Раҳмонов 8 соат барқ ба аҳолӣ ва 16 соат ба хориҷ мефурӯшад

Ислоҳ нет

Як ҳафта мешавад, ки ҳамагӣ се соат: -аз 5 то 8 -и субҳ ва бегоҳ аз 17 то 22-и шаб ба сокинони Тоҷикистон нерӯи барқ дода мешавад ,яъне аҳолии Тоҷикистон 16 соат дар шабонарӯз бидуни дастрасӣ ба рӯшноӣ ва гармӣ ба сар мебаранд.

Ин ки ширкати «Барқи тоҷик»  ҳеҷ гоҳ дар бораи ҷорӣ кардани лимити барқ аз қабл эълон намекунад, тайи ин сӣ соли ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов на як бору ду бор шоҳид шудаем. Аммо масъулони ширкати мазкур ҳамоно бо дурӯғу найранг мехоҳанд ин бор низ мардуми  Тоҷикистонро гӯл бизананд. Ин чи гуна таъмиру навсозӣ будааст, ки якбора дар саросари Тоҷикистон сурат мегирад ва айнан дар сооти муайян. Магар нерӯгоҳҳо -истгоҳоҳҳои тавлиди барқ бо садама дучор шудаанд ва он ҳам ҳамагӣ ва ё инки обанборҳо аз об холӣ шудаанд? Дар ҳоле, ки тоза тирамоҳ шурӯъ шуда ва тобистони дароз обанборҳо лаболаб шуда буданд.

Дар ҳар ҳол ҳоло дар 24 соат ҳамагӣ 8 соат барқ дода мешавад, ки дурусту дақиқ айни  солҳои қабл аз роҳандозии ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва низ дуто Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад.

Аммо ин маҳдудият дуруст аз ҳамон рӯзе оғоз шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмонов фурӯши рӯзона 1.5 млн кв/соат нерӯи барқ ба Қирғизистонро шурӯъ кард. Аз 30 сентябри соли ҷорӣ ва қирғизҳо гуфтанд, ки пешниҳоди содироти барқ ба онҳоро мақомоти худи Тоҷикистон доданд.

Ин светкушӣ боиси эътирозу хезишҳо ва тазоҳурот намешавад?

Чаро қирғизҳо аз Тоҷикистон нерӯи барқ мехаранд? Магар Тоҷикистон нерӯи барқи изофӣ дорад? Нерӯи барқи Тоҷикистон аҳолиро таъмин мекунад? Агар таъмин кунад, чаро лимити барқ ҷорӣ шуд?То онҷо, ки мо иттилоъ дорем содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Қирғизистон ягон киловатсоат кам нашудааст ва ҳамчуноне, ки буд ,идома дорад. Агар дар арсаи барқ корҳои тармиму таъмир рафта истода бошад, чаро барои мардум лимит ҷорӣ шудаасту аз сдироти он ба Афғонистон ва Қирғизистон коҳиш наёфтааст?

Мусаллам аст, ки кори таъмиру тармим, ки ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд. як дурӯғи шохдор аст. Ҳеҷ гуна таъмиреву тармиме  ҷараён надорад ва яқинан дар таъминоти нерӯи барқи аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

  “Пешвои тоҷикони ҷаҳон тоҷикони Тоҷикистонро бори дигар ба санҷиш ва озмоиш гирифта истодааст, ки имсол ҳам тоқат хоҳанд кард, ки дар торикиву сардӣ тирамоҳу зимистонро  пушти сар кунанд ва ё «конца концов»  ин бор  ин «светкушӣ» боис ва замина барои тазоҳуроту эътирозот ва гирдиҳамоӣ мешавад ва халқи тоҷик алайҳи ӯ мехезад.”

Дар воқеъ ин тоқат ва таҳаммули мардуми мо то ба кай давом мекарда бошад. Бубинед, ки ҳамин қирғизҳо, ки чандин маротиба ҳукумат ва раиси ҷумҳуриҳояшонро барои онки бо мардум соз нагирифтанд, сарнагун карданд. Ин дар ҳоле, ки дар муқоиса бо Раҳмонов ҳатто ҳамон Қурмонбек Боқиев дар фикри мардумаш буд.

Аммо, бубинед, ки Раҳмонов халқи худашро аз қувваи барқи худи ин мардум маҳрум карда ба хориҷа онро мефурӯшад. Он хориҷиҳо ҳам барои онки мардумашон бебарқ набошанд, харидорӣ мекунанд.

Ҳоло савол ин аст ки чаро ҳукумати Қирғизистон дар фикри таъминоти аҳолиаш бо нерӯи барқ асту аз мо мехарад вале ҳукумати мо-Эмомалӣ Раҳмонов  аз ҳалқу коми халқи худаш  кашида гирифта мефурӯшад ва халқи худашро дар торикиву дар сардӣ нигоҳ медорад? Он чизеро, он молеро мефурӯшад, ки мо шадидан ба он ниёз дорем, ба худамон намерасад. Чаро Раҳмонов ин корро мекунад?

