Мақомоти Тоҷикистон мегуянд содироти барқ ба Афғонистон дар фасли сармо бо 10 баробар коҳиш, аз 400 МВт то 40 МВт сурат мегирад. Яъне дар тобистон (аз апрел то сентябр) 400 МВт фурӯхта мешавад, дар тирамоҳу зимистон бошад 40МВт. Аммо ин гуфта ва ин рақам сиҳат дорад?
Дар дасти «Ислоҳ» баъзе аз асноди сиррие расидааст, ки ин иддаоро комилан такзиб мекунад. Вале қабл аз онки ин санад пешкаш бишавад, омору арқоми эълонкардаи худи ин ҳукумат дар мариди содиротии барқ матраҳ мешавад, ки ҳарфи то даҳ баробар коҳиши фурӯши он дар зимистонро таҳти шак ва суол қарор медиҳад.
Бинобар маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон ин кишвар дар соли 2022 ба маблағи 106 миллион доллар қувваи барқ фурухтааст. Ва таъкид шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2021 ҳудуди 11 фоиз (10,6) зиёд аст. Ҳамин манбаъ мегуяд дар соли 2023 бошад ин рақам боз ҳам афзоиш пайдо кардааст. Ва аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 107,7 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки қариб 5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Ва агар ин рақамро, ҳамчуноне худи Раҳмонов дар суханрониҳояш муқоисаҳои аҷибғариб бо солҳои хеле пеш мекунад, бо соли 2021 қиёс кунем яъне дар ду соли ахир содирот 17 фоиз зиёдтар аст.
Инҷо барои боз ҳам бештар мафҳум ва рушан шудан, ки иддаои коҳиши фуруши барқ ба хориҷа дуруғи маҳз ва фиреби мардум аст, боз ҳам аз ҳамин Оҷонси омори Тоҷикистон маълумоту омор меоварем: Тоҷикистон дар январи соли 2023 ба маблағи бештар аз 4,3 миллион доллар барқ содир кардааст, ки қариб ба 50% (1,4 миллиона доллар) назар ба ҳамин давраи соли 2022 бештар мебошад. Бинобар таъйиди ширкати «Барқи тоҷик» дар моҳи январи соли 2023 Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбекистону Қирғизстон неруи барқ фурӯхтааст. Хуб, ҳоло агар дар фасли зимистон фурӯши барқ аз 400 то 40МВт кам шуда бошад, чи тавр дар январи соли гузашта 50% содирот афзудааст? Магар январ зимистон нест?
Ҳоло боз ҳам бифармоеду ба ин омор мутаваҷҷеҳ бишавед. Оҷонси омори Тоҷикистон мегуяд, ки моҳи ноябр аз ҷумҳурӣ ба Афғонистон ба маблағи зиёда аз 1,9 млн доллар нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки 46% бештар нисбат ба моҳи пешин мебошад. Яъне инҷо ҳам аз коҳиш неву аз афзоиш гап меравад.
Вале ҳоло арқоми барҷастатар ва бузургтарро пеши чашматон меоварем ва, албатта, ин бор ҳам аз Оҷонси омор, ки комилан собит ва мушаххасу муайян мекунад, ки ҳарфи коҳиши фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба хориҷа комилан дуруғ аст. Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2023 тақрибан 4 маротиба бештар ба хориҷа барқ фурӯхтааст. Азия плюс бо такя ба Оҷонси омори Тоҷикистон навишт, ки Тоҷикистон ба маблағи 7.2 миллион доллар, яъне 3,8 маротиба бештар аз моҳи қаблӣ неруи барқ содир кардааст. Боз ҳам аз афзоиши содирот сухан меравад. Ва, ин содирот дуруст дар моҳҳое аст ки «Барқи тоҷик» мегуяд маҳз дар ҳамин моҳҳо содиротро коҳиш додааст.
Хулоса, лар маҷмуъ Тоҷикистон дар соли 2023 ба маблағи ҳудуди 110,4 млн доллар барқ содир кардааст, ки 3,9% бештар аз соли 2022 аст.
