(бахши ёздаҳум)
Хонандагони гиромӣ. Ин бор ҳам як каме мунтазиратон кардем. Вале ваъдаамонро фаромӯш накардаем. Талошамонро барои ошкор кардани шахсияти нафароне, ки боис шуданд яке аз бонкҳои калони кишвар “Тоҷиксодиротбонк” муфлис ва садҳо хонавода хонахароб шавад ва «схемаҳои дуздиву пулкоркунии онҳо» идома медиҳем. Мо, бо ин навиштаҳо ҳадафамон ин аст, ки онҳоро як каме ба номус ва виҷдон оварем то пулҳои мардумро пас диҳанд. Мехоҳем тавассути афкори умум таъсир бирасонем, ки агар заррае виҷдон ва имон доранд аз паси пардохти пули мардум шаванд. Аз маблағҳои ба оффшорҳо пинҳоннамудаи худ, ба номи зану фарзандон гузошта, аз амволи харидорикардаи худ бигзаранд ва пули мардумро бидиҳанд. Ва дар ин навишта ҳам ҳамин масъаларо пайгирӣ кардаему ба он авлавият ва диққати ҷиддӣ додаем.
Дар ин нашри вижаматлаб дар бораи Шерхон Салимов ва падараш муаллим Одина ҳам маълумотҳоеро мехонед,ки барои бори аввал нашр мешаванд ва ман итминон медиҳам,ки муи танатон сих мешавад.
Ҳоло шуруъ кунем аз «Тоҷиксодиротбонк»
Аҷоибии кор дар он аст як чанд нафар дӯстону рафиқони Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков роҳбарони ҳам акнун бонки мавҷуднабудаи “Тоҷикисодиротбонк” солҳои аввали бонкдориашон ба онҳо дӯстона маслиҳат доданд, ки аз уҳдаи бонкдорӣ намебароед. Чунки тамоман таҷрибаи ин соҳаро надоред. Боз бадии кор дар он аст ки мутахассисони беҳтарини бонкро, ки даҳсолаҳо кор мекарданд, “ин одами бегона” гуфта аз кор рондед.
Тоҷиддин Пиров ва Қурбон Хушаков ба ҳамаи ин маслиҳатҳо нигоҳ накарда, бо он нафароне, ки маслиҳат доданд, ҷангҷолҳо карданд, ки мо худ профессор ҳастем ва ҳамаро беҳтару бештар мефаҳмем. Мисол меоварданд, ки пешво раиси як хоҷагии майдатарин ва қашшоқтарини ҷумҳурӣ буд, солҳои зиёд роҳбарӣ дорад, магар мо як бонкро идора карда наметавонем. Ҳамин тавр, то охирон коргари оддии бонкро аз шиносу ҳамшаҳриҳои худ бо беҳтарин мутахассисон иваз намуданд. Дар Тоҷикистон мутахассис на он қадар қадру қимат дорад, дар Тоҷикистон бояд хушомадгуй, хабаркашӣ хуб бошӣ ва ҳатман “Раис ман ба шумо ҷонамро медиҳам“ гуфта тавонӣ, дар он сурат, ту кадри “худӣ“ ва карйераи хуб пайдо менамоӣ. “Тоҷиксодиротбонк” низ кадрҳои беҳтарини худро аз Фархору Кули Суфиён ана бо ҳамин принсип ҷамъ намудааст. На фақат дар “Тоҷиксодиротбонк” ин ҳолат ҷой дошт, балки аз рӯзе, ки пешво пайдо шудааст, ин сиёсати кадрӣ дар тамоми вазорату идораҳо ривоҷу равнақ ёфтааст. Пешво доимо дар телевизион шарм накарда мегуяд, ки “мо бояд маҳалгароӣ накунем” лекин худаш баръакси гапҳои худ амал мекунад. Масалан нафари аввал аз ягон қишлоқи Данғара ё Фархору Кангурту Колхозобод бошад, то охирон қаравули дарвоза ҳатман аз он ҷой мешавад. Нисбати маҳалгароӣ садҳо маротиба гуфтем ва боз мегуем. Аз рӯйи маълумотҳои ба даст овардаамон, бо баҳонаҳои зиёд, ҳеҷ кас аз қаҳрамонон намехоҳад бо хоҳиши худ маблғҳои