Қодирзода Саидвалӣ Муҳибулло, референт-ёвари муовини сарвазири Тоҷикистон кӣ ва чи корааст?
Саидвалӣ Қодирзода Муҳибулло факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва фаъолияти меҳнатиашро аз суди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе шуруъ кардааст.Аз онҷо ба ҳайси ҳуқуқшинос ба вазорати маориф меояд.Дар давраи Нуриддини Саид, ки ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҳукумати Тоҷикистон аст, то ба мақоми сардори Раёсати кадр мерасад. Соли 2019 сармутахассиси Раёсати маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин мешавад ва аз соли 2020 то ба имруз референти Матлубахон Сатториён – Матлюба (Матлубахон) Амонджановна Сатторова муовини сарвазири Тоҷикистон мебошад.
“Агар диққат дода бошед Матлубахон Сатториён соли 2020 муовини Сарвазир таъин гардид. Албатта Матлубахон Сатториён зодаи Хуҷанд узви ҲХДТ аз 3 уми ноябри соли 2020 ба ин вазифа таъин гардидааст. Аммо бояд референт ё ёрдамчияш бояд аз Данғара ва боз ҳамсинфи Парвина Раҳмонова бояд бошад. Яъне боварӣ нест ба мардуми Суғд, агарчи аъзои ҲХДТ ҳам бошад ва худро ба пешво содиқ ҳам гӯяд боз ҳам фоида надорад. Дигар қазоват ба шумо хонандаи тез ҳуш.”
Саидвалӣ Қодирзода Муҳибулло зодаи Бошбулоқи Данғара аст. Ҳамсинфи Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Бале, ҳамон Парвина, ки аруси Шералӣ Гул, собиқ вазири саноат ва энергетика, хонуми Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст. Парвина, директори кулли ширкати фармакологии «Сифатфарма» ва ноиби яке аз раёсатҳо дар вазорати тандурустии Тоҷикистон мебошад. Саидвалӣ Қодирзода соли 1984 ба дунё омада ва 38 сол дорад. Бо Парвина хешутаборӣ надорад. Модари Парвина «ледии аввал»-и Тоҷикистон ва модари Саидвалӣ солҳои пеш, замоне, ки Азизмоҳ ҳам дар Данғара ба сар мебурд, дугона будаанд. Вақти говҳоро ба подаҷо бурдан дугона шудагӣ будаанд.
Саидвалӣ зиёдтар бо нафаре бо номи Ҳусейн, ки бачаи кадом калоншаванда аст, вақти худро мегузаронад. Чанд мошини гаронарзише, ки Ҳусейн дорад, ҳамагӣ як рақам: 0017 доранд. Саидвалӣ дар хонавода 6 писар ва 1 духтаранд. Саидвалӣ дуто зан дорад. Бо зани дуввумаш бештар вақт мегузаронад.Чунки зани дуввумаш дар хеле аз корҳояш шарик аст, махсусан вақти аз одамҳо пулро гирифтан, ҳамин занаш мераваду маблағҳоро мегирад. Саидвалӣ аз зани якумаш 4 бача дорад. Зани дуввумаш 2 бор шавҳар кардагӣ аст. Саидвалӣ шавҳари сеюмаш. Зани якумаш Шаҳло ном дорад. Саидвалӣ мегуяд: «мара Парвина корда мондай ҳиҷка мара гап зада наметона, даже аму муовини сарвазир я будикаи пеши мада чор қад шида гап мезана». Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир аз Сайдвалӣ метарсидааст ва ё не инро бояд таҳқиқ кардан лозим. Ҳатман ин қисматашро таҳқиқ менамоем.
“Агар ҳамин ҳоло ҳам кадоме наздаш биравад ва бигуяд, ки фалон вазифаро гирифта ба ман бидеҳ, не намегуяд, пули он одамро мегирад аммо корашро буд намекунад, ё як нафар меояд, ки додараш, ҷиянаш ва ё ягон наздики дигарашро ба донишгоҳ дохил кун, майлаш мегуяду пулашро мегирад, аммо кори инро ҳам баробар намекунад. Вақте он одам ба сари пул омад, мегуяд, ки «пула ма малимада бурдм, бтонен брен бгирен». Муаллима ин яъне Озода Раҳмонова . Хуб, вақте вай ин гапро гуфт, ки дигар «дух» мекунаду меравад пеши муаллима? Дар ҳоле, ки ӯро аслан намеёбӣ.”
Хуб, ҳоло биёем ба асли матлаб. Саидвалӣ даҳҳо, шояд хеле теъдодашон зиёд бошад, нафарҳоро фиреб дода пулҳои онҳоро гирифтааст. Барои мисол аз як нафар, ки «мулло» садояш мезадаанд, яъне «мулло» лақаб дорад 100.000 доллар мегирад, ки ӯро ба воситаи Парвина раиси ноҳияи Ваҳдат таъин мекунад. Аммо нафари дигар раиси ноҳияи Ваҳдат таъин мешавад ва он «мулло»,ки ин 100.000 доллларро аз касе ва ё шояд чанд касе қарз гирифтааст, то ҳоло кораш қарзканӣ аст. Ин нафар раиси ободонии Ваҳдат будааст, кораш ҳам бад набудааст, аммо ҳоло қарз канда истодааст.
