Фиръавн боз хоб дида аст?

Ислоҳ нет

Замоне он Фиръавн, подшоҳи Миср хоб дида, ё зирракии сиёсияш боло гирифтаву даст ба бедодгарӣ зада буд.

Ин масъаларо баротон решаковӣ мекунам. Чун дигар кор аз кори мо гузаштаву корди Фиръавн ба устухони миллати тоҷик расид!

Манобеи мо дар ин таҳқиқ 4 китоб аст: Таврот, Қуръон, Авесто ва  Шоҳнома чун ба ҷуз китобҳои муқадасс қисаи «худошавӣ»-и ҳеч фиръавне дар китобҳои торихӣ дарҷ нагашта аст. Ва ин даъвои худоӣ як кори маъмули торихи натанҳо ҳокимони Мисри Бостон – Фарзандони худоён, балки ҳокимони Руму Юнони Бостонро низ фаро мегирифт, ки ин андешаи фарзандхудоӣ, пасон аз дини Меҳрпарастӣ (митроизм, ниг: Р. Фолтз «Religions of Iran») ва таълимоти юунониён вориди дини тарсоӣ шуда, Исоро «фарзанди Худо» сохт!

Заҳҳок ҳам як навъ даъвии худоӣ дошт!

Тибқи гузоришҳои Таврот, Сифри Хуруҷ, пораи 1, ояҳои 8 то 22 ва сипас, пораи 2 ояҳои 1-25; пас аз марги Фиръавни аҳди Юсуфӣ набӣ, дар яке аз ваҳлаҳои торих ба сари қудрат, миёнаҳои асрҳои 13-15-и қабл аз милод «Фиръавн»-е ба қудрат расид, ки нисбат ба  миллати яҳудиён нигоҳи бегонавору қавмгароёна ва мисли Эмомфиръавни мо, нигоҳи тарсуёна дошта аст.

Тибқи гузориши Таврот, ки ин моҷароро, бар хилофи ояҳои гуногӯни Қуронӣ, ки бидуни мутолиаи тафсирҳо, ба умқи масъала пай нахоҳед бурд, бо тартиби замонӣ ва устухонбандии мукаммал, аз омилҳои даст задани Фиръавни нав ба чунин як супориши қамъгароёна, нақл карда аст.

Сароғоз; Фиръавни навдавлат, ки чун Фиръавни Қуръонӣ номаш номаълум монда,  дар Таврот ҳеч хобе намебинад! Танҳо вақте ба қудрат мерасад, мебинад, ки Бани Исроил бешумор шудан доранд. Аввал супориш медиҳад, ки ҷуҳудонро дар лашкараш ба ҳайси ПЕШМАРГА ё интиҳорӣ ба ҷангҳо фиристонанд, то дар ҷангҳо аз пушт, чун супоришҳои пинҳонии Эмомфиръавни замони мо, кушта шаванд. Вале, ба назар мерасад, ки Исроилиён миллати якфикр буда, ҳамдигарро аз ин навъ хиёнат барҳазар медоранд.

Пасон, Фиръавн нақшаи «Б»-ро таҳия ва супориш медиҳад, ҳамон гуна, ки замоне Эмомфиръавни мо ҳам карда буд, ки момодояҳо ҳангоми зоиши занони яҳудӣ, писарони ононро бо ҳар василае қатл созанд, то нерӯи бозуи мардони ҷуҳудон коста шавад, ва миллати Исроил чун имрӯзи мо танҳо аз занон иборат бошанд.

Ин қиссаро мо бо каме тағйирот дар Авесто ва Шоҳнома, дар ривояти Заҳҳок (Аждиаҳок)-у   супоришаш мабнӣ бар хӯрондани мағзи ҷавонон бар морҳои дӯшаш, хоҳем дарёфт.

Момодояҳои Фиръавн, ки ба гуфти Таврот «инсонҳои эмондор»-е мебудаанд, ин қарору супориши беақлонаро бо ҳар баҳонаву василае хунсо мекардаанд, яъне чун қонунҳои беақлонаи имрӯзи Эмомфиръавнӣ мо аз ҷониби кормандони бемористонҳояш амалӣ намешуда аст!!

Пасон, Фиръавн ин ду роҳро санҷида, ба хулосае меояд, ки гайкаҳоро сахттар бояд тоб дод, чунки на бо роҳи облава кардану бурда куштани навҷавонони Исроилӣ ва на бо роҳи қонуни пешгирӣ_аз_бисёрфарзандӣ, намешуда аст, миллатеро, ки ба онон бо чашми ҳақорату душманию нодӯстӣ аз рӯзи ба сари қудрат оварданаш, кушту пурра нобуд кард.

