бо як пули пучак аз они худ кард, боз дар канори масҷид пункти тиббиро харида дар ҷойи ин объекти ба мардум зарурӣ мағоза ва толори дузандагӣ сохт. Ба толори дузандагиаш духтархо рафта меоянд, ним урён онҷо канори масҷид мебошад. Гуфтанд, ки худаш духтарҳоро маҷбур мекардааст,ки «европейка» гарданд. Заминҳои канори масҷид ва парники гармхонаро ба раиси ҷамоати Чоркӯҳ-Мухтор пора дода харид. Боз як фарзандаш Шарипов Муҳаммад дар шаҳри Исфара адвокат шуда кор мекунад. Ҳатто барои нависондани як справкаи оддӣ аз мардум 50 сомонӣ мегирад. Бузи мақомот аст. Як бародари Абдухалил Шарипов Баҳодур ном дорад корманди собиқи Идораи гумрук Барои дуздӣ аз кор пеш карданд. Айни ҳол дар ягон ҷой кор намекунад. Ин ҳам як бузи мақомот мебошад. Пионерлагери собиқи давлатиро, ки масоҳаташ 1-гектар мебошад, бо чанд танга харида тарабхона сохт. Боз 40 сотих участкаи №2,ро ки замини совхози собиқи «Иттифоқ буд,ба ҳамин минвол, бо пули ночиз аз Мухтори раиси ҷамоат харид. Дар шаҳри Исфара 2 квартира ва 2мошин дорад, ки ҳама бо пулҳои ришва дар замони кораш дар гумрук харидааст. Бо пули маош инҳоро харида наметавонад. Ин «бузҳо» фикр дорнад, ки давлат бесоҳиб аст. Ҳаргиз инхел фикр накунед, ба наздикӣ соҳибони давлат меоянд ва ин ҳама молу мулки халқро ба соҳибонаш бармегардонанд.
“Сафаров Собир заминсози ҷамоати Чоркӯҳ буд. Ва хеле зиёд замини назди ҳавлигӣ тақсим кард. Аммо барои мардуми бечораи камбағал 4сотихӣ вале барои авлоди худаш-Сафаровҳо 8-10сотихӣ. Аз он ҷумла барои амакбачаҳои хусурош 8-10сотихӣ дод. Бисёр заминҳоро ба номи одамони камбағал карда худаш фурухт. Бо пули заминҳои фурухтагиаш дар Хуҷанд квартира ва ду адад Газелл харида ҳамчун машруткаи шаҳрӣ ба иҷора дод. Ҳамаи заминҳои деҳаро Сафаров Собир якҷо бо Шаропов Бадриддин , ки бо номи Мухтори раис маъруф аст ва раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буд фурухтаанд. Феълан Мухтори дузд ба нафақа баромад ва худи Сафаров Собир дар шаҳри Ивановои Русия бо пули дуздӣ паспорти русӣ карда истодааст.”
Феълан Шаропов Бадриддин агарчӣ дар нафақа ҳаст ва раиси Чоркуҳ ҳам нест вале маслиҳатгари сардори милиса ва амният ва раиси ҷамоати кунунӣ ӯ мебошад. Ҳарчи хоҳанд кунанд аз ин гурги борондида ва маккор маслиҳат мепурсанду чунон мекунанд.
БАҲСИ ШАРОПОВ БАДРИДДИН БО МУҲИДДИН КАБИРӢ ДАР СОЛИ 2012
Агар ёдатон бошад дар соли 2012 ҳангоме,ки Муҳиддин Кабирӣ ба Исфара сурат мегирад. Шаропов Бадриддин ба Муҳиддин Кабирӣ савол медиҳад “ чаро мо аз шумо нашунидем дар мавриди он,ки Қирғизҳо замини моя гирифта истодаанд ва бачаҳои моро кушта истодаанд як бор аз порлумон садо баланд накард? Инчунин чаро дар мавриди ин, ки дар мавриди сохтмони обанбори Роғун Узбекистон сару садо баланд мекнунанд, ки сохта нашавад. Шумо аз порлумон боре ба тарафи Узбекистон ҷавоб надодеду эътироз накардед? Албатта Устод Кабирӣ посухи саволашонро доданд. Фишурдаи онро дар навор хоҳед дид.
Бале сухан дар мавриди Шаропов Бадриддини феълан нафақахур меравад,ки боре инсаволро аз раиси ҲХДТ ва масулини ҳукумат накард вале бо ҷуръатона аз Муҳиддин Кабирӣ пурсида буданд. Имрӯз касе метавонад чунин саволро, ки ҳар рӯз Қирғизҳо дар Хоҷаи Аъло ва Ворух Тоҷик кушта истодаанд касе ин саволро намедиҳад? Чун ҳатман шахси чунин саволдиҳанда дар ҳол бо моддаи маъруфи 307 айбдор ва равонаи зиндон мегардад. Умедворам Шаропов Бадриддин ва раиси феълии Ҷамоъати Чоркуҳ дар худ ҷуръат пайдо карда ин саволро аз мақомоти имрӯза мепурсанд ва мебинем чӣ посухе хоҳанд гирифт. Ҳатто дар посухи Устод Кабирӣ асабӣ шуда буданд,ки чаро маро таҳқир мекунед? Имрӯз метавонед дар муқобили раиси ҲХДТ ва ё намояндаи ин ҳизб чунин садо баланд кунеду дуғу пописа кунад ? Ҳаргиз на ва ҳазорнбор на.