   “Хуб, гуфтем, ки то корандозии ду чархаи Роғун ва ду ТЕС-и Душанбе камбуди барқ доштем, хуб бигзор ба афғонҳо ҳам бидиҳем, чун ҳамсояанду бо онҳо аз қабл «договор» дорем, аммо ин камоли беэҳтиромӣ, ин камолӣ номардиву ноҷавонмардӣ ва чени  як гов ва як буз надонистани халқи тоҷик аз сӯи Пешвои муаззами он Падари миллат аст, ки ба қирғизҳо барқро бизнес кард.”

Дар ҳоле, ки медонад, хуб ҳам медонад, ки  нерӯи барқ ба аҳолии худаш мисли обу ҳаво зарур аст. Зиёд буд, изофӣ буд, гапи дигар. Вале вақте дар тани худат ҷомаву шалвор надорӣ, чаро онро аз танат кашида ба каси дигар медиҳӣ? Каси дигаре, ки дар ин авохир туро чашми дидан надорад. Душман шудааст. Дар тамоми дунё муқобили ту гап мезанад.

Вале боз ҳам чаро ин «Пешвои  муаззами миллат» ва ин «Падари тоҷикони дунё»  тоҷикони дар бечораву камбағали рӯ ба раҳми Худо кардаашро боз ҳам зери азобу ранҷу дарди дештар мекунад? Аз даҳани онҳо мезанаду ба даҳани дигарҳо мемонад. Рӯзи сиёҳашонро боз ҳам сиёҳтар мекунад? Чунки ин Пешвои миллат омӯхта шудааст, чунки мо- мардуми «тамаддунофар»  Пешвоямонро барои пешвоӣ  «ниҳодина» кардаем. Айнан барои онки светҳоямонро мекушаду хонаҳоямонро, мактабамонро, бемористонҳоямонро коргоҳамонро сарду торик  кардааст, «ниҳодина»  кардаем,мо ҳам «омӯхта» шудаем. Мо, аз вай метарсем, мо ҷуръат карда сар боло намекунем, мо аз вай намепурсем,ҳаққи ҳалоли худамонро аз ӯ талаб намекунем.Ва вай ҳам аз ҳамин тарсуии мо ин ҳама сӣ соли дар ҳукумат буданаш суистифода карда истодааст. Вагарна чаро гармиву равшании моро мегираду мефурӯшад?

Қирғизҳо чунин нестанд. Онҳо ҳукуматҳояшонро водор мекунанд, фишор меоваранд ва агар накард сарнагунаш мекунанд. Барои ҳамин аст, ки Содир Ҷабборов аз Тоҷикистон «свет» мехарад, гармиву рушанӣ ба мардумаш медиҳад.

Раҳмонов тоҷикҳоро ба як пули пучак, ба як тини зардак намегирад. Светашро мегираду мефурӯшад .

Шоири маҳбуби миллат Раҳмоновро дуруст шинохтаву дуруст баҳо дода буд,ки «агар сад Нораку Роғун бисозад, Бимонад  Тоҷикистон торикистон». Чунки Лоиқ фаҳмида буд, ки Раҳмонов барои ин миллат ва ин халқ оби ишкамашро намеҷунбонад, рӯдағафс шудааст. Вай аз халқ фақат баҳракашӣ мекунад.

Ман бовар дорам, ки Раҳмонов то анҷоми лимити барқ дигар ба сафарҳои корӣ ба ноҳияҳо намеравад. Мисли хирс ба ба хоби зимистонӣ меравад. Хонаи худаш гарму рӯшан, хонаи Рустам гарму рӯшан, хонаи Озода ва хонаи домодҳову ҷиянҳо гарму рӯшан, боқии мардумро задагӣ, кашидагӣ.

Аз мардум барои сохтмони Роғун пул гирифту ба Ҳасани додарарӯсаш аз он пул Боинг хариду дод. Ҳоло он Боингро саворӣ кардаву мераваду меояд. Ҳоло на аз саҳмияву Саҳмибону Роғуну Роғуншоҳ гапеву хабаре нест.

“Мо ҳамин чанд рӯзи пеш  ҳадс зада будем, ки имсол  назар ба солҳои пешина таъмини нерӯи барқ бадтар мешавад. Аммо ба ин ҳад ва бо ин бепӯстурӯӣ ва бо ин беҳаёи аз моҳи сентябр лимит ҷорӣ карданашро интизор надоштем. Ҳамагӣ 8 соат дар шабонарӯз!!! Ин беинсофӣ ва ин бераҳмӣ то ба ин сатҳро, то ба ин ҳадро намешавад таҳаммул кард. Охир бас будагист!!!То кай ин мардумро ба ин ҳоли зор нигоҳ медорад ин пешвои ниҳодинашуда?”