Роҳи сеюмро месанҷад: супориш медиҳад, ки ҳар кӯдаки иброниро, агар писар буд, ба дарё, ба ҳалқи тимсоҳҳои Нил партоянд. Дигар замони пинҳонкорӣ гузашта, «зирракии сиёсӣ»-ро дар мадди аввал гузошту ошкоро ба қавмкушӣ дастбакор шуд!

Қарори ниҳоиро Фиръавн бароварда, котибон нигоштанду «Парлумон» ҳам «якдилона» пазируфтанд!

Қонун амалӣ бояд шавад! Қонун қонун аст дигар!

Чӣ қадар тифлҳоро ба Нил партофтаанд, танҳо моҳиёни дарё ва тимсоҳҳои кудакхор медонанду бас. Имрӯз ҳам Фиръавни мо кӯдаконро бо ҳар роҳу васила ба дасти «тақдири бад» месупорад, то ояндаашонро табоҳ созаду зимнан аз волидонашон бо ин роҳ қасос бигирад!

Модари Мусо ҳам танҳо 3  моҳ тавонист кӯдаки на дар «зоишгоҳ», балки аз тарс дар хона зодаашро аз чашми аскарҳо, УБОП, ВКД, КДАМ ва дигар «воқеанависон»-у бузҳои ҳамаҷогард пинҳон кунад. Ва пас аз се моҳ, дилаш нашуд тифлашро чун дигар занҳо ҳамту дар дарё партояд, ҳамон гуна, ки ду рӯз пеш Рухшонаи мо, нахост, ин дафъа ду тифлаш, ду духтарчаашро, ба ҳалқи наҳангҳову тимсоҳҳои муғулии ҳору одамхор партояд, балки чун модари Мусо(а), ҷони худро дар маърази хатар гузошта, аз ду гӯшворааш барои ду ҷигарбандаш ду заврақчае, ду умеди кӯчаке, ду бодбонаке сохту дар дарёи пурталотуми зиндагӣ, танҳо гузошту ба умеди Худову миллаташ раҳо кард…

Мусо (а) ҳатто модараш барояш номе ихтиёр накарда буд. Чун модараш тӯли 3 моҳ ҳамеша бо тарс шираш медод. Ҳамеша пеши чашмонаш марги тифлаки зеборуякашро медид. Аз зоиши ин тифл ғамгин буд, чун бояд, дер ё зуд SchutzstaffelФюрер  Фиръавн радди пойи писарро меёфту назди модар сар мебуридаш, ҳамон амалеро иҷро мекард, ки фронтиёни тоҷикбадбини фиръавнсифат ба солҳои 1992-97 ва то кунун мекардаанд: шиками зани тоҷикро пора карда, тифлашро бароварда сар мебуриданд!

Имрӯз торих такрор мешавад. Фиръавн пас аз гузашти 4500 сол, дубора дар Тоҷикистон зуҳур карда аст. Дракула аз гӯробаш бадар омадаву аз хуни тоҷикон ҳар рӯз мемакаду нерӯ мегирад. Вале сероӣ надорад. Солҳо қабл назарияпардозони хоини тоҷик ба гӯши миллати тоҷик лолоӣ мехонданд, ки «и алакай сер шуд, моненаш кор кунад. То я каси дига омада «сер» мешавад, ки хуш умре», вале дидем, ки гӯшнагадо ҳеч гоҳ сероӣ надошта: на аз пулу на аз хуни ин миллати бечора!  Ва гумон кардаанд, ки ҳаркӣ сари қудрат омад, бубояд чун Шарипович ҳатман «гӯшна» бошад, ки ҳатто пас аз гузашти солҳои мадид аз он рӯзгорони гушначашмию гӯшнарӯҳию гушнагадоии меросияш, «гушна» бошад!  На, шайтонҳои мардумозор, Тоҷик миллати қаноатпешаи торих аст, на чун шумо, Чингизиён умре бо вуҷуди чаповулу дуздию ғорати тоҷикон, боз ҳам умре «гушна» боқӣ мондаед! Шуморо ҷуз хоки гӯр нахоҳад сер кард!

Чашми  танги авлоди Эмомалиро ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!!

