Эмомалӣ Раҳмонов, саробони Оилаи ба ҳама маълум бо ирсоли як нома ба унвони ман, Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, ки курсиро то рӯзи марг раҳо намекунад. Матни комили номаи Раҳмоновро як каме поинтар меоварем.
Наметавонем бигуем, ки муаллифи нома саддарсад худи Раҳмонов аст
Аммо он аз имейли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омадааст ва зоҳиран муаллиф Эмомалӣ Раҳмонов аст ва агар Эмомалӣ Раҳмонов ҳам набошад аз наздикони вай аст, ки дарду доғи ин шабурӯзи вайро хуб медонад.
Ба назари мо ангезаи навиштани ин нома аз тарафи Раҳмонов сафари ахири Путин ба Тошканд аст. Путин дар сафари ахираш ба Тошканд бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон масъалаи аз феҳристи созмонҳои террористӣ лағв кардани Толибонро дар миён гузоштааст.
Мавқеи Узбекистон дар ин маврид пеш аз мавқеи Русия маълум буд ва Узбекистон пеш аз Русия хоста буд, ки бо Толибон минбаъд ба унвони ҳокимони Афғонистон муносибат карда шавад.
Аммо дар ин васат Раҳмонов, ки гуё худро пуштибони тоҷикҳои Афғонистон нишон медоду аз ҳокимони имрӯзаи Афғонистон талаб мекард, ки ҳокимияти ҳамашумул ташкил бидиҳанд, дигар мисли мурғи нимбисмил ва муши ба обғалтида шуд. Чунки кишварҳо яке, яке пушти ҳам Толибонро эътироф карда истодаанд. Бахусус мавзеъгирии Русия барои Раҳмонов бисёр ҳам дардовару ҷонкоҳ аст.
Ин ҳарфҳо ҳам ҳаст, ки Путин дар дидори ахираш дар Маскав бо Раҳмонов дар 9 май аз вай хостааст, ки дар мавриди Толибон бо мавзеъгирии Русия ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бишавад. Ва, то шуруи сафари Путин ба Тошканд ин масъаларо рушан ва изҳорот пахш намояд. Аммо Раҳмонов диранг карда истодааст, айнан мисли ваъдаҳои пазируфтани узвият дар ЕврАЗЕС-Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиё, ки тарҳи худи Путин аст.
Дастури Путин барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун овардани Толибон ба вазорати адлияи ин кишвар дода шудааст. Ва то чанд рӯзи дигар ин дастур ба амри воқеъӣ мубаддал мешавад.
Путин ба Мирзоев гуфтааст, ки Раҳмонов бозии дугуна карда истодааст. Мо, наметавонем, ки таҳаммули ин бозиҳоро то ба охир дошта бошем. Айни замон Раҳмонов ба масал ҳамон хари дар гилуфтодаро мемонад. Вай гиҷу гаранг аст ки вақте Толибонро ба расмият бишиносад ва аз феҳристи созмонҳои террористӣ лағв кунад бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бе ҳеҷ далели террористӣ эълон кард, чи кунад? Бо Ансоруллоҳ, ки дар сояи давлати Толибон қарор дорад ва Раҳмонов инҷо ҳам бо туҳмату буҳтон онро шохаи низомии ҲНИТ ба қалам медиҳад, чи хоҳад кард?
Инки дар шабурӯзҳои сафари Путин ба Тошканд Раҳмонов як бори дигар феҳристи созмонҳои дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шударо нашр кард, посухи вай ба Путин буд, ки мегуфт, манфиати Оилаи ман ва манфиати давлати Тоҷикистон як аст. Ва шинохти Толибон ва темболее аз созмонҳои террористӣ берун кардани он бар манфиати ман нест.
