Ғорати Масчо пас аз истиқлол, то имрӯз

Ислоҳ нет

(бахши панҷум)

Мо, мардуми Масчоҳ вобаста ба вазъияте, ки дорем ба унвони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ чунин саволҳоро матраҳ карданием:

1.) Оё прокурори ноҳияи Масчоҳ Иззатуллозода Акобир ба модар ва ё ҳамсари шумо хешу  таборӣ дорад? Зеро ӯ қонуну қонуниятро яксӯ гузошта фақат ба ҷамъ кардани пул машғул аст ва тамоман ваколати худашро  иҷро  намекунад ва аз  номи шумо ҳамчун  “криша”  гап зада мардуми Масчоҳро  ба  дод  овардааст. Дар ҳақиқат то  нафақа баромадан  дар Масчоҳ  мемонад?

2.) Дуруст аст, ки Ҷалилзода Эмин, сардори ШВКД дар ноҳияи Масчоҳ ба Рамазон Раҳимзода ва  Озода Раҳмон  пул дода ба ин вазифа расидааст ва ҳоло барои он пулҳоро аз нав кор кардан барояш салоҳиятҳои беҳадду ҳисоб додаанд? Ҷалилзода Эмин ба қарибӣ сардори ШВКД дар Исфара мешудааст ва барои  ин мансаб ӯ ба миқдори 150000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) доллар пора додааст. Чаро чунин гапҳоро Ҷалилзода ошкоро мегӯяд?

3.) Чаро арзу шикояти мардуми Масчоҳ нисбати раиси кумитаи замини ноҳия Зокирзодаи Умед (Зокиров Умед) ба эътибор гирифта намешавад? Оё дуруст аст ки Маҳмадтоҳири Зокир, раиси Маҷлиси намояндагон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент  ин  заминфуруши Масчоҳиро дастгирӣ  мекунанду як қисм маблағи заминфурӯшиашро ба онҳо медодааст? Агар инҳо “криша”-аш набошанд, чаро нисбаташ чора намеҷӯянд?

5.) Бо ин ҳама арзу  шикоятҳо нисбати беадолатӣ ва фасодкорӣ ва бар замми ин ҳама наркодиллер будани собиқ раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода чи тавр вакили Маҷлиси намояндагон мешавад? Магар органи олии қонунгузори мамлакат ҷойи чунин ҷинояткорон аст? Ва шахсан худи шумо ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ ва нафари дуввум дар давлат нисбати ӯ ягон чораи қонунӣ намеандешед?

“Умедворем Рустами Эмомалӣ ба ин панҷ саволҳои мо посух мегӯянд. То имрӯз падаратон ба ягон мушкилоти мардуми Масчоҳ расидагӣ накарданд. Бар акс бар сари мардуми мо як туда дузду авбош ва арозилу қаллобу народилерҳоро раис гузошта, моро тороҷу ғорат ва чаповул доранд. Акнун мебинем шумо чикор мекунед?”

Боварамон кунед зулму хиёнате, ки Ғайрат Азиззода, раиси собиқи Масчоҳ ба мардуми  намозхони ин ноҳия раво дид, касе ҳатто дар замони шӯравӣ раво надида буд. Мардуми Масчоҳ бо дини худ алоқа ва муҳаббати зиёд дорад. Аммо бо дастури Ғайрат Азиззода ва кумитаи амнияти ноҳия аксарияти  масҷидҳо  баста шуд. Вале ба ҷойи онҳо клубҳои шабонаи  монанди  клуби  худи  Ғайрат Азиззода дар  ноҳия  зиёд шуд. Сохтмони  масҷидеро, ки  мардум қариб ба итмом расонида буд, омада бо баҳонаи он ки гунбазаш мувофиқат намекунад, боздошт. То ҳол ин масҷид ниматамом аст. Ин масҷид дар маҳаллаи Табушни ҷамоати  Палдорак  воқеъ аст.