дуздикардаро аз “Тоҷиксодиротбонк” баргардонад, то ин ки як қисм маблағи мардум руйпуш гардад. Дар хонаҳояшон ҷангҷол, ҳама асабонӣ, оилаҳои ҷавонон аз ҳам пошида ва вайрон шуда истодааст. Масалан ҳамсари Сорбон, келини Хушаков Қурбон баъд аз чопи мақолаҳо тарки хона намуда, ба назди падару модараш, ба шаҳри Маскав рафтааст. Раиса Махсумовна ба ин рафтори келин тоб наоварда, сахт хашмгин щуда, ӯ ҳам ба сӯйи Маскав сафар кард ва дар назди падару модараш келинро бераҳмона латукуб ва дилашонро хунук карда ба Душанбе баргашт. Ба падару модараш ҳам таҳдид кард, ки агар ба Тоҷикистон поятон расад аз прокуратураву коррупсия халос намешавед. Раиса Махсумовна рост ҳам мегуяд. Барои он ки аз як тараф ҷонишини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор доимо “янгаҷон чи хизмат” гуфта меистодааст, аз тарафи дигар собиқ Прокурори генералӣ низ дар давраи нафакахурӣ вақти зиёди худро дар назди оилаҳои Хушаков Қурбон ва Пиров Тоҷиддин мегузаронида асту доимо ба хизмат тайёр будани шогирдони худро ёдовар мешудааст. Аз нашр шудани бисёр сиру асрори оила, Раиса Махсумовна тасмим гирифтааст, ки тафтишотро (расследования) ба дасти худ гирифта, нафари хиёнаткоре, ки дар байни дӯстони Хушакову Пиров ҳастанду сирру асрор ва ҳамаи хабарҳоро ба “Ислоҳ” мерасонад пайдо намуда, сахт “наказать” кунад. Ба фикрам Раиса Махсумовна романҳои детективии Агата Кристиро бисёр хондаанд ё филмҳояшро тамошо кардаанд ё ин ки бо прокуророн зиёд ҳамнишин шуданд. Аз ин хотир ба сари якчанд рафиқони куҳнаи оилавӣ, мисли шери мода, сахт дарафтода беобруй ва бо суханҳои қабеҳ онҳоро дашном доданд. Ин ҳолати янгамуллоро фаҳмидан мумкин аст. То чопи мақолаҳо дар “Ислоҳ”, ҳафтае 2-3 маротиба дар ресторанҳои беҳтарини шаҳри Душанбе бо оилаҳои Тоҷиддин Пиров, Давлаталӣ Саидов, як қатор прокуророн вохурӣ ва хурсандиҳо доштанд. Вақти овардани хурокҳо ҳама бо як кафкубиҳо чак-чак мезаданд ва ба пешхизмат “чаевые” медоданд.Ин миннатдорӣ ба шеф-повар будааст, ки пухту пазро аз Фаронса омӯхта будааст. Ҳоло бошад ин хурсандиву “гаштак”-ҳо ба дили ҳеҷ кас ҷой намегирад. Ҳама аз ин вохуриҳо худдорӣ намуданд. Албатта, ҳамаи ин “стресс” аст ва ба саломатӣ зарар дорад.
Вақтҳои охир ҷаласаҳои Қурбон Хушакову Тоҷиддин Пирову Ҳусейн Идиев ва дигарон бо қоидаҳои нав, нисбатан махфӣ ва бехатар мегузаранд. Барои он ки дигар ба ҳеҷ кас боварӣ нест.Хушаков дар охирон ҷаласа бисёр нолиш намуд, ки корро сари ягон пружа сар накарда алакай касе ба “Ислоҳ” хабар мебарад. Бисёр хуб нест, ки суханҳо ва дарди дили Шерхон Салимов ва хизматҳое, ки ба мо муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор кард ва карда истодааст овоза шудааст, ки ба карераи ӯ дар оянда зарари худро мерасонад. Мо, ҳар касе, ки ин ҷо иштирок менамояд, бояд бо китоби муқаддас касам бихурад, ки гап дар ҳамин ҷо бимонад. Аммо афсус, ки “девор муш дорад, муш гуш дорад”.