Қаблан гуфтем, ки қиссаи Заҳҳоку Фаридун – барандозандаашу Коваи диловар дар Авсето ва Шоҳнома аст: Заҳҳоки аниронӣ, ноиронӣ, чун Эмомфиръавни ноориёии нотоҷик, ки солҳост баҳри фиреби мо чун Заҳҳок худро «муғулориёӣ» мехонад, супориши  қатли ҷавонони тоҷикро дода буд. Дар дарбори Заҳҳок ду корманде бо номҳои Армоилу Гармоил кор мекардаву ҳар рӯз бояд ду тоҷикро барои Морони Заҳҳок мекушта, мағзашонро тӯъмаи он касофатон мекардаанд. Инҷо тоҷикон бояд инро афсона надонанд, балки мағзи сари ҷавонро имрӯз ҳам Заҳҳок-Эмомалӣ дорад қурбонии морону авлоди морсифаташ мекунад. Як бор бипурсед, ки чаро ҳатто ҷавонеро, ки мекушад, ҳангоми ба хок супоридан, амр мекунанд, ки дар сараш бо бел занед! Чаро дар сараш?

Ҳамон супориши Заҳҳоки мағзисархор аст, ки бояд ҷавонони соҳибмағзро, пас аз қатл, мағзашонро ҳатто пош диҳанд. Чун Мирзо Ҷага дар сарашон тир зананд, то мағзаш пареш шавад. Бо мағзи мо ин табори арвоҳпарасти шаманист сару кор доранд!

Раҳмонзаҳҳок аз ҷавонони боиродаи соҳибмағз умре метарсад!

Ва Армоилу Гармоил, ҳар рӯз аз ду ҷавон яктояшро гурезонда, якеро забҳ карда, ба ҷои мағзи ҷавони гурезонда, мағзи гуспандеро омехта ба морони Заҳҳок мехӯрондаанд.

Медонед чӣ? Ин ҷои ҳикоят як сир дорад, он сир он аст, ки Заҳҳок дурӯғ мегуфта, ки морони ман танҳо мағзи одам мехоҳанд то оромиш ёбанд. Вале Гармоилу Армоил он ду «миллатпарвар»-и пинҳонӣ сад дар сад исбот карда буданд, ки Заҳҳок дар ин масъала ҷуз қатли ҷавонони тоҷик қасди дигаре надорад. Ва ин морҳоро, ҳатто мағзи гуспанду одамро  якҷоя карда, хӯронанд, сер шуда, оромиш меёфтаанд! Ва ҳатто Заҳҳоку УУР-аш  аз ин «махинатсия»-и ин ду ҷавони миллатдӯст огоҳ ҳам нашуда буданд. Чунки Заҳҳокраҳмон ҳамеша дурӯғ мегӯяд, ки: «хай, илоҷи дигар набуд. Супориш додем, ки мағзҳои ҷавононро титу пош кунанд».  Морҳои ҷаноби олӣ бояд оромиш ёбанд!

Агар соҳибмағзони бадахшӣ, хуталонӣ, зарафшонӣ, ҳисорӣ зинда бошанд, мору морчаҳои Раҳмонов оромиш намеёбанд. Шабҳо хобашон парешон мегардад, ки мабодо дар байни ин соҳибмағзон Фридуне, Ковае боқӣ монда бошаду ин морҳоро рӯзе аз рӯи ин ҳама хазинаву тилову доллар бардошта, аз эшон ин ҳама неъматҳову сарватҳои муфтро мусодира карда, сараждари ононро дар кӯҳи «Ғарғара» ё чули Чумбулоқ чун Заҳҳок дар кӯҳи Наҳованд, зиндонӣ созад! Безобитагии ин морҳои Эмомфиръавн аз тарс аст;  тарс!!

Бармегардем ба супориши дурӯғини Фиръавн, ва инки ӯ ҳам ба миллаташ дар амри «хатари эҳтимолӣ доштани исроилиён ба миллату аҳолии Миср» ва «безараргардонии писаронашон» дурӯғ гуфта аст.

Чӣ гуна писарбачаҳои исроилӣ ба амнияти Миср хатар доштаанд, ки ҳамин русияҳи Фиръавни малъун дар хонааш яҳудибачаро писархонд гирифтаву парвариш мекард?

 Ва духтару занаш ҳам гуфта будандаш, ки ин тифлро аз дарё ёфтем, ки маълум аст, яҳудизода аст! Вале чи Заҳҳоку чи Фиръавну чи Раҳмонов худ қонунҳои баровардаашонро аввалин шуда, поймол мекардаанд!! Чунон ки ҳоло Раҳмонов аз ятимхонаҳо ятимони бесоҳибро оварда, таълим дода барои ҳифозати худ вориди ХАП-у дигар ниҳодҳои одамкушияш мекарда аст.

Масалан, Заҳҳок лашкариёни тозитабори аниронияшро аз омезиш бо ирониёни душманнасақ барҳазар дошта, худ ду духтари Ҷамшед: Арнавозу Шаҳрнавозро ба занӣ гирфта буду аз онон фарзанд ҳам дошт!!