Номаи Эмомалӣ Раҳмонов унвонии банда бидуни ҳеч тағйиру тасарруф пешкаши хонандагони «Ислоҳ.нет» мешавад, ва дар сидқи он агар тардиде аз суи хонандагону бинандагони шабакаи «Ислоҳ» рух диҳад, чизе гуфта наметавонем
Ва, ҳоло машруи номаи Раҳмонов ба «Ислоҳ» пешкашатон мегардад:
Салом бародари нобародар, хоини миллат, иғвогар, дурӯғпарокан, шаҳрванди аз Ватан рондашуда, душмани миллат ва илҳомбахшу падари инқилоб Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман, Эмомалӣ Раҳмон (Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов), зодаи шаҳри Данғара. соли 1952 аз модарам (бисёр ачама дуст медорам, дастош ранги мардак буд, олучашакаровмон мекард, хулоса гъшна калонмон карда буд) ба дунё омадаам. Дар бораи кӯдакиям, мисли, ҳо ун шоири панҷекатӣ буд-ку, Лоиқ, аку, гуфта наметавонам, ки «бачагиям бо қатори турнаҳо якҷо гузашт», лекин гуфта метавонам,ки «бачагиям дар қатори мочахарҳои-Олимтойда якҷо гузашт». Гузашт дига. Аммо, ман бо фиристодани ин нома ба мудири «Ислоҳ.нет» бори дигар, ба миллати тоҷик таъкид карданиям, ки ба иғвои ин иғвогар дода нашавед, «мара медонен кийм? Ва ира медонен, ки мақсади нопок дора- «МИЛЛАТ»-а сарнагун мекунад.» (Зиракии сиёсира аз даст натиен). Ма ҳаму Эмомалие ҳастам, ки бо танку тупи узбаку урусу бо лашкари муру малахи қалуғу лақаю қатаған Душанбера муҳосира карда, пулемёт сари китф вориди он шудам. Бовар накнен, ай Лукашенкои акаи диктатори православим пърсен. Ӯ ҳамаша ябор случайно, вақтои миллатша тарсонданӣ шуда буд, бо портрети ма тарсонда буд. Барои чӣ? Барои онки мара кадоме шумо, да давоми и 32 соли охир дида бошен, аз қошу қавоқи монстрии ман ва аз шакли махуфи ман, албатта, ки тоҷико шумо тар кадагиен? А-не? Лекин ман ин номара ба Муҳамадиқбол роӣ кадагийм, ба и сабаб, ки шумо ҳаматон- тоҷикои хоин, бо ишаву рузо дар пушти ма “ғайбата” сар кадагиен. Гуфта будам: «ба сиёсат кор гирифтӣ, зиндон мешӣ!»
Ина помириё ба сиёсат кордор шидан, ҳамаша қир кадм, сут кадм, торондм). Медонм, ки Тоҷикистон фақиртарин, фасодолудатарин, беҳуқуқтарин давлати рӯи замин аст, вале, охи «миллат» розияй ку?!
Дар баробари ирсоли номаи худ, ба самъи тамоми шумо расониданиям, ки ман дар давоми ин 32 соли ҳукуматравоиям боре нашудааст, ки аз касе пурсида бошам, ки ту киӣ чиӣ.. Ман ҳамчун Президенту Асосгузори сулҳу ваҳдат, ҳақ дорам, ки то поёни умрам Президенти шумо бошам. Тамоми буҷети Тоҷикистон дар дасти ман аст. Яъне моликияти хусусии ман маҳсуб меёбад.
Тамоми Ҷангал- сарвати миллат аст! Ва, худатон аз барномаҳои «Ислоҳ» медонед, ки «миллат» кӣ аст?
Тилло ва сангҳои қиматбаҳо ҳам сарвати миллатанд.
Обу кӯҳу дашту чарогоҳу мамнуъгоҳҳои ин сарзамин ҳам сарвати миллатанд. Ҷавонон бошанд- ояндаи миллатанд!
Аку фаҳмиден, ки чаро ман ин номаро ба ин пойгоҳ фиристодаам? – барои ояндаи «миллат».