Дар евротури охирон Қурбон Хушаков дар Европа, бо як намояндаи соҳибкори тоҷикистонӣ Аваз Назаров, ки ҳоло дар Узбекистон сохтумонҳои стансияҳои обӣ оиди тавлиди барқ ва сохтумони тунелҳо машғул аст, вохурӣ намуда роҷеъ ба нақшаҳои ҳамкории Эрону Узбекистон ҳамсуҳбат шуд. Он ҷо қайд кард, ки дар Тоҷикистон хеле соҳибкорӣ душвор шудаасту ба мушкилиҳои зиёд дучор мешавед. Ҳамаи бизнесҳои калон дар дасти хешу табори Оила аст. Аз ин лиҳоз мехоҳем барои сохтумонҳои ГЭС-ҳо ва тунелсозиҳо ё дигар пружаҳои Узбекистон иштирок намоем. Чунки дар ин ҷумҳурӣ қонун каме кор мекунад ва бо маҳсулотҳои сохтумонӣ ба мисли арматураву сементҳои маркаи М-1000, ки барои сохтумонҳои махсус истифода бурда мешаванд аз Эрон ба Узбекистон равон намоем. Намояндагони ширкати Аваз Назаров низ ба ҳамкорӣ розӣ шуданд, фақат бидуни пешпардохти маблағи маҳсулот. Ба фикрам онҳо низ аз вазъияти Хушаков Қурбон бохабар ҳастанд. Хушаков Қурбон ғайрат намуд, ки онҳо ба ӯ бовар кунанд, ки одами боимону намозхон, муллову ҳалолхур аст. Лекин онҳо гуфтанд, ки ҳар фарди мусулмон бояд ҳамин тавр бошад, на фақат шумо. Шарти ҳамкории мо ин аст, маҳсулотро то гумруки Узбекистон мерасонед, баъд маблағатонро мегиред. Ҳоло бошад Хушаков Қурбон дар ҷустуҷӯйи ягон соҳибкор-инвестори “худотарс”, ки ба амру маъруфи Хушаков фирефта шуда, ягон миллион доллар ба Эрон пешпардохт кунад аст. Зеро,ки эрониҳо ҳам дигар ба ин академики тоҷик, мавлавии асри 21 бовар намекунанд. Новобаста ба ҳолати имрӯзаи Эрон, ки митингҳову бесарусомониҳое шаҳрҳои Эронро фаро гирифтааст, Хушаков Қурбон ба муҳлати ду рӯз ба воситаи Туркия рафт. Лекин аз рӯйи ахбори мо ба Раиса Махсумовна дуруғ гуфт, ки фақат ба Туркия меравад ва қафо бармегардад, чунки Раиса Махсумовна дигар Хушаковро ба Эрон танҳо рафтанӣ намегузорад, ки мавлавӣ боз ба “корҳои сиёҳ ва сиғакуни”– и худ машғул нашавад. Аммо муҳим як сафаре ба Эрон ҳам доштааст ва ҷузъиёти ин сафар баъдан ба тафсил нашр мегардад.
Падари Шерхон Салимов бо чӣ ҷурме зиндонӣ шуда буд?
Давоми розу асрори Шерхон Салимов, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон
Шерхон Салимов худ қоил мешавад, то замоне, ки вакили порлумони Тоҷикистон интихоб нагаштам, ҳақиқати ҳолу зиндагии мардум, нобаробариҳои ҷамъият, қонуншиканиҳои беинсофона ва беадолатона аз тарафи мақомҳои қудратӣ, аз тарафи фарзандони хешу табори пешво, вазирону мақомдорон ва сарватмандонро ҳис намекардам ва то охир хабардор ҳам набудам. Дар порлумон вақти зиёде доштем, ки сари ҳамаи ин вазъият андешае намоем ва ба хулосае омада будам, ки агар ба ягон мақомоти қудратӣ сардор таъин шавам, ҳатман содиқона ба халқ, барои обрӯйи худ ва боинсофу боадолатона хизмат менамоям. Ҳамин тавр