“Азиззода Ғайрат таҳдид карда гуфт, рамзе, ки  дар  гумбаз  аст, яъне моҳтобро ҷой надиҳед. Мо, масчоиён  дар  тааҷҷубем, ки раис, ки худро мусулмон меҳисобад аз рамзи  моҳтоб меҳаросад”.

Дар муҳлати 5 соли  роҳбариаш   нисбати  мардуми  худаш  маҳалчигиро ба авҷи аъло  расонид. Ҳамчун  хизматчии  давлати   хизмат ба мардумро  яксӯ  гузошта барои  беҳбуди  атрофиёни  худаш камар баста  мардуми Масчоро  дар як  ҳолати  ногувор  гузошт. Гӯр сӯзаду  деги қаландар ҷӯшад  гуфта  дар вазифаҳои  калидии ноҳияи  Масчоҳ асосан ҳаммаҳалҳои  худашро ҷой кард.   Як мисоли оддӣ ҳамин  Муллосоқӣ Атобуллозодаи ҳамдеҳааш мебошад. Ин  шахс  дар  Русия  гастарбайтер буд. Маълумоти  казоӣ  ва таҷрибаи  роҳбарӣ  надорад,  ба  мардум  муомила  карда наметавоанд. Дар  мақолаи  муйсафеди  86-солаи бохирад ҳамчун  стрептизёршик  тасвир шудааст, ки 100% дуруст аст. Ғайрат Азиззода ин  ҳамдеҳаи  худро  аз  Русия  оварда  ба курсии раиси  дастгоҳ  шинонд. Сипас ғоибона  маълумоти  олиро  ба даст  овард. Баъд аз  маълумоти  олиро  ба даст  овардан  ба  курсии  ҷонишини  аввал  шинонд. Дар ин   курсӣ  Мирзоев  Ҳасан  беш аз   20  сол нишаста буд. Бо маслиҳати Ғайрат Азиззода Мирзоев Ҳасан ин курсиро ба Муллосоқӣ Атобуллозода  ба 5000 доллар фурӯхт ва  ба  нафақа  баромад. Феълан дар курсии муовини агропроми ноҳия шуда такя задааст. Мирзоев Ҳасан дар солҳои пеш раиси агропром буд. Як ҷияни  Мирзоев. Ҳ  Идиев. М  ном дорад.  Ӯро ба  курсии  раиси  дастгоҳи раиси ноҳия  шинонданд. Вале  дере нагузашта Идиев. М дар  утоқи  кориаш  вақти гирифтани пора аз ҷониби кормандони  коррупсияи вилояти  Суғд  дастгир шуд. Баъд аз ин  Рустамзода Рустам  соҳиби  курсии  раиси дастгоҳи раиси ноҳия таъин шуд. Ин орзуи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят буд, ки Рустамзодаро баъди ин вазифа дар оянда раиси ноҳия таъин кунад. Вале чуноне огоҳ ҳастем на Рустамзода, балки Тоҳир Азиззода раиси ноҳия таъин шуд.

Дар ноҳия парвандаҳои марбут ба заминро асосан судя Маликзода.О тафтиш мекунад. Ин судя ҳаммаҳали Ғайрат Азиззода  мебошад ва аксарияти  парвандаҳоро ба  нафъи  Ғайрат  Азиззода тамом мекунад. Судя  Маликзода. О яке  аз  судяҳои   фасодзадаи аз ҷинси зан  мебошад, ки   чунин ба назар мерасад ягон зарра  меҳри  модарӣ  надорад. Гарчанде, судя як мақоми мустақил  мебошад аммо Маликзода ҳимоятгари  Ғайрат Азиззода  аст ва дар мурофиаҳои додгоҳӣ  бештари вақт  ҳалномаҳоро  бар зарари  ҷабрдидаҳо  содир мекунад. Гарчанде, ки  ҷабрдидаҳо  бо  зинаҳои  болоӣ  даъво кунанд ҳам аммо ин  бечораҳои камбағалони  беҳимоя дар онҷоҳо ҳам  ҳуқуқҳои  худашонро  ҳимоя  карда  наметавонанд. Ва  бе замину  фақиртар шуда  сарсону саргардон дар банди мушкилоти  зиндагӣ гирифтор мешаванд. Як  мӯйсафеди  бечора аз  Масчоҳ  овора шуда ба Душанбе меравад ва ба  қабули  раиси  Суди  Олӣ медарояд. Раиси  Суди  Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён  шахсан  аризаашро қабул карда ваъда медиҳад, ки ба Масчоҳ меояд ва нисбати Маликзода. О чора  меандешад.