Соли 2023 Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар – Афғонистон ва Узбекистон дар бораи интиқоли барқ қарордод ба имзо расонидааст. Аммо бинобар таъйиди вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар соли 2023 дар қатори харидорони барқи тоҷик Қазоқистон ҳам афзуда шудааст. Ва, низ инро ҳам биафзоем, ки баъзе аз навоҳии Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсояанд, ончуноне сокинони деҳоти Конидобом ва Ғафуров ба мо маълумот доданд аз неругоҳи Қайроқум таъмин карда мешаванд. Ин сокинон мегуянд, ки неруи барқи мо тавассути хутути интиқоли барқ ва сутунҳои деҳаи мо ба хонаҳои ҳамсояҳоямон дар Қирғизистон рушанӣ ва гармӣ медиҳаду худи мо бошем дар сардиву торикӣ мешинем. Албатта, вазири энергетикаи Тоҷикистон аз Қирғизистон ҳам ба унвони воридкунанда ном бурд, вале нагуфт, ки масалан ҳаҷми содирот ба ин кишвар ва Қазоқистон чи миқдор аст ва дар кадом фасли сол? Ҳатто ишора накард, ки бо ин кишварҳо кай ва бо чи шароите қарордод имзо кардааст. Ин дар ҳолестк, ки Қосимжомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи 25 августи соли гузашта дар ҷараёни сафари Раҳмонов ба ин кишвар аз вай ташаккур кард, ки ба кишвараш «барқ ва об» додааст.
Дар моҳи декабри соли гузашта бо Афғонистон қарордоди нав барои содироти барқи Тоҷикистон ба имзо расид ва тибқи маълумоти нашршуда дар расонаҳои Афғонистон барқи Тоҷикистон дар соли 2024 ба ҳадде зиёд содир мешавад, ки дар назар аст манотиқи таҳти таъмини Тоҷикистон дар Афғонистон 24 соат бо барқ таъмин бишавад. Зимнан Аморати исломӣ (Толибон ҳукумати худро чунин ном мебаранд) тамоми қарзҳои барқи Тоҷикистонро, ки ҳудуди 30 миллион доллар буд, пардохтааст ва яқин аст ки Раҳмонов ҳамчунин харидори кисағафсро бо тамоми мардуми тоҷик:-зану марду пиру кудак иваз нахоҳад кард.
Ҳоло, ки дидем ҳам дар ноябр, ҳам дар декабр ва ҳам дар январу феврал яъне фасли зимистон фурӯши барқ ба хориҷа ва аз ҷумла ба Афғонистон кам нашудааст, пас савол пеш меояд, ки чаро масъулини Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми содироти барк ба Афғонистон дуруғ мегуянд ва кушиш мекунанд, ки оморро кам нишон диҳанд ва бипушонанд?.
Ин дуруғ гуфтан ва ин махфӣ кардан ба хотири чӣ аст? Бубинед, масалан солҳои пеш ҳамин ширкати «Де-Брешно»-и Афғонистон мегуфт, ки барои ҳар як кв.соат барқи Тоҷикистон 0,47 сент пардохт мекунад. Аммо ҳоло Тоҷикистон, ки маълум аст чаро пинҳон мекунад, ҳатто Аморати исломӣ ҳам дар бораи нархи харид гап намезанад ва махфӣ нигоҳ медорад. Чунки Раҳмонов «дили онҳоро ҳам ёфтааст». Фикр мекунед, ки чаро? Пинҳон доштан на барои он аст ки мардум бигуянд ба мо намедиҳиву ба афғонҳо медиҳӣ ва ё дар хашму ғазаб бишаванд, ки чаро ин миқдору ҳаҷми калон фурӯхта мешавад, на, масъала ин нест, масъала ин аст ки пули ба дастмеомада аз он бо омори расмӣ, ки эълон карда мешавад, мутобиқат нахоҳад кард ва фарқи ҳаҷми маблағ хеле зиёд хоҳад шуд. Иллати асосӣ ва аслӣ ҳамин аст ки ҳаҷми бузурги дуздӣ ифшо хоҳад шуд. Яъне масъала ва мушкил бар сари дуздии барқ аст ва бидуни шакку гумон ин дузд касе ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмонов нест. Худатон қазоват кунед, ки агар инҷо дуздӣ нест, агар инҷо ҳама чиз софу шаффоф аст, чаро ҳаҷми содироти воқеӣ ба Афғонистон эълон намешавад, балки талош мекунанд, ки кам нишон бидиҳанд ва махфӣ нигоҳ бидоранд? Шумо аз омору арқоми эълонкардаи худашон фаҳмидед, ки ҳамасола, ҳатто дар ҳамин фасли сармо ҳам содирот зиёд шудаасту кам не.