Сифати хосси диктаторонро ҳатто «DeepSeek» ҳам иқрор мекунад,  ки «подшоҳи золиму девона»;  гуфтанист, ки танҳо девона ва золими хунхор метавонад як миллати бегуноҳеро «не за что» умре ситам кунад, то худу авлодаш «шоҳона» бизиянд! Вале ба таъбири тоҷикӣ: девона ҳам ба кори худ «ҳушёр» аст! И хармагаси рӯи наҷосати мо ҳам бас девонаҳушёр аст! Ҳар хатарро чун сагҳои чӯпонии аҷдодонаш зуд пай мебараду ҳар «душман»-еро дармаҳал хафгир мекунад. Ва ин ҷост, ки булдоки хатарнок аст. Чун Юсуф Раҳмон ҳам қудову ҳам ҷудояш шуд, бо инстинкти муғулие, ки хоси ҳаввоси сагонаи ӯ ҳам ҳаст, Раҳмоновро хуб ташхис карда «булдок» номид! Як ҷаҳон ташаккур ба эшон!

Фиръавнраҳмонов ҳам имрӯз ҳамин корро дорад анҷом медиҳад –  ҷавонони тоҷикро ба Русия, ба Укроин, ба Сурия ва дигар марггоҳҳо фиристода, ба дасти марг месупораду ҳар рӯз як Арнавозу Шаҳрнавози тоҷикро нодухтар мекунад; натанҳо худаш, балки Рустам, Исмоил, Сомон ва дигар лашкариёни аниронии муғулирқаш корашон шуда:  духтари тоҷик таҷовуз кардан!

Меоем ба суроғи Қуръон:

Дар Қуръон дар бисёре аз оятҳо «ном»-и Фиръавн дар робита ба зикри «ном»-и Мусо (а) тавъам омада аст. Гуфтем, ки модари Мусо (а) ҳатто нахост ба писари ягонааш (яккаписараш, ки дар режими Раҳмонов бурдани яккапиасрон ба аскарӣ манъ аст, вале мебарандашон) ном гузорад. Мехост чанд рӯзаке аз ҷигарбандаш дидори басерӣ надида, саранҷом ғарқи дарёяш кунад, бигзор фарзандаш гумном, ва бедарак, чун ҳазорон фарзандони беномгаштаи ин миллат аз дасти муғулҳои заҳҳоксифат, ба коми дарё равад.

Ононе, ки Мусоро аз дарё гиифтанд, ӯро «Моше» номиданд. Мо- вожаи машҳӯрест дар ибриву қибтӣ, ки ба маънои ҳамон ماء   – и арабист – Об ва Моше ба маънои «Азобгирфита» аст.

Бале, саранҷом қонуни баровардаи Раҳмонов мабнӣ бар ҷудо кардани модар аз тифлонаш сари ӯро хоҳад хӯрд. Ин дудмони наҳси чингизӣ гумон карда, ки чун ҳарчи бештар кӯдакони тоҷикро аз модарону волидонашон, бо роҳи ба муҳоҷират фиристодани падарону  зиндон кардани модаронашон, чун Фиръавн заифсифат карда, беҳуввият карда, духтаронашро чун колои беарзиш мавриди истифодаи ҷинсии умрбод қарор медиҳад. На чунин аст. Ин тифлони ҷудошуда аз модару меҳри модарӣ рӯзе чун Мусои калимуллоҳ туро ин шо Аллоҳ маҳв хоҳанд кард.

Гумон кардаӣ, ки чун тифилонро худат чун Фиръавн бардахӯ  тарбия кунӣ, онон чокару канизонат мешаванд! На. Туи бепадари модарғар, худ як чунин сақат ба воя расидию гумон кардӣ, ки ҳар падару модардореро чун худат, аз волидон ҷудо кунӣ, чун ту сақату шайтон мешаванд?

На,  Мусоҳои ин миллат ончиро имрӯз бадонҳо раво дидан дорӣ, аз рӯзи худро шинохтанд, пайи қасосхоҳӣ хоҳанд шуд! Қасоси падарону модаронашонро аз сулолаи бепадарон хоҳанд гирифт!