Раиси  Суди  Олӣ ба  Масчоҳ  омад. Аммо маълум шуд,ки  на  барои шунидани  шикояти  мардум,барои дидани ҳавзаи интихоботии Масчоҳ  омада аст. Раиси Суди  Олӣ  вазифаи  худашро аз  хотир бароварда, гуё, ки ҳоло ҳам раиси Комиссияи маркази интихобот  бошад, дар бораи тартиби  гузаронидани интихобот лексия хонд. Ҷойи онки ба шикояти мардум  эътибор  диҳад ва арзи онҳоро расидагӣ кунад. Савол инҷост,ки раиси Суди Олӣ  барои дахолат  кардан  дар ҷараёни интихобот ҳуқуқ дорад? Вақти интихобот раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии  ноҳияи Масчоҳ мубталои  короновирус  шуда буд. Барои ҳамин шахсан  раиси  Суди  Олӣ омада раиси  ноҳияи Масчоҳ  ва сардухтури маркази  ноҳияро  сахт  танбеҳ дод. Вай фармон медиҳад, ки ҳарчи зудтар раиси  ҳавзаи Масчоҳро табобат  карда сари кор ҳозир кунанд. Чунки рафти ташвиқоти интихоботи  президент дар Масчоҳ ғайриқаноатбахш аст. Раиси комиссияи ҳавзавӣ бояд фоизи ба тарафдории президентро тибқи супориши пешакӣ  иҷро намояд. Барои онки ба мардуми Масчоҳ бовариашон камтар аст шахсан Шермуҳаммади Шоҳиёнро,ки собиқ  раиси КМИТ мебошад ва дар тақаллубкории бюлетенҳо таҷрибаи калон дорад ба Масчоҳ фиристоданд. Ғайрат Азизизода  ҳоло низ мисли   давраи  раисисаш  заминҳои  ноҳияро      аз  дасти  деҳқон гирифта ба  дасти  бо ном  соҳибкор  вале дар асл наркодиллерҳо медиҳад ва  дар  иваз  маблағи  калон  мегирад. Ҳоло аҷоиби кор ин аст ки ҳамин наркобизнесменҳоро  дар рузномаҳову  телевизионҳои  давлатӣ чун  соҳибкор   нишон дода    онҳоро аҳсану  офарин мехонанд.

Яке аз чунин шахсон  Абдуваҳҳоб  мебошад. Аз  замини хоҷагии  деҳқонии  Искандар, ки  роҳбараш  Тоҳир  Ҳақназаров  мебошад 3-га  заминро бо  роҳи  ғайри қонунӣ  гирифта ба ӯ доданд. Дар ин заминҳо чанд оилаи деҳқон кор мекард ва аз он ризқу рӯзӣ ба даст меовард. Барои ҳамин онҳо ин заминро надоданд. Кашокаш ба миён омад ва муноқиша ба Суди  иқтисодӣ  рафт. Марҳалаи аввали Суди иқтисодӣ қазияро ба нафъи деҳқонҳо ҳал кард. Бо маслиҳати Ғайрат Азиззода Абдуваҳҳоб аз болои ҳалнома ба зинаи болоӣ шикоят кард. Зинаи болоии Суди иқтисодӣ ҳалномаро бекор карда ба фоидаи Абдуваҳҳоб қарор баровард, чунки  пули калон гирифтанд. Инро ҳам бояд бигӯем,ки чунин ҳолати баҳсу даъвои замин дар вилояти Суғд танҳо дар Масчоҳ не, дар ҳамаи навоҳӣ вомехуред.