Мавсими муҳоҷират тамом шуда истодааст ва муҳоҷирон меоянд, ки як каме дар назди хонавода, падару модару зану фарзанд истироҳат кунанд, аз ҳавои ватан нафас кашанд. Аммо меоянд бо сардиву бо торикӣ рӯбарӯ мешаванд. «Биҳишти рӯи замин»-и сохтаи Раҳмонов ҳамин аст? На ҷойи кор диҳад, на маоши дуруст диҳад, на нафақаи муносиб. Боз аз ҳақу ҳисаи мардум мезанаду мефурӯшад. Сафар ба  Аврупо мекунад. Барои тиллову сангҳои қмматбаҳои халқи тоҷик харидорковӣ  омадааст. Суратҳисобҳояшро хабаргирӣ омадааст. Ҳоло агар 6-7 моҳи тирамоҳу зимистон ба қирғизҳо нерӯи барқро бифурӯшад, бояд боз як суратҳисоби оффшории нав боз кунад. Дигар дилаш пур, ки нафаре мисли Убайдуллоевро дар «ақибгоҳ» надорад, ки  дар курсиаш чашм ало мекард. Ошкоро гуфт “агар ба сиёсат дахолат кардед яъне ба курсии ман чапнигоҳ карди зиндонӣ мешави”Дигар дар набуди ӯ Рустам ҳаст. Озодаро намегӯӣ?! Як самти лингашро бардорад, тамоми вазиру кабирҳои ҳукумат дар тагаш мемонанд.

Вай дар Аврупо бояд барои тиллову лаълу алмоси Бадахшону Панҷшер  харидор ҷӯяд. Барои евробондҳои Роғун. Барои Роғуне, ки ҳузури онро на соҳибони саҳмияҳо, қирғизҳову толибон дида истодаанд.

Як чарха не ду чархаашро гардон кард як ТЕС не ду то сохт! Бар ивази ин ТЕСҳо 153 тонна тиллои Кумарғи болову Дуобаи Айниро ба хитоиҳо дод. Вале халқи тоҷик ҳамчунон,ки тайи ҳукуматдории вай дар торикиву сарди зимистонашро мегузаронд, имсол ҳам ҳамчунон, мурдамурда пушти сар мекунад.

Қирғизҳо гуфтанд, ки  дар гӯшаи хиёламон набуд худи Раҳмонов пешкаш кард. Мардум бимирад деги Раҳмонов биҷӯшад. Магар ҳамон пулеро, ки қирғизҳо барои нерӯи барқ медиҳанд, худи мардуми Тоҷикистон дода наметавонад?

” Фарқияти пуле,ки  қирғизҳо барои нерӯи барқ ба Раҳмонов медиҳанд аз нархи барои мардуми тоҷик таъйин карда, чи қадар бошад, ки носерами Раҳмонов ба хотири ҳамон чаҳор танга шуда халқи худашро абгору қашшоқтар мекунад? Гумон намеравад, ки бисёр зиёд бошад. Ҳоло ҳар моҳ 50 млн.кв/соат ба қирғизҳо барқ мефурӯшад. Аммо чуноне гуфтем, нархашро намегӯяд ва ба қирғизҳо ҳам шарт гузоштааст, ки нархашро эълон накунанд, то тоҷикҳо нафаҳманд.”

Ҳоло тасаввур кунед, ки ҳазорҳо ҳазор мағоза дар кишвар аз ҳисоби ҳасибу ширу сметанаву қаймоқу равғану паниру  моҳиву мурғу….дигару дигар, ки бидуни  яхдон хароб мешаванд, зарар мебинанд. Коргоҳҳои хурде, ки кулчақанду хлебу  нону дигар маҳсулоти ордӣ истеҳсол мекаранд, масалан печени, торт ва ғайра аз кор монданд. Автозаправкаҳо чӣ? То кай ин ҳол давом мекунад? Мактабу бемористонҳо чӣ? Шуъбаҳои бонкҳо бекор. Дарди сар барои гирифтани пули аз Русия меомада. Хонаҳо сард. Палатаҳои сард, синфхонаҳои сард.

Ин зарари миллионӣ ба ҷайби мардум аст.

Ана ин аст Пешвои миллат,Пешвои муаззам, Падар тоҷикони дунё.

Ҳамин ҳолу аҳволи мардумро дида чоплусону косалесони Раҳмонов вақте аз пешрафту тараққиёт ва аз ниҳодина шудани давлат мегӯянд, бори дигар итминон ҳосил мекунам, ки нафрину лаънати мо ба онҳо дуруст аст.

Аммо мо- мардуми Тоҷикистон бояд коре бикунем, чун  то коре накунем, чизе иваз намешавад. Мардум бояд фишор оваранд, мардум бояд водор кунанд ӯро,савганд ба Аллоҳ агар эътироз накунем,ки ҳаққи ҳалоли моро нафурӯш ва онро бароямон деҳ, ин носерам аслан таваҷҷӯҳе намекунад.

Ин дар тамоми дунё роиҷ аст,ки дар сурати ноуҳдабароӣ мардум худаш ҳокимияташро дигар мекунад. Ин навбати «светкушӣ» бояд, ки асосу сабаб барои тазоҳурот ва эътирозоти мардум бишавад. Мардуми тоҷик ин ҳақро дорад, ки бо гармӣ ва рӯшноӣ таъмин бошад. Ҳақ дорад, ки барои мол ва ҳақи худаш,ки Раҳмонов барои пур кардани кисаи худаш фурӯхта истодааст, қиём кунад, ба хиёбонҳо бирезад ва онро талаб кунад.

Share This Article