Ҳамон гуна ки он ҷавононеро, ки Армоили Гармоил аз дами теғ якто – якто наҷот медоданд, дар кӯҳу пуштаҳо гирди ҳам омада, дастаҳои ҷанговареро ташкил карда, дар хезиши миллии Кова яке аз нақшҳои мубрами онро, пешмаргаҳоро дар баробари лашкари Заҳҳок ифо карда буданд. Медонед, ки онҳо пасон ҳамин миллати курдро ташкил кардаанд, ки як маъноии «курд» «ҳарҷогард» аст. Яъне Заҳҳок чун Раҳмонов як қишр ҷавонони тоҷикро «курд» карда аст -оворагард! Ва ин курдон, ки ба вожаи гурдону далерон ҳамхонӣ доранд, рӯзе бӯи шӯришеро пай бурданд, дар ҳар гӯшае, ки «оворагарданд» ҷамъу ҷӯр шуда, модари мурдаи Раҳмоновро «тӯй»и бе доира хоҳанд дод. Зиндагонашро ба чорводорӣ ба Чӯли Олимтой хоҳанд ронду бурд.

العين بالعين والسن بالسن...

Қурон дар чандин оят оид ба тарси Фиръавн гуфта аст, ки сабаби асосии ин қонунаш ҳамоно 

إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِّنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءَهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ

 [الجزء: ٢٠  |  القصص  |  الآية: ٤]

       «Фиръавн дар он сарзамини Миср бартарӣ ҷуст ва мардумашро гурӯҳ – гурӯҳ сохт. Гурӯҳеро (яъне, банӣ Исроилро) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳароина, ӯ аз фасодкорон буд.»

  Яъне ин амалкарди Фиръавн худбузургбинӣ ва  тафриқаандозӣ байни аҳолии Миср буда аст. 

وَإِذْ نَجَّيْنَاكُم مِّنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُم بَلَاءٌ مِّن رَّبِّكُمْ عَظِيمٌ

  «Ва неъматамонро ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз зулми фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд, то барои онҳо хизмат кунанд. Ва дар ин, озмоиши бузурге буд, аз сӯи Парвардигоратон. Мебоист, ки шумо дар ҳар асру замон, шукри Аллоҳро ба ҷо оваред!» (Сураи Бақара, ояти 49)

Хулосаи гап ин ки ҳар гоҳе дар кишваре Фиръавнмаобе, ки ба он миллат бегона буда бошаду бо роҳи кудато ва ё ҷангу хунрезӣ сари қудрат омада бошад, он миллатро то дами вопасин хоҳад кушт, асир кард, зиндонӣ кард, торонд ва он кишварро саранҷом ба фақру дудастагию мусибат гирфитор хоҳад кард. Ҳатто, мебинем, ки дигар Эмомфиръавни мо на ба пирамарди 85-сола, на ба зани ҳомила, на ба зани кӯдаки ширхорадор, на ба кӯдакони гаҳвора, на ба касе раҳму шафқат надорад. Ва умедвор ҳам набошед, ки мақомотиёни ин гуна режимҳо рӯзе бар ӯ юриш карда, ӯро нобуд хоҳанд кард. Ин фикри хом аст чун таърихи диктатураи миллатбадбин (диктатураҳо ҳар гуна мешаванд, ки бадтаринаш бар асоси табъизи нажодӣ бунёд ёфта бошанд) инро собит накарда, ки ҷуз як ду Гармоилу Армоил, касе дигар аз аскару хуношомҳои азпушти ин гуна омадаҳо, ӯро барандохта бошанд. Баръакс бо пуштибонӣ аз Заҳҳок барои худ зиндагии мураффаҳе созмон дода, чарида мегарданд.  Албатта то замоне… то он рӯзе, ки миллат бапо хезад!

Таърих исбот карда, ки Заҳҳоку лашкари тозияш ҳамеша бар эрониён, дастаҷамъона ситам мекардаанд!

Таърих собит сохта, ки Фиръавну пайравони ҳитттияш, ки «бо хун омада, ва саранҷом бо хун» – ба гуфти Раҳмонов-, рафтаанд, ҳеч гоҳ бо исроилиён, ки дар давоми садсолаҳо дигар шаҳрвандони комилҳуқуқи Мисри Бостон маҳсуб меёфтанд, сари дӯстию муомилаю созиш надоштанд. Ва чун Раҳмонову лашкариёни муғултабораш танҳо бо тоҷикон бо забони силоҳ, парондан, куштан, сӯзондану   таҷовуз кардан сухан мегуфтаанд! Бидуни ҳеч як сабаб, бо ҳар баҳонаи воҳию пӯч мекуштаанд!! Чун ба дигар нажодҳо нафрат доранд, чун дар вақташ, ба иқрори худи Раҳмонов, ки мегуфт: «Барои ин курсӣ шербачаҳои зиёде хун додаанд» ва ба курсии таги кунаш ишора мекард, хун барои курсии ман додаанд. Хун барои он ҳиттиёну кайфу сафои оилаи ман додаанд, то ман  сарвар шаваму сипас миллионер шаваму шаванду дигаронро таҷовуз карда гардем. Барои осоишу рафоҳу некрӯзи тоҷикон хун надодаанд! Барои сари кор овардани муғуле аз муғулҳои бадномашон ин ҳама «бо хун омадаву бо хун хоҳанд  рафт». Албатта, инҳо бо хубӣ ва дипломатия ҳам рафтани нестанд ва танҳо  бо ончи омадаанд бо он хоҳанд рафт! Дигар чӣ кунем, ки хуни палиди худро кобини озодии мо  кардаанд?!