“Аммо ҳамин зани дуввуми Саидвалӣ Сайёра Раҷабова гуфтааст, ки Саидвалӣ ягон корро бе розигӣ ва маслиҳати Парвина анҷом намедиҳад. Чанд нафари фиребхурда мераванд, ки корамонро баробар накардӣ, пулҳоямонро баргардону деҳ, Саидалӣ ва занаш онҳоро таҳдид карда тарс медиҳанд, ки ба кадом мақомоте, ки раведу шикоят кунед, шуморо ҳам барои онки пул додед, «статя» мезанем, дигар ин бечораҳо ҳама хомӯшу сокит мешаванд.”
Ман худам як муҳоҷири корӣ ҳастам. Ду сол аст ки дар Маскав қарор дорам. Ҳамин Саидвалӣ аз мо 5000 доллар гирифту гуфт, ки донишгоҳ дохил мекунам. Накард, пулҳоямонро ҳам надод. Ба сараш рафтем. Гуфт, ки ман ҳамсинфи Парвина ҳастам. Ягон кор аз дастатон барнамеояд. Вай, агарчи ёрдамчии муовини сарвазир будааст, аммо дар ҳамаҷо худро ёрдамчии муаллима (Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон) мегираду ҳамсинфи Парвина. Чандин нафарҳоро рӯйирост «кидат» кардааст. Вақте ба сари пулатон меравед, мегуяд «гуш кун, наметмтон, чхел фаҳмиден». Телефонашро мебарораду мегуяд, «озир занг мезанм миян ай амича мевардорант бурда праблематон мекнм». Хуллас, ба мардум фиребӣ машғул аст. Ду зан дорад. Чи хеле гуфтам зани дуввумаш мисли худаш як мошшеник аст. Номаш Раҷабова Сайёра. Мегуяд,ки «шавҳарма мегум любой вазифатон мета».
Даст дарозӣ ба номус барои унвони “Аълочии маориф” дар Вазорати маориф ва илм
Чи хеле гуфтем Қодирзода Саидвалӣ Муҳибулло дар гузашта сардори Раёсати кадри вазорати маориф буд. Дар ин вазорат ҳама намуди корҳои ғайриқонуниро иҷро мекард. Як маротиба як муаллимае аз як ноҳияи дурдаст ба кабинеташ даромада аз ӯ мехоҳад, ки ба вай дар бораи гирифтани «Аълочии маориф» мусоидат намояд. Чунки мегуяд ин муаллима ман дар воқеъ дастовардҳои кам надорам. Дар ҷавоб ин марди палид мегуяд, ки як бор ҳамхобагӣ мекунӣ «любойчира даркор шава, ёрдамут мекунум, хоҳӣ директори мактабт мекнм».
“Шавҳари ин зан омада як вазоратро ба сари вазиру дигарҳо мебардорад. Барои бе эҳтироми номи он муаллимаи бо шараф ва шавҳари ӯро наменависем. Аммо ҳаминхел он муаллима дигар корро аслан дар соҳаи маориф бас кард. Ин корро дар вазорат ҳама медонад. Аммо аз тарси онки Саидвалӣ ҳамсинфи Парвина аст ҳама корро орому сокит нигоҳ медоранд. Метавонед ин саволро аз Нуриддин Саид пурсед сад дар сад тасдиқ мекунад, агар аз Парвина натарсад ба шарте.”
Рости гап одамҳоеро, медонум, ки дар хунаш ташнаанд. Аммо аз дасти мо ҳеҷ чиз намеояд.
Чандин бор ҷамъ шуда ба назди Дастгоҳ рафтем. Гуфт «гуш кнен, иди на.. шен, ки ози бурда амата суд мекнм.Ма ай данғарайм, куни гапзана медронм».
Дар вазорати маориф бо чандин нафар аз занҳои гумроҳ амалҳои ғайри машрӯъ анҷом додааст.
“Як маротибаи дигар ба сари пул рафтем 5 нафар будем. Мисли одам ҳамроҳаш гап задем. Гашту гуфт: “ боварам кунен ба муаллима пули зиёд додам, яъне ба роҳбари дастгоҳ Озода Раҳмонова . Бояд вазифаи калон гирам, баъд ҳал мекунам». Дигар телефонҳои моро ҷавоб надод, ман худам то ҳозир қарз канда истодаам.”
Саидвалӣ ҳамсинфи Парвина аст ва ин дуруст аст, аммо акаи Саидвалӣ ҳамсинфи Озода будааст, аммо моро мегуфт, ки муовини Озодаи Раҳмонова аст. Фаҳмидем, ки дуруғ мегуфтааст.
