Эмомалӣ Раҳмонов.Вақте ин номро мегиранд, гурӯҳе ӯро сулҳовару сарҷамъкунанда ва муттаҳидсозандаи тоҷикон мешуморанд. Аммо дар асл ва амал чунин нест. Вай мардуми тоҷикро ғарибу муҳоҷиру дарбадар ва овораи сад диёр кардааст. Агар бигӯям,ки 80 % мардони тоҷик ҳаёти ширини ҷавониашонро дар муҳоҷирату дар мусофират гузаронида истоаанд, ҳеҷ хатое накардаам.
Ҷавонони тоҷик ё иҷборан ба хидмати сарбозӣ ҷалб мешаванд ва ё инки сари худро мегиранду ҷилои ватан мекунанд ва умдатан дар Русия ба ҳайси қувваи арзони корӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Аз як тараф ин нишонаи заъф ва оҷизии ҳукумат бошад вале аз тарафи дигар ин як сиёсати ҳисобшуда аст. Чунки ҳавасманд нестанд, ки ҷавонон дар ватани худашон кор ва зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин дар Тоҷикистон сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ сохта намешавад.
Эмомалӣ Раҳмонов барои манфиатҳои худаш, бовар кунед, аз солҳои 1991 дида бештар ба мардум зулм карда истодааст. Ман дар як чизи дигараш ҳайронам, ки мардуми тоҷик то ҳол дарк накарданд, Раҳмонов ва ҳукумати вай милати тоҷикро ба ғуломӣ бурда расонидаанд. Вале якхел чоплусҳо баромада мегуянд, ки мо шукронаи пешвои милат мекунем, ки дар Точикистон нафаси озод мекашем. Гуё, ки ҳамин гази оксигенро Эмомалӣ истеҳсол карда медода бошадашон. Бовар кунед, ин Эмомалӣ ба ҷуз аз ихроҷи гази карбон коре аз дасташ наомад.
Нома аз як корманди бо шарафи ВКД ба Ислоҳ:
Ман худам корманди Вазорати корҳои дохилиам. Ин супориш ва дастури махсус ва махфии Эмомалӣ Раҳмонов ба СС Ятимов ва Рамазон Раҳимзода аст. Вай аз ин ду нафар тақозо кардааст, ки бештар дар байни мардум ақидаҳои маҳалчигиро паҳн кунанд. Масалан кулобиро аз вахдатӣ ва помириро аз хуҷандӣ бояд ҷудо кунед ва нагузоред, ки байни худашон дустӣ пайдо кунанд. Зеро агар миллат муттаҳид шавад, ин ҳукумати диктатуриро аз байн мебаранд ва ҳатто бо воситаи Шодӣ Ҳафизови домоди Рамазон Раҳимзода соли 2018 дар Москва ҳисориҳоро бо кулобиҳо чанг андохт ва ҳамчунин қабодиёниҳоро бо ғармиҳо.
Масалан ончи феълан КДАМ дар Кулоб анҷом дода истодааст амалӣ намудани ҳамин фармон аст. Пас аз ҳар барномаҳои Ислоҳ субҳаш як ҷаласае баргузор мегардад. Албатта ҷаласа марбут аст ба ончи шумо мегӯед дар барномаҳоятон. Агар барномаҳои ҷиноятӣ бошанд ҳатман он рӯзи сиёҳе барои қаҳрамони манфии он барнома мегардад. Шахсан шоҳиди панҷтои он будам ва муфассал онро баён кардам. (дар ин навишта чандин ҳолатҳои аҷибе вуҷуд дорад,ки онҳоро ба бахшҳо ҷудо ва тақдим менамоем) Нашри он хутбаҳое аз оғози моҳи феврал шурӯъ намудед хело барояшон вазмин буд. Боздошти имом хатиби Кулоб Муҳаммадсодиқ Саидов дар Кулоб хело сару садо пайдо кард. КДАМ пайк меҷӯст, то мардуми Кулобро ба похезонад вале ба тарафдории Раҳмонов. Афроди маъруфро бо зурӣ пеши камераҳо оварда бар зидди шумо суханронӣ мекунанд. Дигар намедонанд чихел мардумро фиреб кунанду бишуронанд.
“Айни замон Шоҳрух Саид нақша дорад, ки дар Санкт- Петербург кулобиҳоро бо ваҳдатиҳо ҷанг андозад. Ман ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаниям, ки маҳалчигиро бас кунед ва ба дасисаву фитнаҳои ин режими оилавии хунхор дода нашавед. Хоссатан мардуми Кулоб,ки тасмимдоранд онҷо боз бишуронанду ғавғоҳоеро эҷод намоянд.”