Шумо, тоҷикон, ҳеҷ маро нафаҳмидед. Аз тариқи тамоми шабакаҳои ватанӣ ва ба василаи Фабрикаи ҷавоб, обсофкунакҳо, муллоҳои дарборию сарборӣ, олимони маддоҳ, палитологҳо, духтурҳо, раисони маҳалла, қозиёт, муфтиёт ва ба василаи ҳадису оёт, шеъру абёту рубоиёт фаҳмондидаму нафаҳмидед. Шумо, пайравони «миллат», омадеду часпидед ба «Ислоҳ» ва маро ногузир кардед, ки барои Шумо шуда, ба ин шабака номаи таъкидию таъҷилии худро ирсол намоям.
Ман, ба ҳайси Пешвои муаззаматон ба шумо хитоб мекунам: ” Ба гапҳои Муҳаммадиқболу «Ислоҳ» бовар накунед. Ман «бо хун омадам-бо хун мерам». Вақте «миллат, давлат, тоҷикистон гуфтм бфаҳмен охир ин ҳарсе ма ва оилаи маҳаи фаҳмиден?»
Аку, ма давоми 32 сол иқадар пулу сарвату кону дашту чарогоҳу алмосу долларҳои бешуморро аз ин вазифаи тиллоӣ ба даст овардаам, ба шумо- чор тан почаканда, наберагони Одинаву Дохундаҳо, Спитамену, Восеъ хоҳам гузошту ин авлоди бешуморамро эе не «МИЛЛАТАМРО» аз ин ҳама неъмату нуши ҷон маҳрум мекунам?! Ҳаминро аз худатон пурсед, ки агар шумо ба ҷои ман мебудед, бачатона аз вазифа сабукдуш мекарден?- намекардед. Агар духтартон мегуфт – ата мара Раиса кн, намекардед?!
Бале…. аку, миллати кашталкандаи камбағали тоҷик, ҳами кадоми шумо шуи духтартона вазифа намедодед? Охи, як бор фикр кунед, ки ман мисли шумо як опелу як зан надорам, ки ҳамту аз ин вазифа, ки маро аз фарш ба арш расонид, дасту дил шуста, истеъфо тиям, ё бознишаста шавам.
Не, не,…неееееъ!!! Ба гуфти «атам»- Ислом Каримов, аз вазифа равам «чӣ кор мекунам? Ман ҳоло қувва дорам». Ё, фаромӯш кардед, ки ҳатто дар зери садои тазоҳуроту хатари сарнагунӣ, Қаҳҳор Маҳкамов ҳам мегуфт: «ман ҳоло ҷавонам. Кор карда метавонам». Як бори дигар худтон фикр кунед: агар ман аз вазифа равам, Рустам равад, Озода равад, Ҳасан равад, Зоир равад, Зарифбек равад, Таҳмина равад,Рухшона равад, Зарина равад, бестен-бестен, шумо гумон кардаед, ки вазифа ҷон аст, ки бо ин осонӣ онро месупорӣ?! Не, не…..нееееееъ! Ҳатто, дар бораи ин масъала фикри гузаро кардан барои ман, барои ояндаи насли ман, барои тақдири сарвату дороии дуздидаву надуздидаву ошкору пинҳони ман, барям, ваҳшатноку тарсовар аст. (Инҷо рӯҳи маро тарс аз ояндаи «миллат» фаро гирифта аст). Вале, инро бояд ба шумо ошкор намоям, ки маро ғами ояндаи ин миллат (оила дар назар аст. М.С.) лакот карда аст. Бале, ман дар тули ин 32 сол ин қадар дар бораи мардуму қавмиятҳои гуногуну «майдамиллат»-ҳое чун шумо фикр ҳам накардаам, ки ояндашон (тон) чӣ мешавад. Маро ғами «миллатам» пир кард… Худатон, ҳамагӣ мусулмонед. Фарзанди мусулмонед. Аз ҳадисҳои паёмбарамон ҳазрати «Муъаббат» медонед, ки пеш аз вафоташон, ҳамеша : Умматӣ, умматӣ мегуфт. Ман ҳам тамоми умр « на сар гуфтам, на тан гуфтам. Ватан гуфтам, Азизмо,Рустам, Ҳасан, Озода, Рухшона ва..гуфтам». Оббо, наход, ки «ман ҳам фарзанди мусулмон», «миллатма» фурушам. Ман миллатӣ, миллатӣ гуфта мемирам.