Гарав гузошта, ки аз рӯи лошаи мо ба озодӣ даст хоҳед ёфт!

Мушкили Раҳмонов, ки ӯро ба соли 1992 Ислом Каримову  русҳо сари қудрат оварда будаанд, айнан ҳамон мушкили «ба ин миллат бегона буданашон» аст, ҳарчанде  Заҳҳок даъвои ориёӣ будан дошт, вале ба таъбири устод Турсунзода:

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,

Боз дар ин хона ӯ бегона монд!

Оре, то рӯзе Мусо (а) ба ин масъалаи душмании Фиръавн бо қавмаш – Бани Исроил пай набурд, пайи мубориза нахест

Пай бурд, ки Фиръавн бо баҳонаҳои пӯч дорад як миллатро аз номи Ҳукумати Мисри Қибтӣ террор мекунад ! Дар ҳоле, ки қибтию иброниён бо ҳамдигар дар як кишвар зиста буданду Исроилиён ягон қибтиро накушта буданд. Ва ҳамин қулдурии як тан аз кормандони ҳиттии фиръавнӣ, ки худаш аслан аз «бодоварда»-ҳое чун ғосибони муғулҳои данғарӣ дар Миср маҳсуб меёфт, хуни Мусоро ба ҷӯш овард, ва Мусо (а) ҳам зада кушташ!

Мусо инҷо қибтиро на, балки як манғетии ғосиби ҳиттӣ (ва ё худ : ҳексусии осиёии ғосибро, ки вориди Миср аз роҳи хунрезӣ гашта буданду қибтиёнро бо иброниён умре тафриқаандозӣ карда, ҷанг андохта, пасон ҳарду ҷонибро баҳри бақои насли палиди худ, мекуштанд)-ро кушта буд!

Ҳатто, бо вуҷуди фарзандхонди Фиръавн буданаш, аз инки ҳиттиеро кушта буд, фиръавнпадари ҳексусаш супориш дод, ки немедленно ин яҳудиро кушанд!! Чунки фарзандхондии Фиръавн мар Мусоро танҳо ба хотири мардумфиребие чун мардумфиребии имрӯзаи Эмомалии нотоҷик аст, ки ҷое тоҷик мекушаду ҷое рафта, сари тифлонеро, ки падаронашонро кушта буд, силлӣ карда, барошон либосу палос тақдим мекунад!!

Чаро?

Чунки Фиръавн бояд бо фарзандхонд гирфитанӣ як яҳудӣ, ки медонад ӯ аз баҳр гирифта шуда ва яҳудӣ аст, ба миллати шарифи Миср нишон диҳад, ки Фиръавн натсист нест. Ӯ танҳо фарзандони хоинони миллатро супориши куштан дода!! На ҳама иброниёнро!

Ва ончи унвони мақолаи хеш гузоштаем: Фиръавн хоб дид, ин чунин нест, ки на дар Таврот, на дар Қурон наомада, ки Фиръавн хоби тифли инқилобгарро дида бошад! Балки баръакс тифлкушии Фиръавн реша дар ҷуҳудбадбинӣ ва қибтифиребие беш надошта, ки то ба мисриён, аҳолии асилу аксарият исбот кунад, ки ӯ ин безераргардониҳоро танҳо ба хотири амнияти Мисру мисриён мекунад, чуноне ки имрӯз Раҳмонов ҳама қатлу террору хунрезияшро ҷомаи беқасабе чун ҷомаи қундие, ки дар Сессияи 16-уми худ ба тани муғулияш карда буду он ҳам аз пияндараш – Шарипчақур ба мерос монда буд, пӯшонида, 33 сол аст, ки аз тифл то мусафеди ин миллатро чун Фиръавн аз дами теғи бедареғ мегузаронад.

Дар мавриди хоби Фиръавн Ибни Аббос аз Мурра ва аз Ибни Масъуд ривоят мекунад. Фиръавн хобе мебинад,ки оташе аз Байтулмуқаддас меояду ва атрофи Мисрро месӯзонад бо ҳама Ақбот вале бани Исроил аз он оташ осебе намебинанд. Фиръавн ҳама коҳинонро ҷамъ меоварад ва таъбирашро мепурсад. Коҳинон таъбири хобашро мегуянд,ки як тифле ба дунё меояд,ки аз Бани Исроил аст ва ҳалокати аҳли Миср аз дасти ӯст. Ба ин хотир амр ба куштани писарбачаҳои Бани Исроилро медиҳад ва духтаронашонро зинда мегузорад.