Барои он ин гапҳоро ба шумо навиштам, ки ду моҳ боз натавониста истодаам, ки аз инҷо пул фиристам. Нашуда истодааст, кор надорем аз охири моҳи соли гузашта дар ҳолати хело баде қарор дорам. Аммо онҷо бояд қарзро биканам. Суроғаи Саидвали Қодирзода Муҳибулло кучаи Чехов дар муқобии меҳмонхонаи Ҳилтон аст. Валлоҳӣ қасам зури бадам омад, ака дар ин муҳоҷират. Мо аз он метарсем, ки ба оилаҳоямон зиён мерасонанд. Аз дасти ин ҳаромҳо ҳама кор меояд.
“Номерҳои дастии худаш ва занашро дорам. (рақамҳои телефони ҳарду дар “Ислоҳ” маҳфӯзанд ва агар хоста бошад Садвалӣ менависем дар барнома рақамҳояшро)”
Аз як шахси дигар аз ноҳияи Ҷалоллидини Балхӣ маблағи 18.000 долларашро гирифта ваъда додааст, ки квотаи Донишгоҳи тиббиро гирифта медиҳад. Бечора хонаашро фурӯхта пулро додаасту то ҳозир дар иҷора мешинад. Падараш дар коллеҷи техникӣ муаллим буд.
Он қадар ҳаяҷон дорам, ки намедонам чи тавр баён созам, намедонам кадом ҷинояташро гуям. Як навбати дигар гуфт:-«мара гуш кн, бисё пат пат накун, зури не мақомот мераса, не ичи. Даркор шава то Ҷаноби олира медром, гап мезанм, оли шумо намедонен ма кийм». Боз воҳима карда номи кормандони Дастгоҳро мегираду мегуяд, ки «фалонира супориш метм ихе кора бут мекна. Қудрати ма калонай». Мисле Асадулло Раҳмон ҳам аз Сайдвалӣ метарсидааст.
Ин Саидвалӣ бисёр ҳам муғамбир аст. Дар аввал, вақте пулро мегирад худашро марди хубу бо имон ҷилва медиҳад, аммо баъд аз онки пулро гирифт дигар ҳаромиву дуруғу фиребро сар мекунад. Қадаш як мундуқ аст. Якто бизаниаш, мумкин дар ҷояш шиканад. Дар назди мардум худашро ботамкин ва боодоб вонамуд мекунад. Ба чандин рафиқонаш ҳам арзи дил кардем, баромадем, рафиқонаш гуфтанд, аммо ба кала намегирад. Гуфтааст,ки дар нисбати вай дигарҳо туҳмат мекардаанд. Бо мошинҳои қиммат мегардад: BMW, Тойото камри, Лексус ва ғайра.
“Зани дуввумаш Сайёра Раҷабова 3 кудак дорад. Кудаки охирини ин зан аз Саидвалии ҳаромхур аст. Ба ин кудак номи падари Саидвалӣ-Муҳибуллоро гузоштааст. Яке аз мошинҳои бешумори Саидвалӣ Камрии сиёҳ. Рақами давлатиаш 0888.”
Хонаи зани дуввумаш дар Жилмассив дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аст. Зани якумаш дар кучаи Чехов рӯбарӯи меҳмонхонаи Ҳилтон, ки пештар Шератон ном дошт. Кораш ҳаррӯз дискотека ба дискотека гаштан аст. Ҳамроҳу шарики ин корҳояш ҳамон Ҳусейн аст, ки гуфтем бачаи кадом мансабдор аст. Вақте пули моро гирифтан ҳамроҳи ҳамон Ҳусейн бо як Кемрии 5-и сиёҳшиша, рақами давлатиаш: 0017. Номерҳои Озода Раҳмонова ҳам ҳамин хел аст: 0017. Зани дуюмаш дар ҳақиқат мошшенитсаи гузаро аст. Вақте мо ба сари пул рафтем занг зад ба кадоме. Омаданд 2 мошин одам. Як намуд «угрожат»-амон карданд. Мо,ки бо очаам будем аз тарс дигар натавонистем чизе бигуем. Баъдтар фаҳмидем, ки ин гуна корро на танҳо бо мо, балки бо даҳҳову садҳо нафар муносиб дидаанд. Як гап гую қандатро хур. «Фалонтон мекунам» гуфта гапзанӣ намемонанд: « да Душанбе фалон мекнм гапзанша».
Ба коргоҳи Парвина ҳамроҳи модарам рафтем.Ба «Сифатфарма». Қабуламон накарданд.Аз онҷо рост рафтем ба хонаи Саидвалӣ. Гуфт, ки ин дафъа ҳатман мебинам,ба занаш қасам хурд, ки проблемаат мекунам. Дигар нарафтем. Чкн имрӯз аз қарздориям сахт ранҷро эҳсос кардам ва каме фикр кардам,ки охир ман пули қарз кардаамро ба Садвалӣ додаам вале ман дар азобам. Ягон ҷой дардамонро гуфтан ин “Ислоҳ” аст ва умед дорам шумо ба дарди мо расидагӣ мекунед. Садвалӣ ба мани камбағал раҳм намекунад ақалан Парвина Раҳмон ва ё Озода Раҳмон агар ин ду ҳам раҳм накарданд ҳамон муовини сарвизр Матлубахон Сатториён ин пулро баргардонад. Охир мо ҳам инсонем ва моро аз ин бештар дар азоб намонед.