Хай охир ростша бген чида мусулмоно вақте пайғамбара дӯст медоран хонаводашам дӯст медоранд ку? Мулоҳо худтон меген дӯстдоштани пайғамбар ва оилаш муҳим ва дин аст? Чида мара дар ҳама маҳфилҳо мехезан меган дӯстт медорем ҷаноби олӣ, пешвои миллат шеърҳо мехонан пешмда, охир хай оилаи марам дӯст дорен. Азизмора Рустама Сомона Таҳмина Озода Исмоилҷонмам дӯст дорен. Охир давлати тоҷикон миллати тоҷик ҳукумат инҳоянд ояндаи ин давлату миллату ҳукумат инҳоянд чида намефаҳмен шумо?
Хулосаи гапам инки агар ман равам, бо рафтанам ин «миллат» аз байн меравад. Агар бовар накунед аз Абдулло Раҳнамо пурсед. Акнун, фаҳмидед, ки чаро ман аз ин мансаб рафтанӣ набудаму нестам, чункӣ шумо- иғвогарону хоинони миллат, ин «миллат»-и азизи маро аз байн мебаред. Вазифаҳои баландашонро гирифта байни одамони худатон тақсим мекунед. Ман бовар дорам, ки дар байни шумо оқилтар аз «аъзои милатам» ҳастанл, вале миллат бояд ҳукмраво бошад, на шумо!! Қаззофӣ ҳам пеш аз маргаш гуфта буд: Шумо киен? Ҳо, бале, Қаззофӣ ҳам, охир дарди маро дошт; ба ғайр аз аъзои «миллаташ» касеро намешинохт! Ман ҳам ҳайрон мемонам: охир, Шумо киен? (Бахшиш, ки шуморо ба ҳарфи калон навиштам)! Шумо халқед. Шумо гастарбайтеред. Шумо муҳоҷиред. О, мебахшед, шумо «миллат» нестед ку? Дар фарҷоми номаам аз шумо «тавалло»-и онро дорам, ки реша бар тешаи «миллат» назанед. Санг ба сӯи «миллат» назанед. Душманӣ бо ин «миллат» накунед. Ба худододаҳои ин «миллат» ситеза накунед. Аз дур истода «миллат»-ро расво накунед! Мансабҳои равғанини ин «миллат»-ро ҳавас накунед. Сарватҳои ин миллатро мабодо «давлатӣ» накунед! Ба духтарони ин «миллат» бо чашми бад нанигаред! Домодҳои ин «миллат»-ро кордор нашавед! Аъзои ин «миллат»-ро, ки тибқи дастуру иловаҳо ба Сарқонун, зимни банду моддаву зермоддаҳо «Оид ба Пешвои миллат» , статуси «дахлнопазирӣ» ба худ касб кардаандро, кор нагиред. Мабодо, ки ба сарватҳо, дороиҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, мошинҳои хидматӣ, моликияти манқулу ғақриманқули ин «миллат» дастдарозӣ кунед, ки ин «миллат»-и шариф ҳеч гоҳ шуморо намебахшад. Ва бо ҳамон шиори обшустаам, боз мегӯям: Шараф ба миллат! Зинда бод миллат! Поянда бод аъзои миллат! Миллат ба пеш! Миллат, ту оилаи манӣ. Тоҷикистон аз манииииъ Аз манииииъ.
Дар акс миллат, ҳангоми ҷавонияш.
Ps: Акнун хонандаи гиромӣ фаҳмидед,ки ҳангоме дар суханрониҳояш, шиорҳояш, маърӯзаҳояш ва … номи «миллат» -«давлат»- «тоҷикистон»-ро мегирад киҳоро дар назар доштааст. Бале дуруст фаҳмидед. Пас дигар фиреб нахуред!