   “Ҳафтае нест, ки  дар  Суди иқтисодии вилояти  Суғд  мурофиаи  баҳси  замини аз  тарафи  сокинони  Масчоҳ ва дигар навоҳӣ доир нашавад. Албатта, замини Масчоҳ бештар аст ва баҳси замин ҳам зиёд мебошад. Ин нгатиҷаи хиёнати роҳбароне мисли Ғайрат Азиззода аст. Аз ин ҷиҳат “бозор”-и Суди иқтисодии вилоят гарм мебошад”.

Дар Суди иқтисодии  вилояти Суғд то соли 2018 нақши  асосиро судя Хоҷазода Фарух мебозид.Ҳалномаҳои ғайриқонунӣ бо воситаи ӯ ҳал мешуд. Пораи калон мегирифт. Суди болоӣ ҳамаи ҳалномаҳои ғайриқонунӣ содирнамудаи ӯро бетағйир мегузошт. Чунки модараш дар гузашта раиси   шаҳри Хуҷанд буд ва дар болоҳо пуштибонҳои боқувват дошт. Яке дигар аз судяҳои ҳаромхӯр, ки дар Суди олии иқтисодӣ аз Хоҷазода ҳам бадтар порагири ҳаромхӯр буд ин Абдуллозода Фарҳод Нусратулло- писари собиқ раиси Суди Олии Тоҷикистон аст. Як хоҳари ҳамин Абдуллозода дар Суди иқтисодӣ кор мекунад. Утоқи кориаш дар қабати 3 буда бо камера муҷаҳҳаз шудааст. Ба қабули раиси Суди иқтисодии Вилоят даромадан осон аст нисбат ба назди ӯ даромадан. Вай он қадар мутакаббир ва мағрур аст, ки дар ҷараёни мурофиа ошкоро ба тарафи ҷабдидаи норозӣ мегӯяд ҳалномаи манро дар миқёси ҷумҳурӣ ягон кас тағир   дода  наметавонад. Беҳуда нисбати ҳалномаи ман шикоят  накунед. Зеро дар он вақт падараш  раиси Суди Олии Тоҷикистон буд. Тамоми парвандаҳои тафтишкардаи ӯ бо пул ҳал шудааст. Ӯ бо пули калон тарафи ноҳақро ҳақ мебарорад. Ҳамин ҳоло 4 нафар Суди иқтисодии вилоятро  ба монополия табдил додаанд:

1.) Абдуллозода Фарҳод Нусратулло- судя

       2.) Хоҷазода Фаррух- судя

       3.)  Исмоилзода. Р. А муовини суд

        4.) Қосимзода.С.О,раиси Суди иқтисодии Вилоят

Тамоми парвандаҳои  даромаднокро ин шахсон  дида  мебароянд.

Гарчанде Қосимзода.С раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ва Исмоилзода.Р муовини ӯст аммо дар ин суд нақши асосиро Абдуллозода. Ф.Н ва Хоҷазода. Ф мебозанд. Зеро дар боло “криша”ҳои боқувват доранд. Ин порахӯрҳо аз ҳисоби баҳсҳои судӣ оид ба замин ва содир кардани ҳалномаҳо пулҳои ҳангуфте кор кардаанд, ки ба чанд пушташон басанда аст. Аз ҳисоби наркобаронҳои Масчоҳ ҳам хеле пул кор кардагианд. Ин нафарон суди иқтисодии вилоятро ба як ширкати тиҷоратӣ табдил кардаанд.