Далели дигари ин гуфтаи мо ин аст ки дар соли 2023 ҳануз аз сентябр, назар ба солҳои пешина як моҳ муқаддам, лимит ва ё тақсими соатбаъй ҷорӣ карда шуд. Чаро ки аз ҳамин давра содирот ба хориҷа, махсусан ба Афғонистон бештар шудааст.
Инки Раҳмонову хонаводаи вай неруи барқи миллатро ба хориҷа мефурӯшад ва мардумро дар ҳолати сардиву торикӣ нигоҳ медорад, гапи наве нест. Мо, борҳо гуфтаем, ки пули барқро дар суратҳисобҳои оффшорияш амбор ва захира мекунад. Ва ҳоло тибқи ваъда ба он санади сиррӣ, ки аз дуздии неруи барқи тоҷик далолат ва шаҳодат медиҳад ру меоварем. Ин санадҳо иборат аз декларатсияҳои харидуфурӯши барқ ва алюминий аст, ки тавассути фирмаи оффшорӣ дар ҷазираи Вирҷинияи Бритониёи Кабир ба амал бароварда шудааст. Бармеояд, ки алюминийро тариқи як ширкати туркӣ мефурухтаанд, аммо ҳамчун қаблкунанда получатель TALCO MANAGEMENT LIMITED, ки суроға ва ё адресаш чунин аст: P. O. Box 3175,Road Town,Tortola, British Virgin Islands, нишон дода шудааст. Ин ширкати ширкати хусусии Ҳасан Асадуллозода, бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов аст. Номи ширкати туркӣ, ки дар ин савдои «тёмний» шарик аст чунин мебошад: EKIN MADEN TICARET VE SANAYI ANONIM SIRKETI.
Бинобар ин санад сухан аз фуруши 600 тонна алюмин ба маблағи беш аз $1.4 миллион меравад. Аммо бинобар декларатсяи фурӯши неруи барқ содироти неруи барқ бошад дар давоми як моҳи август аз 01.08-и 2023 то 31.08.2023 ба маблаги ҳудуди $1.07 миллион сурат гирифтааст. Маълум аст ки ин санад санади фурӯши «левий»-и барқ ба Афғонистон аст. Чунки тибқи маълумоти нашркардаи Оҷонси омори Тоҷикистон содирот дар моҳи август беш аз 22,2 миллион долларро ташкил кардааст, ки ин назар ба моҳҳои июн ва июл мутаносибан 3,2 ва 5,5 миллион доллар зиёдтар аст. Мутмаинан омори ин декларатсия ба маблағи эълонамудаи Оҷонси омор мунъакис нашуда ва он танҳо баро ҳамон фирмаи оффшории Раҳмонов ва оилаи носерами вай рабт дорад.
Ва ҳоло акси ин декларатсия ё дурусттараш санади қочоқи алюминий. Ин санади сиррӣ ба «Ислоҳ» расид ва онро тақдиматон менамоем:
Алюминий ва “Оила”.
Расми 1.
Ҳамчуноне гутем ва чи тавре худи шумо ҳам мебинемд дар ин декларатсияи овардашуда получатель: Талко Менеджмент Лимитед, суроғае, ки ин ширкат ба қайд гирифта шудааст: P. O. Box 3175, Road Town, Tortola, British Virgin Islands. мебошад. Инро бояд тазаккур диҳем,ки ин ширкати оффшории вобастаи Талко тариқи ширкати ҳуқуқии “Patton Moreno & Asvat | Panama: Attorneys at Law” ба қайд гирифта шудааст (Манбаъ: https://www.dnb.com/business-directory/company-profiles.talco_management_limited.f5b5c41afc7a6ec1df33b5b69a8bb7d9.html).
Бояд қайд кард ки ин ширкати ҳуқyқии оффшорӣ ҳамчунин ба коррупсионерҳои дигари ҷаҳонӣ низ барои отмивние денег-шустушуи пул ёри кардааст.