Дар яке аз ҷалсаҳои ВКД Рамазон раҳимзода ба Ҳафиз Шодӣ амр дод, ки ҳар шахсеро бо фармони одамҳои яку дуи ҷумҳурӣ ба 6-ой отдел мебиёред бе ягон хел пурсиш ҷазо диҳед ва нобудашон кунед. Ва мо бисёр фармонҳоро аз КДАМ мегирифтем. Масалан рейдҳо бар зидди сатру ҳиҷоб ва риш ва ё фармонҳо оиди тарс додани ҷавонон, масалан дар мактабҳо ва донишгоҳҳо бисёртар мерафтем маҷлис мегузаронидем, то меҳру муҳаббаташонро нисбати Эмомалӣ Раҳмонов зиёд кунанд. Ин як роҳи шустушӯи мағзӣ ва ҷо кардани ақида дар мафкураи ҷавонҳо аст дақиқан мисли кореяи шимолӣ. Аммо дар ин миён ҷавонҳоеро,ки ақидаи озод доранд онҳоро ба ВКД оварда бо чунин усулу методҳо шиканҷа медодем:
- бо завлона дасташро тарафи пушт баста ба шикам хобаш мекардем ва бо дубинка дар панҷаҳои поҳояш мезадем. Бархе аз онҳо дар асари ин азоб инвалид ҳам мешаванд. Зеро ҳар боре, ки бо дубинка дар панҷаҳои пояш мезанӣ зарбаро то мағзи сараш ҳис мекунад ва гурдаҳояш лати сахт мехурад ва одам бо мурури вақт шал мешавад,
- дар узви мардиаш қувваи барқ мемондем, ки одам ҳез мешавад
- китобро дар сараш монда бо мушт сахт мезадем. Дар ин ҳолат сари одам зарбаи дарунӣ гирифта контузия мешавад,
- нохунҳояшро ҳам мекандем ва чандин шиканҷаҳои даҳшатангези дигаре медодем,ки наметавонам он ҳамаро бигӯям. Шиканҷа мекардем ва диламон пур буд, ки прокурор ҳам в курсе аст. Аз ҳеҷ чиз наметарсидем
Боре як ҷавонро бо фармони Соҳибов Исмоил- набераи Эмомалӣ Раҳмонов ба ВКД овардем. Ин ҷавон бо арӯсаш ба калянбар омадааст ва арусаш ба Исмоил маъқул мешавад. Исмоил мегӯяд, ки духтар бояд шаб бо ман бимонад. Ин ҷавон розӣ намешавад. Аз ин кор Исмоил дар ғазаб омада ба мо фармон дод, ки ӯро дастгир карда ба ВКД барем. Мо он ҷавонро мурданивор бо дубинка задем ва дар охир хостем, ки озод намоем.
Аммо дар ин лаҳза худи Исмоил бо Мухтор гуфтанӣ шахс омад. Ҳардуяшон сахт маст буданд. Дар дасти Исмоил бутилкаи шиповник буд ва ба Мухтор дода гуфт онро дар пушташ зан ва Мухтор бошад ин корро анҷом дод. Исмоил бо шата дар бутилка зад. Ҷавон бошад аз дарди сахт аз ҳуш рафта аз ақибаш хуни зиёде рехт. Ва монанди ин кор мо чандин ҳодисаҳоро бо чашми сарамон дидаем.
Як воқеияти талхи дигарро бароятон мехоҳам маълум намоям. Ҳар ҳафта 2 ё 3 духтарро Рустами Эмомалӣ бакораташонро гирифта ҳаёташонро месузонад.
Бештари ин духтарҳо ноболиғон ва аз хонаи бепарасторони Чорбоғ интихоб карда мешаванд. Онҳоро 3- 4 руз пешакӣ аз муоинаи духтур мегузаронанд, ки ягон касалӣ надошта бошанд. Сипас онҳоро ва ба дачаи Варзоб -кохи Малика бурда пешкаши Рустам мекунанд.
“Аз байни 5-6 духтар Рустами Эмомалӣ як ё дутояшро интихоб карда боқимондаашонро сад долларӣ дода барои дафъаи дигар ҷавоб медиҳанд. Рустами наркоман таблеткаҳои шаҳватбарангез мисли виагра истеъмол карда баъд ба ин кори ҳаром машғул мешавад. Дар соли 2017 як ноболиғи 13 соларо аз ҳамон хонаи бепарасторон пешкаши Рустам карданд. Ин кор дар меҳмонхонаи Ҳаят рух дода буд. Ба духтар қурси наркотикии спайс медиҳанд.Дили духтар тоб наоварда қариб ба ҳалокат расида буд. Ӯро дар худи ҳамон лаҳза бурданду меъдаашро шустанд.”
