Фардо аввалин Айёми бйизи моҳи Зулқаъда аст, фаромӯш накунед!
Моҳи Зулқаъдаҳам ба мобайн расид ва фардо панҷшанбе 13-уми моҳи Зулқаъда оғози Айёми Бийз аст.Яъне 26,27,28-уми моҳи июл мутобиқ аст ба 13,14,15 моҳи ҳароми Зулқаъда.Онҳоеки тавони рӯза доштанро доранд ин фурсати тиллогинро аз даст надиҳед.
Рӯза гирифтан дар ин рӯзхо суннати феълии Расули акрам (салаллоҳу алайхи васаллам) мебошад.
، قال قدامة بن ملحان رضي الله عنه: (كان رسولُ اللهِ صلَّى اللهُ عليهِ وسلَّم يأمُرنا بصيامِ أيامِ البِيضِ ثلاثَ عشرَ وأربعَ عشرَ وخمسَ عشرَ قال وقال : هو كهيئةِ الدهرِ)
Қудома ибни Мулҳон (раз) чунин фармудааст: Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) амр менамуд моро ба рӯза доштани рӯзхои Бийз. Рӯзхои сездах, чордаҳ, понздаҳ ( моҳҳои ҳиҷри қамарӣ) . Инчунин фармудаанд, ки ин ба монанди рӯза доштани сол аст”
( ҳадиси саҳеҳ аз китоби Саҳеҳут тарғиб, саҳеҳ лиғайриҳӣ)
Ҷои дигар дар ҳадисе чунин омадааст:
وبقوله عليه الصلاة والسلام
: ةإذا صمت من الشهر ثلاثة أيام ، فَصُم ثلاث عشرة ، وأربع عشرة وخمس عشر ،.
والترمذي والنسائي . رواه الإمام أحمد
Аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст, ки фармуданд: “Агар аз ҳар моҳе се рӯз рӯза доштӣ, пас сездаҳ, чаҳордаҳ ва понздаҳи онро рӯза бидор.”
( ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ ва Нисоӣ)
– “Рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ баробари рӯза доштани тамоми умр аст” (Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун алайҳӣ).
وعن أبي سعيد رضي الله عنه قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : (( ما من عبد يصوم يوما في سبيل الله تعالى إلا باعد الله بذلك اليوم وجهه عن النار سبعين خريفا )) رواه البخاري ومسلم والترمذي والنسائي
– “Аз Абусаъиди Худрӣ (раз) ривоят аст, ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Ҳар бандае, ки дар роҳи Худо рӯза медорад, Худованд ба сабаби он рӯзаи доштааш ҳафтод сол ҷасадашро аз оташи Ҷаҳаннам дур месозад”
(Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун алайҳ, инчунин бо ривояти Имом Тирмизӣ ва Нисои)
Аллоҳ ба рӯза дорандагони ин се рӯз қувват бидеҳ ва онҳоеки ба дигарон мерасонанд,то рӯза бигиранд аҷри рӯзадориро барояшон ато намояд.Агар тавонед рӯза доред натавонед ба дигарон расонед,то дар иблоғи рисолат ва нашри суннат маъҷур гардед ва миналлоҳи тавфиқ.
والترمذي والنسائي . رواه الإمام أحمد