Аз ин декларатсияҳое, ки дар дасти «Ислоҳ» қарор дода шудааст, бармеояд, ки танҳо дар як ходка дар моҳи ноябри 2023 тақрибан 600 тонна алюминий ба ширкати Турки фиристода шуда аст ва нархи он алюминийи фурухташуда $1.4 миллион мебошад. Феълан як тонна алюмин дар бозори ҷаҳонӣ $2253 аст. Он ширкати Туркӣ номаш: “EKIN MADEN TICARET VE SANAYI ANONIM SIRKETI”, ки дар Истанбyл ҷойгир мебошад. Ва он асосан маъдан ва концентратҳои хром, руҳ, сурб, мис истеҳсол ва содир мекунад. Онҳо инчунин металлҳои руҳ, металли сурб, катодҳои мис /симҳо ва металлҳои алюминийро ворид ва паҳн мекунанд.
Як нуктаро бояд қайд кард, ки ин ширкати оффшориро дар соли 2010 Сандуқи байналмилалии пул аудит гузарондааст, аммо натоиҷи он махфӣ аст. Ва ин ширкат дар фурӯши кабел ва алюминий ба Раҳмонов Эмомалӣ ва Асадуллозода Ҳасан кумак мекунад. (Манба:https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/20100626/imf-interested-financial-activity-talcos-offshore-partner).
Ёдатон бошад, Ричард Ҳоуленд сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро хазинаи киссагии оилаи Раҳмон номида буд. Агар бо забони худи сафир бигуем: “комбинат ба сифати гови пулии президент хизмат мекунад”.
(Маънба: https://wikileaks.org/plusd/cables/08DUSHANBE516_a.html )
Расми 2.
Ин пораи иқтибоси аз сайти Викиликс буд ва агар боз ба ҳамон Викиликс нигоҳ бикунем аз қавли сафир омдааст, ки ТАЛКО дар соли 2007 тақрибан 8 миллиард киловат соат барқро истифода кардааст, бо арзиши 1 сент барои ҳар киловатт соат.
Ба дигар коршиносон агар нигаҳ кунем онҳо мегуянд: “Иқтисодшиноси тоҷик, профессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд, толлинг як “усули пеш аз таърихӣ”-и шустушӯи пул аст ва Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) бояд аз он даст кашад”
Муфассал: https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/economic/20161026/232518
Агар касе гуяд гуё ки ТАЛКО ҳисобҳои оффшори надорад ин аст далели баракси он, ки дар саҳифаи интернетии худи ТАЛКО навишта шудааст:
“Tolling partner – Talco Management Ltd. – on the basis of the agreement, supplies to TALCO of the main technological raw materials (alumina, raw and calcined coke, coal tar pitch, aluminum fluoride and cryolite) required for the production of primary aluminum. Since the beginning of the company’s activity, on the basis of tolling operations, the transportation of raw materials has been carried out from the countries of near and far abroad, such as Brazil, Jamaica, Georgia, Kazakhstan, Russia, Latvia, China, etc. As the demand of the enterprise grows, it is planned to expand the logistics routes in the future.”
“Шарики толлингӣ – Талко Менеҷмент Лтд. – дар асоси қарордод ба ТАЛКО ашёи асосии технологӣ (глинозем, кокси хом ва калсий, қатраи ангишт, фториди алюминий ва криолит), ки барои истеҳсоли алюминийи аввалия заруранд, медиҳад. Аз оғози фаъолияти ширкат дар асоси амалиёти толлингӣ интиқоли ашёи хом аз кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Бразилия, Ямайка, Гурҷистон, Қазоқистон, Русия, Латвия, Чин ва ғайра амалӣ карда мешавад. .Баробари афзудани талаботи корхона дар оянда васеъ кардани маршрутхои логистика пешбинй карда шудааст ”
Маънба: https://www.talco.com.tj/en/clients/logistics
Ва, нукти аз ҳама ҷолиб. Ин ширкати оффшории ТАЛКО ба номи Атавуллоев Абдураҳмон Холович номнавис шудааст ва ин шахс ҳамчунин алоқа ва иртибот дорад ба коргоҳи пахтатозакунӣ, ки дар ноҳияи Шаҳритуз ҷойгир ҳаст. Маълум нест, ки ин корхонаи пахтатозакунӣ аз они худи Ҳасан аст ва ё аз они ҳоҷӣ Раҳматуллои бародараш
Ва ҳоло акнун ба санади гумрукӣ-декларатсияи фурӯши барқ ба афғонистон рӯ меоварем.