Як духтари дигар,ки Камила ном дошт дар синни 14 солагиаш дар соли 2013 нодухтар кард. Аммо ин духтарро як каме миёни калон дошт. Ӯро дар 10.000 доллар дар Туркия ҷарроҳии косметикӣ карда миёнашро борик кард. Дар харҷу масрафи Рустаму рафиқонаш пул мисли оби дарё пайдо мешавад. Дар як ден рожденийи Рустам дар соли 2016 400.000 доллар дар клуби Роял хароҷот кардагианд. Ба сари раққосаҳои он шоми шабнишинии рӯзи таваллуд пулҳои панҷсад сомониву доллар чошиданд. Шоҳрух Сайидов рафиқи Рустам дар пушти ресторани Сим-Сим барои як маъшуқааш бо номи Нозанин 3 хонагӣ туҳфа кард.
Як ҳикояти дигари воқеӣ.
Эмомалӣ Раҳмонов вақте ки роҳи эстакадай 82-ро кушоданд чашмаш нохост ба кадом зане меғалтад, ки сатр доштааст. Тарафи Бузмаков гуфт вазъиятро идора карда наметавонед вазифаро холӣ кун. Ин тоҷикҳо ҳамааш табармусалмонанд, ҳафт пушташро коб ягонтааш мусалмон набуданд, инҳоро чи сатру ҳичоб чи? Бузмаков бошад итоат, дигар такрор намешавад гуфт.
Дар ин лаҳза боз Эмомалӣ гашта гуфт : “ман беҳуда ба ВКД воля додагӣ нестам, ки коре ба ман писанд нест,набоядам дар қаламрави кишвар руй диҳад, темболе дар Душанбе, ки бояд мардуми современний гарданд.”
Моҳи октябри соли 2020 ба мо аз КДАМ мактуб омад, дар бозорҳои кишвар рейдҳои ташкил намуда савдогаронеро, ки дар беруни бозор, алалхусус дар аробаҳо ба фурӯши маводи озуқа ва дар бозори Корвон ба фуруши либосворӣ машғуланд ҳамаашонро дастгир карда ба шӯъба оварда лату куб ва ҷарима кунем.
Ба ҳар ҳол дар байни кормандонамон шахсони бо имон низ буданд ва аз ин амр даст кашӣ карданд. Саҳари чоршанбе буд. Ятимов ба ВКД омада ҳамаро “строй” монда дашномҳои қабеҳ дода гуфт барои чи аз амр сарпечӣ мекунед? Яке аз кормандонамон гуфт охир чи хел нони даҳани ин камбағалҳоро кашида гирем? Онҳо ризқу рузияшонро аз инҷо меёбанд. Бештарашон бевазанҳои бешавҳаранд.
“Ятимов дар ғазаб омада гуфт “ бигзор раванд канчуқӣ кунанд, ин мушкили давлат нест, ки барои онҳо нонро хоида дар даҳанашон монанд!”.
Ногуфта намонад, ки КДАМ бисёрии корҳои ҳаромашро бо воситаи ВКД анҷом медиҳанд. Аз ин ҳам даҳшатноктар он аст ки ҳоло дар КДАм ва ВКД ҳатто аз ҳамин Исмоили набераи Эмомалӣ Раҳмонов қади аҷал метарсанд ва ӯ дар байни кормандони ин ду ниҳоди давлатӣ одамҳои худашро,гурӯҳи худашро ташкил додааст ва ҳар вақт ки хост онҳоро истифода мебарад. Феълан номҳои 13 нафаре фиристодам бо рутбаҳояшон метавонед онҳоро ифшо созед.
Ps: Дар ин нома аз як корманди бо шарафи ВКД ҷиноятҳои хело вахими дигареро ҳам зикр намудааст. Аммо он ҷиноятҳо бо афроди дигаре аз оила ва бархе мақомоти баландрутба марбут аст. Дар зикри ҳоли ҳар кадомашон он ҷиноятҳоро зикр хоҳем намуд. Барои тулонӣ нашудан ба ҳамин андоза иктифо менамоем. Дар охир дуруд бар ин афсари содиқи ватан ва миллати азизамон.Шумо ифтихори моед ва мардум шумо ва амсоли шуморо дар сафаҳоти тиллогини таърихи худ сабт хоҳад кард.