Нафари дигар Ғоиб- коркуни аэропорти Хуҷанд мебошад. Дар мавсими даъват ба хидмати артиш аз ҳар муҳоҷири сини даъват, ки Русия мераванд, 5.000 рубли русӣ мегираду аз аэропорт (нуқтаи назорати марзӣ) мегузаронад. Ҳамчунин корро вақти баргаштани муҳоҷирони сини даъват аз Русия такрор мекунад. Дар ҳоле, ки дар ягонҷо кор намекунад ва тиҷорате ҳам надорад ду адад мошини сабукрав ва ду замини наздиҳавлигӣ ва як квартира дар Хуҷанд ва дар деҳа хонаҳои муҳташам ва ферма дорад. Ин ҳама аз пули ғораткардашудаи муҳоҷирони ҷавон мебошад. Дар вақти короновариус ки равуо қатъ гардида буд, гӯиё як Фонди хайрия барои 30-солагии истиқлолият кушода аз мардум пул гирифт, ки толори варзишии мактабро обод мекунад. Вале қисми зиёди инпулҳоро дуздид ва як таъмири руякӣ карду халос, ба деворҳо ранг молиду бас!
Контрабандистони деҳа инҳоянд:
1) Амакҷони гург;
2) Ашур, ки бо қирғизҳо семент, арматура, тахта, сухафрукт, селитра, бензин, соляркаи домоди Эмомалӣ Раҳмоновро «реализоват» мекунад. Ҳамаи ин корҳоро пинҳон аз андоз ва гумрук иҷро мекунад. Бо милитсионерҳои дузд ҳамкорӣ мекунад, «доля» медиҳанд, «буз»-ӣ мекунад. Аҷобат дар он аст, ки барои инҳо бо қирғизҳо ҳамкорӣ иҷозат вале ба халқи оддӣ не. Ба халқи оддӣ шанс намедиҳанд, ки ҳатто барои зарурати рӯзгори худ бо қирғизҳо муомила кунанд.
Туйчиев Бахтиёр коркуни ГАИ-и шаҳри Исфара онҳоро «кришават» мекунад.
Дар умум инҳо бузҳои деҳаанд:
1) Аъзамов Зафар, корманди ОМОН. Ворухиҳоро асосан ҳамин ғам медиҳад, «подстава» мекунад.
2) Аюбов Раҳим- Контробандист, Қочоқчии маводди мухаддир.
З) Нодирахон ва шавҳараш Рашиди заминфурӯш,
4) Бобонодир, бузи военкомат.
5) Одинаев Манон
6) Ашур, контрабандист.
7) Сулаймонов Муқаддас бузи масҷид.
8) Сулаймонов Додохон бо лақаби «фарзанди давлат»
9) Сафаров Саҳоб, корманди ОМОН, яке аз заминфурӯшҳо.
10) Сулаймонов Улуғбек дузди «пенсионный фонд».
Бубинед, ки Одинаев Манон ду зани ҳалолу никоҳӣ дорад аммо боз ба номуси духтарҳо . Ба духтарҳои ҷудошуда ё инки шавҳарашон дар Русия будагиҳо алоқадаст дароз мекунад. Боз ба милисаҳо духтар ёфта медиҳад. Ашӯр ду зан дорад. Зани якумаш духтари амакаш аст. Инро ҳама мардум медонад. Боз ба номуси духтарҳои шавҳардору беваҳо….Ба наздикӣ як зани ҷавонро бо ду кудакаш маломатзада карда аз шавҳараш ҷудо намуд. Ин зан аз пушти ҳамин Ашӯр ҷудо шуд. Бечора халқи камбағал дар муҳоҷирату инҳо бошанд ба номуси занҳои мардум дастдарозӣ мекунанд. Бародар Муҳаммадиқбол! ман номи ду зинокори хатарнокашро навистам, умед мекунам дигарҳо дида ислоҳ мешудагистанд!
Ps: Ин ду нома аз Исфара ба “Ислоҳ” расидаанд ва мо бидуни тасарруф ҳарду номаро якҷо намуда тақдими мардум мекунем. Таҳқиқ дар ин ду нома танҳо пурсидем аз исмҳое дар нома омадаанд се нафар тасдиқ намуданд,ки бале дақиқиан чунин аст ва онҳо ҳам аз ин афрод огоҳи доранд. Ҳатто ду нафар аз пурсида шудаҳо гуфтанд,ки ончи мо мехостем дар ин нома зикр шудааст. Дигари гуфт яке аз ин бузҳо амакбачааш аст вале комилан дуруст аст. Хуб манобеъи “Ислоҳ” то ин андоза тавонистанд посух бигӯянд.