Инчунин боз омадааст,ки вақте диданд Бани Исроил наслаш ба нести расидаистодааст. Ба Фиръавн гуфтанд як сол писаронашонро бикуш ва як сол накуш. Соле Ҳорун бародари Мусо таваллуд шуд он соле буд кушта намешуданд. Аммо соле Мусо таваллуд шуд он соле буд кушта мешуданд. Манзур аз инки дар Қуръон ба сароҳат дар мавриди хоби кудаки инқилобгар омада бошад чунин наомадааст балке таъбири хоби Фиръавн,ки 400 сол ҳоким бар Миср буд аз тарафи коҳинон таъбир шуда буд. Аммо Фиръавн бани Исроилро қир кард.  

Имрӯз,  акнун чеҳраи касофаташ, дар ин ошӯби дурӯғини ахираш, ки идомаи ҳамон қатлиоммҳои маъмулии бардавомаш аст, ва инчунин зиндонисозии як зани бегуноҳ Рухшона Ҳакимова , ки идомаи ҳамон сиёсати фиръавниёни Миср аст, ки ба ҳеч зану марде раҳм намекардаанд, ошкори ошкор гашт!

Эмомалӣ, Заҳҳок, Фиръавн ва дигар бегонатаборони бо роҳи ҷангу хунрезӣ ба сари қудрати дигар миллатрасида, маҷбуранд барои идомаи вуҷуди палиди худ, умре бикушанду зиндонӣ кунанду тӯҳмат зананду оилаҳоро аз ҳам бипошанд!!

Ва ба миллат дурӯғ ҳам бигӯяд, ки ин корҳоро барои ояндаи миллати азизам кардаам! Оре, миллати азизашон ҳамон маҷмаъулқабоилеянд, ки ба нерӯву кумаки он аҷнабиён замоне сари қудрат оварда шудаанд!

Ана ин аст хоби ҳақиқие, ки Фиръавниён мебинанд!

Шояд, Фиръавн барои одамкушиҳояш фатво наёфта, чун қоидаи маъмули торих аз роҳи «хоби бардурӯғ» бофтанаш иҷозати қатлу террорро аз коҳинон ва омунпарастон, ки қишри қибтии муассири соҳибмулк буданд, гирифта буд. Ҳамон гуна ки Сисӣ низ фатвои қатли шаҳрвандонашро дарёфт карда, Башшор ҳам фатвои «бо бирмил» оташ задани шаҳру деҳотро гирифта буд, албатта Раҳмонов ҳам сар аз соли 1992 то имрӯз як навъ «муллоҳои дарборӣ»-ро ба ҳар чоплусияш моил месозад, то дар ҷомеаи мусулмоние чун Тоҷикистон кас напурсад, ки магар куштани як мусулмон, як тоҷик, як асир, як зиндонӣ, як бегуноҳ иҷозат аст?!

Бо тӯҳмату бӯҳтон зиндонӣ кардани як зан, як модар ба хотири «гуноҳи» писараш Шоҳида Маҳмадҷонова модари Абдурраҳмон оё иҷозат аст? Бурда оилавӣ истинтоқ кардани як оила иҷозат аст? Кадом дин, кадом қонун кадом виҷдони мусулмонию инсонии як инсон ба ин бераҳмию кофарӣ иҷозат метавонад диҳад?

Дар аҳди  Фиръавн ҳам чун имрӯзи мо Сарқонун буд, қонунҳои динӣ буд, виҷдони инсонӣ буд, вале Фиръавни лаъин ин ҳамаро зада буд; ҳам пушти по, ҳам дар мақъадаш!

Моддаи 16-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ чунин аст:

Моддаи 16.

 «Ҳеч касро наметавон барои гуноҳи дигар кас ҷавобгар карор дод. Ҳар як шахс танҳо барои гуноҳе, ки худ кардааст, ҷавобгар аст. 

 Ҳеч касро наметавон бе қарори суди қонунӣ ва бо риояи пурраи қонун ҷавобгар ҳисоб кард».

Ин модда таъкид мекунад, ки ҳар як шахс танҳо барои амалҳои худ ҷавобгар аст ва ҳеч касро наметавон барои амалҳои дигарон маҷбур кард ё ҷазо дод. Ин принсип яке аз асосҳои ҳуқуқи башар ва адолати ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон метавонад бошад, агар диктатор дафъ шавад.