худро таъриф намуда, бо як фахр гуфт, ки Агентии зидди коррупсияро худам аз сифр сохта ба яке аз мақомоти қудратии беҳтарин табдил додам. Соли аввали корӣ миллионхо сомонӣ ба бюҷети давлат фоида овардем. Ягон нафарро дар давраи роҳбариам дар Агентии коррупсия ва Прокурори генералӣ будан ноҳақ ба ҷавобгарӣ накашидам, новобаста аз он “заказ”-ҳои пешвову Оила ва хешу табори онҳо. Лекин Бобохонов Б.К. ва Юсуф Раҳмонов тамоман мустақил нестанд. Бераҳмона фақат дар иҷроиши фармонҳои ҳамаи авлоди пешво мебошанд. Махсусан Юсуф Раҳмонов фармони бисёре аз кадрҳоро дар офиси “Ориёнбонк” бо супориши Ҳасан Асадуллозода мебарорад, ки ин тамоман обрӯйи Прокуратураро паст кардааст. Кадрҳои босаводро тамоман қадр намекунад. Масалан Зокир Назаров – сардори раёсатро, аз болои ман ба президент ариза навишт гуфта, алайҳаш парвандаи ноҳақ оғоз намудаасту ҳоло дар СИЗО нигоҳ дошта истодааст, то он вақте ки Зокир Назаров аз вай узру бахшиш бипурсад. Ҳол он ки Зокир Назаров нисбати ман ҳам норозигӣ менамуд. Вай, ки инсони ҳақиқатпараст буд, ман ба ӯ бисёр вақт розӣ ҳам мешудам. Аз мактуби ба номи президент навиштаи ӯ хабардор ҳастам, ягон сухани ноҳақ ё туҳмат онҷо навишта нашуда аст. Ҳақиқат, дарди диле, ки байни кормандони прокуратура ҳаст, ҳамонро мардонавор навиштааст.
Ман ҳайрони сиёсати пешво мешавам, ки корманди собиқадори прокуратура ба Сарвари давлат шикоят оиди нобаробариҳои роҳбарияташ намудааст. Пешво бошад ӯро ба дасти ҷаллод супоридааст. Бар ивази он ки Юсуф Раҳмоновро танбеҳ кунад, ӯро кунҷи зиндон кардааст. Ҳол он ки ман дар ёд дорам, солҳои 2002-2004 кумаку дастгириҳои Зокир Назаров намебуданд, мумкин аст имрӯз дар мақомоти прокуратура Юсуф Раҳмонов кор намекард. Худи Юсуф Раҳмонов хуб мефахмад, ки гап дар бораи кадом кумаку дастгириҳо меравад. Ман дигар дар нафақа ҳастам, парвое аз хафа шудан ё нашудани ину он надорам. Ҳамин тавр дарду розҳои зиёде дорад Шерхон Салимов, ки дар бораи онҳо дар саҳифаҳои оянда хубтару бештар пешкаш менамоем. Ҳоло бошад, пеш аз навиштани як лаҳзае, ё ҳақиқате ва саргузашти Салимов Шерхон садҳо маротиба “тавба” мекунем ва аз Аллоҳ доимо талаб менамоем, ки ҳеҷ бандаи мусалмонро гумроҳ ва мутеъи шайтони лаъин насозад. Ин нақли ҳақиқатан тасдиқшуда аз саргузашт ва ҳаёти падари Шерхон Салимов, муаллим Одина, ки аз забони як муаллими куҳансол, шоҳиди ҳамаи ин ҳолатҳо будааст ва ҳамчун мутахассиси ҷавон дар ноҳияи Советский баъд аз хатми институти педагогӣ, аз рӯйи тақсимоти вазорати маориф равон шудааст, рӯйи коғаз меоварем. Агарчи он муаллим розигии худро ба мо дод, то ин ки бемалол ному насаби ӯро нависем, чун ин ҳодиса дар газетаву журналҳои ҳамон давра ҳам буданд, ягон ҷойи пушида надорад.
