Мушкилот ва ғаму андӯҳ аз куҷо пайдо мешаванд?

Ислоҳ нет

Мушкилот ва ғаму андӯҳ аз куҷо пайдо мешаванд?

Чӣ гӯна аз онҳо раҳоӣ ёбем!

Аллома Ибни Қайми Ҷавзӣ (раҳ) мегуяд: Ғаму андуҳ ва мушаққатҳо ҳамеша аз ду роҳ ба вуҷуд меоянд..

1.) Рағбати зиёд ба дунё ва дилбастаги ба он.

2.) Кутохи намудан дар амалхои нек ва фармонбардории Аллох.(яъне дар анҷоми амалҳои нек танбали намудан ва амрҳои Аллоҳро ба ваҷҳи неку анҷом надоданро дар назар дорад)
( Иддатус- собирин. сах 317)

Аллома боз мефармоянд:

Эй фарзанди Одам миёни ту ва Аллоҳ хатоҳо ва нофармонбардориҳое вуҷуд доранд. Онҳоро ба ҷуз Аллох Субхонаҳу ва таъоло дигаре намедонад . Агар дӯст дори инки Аллох туро бубахшад.Пас дилатро аз (кина,адоват,душманӣ ва ҳасади) бандагонаш пок нигох дор. Агар хоҳи туро афв намояд! Пас ту бандагонашро афв ва бубахш.Зеро подош ва мукофот аз ҷинси амал аст. ( яъне дар дунё касе ба ту бади кард ӯро бахшиди ҳатман подоши он амалатро Аллох дар охират ва гохо дар дунё бар мегардонад. Дар дунё туроҳам бандагоне мебахшанд ин тавфиқи Илохӣ бар он бахшандаи туст. Дар охират бошад он зоти поки ақдас туро сабаби афву караму бахшишаш карор медихад .
( Бадоиъул -Фавоид ч.сах.468)

Мушкилот ва ғаму андӯҳ аз куҷо пайдо мешаванд?
Чӣ тавр аз онҳо раҳо ёбем!
Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) мегўяд: “Ғаму андўҳ ва машаққатҳо ҳамеша аз ду роҳ ба вуҷуд меоянд”:
1. Рағбати зиёд ба дунё ва дилбастагӣ ба он.
2. Кўтоҳӣ намудан дар амалҳои нек ва фармонбардории Аллоҳ, (яъне дар анҷоми амалҳои нек коҳилӣ намудан ва амрҳои Аллоҳро ба ваҷҳи накў анҷом надодан). 
( Иддатус- собирин. Саҳ. 317.)

Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ ҷойи дигар мефармояд: “Эй фарзанди одам миёни ту ва Аллоҳ хатоҳо ва нофармонбардориҳое вуҷуд доранд. Онҳоро ба ҷуз Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло дигаре намедонад . Агар дӯст дошта бошӣ, ки Аллоҳ туро бубахшад, пас қалбатро аз ( кинаву адоват, душманӣ ва ҳасодати) бандагонаш пок нигаҳ дор! Агар хоҳӣ туро афв намояд, пас ту бандагонашро афв бикун ва бубахш, зеро подош ва мукофот аз ҷинси амал аст”.
Яъне манзури Ибни Қайим(раҳ) ин аст,ки дар дунё касе ба ту бадӣ кард ва ту ӯро бахшидӣ ҳатман подоши он амалатро Аллоҳ дар охират ва гоҳо дар дунё бар мегардонад. Дар дунё туро ҳам бандагоне мебахшанд. Ин тавфиқи Илоҳӣ бар он бахшандаи туст. Дар охират бошад он Зоти поки ақадас туро сабаби афву карам ва бахшишаш қарор медиҳад. 
( Бадоеъ-ул -фавоид Саҳ.468.)

Share This Article