Боздошту зиндонӣ кардани рушанфикрони динӣ-муллову домулло ва имомхатибҳо, дар маҷмӯъ табақаи руҳонияти кишвар дар Тоҷикистон як сиёсати ҳисобшуда ва огоҳонаи Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки аз исломситезӣ ва исломҳаросии вай маншаъ мегирад. Раҳмонове, ки ҳанӯз ба ҳайси раиси совхози Ленини Данғара дар қатори тазоҳуротчиён дар баҳори соли 1992 бо шиори “Нест бод ислом” (хок бар даҳанаш) аз музофот вориди пойтахти Тоҷикистон шуда буд, тамоми ин ҳама муддате, ки дар сари қудрат аст, ҳамин сиёсати исломзудоиро пайгирӣ ва татбиқ кардааст: бастани садҳомасҷид ба баҳонаи набуди аснод ва табдил доани онҳо ҳатто ба пивофурӯшӣ, манъи омузонидани аркони ислом ва обдасту намоз ба фарзандон, қатъи ширкати ҷавонони то синни 18 дар ибодат дар масҷид, манъи ҳузури занҳо дар масоҷид ва манъи сатру ҳисоб, тарошидани риш ва садҳо ихлолу мавонеи дигар дар роҳи ислом.
Домуллоҳои муътабари кишварро аз минбару меҳроби масҷид пойин овард, мавъизаҳои имомхатибҳоро бо дастони атеистону файласуфони мулҳид навишта истодааст, мудохила ва назорати мақомоти амниятиву интизомиро болои аҳли намоз дар масоҷид беш аз пеш пурзӯр карда истодааст, ки ин ҳама бори дигар шаҳодат медиҳад, ки дар сари мардуми мусалмони тоҷик як нафар тоғут ва як нафар ёғиву осии дин ҳукумат меронад.
Исломситезии Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай баъди мамнуъ ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ танҳо ҳизби сиёсии динӣ дар қаламрави шуравии пешин дар тирамоҳи соли 2015 суръати бештар касб кардааст. Раҳмонов бо баҳонаи онки ин ва ё он имомхатиб наҳзатӣ аст ва ё бо наҳзатиҳо ҳамкорӣ мекунад, садҳо нафар олиму донишманди тоҷикро зиндониву бандӣ карда рӯзгор ва зиндагии онҳро шикастан дорад.
“Боздошт ва бандӣ кардани Мавлавӣ Абдуллои язгуломӣ (Абдулло Қувватбеков) ва бародараш дар рӯзи 18-уми июн низ дар ҳамин росто қобили арзёбист. Матбуот ахиран аз қавли мақомоти тафтишотӣ навишт, ки Мавлавӣ Абдуллоҳи язгуломӣ феълан дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд.”
Аз манзили ӯ чанд китоби мазҳабӣ ва 80 ҳазор доллар мусодира шудааст. Рӯзи 20-июн ду нафар муфаттиш барои гирифтани баёнот ба манзили зисти ӯ омадаанд. Яке дигар аз бародарони ин Мавлавӣ гуфтааст:
“муфатишон ба ӯ ва дигар пайвандонаш суолҳои зиёд доданду забонхат гирифтанд. Аз ман пурсиданд, ки ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд ва суолҳои дигар доданд. Ман гуфтам, ки дар хона ба таълими фарзандон машғул буд ва гоҳ-гоҳ даъваташ мекарданд ва дуо мехонд.”
Аз тарзи суолгузориҳои муфаттишон маълум аст ки онҳо ба як нафар руҳонӣ то чи ҳад машкук ҳастанд ва дар шахси вай чи душманеро таъқиб доранд: “ӯ чӣ таълимот медод, ба куҷо дуъохонӣ мерафт, киҳо ба назди ӯ меомаданд, ба чӣ корҳо машғул буд?”
Ин албатта, аз ҳамон сиёсати исломзудоии Раҳмонов сарчашма мегирад, ки тафтишот ба як нафар руҳоние, ки таълимоти Аллоҳро барои ҳамқавмони худ дарс додааст ва ё бо каломи Аллоҳ барои онҳо шифо хостааст, чи қадар мутанаффир аст ва дар симои вай як нафар мазнун ва муҷримро мебинад. Ин магар барои мусалмонҳои тоҷик фоҷеа нест, ки дину оинашон, муқаддасоташонро то ба ин ҳад мавриди иҳонат қарор медиҳанд ва як нафар рушангари беозори дин, ки тамоми ин ҳама асрҳо бологузар ва ҳатто маҳрами хонаводаҳо буд, ба хоки хориву зиллат мекашонанд. Танҳо ба хотири онки ризои Раҳмоновро касб кунанд, ӯро қаноат диҳанд, пушт ба исломи худ мекунанд.