Расми 3.
Чи тавре аз ин декларатсия бармеояд анҳо дар моҳи ноябри соли 2023 ба ширкати “ДЕ АФГАНИСТАН БРЕШНА ШЕРКАТ” ба маблағи $1071242 барқ фурӯхта шудааст. Ва акнун шумо ин рақамро бо рақами эълоннамудаи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар боло овардем муқоиса кунед, ки оё мувофиқат ва мутобиқат мекунад ё не ва фарқ чи қадар аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки садҳо ҳазор хонаи тоҷику тоҷикистонӣ бе чароғ ва дар сарди шабро рӯз мекунанд! Ҳукумати Раҳмон мухолифонро экстремист эълон мекунад, аммо худ бо гуруҳи Толибон, ки дар аксарият давлатҳои ҷаҳон ҳамчун гурӯҳи террористӣ эътироф шудаанд ҳамкорӣ мекунад. Куҷост мантиқи шумоён? Бе барқ чи гуна Шерали Кабири ба ном “гений” дар Тоҷикистон мехоҳад заводҳоро ба кор андозад? Чи гуна инвестори хориҷӣ ва ё дохилӣ метавонад ширкати худро дар кишваре, ки барқ нест кушояд?
Ва дар охир таваҷҷуҳи шуморо ба ду нуктаи дигари муҳим, ки исбот мекунад «Барқи тоҷик» ва ин арса аз тарафи Раҳмонов ва оилаи вай дуздида шуда истодааст, ҷалб мекунем. Ҳар яки шумо дар даст расидҳо ё ҳамон квитансияҳоеро доред, ки «светавой» баъди дидани счетчикҳо медиҳад. Дар он аз кадом як «бақия» ҳам сухан меравад, яъне бақияи қарз. Гуё шумо маслан ба маблағи168 ё 258, хулоса на кам аз сад сомонӣ қарздор бошед. Ин як рақами тамоман дуруғиӣ аст ки қарз ва ё дуздии худашонро болои мардум бор кардаанд. Шумо, ки қарздор нестед, ин бақияи қарз аз куҷо омадааст?
Ва, нуктаи дигар:
Дуздии ин дуздонро баҳои сохтмони Роғун ҳам исбот мекунад. Дар соли 2008 вақте сохтмони неругоҳи Роғун оғоз шуд баҳои сохтмони он $3 млрд бароврад шуда буд. Дертар, дар соли 2016 рақами нав $3,9 млрд ва дар миёнаҳои сол вазорати энергетика барои анҷоми ин тарҳ ҷалби боз $5 ро ногузир донист. Яъне ҳоло баҳои он ба наздики 9 миллиард расидааст. Мефаҳмед, ки сухан аз чи хусус аст? Аз дуздӣ аст, албатта, чун масъулияти сохтмони ин неругоҳ ба ихтиёри РоғунГЭСстрой аст ки он ширкати шахсии Ҳасан Асадуллозода мебошад.
Амалан ҳам ширкати «Барқи тоҷик» ва ҳам корхонаи Талко низ зери назорати Ҳасан Асадуллозода, калонтарин дузди дуздони оилаи Раҳмонов аст, албатта, калонтарин дузд, баъди худи Эмомалӣ Раҳмонов.
Ps: Ба «Ислоҳ» чанде пеш як файли хело муҳим аз додугирифтҳои оилаи Раҳмонов ба хориҷ аз кишвар расидааст. Он санадҳо чуноне дар аксҳои ин матлаб чанде аз онҳоро истифода намудем дидед. Рӯйи ҳама он санадҳои махфии муҳосибавӣ кор дорем ва яке паси дигар онҳоро тақдими миллат ва мардум хоҳем кард. Хонаи “муши калониро дузд зад” одатан вақте хонаи мушро дузд занад талхааш мекафад. Хуб бубинем ҳоли дузд бо дуздбачаҳояш чи гуна мешавад пас аз ифшои дуздиҳои калонҳаҷмаш!