Вале диктаторон ҳар шаб хоб мебинанд, ки чун Абдураҳмони Дахили Уммавӣ ӯву хурмои арабияш дар хоки Андалус ҒАРИБУ БЕГОНАВУ «ДАХИЛ»-анд.

Оре, дахил вожаи арабисту маънояш «аз дигар ҷо омада», ва «бегона» аст! Ногуфта намонад,ки Абдурраҳмони Дахил ҳам 33 сол ҳоким буд 11 писар дошту 9 духтар. Дар 33 соли ҳокимияташ ҳеҷ вазире ҳам надошт танҳо мушовир дошт. Агарчи ӯ мусалмон ва фотеҳ буд хуб як шабоҳате бо инқилобҳое дар замонаш рух медод монандӣ дошт.  Худо кунад ин Дахили мо ҳам тезтар бисоташ барчида шавад…..

Ҳамон гуна, ки имрӯз муғултаборони хуталонӣ худро дар байни тоҷикон «бегона» медонанд, ва умрест, ки бо зарафшонию бадахшонию ғармию обигармию файзободию кӯлобиву хатлониҳои тоҷиктабор дар ҳолати омодабоши набард қарор доранд.  Ва худро як навъе инсонҳои фароқонуну фаробашару осмонӣ медонанд. Ва агар нафареро Раҳмонов хоҳад таҳқир кунад, мепурсад: гаҳвораат «мисли ман» аз осмон чакида аст? Ва ин нотоҷик як ҷумлаи тоҷикии солим сохтан наметавонад. О, паъат, гаҳвора магар оби борон аст, ки «мечакад»? Гаҳвораро «фурӯд омада»  аст гӯянд андар забони форсӣ! Эмомфиръвнда. Ба фикрам Маирам фуруд омадана чакидан, мисли қатраҳои борон мегуфтааст. Хуб дигар фикр мекардааст борон мечакад пас гаҳвораҳам мисли борон мечакад мепиндоштааст ва Эмомфиръавн ҳам аз модараш омӯхтааст.  

Як далел дорам: сар аз соли 1992 то соли 1999 ҳамеша дар Душанбе ва дигар манотиқ «қуюди шабгардӣ» барпо буд.  Ҳоло ҳам бо нерӯи додгоҳӣ тоҷикро зиндонӣ карда, нерӯи низомияшро дар ҳоли омодабош қарор медиҳад, то лаҳзае аз зиракии сиёсии бардавом тағофул накунад, то режимаш суқут кунад.

Во аҷабо, наход як Пешвои мардумӣ, як инсони худӣ, як тоҷики ориёии «тоза» ҳамеша дар байни ҳамтаборонаш «дар ҳолати зирракии сиёсӣ ва муроқабаву ҳазар» қарор дошта бошаду сари чанд моҳеву соле як шӯришу як юришу як кудатову як инқилобу як кушокушӣ, баҳри барандозии султаи «қонунияш» барпо гардад?!

Инҷост, ки бояд иддао кунем, ки Раҳмонов чун Абдураҳмони Дахил, ҳарчанде нерӯманду силаҳшӯру одамкуш аст, вале умре назди ҳамон ар -ари аз чӯли Олимтой овардаашу дар маркази Душанбешаҳр шинондааш, ва биноҳои қадимонасимо барои худу духтару писараш бо маблағи ин миллату бо қарз аз номи ин миллати гадогашта сохта аст, ғариб аст. Ғариб.

Зирккии сиёсиро набояд аз даст диҳӣ, ғариби хуношом! Вале дер намепоӣ, эй Дракулаи хунбор!!

Президенти қонунии «маҳбуб»-у пешвои мардумӣ чаро бояд, бо доштани «пойгоҳи мардумӣ» умре чун Фиръавн дар ҳолати «зиракии сиёсӣ» ва омодабош қарор дошта бошад?

Миллати  азизам, мо мухолифини ин режим ҳеч гоҳ аз шумо сари тарсе надорем, хоби баде дар бораи шумо надилаем, ва аз шумо диламон дур нарафта ва, аз дастатон озоре надидаем, нисбати шумо ҳеч «зирракиву шайтанату найранг»-е ба роҳ намондаем. Мо аз шумоему дар бари шумоем. Ва танҳо Раҳмонову пасвоҳояшанд, ки пайи озори пиру барнои шумоянд.

Пас, вақташ расида, ки ҳамдасти як шуда, ин Фиръавн,  Даркула, Вампир, Шулик ва ин қотили бераҳмро барандозем. Чун умри диктатура кӯтаҳ аст, вале то вақте ҳаст на худ ором менишинаду на моро ором мегузорад!

Share This Article