Ба навиштаи расонаҳо Мавлавӣ Абдулло аз руҳониёни маъруфи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст ва наворҳои суҳбату мавъизаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр шудаанд.
Гуфта мешавад, ки наворҳои мавъизаи ин руҳонӣ тамошобини зиёд дорад. Бародари Мавлавӣ Абдулло гуфтааст, ки мақомот Мавлавӣ ва бародари ӯро ба он муттаҳам кардаанд, ки гӯиё ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Ислом иртибот доштааанд.
Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣ ва дуохонӣ машғул будааст.
“Воқеан ҳам ин ҳама иттиҳому айбмониҳо таҳқир аст. Таҳқири ошкорои ислом ва урфу таомули мусалмонӣ.”
Магар Тоҷикистон давлати атеистӣ, давлати бехудоӣ аст? Инки як мулло ба хотири шифои як бемор ба сари болини ӯ даъват мешавад, оят мехонад, руқияи шаръӣ мехонад, манащи як майтро мебандад, ҷаноза мехонад,никоҳ мекунад, ба сиёсату ба кори давлат чи рабте дорад ва чи халал мерасонад? Агар таҳти таъсири дуоҳо ва руқияи шаръии мехондаи вай як бемор шифо ёбад, ин магар ҷиноят аст? Ҳоло ки барои вай бояд ташаккур кард, ки маризеро мудавво кард, мушкилеро аз сари як нафар бо шифои ваъда намудаи Аллоҳ,ки гуфтааст: “Ҳангомеки бемор шавам ӯ шифоям медиҳад” рафъ кард. Ҳамин тавр не? Агар дуо манъ аст, агар қироати оят манъ аст, пас, эълон бикунед! Эълон бикунед ва Сайидмукаррамро бигӯед, ки фатво содир кунад. Ҳамчуноне, ки фатво содир кард, ки рӯза надореду кор кунед. Ҳаҷ наравед садақа кунед.
“Хеле ҳам аз ҲНИТ тарсу ҳарос доред, ки бо вуҷуди онки 5 сол аст дар кишвар амал намекунад, аз ҳамкории мардум бо он мегӯед. Ҳамкории ҲНИТ бо мардум баракс беш аз пеш афзуда истодааст. Шумо, ки наметавонед тамоми ҳамкорони ҲНИТро маҳкам кунед. ҲНИТ дар хобҳои шаби шумо медарояд. Барои шумо кобус шудааст. Шояд борҳо хоб дида бошед, ки шумову Рустамро ҲНИТ дар маҳкамаи адли одилонаи миллат ҳукми абад дода истодааст. Аз ин сиёсату аз ин исломбезориву исломозории шумо мардуми кишвар хаста шудааст.”
Бубинед, ки дар вокуниш ба дастгир кардани Мавлавӣ Абдулло як нафар хонандаи сафҳаи “Озодӣ” бо хашму ғазаб чи навиштааст:
“Бас аст туҳмати уламо, бас аст фишор бар уламо , бас аст террори уламо, бас аст куштани уламо, бас аст зиндонӣ кардани уламо. Шумо ҳукуматиҳо инсон ҳастед? То ба кай ин кори аҳмақонаатона идома медиҳед? Дар ҷони ин мардум ва миллат задед. Дар Кулоб садҳо хона вайрон шуд, барои хок пошӣ ба чашми мардум се хонаро ба афроди худатон рост карда додед, ҳоло се моҳ дар телевизиёну радиё таблиғ мекунед, ки мо ба мардум кумак кардем. То кай ин фиребкорӣ? То кай ин зулм?”
Бар тибқи навиштаи расонаҳо мавъизаҳои Мавлавии язғуломӣ ҳаводорони зиёд доштааст. Хуб, дигар яқин аст ки Шумо як нафареро, ки байни мардум обрӯ касб мекунад ва шахсият мешавад, чашми дидан надоред ва дар симои вай рақиби эҳтимолиро мебинед. Ин нишона ва натиҷаи тарси шумо аст. Маълум аст ки барои чунин шахсиятҳо шумо маҷол намедиҳад, бахусус, ки агар вай як мулло бошад ва боз аз минтақае бошад, ки шумо онҷоҳоро ба чашми душман мебинед.