Падари Шерхон, муаллим Одина, ки дар ноҳияи собиқ Советский, дар солҳои Иттифоқи советӣ аввал муаллим ва солҳои охир директори мактаб-интернати кудакони маъюб ва маълул таваллуд шуда ( школа -интернат для детей-инвалидов и детей с ограниченными возможностями здоровья) роҳбарӣ менамудаст. Нисбати муаллим Одина миқдори лозимӣ маълумот ба даст овардем. Дар солҳои муаллимӣ то охирон рӯзҳои корӣ дар ин мактаб, даҳҳо кудакони маъюбро таҷовуз мекардааст. Аз сабаби бисёр сахтгир ва бадқаҳр будани муаллим Одина, якчанд кормандон, ки ин ҳолатро медонистаанд ва ҳатто дидаанд аммо аз тарс ба касе намегуфтаанд, чунки аз як тараф кудакони маъюбу гапи онҳо на он қадар қувваи ҳуқуқӣ дорад, аз тарафи дигар ҳамчун касалӣ ба онҳо мақомот мумкин аст бовар накунанд. Ҳамин ҳолат солҳои дароз давом кардааст. Яке аз муаллимон, ки бо Одина Салимов баъд аз ҷангҷол аз мактаб озод мешавад ба шуъбаи КГБ-и вилояти Кулоб нисбати ин ҳодисаи мудҳиш ва дилхарош маълумоти пурра медиҳад. КГБ дар давоми камтар вақт аз паси муаллим Одина назорат ва маълумот ҷамъ намуда, дар вақти содир намудани ҷиноят дастгираш менамоянд. Аз рӯйи нақли муаллим, дар он давра ин бисёр як парвандаи пур сарусадо, нангин ва шармандаворе буд нисбати устодон, омузгорони мактабҳои Тоҷикистон, ки дар газетаву маҷаллаҳои собиқ Иттифоқи советӣ бо тамоми забонҳо нашр шуда буданд ва даҳҳо маротиба дар ҷаласаҳои вазорати маорифи СССР ин мавзуъ муҳокима ҳам шуда буд. Намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон сари худро дар байни намояндагони дигар ҷумҳуриҳо боло карда наметавонистанд. Дар рафти тафтишоти парванда маълум гашт, ки муаллим Одина, даҳҳо писарбачаи маъюбро солҳои дароз таҷовуз мекардааст, ки бечора кудакони маъюби бегуноҳ ба ин муаллими ҳайвонтабиат ягон муқовимат нишон дода наметавонистаанд. Муаллим Одина бо тафтишот ҳамкорӣ намуда, зиёде аз ҳолатҳоро бо ихтиёри худ нақл кардааст. Дар мурофиаи судӣ, муаллим Салимов Одина ба тамоми гуноҳҳои худ иқрор шуда, афсус хурда аст ва аз кудакону муаллимон бахшиш пурсида аст. Суд хамаи ин ҳолатҳоро ба инобат гирифта ба муаллим Одина 10 сол ҳукм дода ба зиндони режими сахт (строгий режим) равон намудааст. Агар баъд аз сари қудрат омадани Раҳмонов ин ҷиноятро ягон нафар содир мекард ҳоло на кам аз 30 сол ҳукм мегирифт, вале агар муаллим Одина мебуд мумкин аст ҳукм ҳам намегирифт, чунки ӯ зодаи Кангурт аст.
Дар замони шуравӣ ба фикрам аз ҳама ҳукми зиёд қатл ё 15 сол буд. Ҳукмҳое, ки ҳоло нисбати мардуми бегуноҳ содир карда мешаванд, махсусан Шерхон Салимов барин вакилон пешниҳод ва тасдиқ кардаанд, ки ин хел ҳукмҳои ноодилона ба 25-30 сол мумкин аст дар каме аз давлатҳои дунё бошанд, нисфи ҳаёти одам мебошад. Масалан Зайд Саидовро ба ҷурми гуё духтари ноболиғро таҷовуз намуд, 30 сол худи Шерхон Салимов аз суд ҳукм талаб намудааст, бо як туҳмати холӣ ва бе шоҳид. Ин як даҳшат аст!!!
