Ҷамолиддин Нуралиев “шпион”-и Амрико ё қурбонии “шаҳват” ?  

Ислоҳ нет

Барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз муовинати аввали Бонки миллӣ як тасмими ғайримунтазира дар ин чанд соли ахир аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор меояд. Эмомалӣ Раҳмонов фармони барканории ӯро рузи 10 июни соли ҷорӣ имзо кард. Агарчи дар ин фармон иллати барканории вай ”ба сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале инак беш аз як моҳ мешавад, ки ҳеҷ даму дуд нест.

Аммо Ҷамолиддин фақат домод ва фақат бонкир набуд. Вай аз бақия домодҳои Эмомалӣ Раҳмонов фарқ дошт. Ҷамолиддин то сооти барканорӣ чашму гуши Раҳмонов дар арсаи иқтисод, ба вижа блоки молиявӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Сиёсати қарзиву пул ва бюҷети кишварро назорат ва идора мекард. Муносибати ҳукумати Раҳмонов бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ:-Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ, хуллас ҳамаи муассисаҳои марбутаро таъйин ва таҳрир мекард. Аз “любимчик”-ҳои Раҳмонов ва аз азизтаринҳои Оила буд.

  “Ислоҳ.нет” роҷеъ ба кору корномаи Ҷамолиддин Нуралиев, аҳамият, муҳиммият, лузумият ва манфиати вай барои Раҳмонов ва ҳукумати Раҳмонов матлабҳои зиёде чоп кардааст. Ҳамчунин дар бораи Озода Раҳмон-роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва хонуми вай ҳам чанд матлабе ба нашр расонида будем. Барои ҳамин инҷо дар бораи иллати барканории ин домоди соҳибнуфуз ва бисёр ҳам муътабари Раҳмонов, албатта, бо истинод ба маълумоте, ки ба дасти мо расидааст хоҳем гуфт.

Аммо бояд баъзе чизҳоро дар ибтидо дар бораи ин шахсият бигуем. Маҳз бо саъю эҳтимоми Ҷамолиддин Нуралиев низоми бонкии кишвар мутлақо ба дасти Оила вогузор гардид. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки “Душанбе-сити”-и Рустами Эмомалӣ ҳам мақоми бонки мустақилро гирифт. ”Коммерсбонк”, “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, “Спитаменбонк” , “Ориёнбонк”,“Тавҳидбонк” ва “Душанбе-сити”-ҳамагӣ бонкҳои хусусии домодҳову духтарҳову писари Эмомалӣ Раҳмонованд.

“Ҷамолиддин буд, ки Раҳмонов муваффақ шуд ин арсаро барои наздикони худ тахлия кунад. Бонкҳое назири “Фононбонк”,  “Соҳибкорбонк”, “Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳамин Ҷамолиддин аз бозори пули кишвар берун кард. Танҳо як тарҳи таҳия ва ба иҷрогузоштаи Ҷамолиддин- роҳи пулакии Душанбе –Хуҷанд (ширкати IRS)  тайи беш аз даҳ соли фаъолият якуниммиллиард зиёдтар ба ҷайби Раҳмонов фоидаи соф ворид кардааст. Аммо, чаро як чунин домоди боаҳамият, чил дасташ ҳунар, аз сару қадаш тангаву тилло меборида, мушти пул, кузаи зар, хока гирад зар мешудагӣ , яку якбора мавриди итоб қарор гирифт ва аз мақому мансаб холӣ карда шуд.”

Ҷамолиддин ва хонумаш Озода ҳарду дар донишгоҳҳои Амрико хонда ва дар онҷо ба фаъолият шуруъ кардаанд. Раҳмонов ва Озода аз онки Ҷамолиддин дар Вена як зани дигари никоҳӣ ва аз вай чанд фарзанд дорад бохабаранд. Таҳмина Боҳирова. Ҳамчунин хуб огоҳанд, ки Наврӯз Нуралиеви ҷияни Ҷамолиддин дар Амрико миллионҳо долларро мечархонад, ки ин ҳама пулҳо пулҳои “ҳукумат”-и Раҳмонованд. Як нафар аз шоҳидони ҳодиса қисса мекунад, ки дар як туи арусии тоҷикони Самарқанд ҷиянҳои Ҷамолиддин, аз ҷумла ҳамин Наврӯз ширкат мекунад. Ба гуфтаи ин нафар Наврӯз ба ин туй бо самолёти хусусӣ меояд. Ин Наврӯз чанд муддат блогерӣ ҳам мекунад, амммо эрод мегиранд, бас мекунад.Ҷиянҳои Ҷамолиддин “як хел сум харҷ мекунанд, мисле, ки сум аз ҳаво омада бошад, барги хазони таги дарахт. Бачаи акааш Манучеҳр Нуралиев автосалон дорад. Наврӯз ҳар вақт ба бачаҳо мегуфтааст, ки “фигри Тоҷикистона накунед, ҳаминҷо хуб аст. Сумро дар ҳаминҷо влажит кунед”. Зани Наврӯз самарқандӣ аст. Зани Манучеҳр амрикоӣ буд. Аммо бо як фарзанд аз Манучеҳр ҷудо шуд. Аз ин штат то ба он штат бо самолётҳои хусусиашон мераванд. Асосан спонсори сафорати Тоҷикистон дар Амрико ҳаминҳоянд. Вале маълум нест, ки онҳо чи бизнес доранд”.

Расонаҳо навишта буданд, ки Ҷамолиддин тақрибан дар ҳама нуқоти оффшории олам суратҳисобҳои “вазбин” дорад, ки дар ин хазинаҳо ҷудо аз даромадҳои умумии оилавӣ “навар”-ҳои худро ҷамъ овардааст. Ҳамчунин ин сару садоҳо, ки дар дохил биноҳои муҳташами воҳиманоктар аз қасрҳои шайхҳои арабро дорад ва дар Дубай, Абудабии Иморот, дар Вашингтону Вирҷиниёи ИМА, Истанбули Туркия, Барселонаи Испония ва Лондон соҳиби манозили гаронарзиш мебошад, низ расонаҳо на як бору ду бор навишта буданд. Аммо ба хотири онки баъди ошкор шудани қиссаи Шаҳбозу Озода Ҷамолиддин сахт нороҳат ва чанд вақте ҳам дучори афсурдагии равонӣ шуд, Раҳмонов ба ин ҳама “дуздиҳои баҷоӣ” чашм пушид. Раҳмонов инро ҳам медонист, ки Ҷамолиддин ба ҳангоми банкрот эълон крадани “Тоҷпромбонк” ва “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”  чи қадар маблағҳоро ба ҷайби худаш зад. Аммо, азбаски “он тарафаш”-яъне зану фарзандони Ҷамолиддин духтар ва набераҳои худашанд, худро ба нодонӣ зад. Ва, муҳимтар аз ин ин Ҷамолиддин буд, ки тамоми счетҳои оффшории худи Раҳмонов ва Рустамро “муоина” мекард, чун дигар мавриди бовари сахт қарор гирифта буд. Ба хотири муