Нӯҳ гурӯҳи зуррияи шайтонҳо
Умар ибни Хаттоб (раз) мегӯянд: зуррияи шайтон ба нӯҳ даста тақсим мегарданд.
1. Залийтун, вазифааш дурӯғ ва корҳои фиреб додан дар бозорро ба мардум меомӯзонад.
2. Васийн, вазифаи ин шайтон дар мусибатҳои мардум ҳузур доштан ва ба онҳо суханони ширкомезро таълиму ташвиқ кардан аст.
3. Лақус, вазифаи ин шайтон ҳамроҳӣ ва ташвиқу тарғиби ойини маҷусият (оташпарастӣ) ё зардуштия аст.
4. Аъвон, вазифаи ин шайтон бо подшоҳону раисон наздик шудан ва онҳоро васваса намудану аз роҳ бероҳ кардан аст.
5. Ҳаффоф, вазифаи ин шайтон бошад ҳамнишинӣ бо шаробнӯшон ва майхорагон аст, то онҳоро дар ин амал зиёдтар гирифтор намояд.
6. Мурра, вазифаи ин шайтон ҳамроҳӣ намудан бо оҳангсозон ва навозандагон аст.
7. Мусаввит, вазифаи ин шайтон нашри хабарҳоест, ки дар забони мардум мегузорад, то онро нашр намоянд дар ҳоле онҳо дурӯғанд ва ҳеҷ аслу сиҳҳате надоранд.
8. Досим, вазифаи ин шайтон дохил шудан дар хонаҳоест, ки соҳиби он хона мардаш дохил гардад ва номи Худоро нагирад ва салом нагуфта дохили хона гардад. Дар ин ҳолат ин шайтон вориди хона мегардад ва миёни марду зан ҷудоӣ меандозад, ки гоҳо ба талоқ анҷом ё ба ҷанҷол ва мусибати миёни зану шавҳар хотима меёбад. Пас, мардони хонавода вақте вориди хона мегардед ҳатман Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бигӯед ва Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳимро низ фаромӯш насозед.
9. Лаҳҳон, вазифаи ин шайтон васваса намудани мусалмонон миёни таҳорат ва намоз аст. Масалан дар шакаш меандозад мисли инки вузӯ надоштӣ ё надорӣ ё як ракат намози зиёд хондӣ ё ҳар чизе ба ин ду иртибот дорад.
Хонандаи гиромӣ, душманонатро шинохтӣ, ҳамчунин вазифаҳояшонро ҳам хуб фаҳмидӣ, пас аз онҳо ҳамеша дӯрӣ биҷӯ!!!