Биёед сари мавзуъи асосӣ мегузарем. Тасаввур намоед, ки Салимов Шерхон бо ана ҳамин тарҷимаи ҳол, то кадом мақому мансабҳо расида аст. Агар замони шуравӣ мебуд, дар ягон мақомот майдатарин мансабро соҳиб намешуд. Лекин ба туфайли ҳамин пешво ба ин мақомҳо расида, аммо боз нисбати пешво, ношукрӣ, норозигӣ, ғайбат ва сарзаниш менамояд. Салимов Шерхон соли 1994 вақте ки аввал прокурори ноҳияи Фрунзе ва баъдан ҷонишини Прокурори генералии Тоҷикистон таъин гашт, кори аввали худро аз архиви Суди Олии Тоҷикистон шуруъ намуд. Моҳи аввали кориаш, падари худро бо як қарори пинҳони сафед намуда, тамоми парвандаро сиёсӣ хонд ва ҳама маводро аз архивҳо гирифта нобуд сохт, роҳи худро сафед намуд то ин ки дар оянда ин масъала садди роҳаш нагардад. Он солҳо Раҳмонов дар фикри президентӣ буд ва ақлаш ҳам ба ин корҳо намегирифт. Мо боварии комил дорем, ки Раҳмонов баъдтар шинохта аст ки Шерхон писари муаллим Одина будааст, лекин аз як тараф “сари кал таги тоқӣ”, аз тарафи дигар, вақти лозимӣ ба Шерхон Салимов ёдоварӣ менамояд, ки вай писари кист ва доимо бояд шукри пешворо намояд. Мо ба Шерхон Салимов ягон хусумати шахсӣ, бадбинӣ надорем. Лекин мехоҳем мардуми тоҷик бифаҳманд, ки солҳои дароз дар тими Раҳмонов чи намуд нафарон, дар мансабҳои баланд роҳбарӣ менамоянд. Мо албатта нисбати дигар нафарони воломақом ҳам рости гапро бо факту далелҳояш менависем. Солҳое, ки Шерхон Салимов ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон кор мекард, ҳамроҳи худ як ёрдамчӣ бо номи Ғолиб дошт. Салимов баъд аз рафтан аз Маҷлис ба Агентии зидди коррупция ва Прокуратураи генералӣ Ғолибро ҳамроҳ гирифта рафт. Ин ягон кори бад нест. Бисёре аз роҳбарон ҳамин рафторҳоро доранд. Аҷоибии кор дар он аст ки ба Ғолиб дар Маҷлиси намояндагон Шерхон Салимов “массаж простата”-ро омӯзонидааст. Бо баҳонаи онки ду- се зан дораму агар касе маро “массаж” накунад, ман бо занҳоям алоқаи ҷинсӣ карда наметавонам. Ғолиб ҳам ба хурсандии шефи худ нигоҳ карда, оҳиста-оҳиста бо пои сеюми худ, “массаж простата”-ро яке аз вазифахои асосии худ қабул намуда бо “сари баланд” хизмат мекардааст.Ғолиб дар карйера ҳам боло рафт. Рутбаи ҳама аз лейтенант шуруъ шавад, аз они Ғолиб аз майор шуруъ шуд. Пулу мол ҳам пайдо намуд. Албатта аз оилаи худ ҷудо ҳам шуд. Шеф таскин медод, ки зиқ нашав, мо якҷоя ҳастем, оянда ҳамааш хуб мешавад. Дар байн солҳои зиёд гузаштанд, Ғолиб ҳамроҳи шефи худ “зиндагӣ”– ро давом медод. Бисёре аз наздикони Салимов аз ин муносибатҳо пай бурда буданд, лекин ҳама метарсиданд, шеф “без пяти минут маршал”, боз сари ғазаб наояд?
Дар чашми мардум Шерхон Салимов як марди хоксору босавод, инсони комил, намуна барои дигарон, лекин бубинед дар асл чи гуна инсон аст. Барои ҳамин гуна шахсон Ҳофизи шерозӣ гуфтааст:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Хеле аз кормандони Агентии зидди коррупция ва Прокуратураи генералии Точикистон аз ин корҳо хабар доранд. Ин навиштаи мо барои онҳо навигарӣ ҳам нест. Лекин аз навиштани ин мақола мақсад дигар чиз мебошад. Ҳамаи мо ба гардиши чархи гардун бояд бовар кунем. Падари Шерхон Салимов даҳҳо кудакони бечораву маъюби беҳимоятро таҷовуз мекард, имрӯз бошад писари ӯро каси дигар таҷовуз мекунад. Дуруст аст ки бо хоҳиши худи генерал ӯ таҷовуз мешавад. Аммо аҷоибии кор дар он аст ки Ғолиб танҳо нест. Ғолиб соҳиби пулу вазифа шуд, забонро посбони сар гуфта мегашт, лекин ронандаи Салимов Шерхон ба КГБ гиря карда аризаро бо дасти худ навишта назди роҳбарияти Кумитаи амният рафтааст, ки маро Шеф доимо маҷбур мекунад. Дигар бо зани худ хоб карда наметавонам, ягон чора андешед. Кормандони КГБ ронандаро ором карда, ҳамаи ҳолатҳоро зери видео пурсон намуда, ариза ва дискро давида ба назди пешво бурдаанд. Саволи аввали пешво ин будааст, ки Шерхон “актив” ё “пассив” ? Бо афсус фаҳмониданд, ки ” пассив”. Баъд аз шунидани ин суханҳо, пешво як ҳақорати сахти куҳистонӣ карда дигар сураташро набинам гуфтааст. Асоси аз вазифа барканор шудани Салимов Шерхон ҳамин ҳодиса аст, на он афсонаҳое, ки худи Шерхон Салимов ба Пирову Хушаков нақл менамояд.