Инро ҳам бигӯям, ки Ғайрат Азиззодаро мардуми Масчо барои вакилӣ интихоб накардааст. Барои чунин хиёнаткор мардуми шарафманди Масчоҳ асло овози худро намедиҳад. Ман  аъзои  участкаи  интихоботӣ  дар  ҷамоати  Обурдон, ки  сераҳолитарин участкаи интихоботии ноҳия  мебошад будам. Ҳизби  Зоиров 70 %  овоз  гирифта  буд.  Худи  Ғайрат  ҳатто 30  фисад  овоз  нагирифта буд. Дар ҷамоати худаш, яъне зодгоҳаш 25% раъй нагирифтааст. Дар ҷамоати деҳоти Палдорак ҳатто 20% раъй ба даст наовард. Ман ҳайронам,ки ҲХДТ-ҳизби президент чаро чунин дуздону порахоронро вакил интихоб мекунад? Дар  ноҳияи  Масчоҳ  ҳизби  Зоиров дар маҷмӯъ 75% овоз  гирифт. Ман  ҳамчун  як  масчоӣ  ба  мардуми  Масчоҳ  хитоб карда  мегуям,  ки орияти  масчоиро  аз  даст  надода дар назди  ин  хоинои  миллат сархам  накунед  ва  барои   озодии худ  ва  аз  сафи худ  чунин беномусонро  тоза кардан   мубориза  баред.

“Дар  миқёси  Осиёи  марказӣ  дар  давраи муборизаҳо бо  болшевикони  сурх  ягона Масчоҳи  кучак буд, ки  бо болшевикон  7 сол  мубориза  бурд.  Ленин  ногузир шуда  буд ки Масчоро мустақил эълон кунанд ва борҳо бо муборизони масчоӣ болшевикон музокираи сулҳ карда буданд”.

Баъд аз  сари Ленин  Сталин  бо  лашкари  таҷрибадори  дар  куҳҳои  Қафқоз  ҷангида  муқобили Масчоҳ ҷангид.  Масчоҳ  дар муқобили чунин  лашкари  пуриқтидор истодагарӣ кард. Ин лашкари  пуриқтидор  дар баробари  мардуми  Масчоҳ  оҷизӣ  кашида буданду талафоти сангинеро мутаҳаммил шуда буданд. Аммо сад афсӯс,ки бо дастони хоинони дохилӣ масчоиҳоро шикаст доданд. Ба  мардуми  Масчоҳ  муроҷиат  карда  мегӯям,  ки  мо гузаштагони  қавирода  доштем, ки  нисбат  ба дини  мубини  Ислом  ва мардуми  бошарафи Масчоҳ  хизмат кардаанд. Бо номусу  бошараф  бошед масчоиён. Агар Рустам хоҳад бо хуби дар курсии падараш нишинад, аввалин коре бояд кунад ин дуздону авбошонро ҳаргиз дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ набояд роҳ диҳад.Танҳо ба кадрҳо такя кунад вагарна ҳаргиз ба орзуяш нахоҳад расид.

Поёни бахши панҷум, Ғорати Масчо пас аз истиқлол, то имрӯзидома дорад бо “Ислоҳ” бошед…

Ps:  Хонандагони гиромӣ вазъияти Масчоҳ воқеан хело бад ва тоқатфарсо аст. Ҳар рӯз шикоятҳо аз ин диёри қаҳрамонпарвари ҳоло асири як туда авбош ба Ислоҳ мерасад. Агарчи аз манотиқи дигари кишвар ҳам мерасанду вазъият мушобеҳ аст. Тасмим гирифтем муҳимтарин дарду ранҷи ин мардуми салаҳшурро расонаӣ кунем ва як ноҳияро пурра тақдими миллат намоем. Баъд аз он мегузарем ба Исфара, Хуҷанд, Деваштич, Хатлон ва дигар манотиқи кишвари азизамон. Дар миёни мо кормандони “Ислоҳ” касе Масчоҳӣ нест бародарони ҳамкор мегӯянд домулло чаро Масчоҳро хело ҷиддӣ гирифтаед, дар ҳоле аз дигар манотиқи кишвар ҳам маълумот меояд? Посухам чунин буд, ман таърихи мардуми Масчоҳро хуб медонам ва муборизаҳои ин мардумро низ хуб медонам. Фаромӯш набояд кард, ки аз ҷӯе як бор об рафта бошад, бори дигар аз он ҷӯй об хоҳад рафт. Масчоҳиёни ғаюр шуморо хело дӯст медорам ва дасти якояки шуморо мефишурам.

Share This Article