Аммо ҳоло тамоми масъала 1 тараф гузошта мешавад ва ҳарф ҳарфи 80 000 доллар хоҳад буд. Ин як нуктаи фарқкунанда дар ин қазия аст ки барои Эмомалӣ Раҳмонов ва тафтишот бағоят ваҳшатнок ва ташвишангез аст:
Ин Мавлавӣ ин ҳама пулро (80.000 доллар) аз куҷо ёфта бошад?Мо медонем, ки Раҳмонов аз онки ягон нафар тоҷики ғайри авлоди вай пулдор шавад, сахт нороҳат мешавад. Вайро мефорад, ки тамоми халқи Тоҷикистон фақат ва фақат дар фикри “захираи 2 сола” бошанд. Вай ва бачаҳояшу домодҳояш миллиард-миллиарди мардумро дузданду бой шаванд, майлаш, аммо агар аз хонаи як мулло 80.000 доллар пайдо шавад, васвосу девона мешавад:
“Шояд Кабирӣ барояш дода бошад? Шояд ягон наҳзатии дигар? Ин муллоҳо ҳоло ҳам сумдоранд? Ятимов куҷоро нигоҳ карда бошад, Рамазон Раҳимзода чӣ. Шояд салафиҳо фиристода бошанд?”
Ва,ин фикру андешаҳо Раҳмоновро ором намегузорад. Тафтишот ҳам инро медонад ва бояд ин мавлавиро маҷбур кунанд, ки бигӯяд 80.000 ҳазор долларро чи тавр ёфтааст? Барои Раҳмонов мусодира кардани 80.000 доллар аз хонаи ягон муфаттиш, ягон судя, ягон муаллими донишгоҳ ва ё ягон корманди Идораи замин, чизи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Дуздида шудани 500 ҳазор доллар аз хонаи Сафар Ҷобирзодаи домоди Нуриддин Раҳмонов аз Кулоб бо ҷавоҳирот ва тиловориҳо дар моҳи рамазони имсол чаро расонаи нашуд ва ин қазия Раҳмоновро мушаваш насохт? Чаро аз хонаи додари Мансур Умаров 800 ҳазор доллар ва чанд кило тилло ва ҷавоҳирот Раҳмоновро мушавваш накард? вале аз хонаи як мулло ошкор шудани ин миқдор пул ҳамчун хатар ва таҳдид ба амнияти ҳукуматаш фаҳмида мешавад? .
Ҳамин ҳоло,ки аз боздошти Мавлавӣ Абдуллоҳи язгуломӣ беш аз як ҳафта сипарӣ мешавад, маълум нест, ки ба ӯ расман чӣ иттиҳом зада бошанд ва то ба ҳоло ӯро дар асоси кадом қонун дар таҳхонаи милисаи ноҳияи Сино нигоҳ медоранд? Дар ҳоле, ки тибқи қонун як нафари мазнунро тафтишот ҳақ надорад беш аз 72 соат боздошт кунад ва агарки ҳабси вай идома биёбад бояд, ки айб эълон кунад ва аз додгоҳ барои идомаи тафтишот санксия бигирад. Аммо нафари мавриди назар то ҳамин имрӯз ба таври ғайриқонунӣ дар ИВС-и ноҳияи Синои Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва номаълум аст ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин шудааст ё хайр? Ин тарзи муносибат ҳам таъкид мекунад, ки сиёсати исломситезии Раҳмонов дар тамоми зинаҳои давлатӣ ба иҷро расонида мешавад.
Ps: Агар мардум ҳаминхел хомӯш бошанд ва ин ҷинояткорони мақомдор шикорро идома додан гиранд. Пас омода бошед ба наздики дар никоҳи писарону духтаронатон аз Чин муллои будоӣ меоред ва никоҳашон мекунед. Мурдаҳоятонро бе ҷаноза мегуронед,агар садо баланд кунед охир мусалмонем ба шумо тамғаи наҳзатӣ ва гурӯҳи 24 ва хоину ватанфурӯшро мезананд. Наздикони Мавлавӣ Абдуллоҳ хомӯш набошед ва аз ҳаққи ҳалоли қонунии худ талаб кунед. Ҳеҷ ваъдаи ин дуздонро бовар накунед, инҳо аз поя ва асосашон душманони ин миллат ва мардуманд. Мо гуфтему шумо шунидед.