Шерхон Салимзода кидат шуд
Ҳоҷӣ Зикир Шарипов , яке аз бизнесменҳои пулдори кангуртӣ, соҳиби тарабхонаи «Старий дуб», ки дар кучаи Юных Ленинцев Маскав воқеъ мебошад аз одамони наздики Шерхон Салимзода ба ҳисоб мерафт ва ҳар гоҳе Шерхон Салимзода Маскав меомад истиқбол ва бадрақа ва зиёфатҳо ташкил мекард. Шерхон Салимзода бештар бо Нусратулло Абдуллоев, собиқ раиси Суди Олии Тоҷикистон, ки ҳарду ҳамкурсанд меомад. Ҳоҷӣ Зикир онҳоро сауна мебурд. Онҷо як навъ гили табобати дошт, ки ин ҳарду мақъадҳояшонро аз он гил пур мекарданд. Онҷо боз яктоӣ арусашон ҳам меовард. Чанд бор негритиянкаҳоро туҳфа кардааст, то Прокурори генералӣ ва раиси Суди Олӣ дам гиранд. Аммо ин рафоқати Шерхон Салимзода бо ҳоҷӣ Зикири кангуртӣ барояш бисёр ҳам гарон тамом шуд. Сухан дар бораи он меравад, ки Шерхон Салимзода аз новостройкаҳои ноҳияи Район Выхино-Жулебинои Маскав, дар наздикии МКАД як манзили сеутоқаи бо масоҳати 110-120 метри квадратиро ба маблағи 15 ё 18 миллион рубл ба номи ҳоҷӣ Зикир мехарад. Аммо ба бахти бади Шерхон Салимзода ҳоҷӣ Зикир Шарипов бар асари ибтило ба коронавирус вафот мекунад. Шерхон Салимзода назди ҳамсари ҳоҷӣ Зикир меояд изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ мекунад ва сипас мегуяд: «янга ҳуҷҷатҳои ҳамон квартираро ба номи ман кунем, чун вай аз они ман буд». Зани ҳоҷӣ Зикир мегуяд, ки бираву аз худи ҳоҷӣ Зикир бигир ва Шерхон Салимзодаро меронад. Ҳамин тавр ба ин миқдори пул собиқ Прокурори генералӣ месӯзад.
Хонанда азиз, мабодо фикр кунед, ки мо дуруғ, туҳмат карда истодаем. Мо барои чи номи Рамазон Раҳимзода ё СС. Ятимовро намегирем, ё ягон нафари дигареро. Барои он ки нисбати дигар камбудиҳои ин вазирон маълумот зиёд ҳаст, лекин мисли “хислат”-ҳои доштаи Салимов Шерхон, нисбати онҳо маълумот надорем. Масалан маълумотҳои аз ин қабил амалҳо нисбати Фатоҳ Саид ва даҳҳо мақомоти баландпояи дигар ҳам дорем, ки дар фурсати муносиб онҳоро низ хоҳем гуфт. Барои чӣ Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимовро ёдовар шудем? Бале ҷинояткоранд, бале золиманд вале чунин нестанд, мардона ончи ҳаст бояд гӯем. Худованд нафареро, ки зинокорӣ бо ҳамҷинси худ мекунад, ҳатман шармандаи ин дунё мекунад, новобаста аз мақому пулу молу мулкаш. Хеле маълумотҳои дигаре нисбати Қурбон Хушакову Пиров Тоҷиддин ва Давлаталӣ Саидову Ҷамолиддин Нуралиев ва махсусан Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва Салимов Шерхон ҷамъ шудааст, ки дар навиштаҳои оянда ҳатман тақдиматон менамоем.
Поёни бахши ёздаҳум, бахши дувоздаҳуми мо ҷолибтар ва парда аз рӯйи амалкардҳои дигари қаҳрамонони манфии “Ислоҳ” хоҳем бардошт, ки воқиан ҷолибанд.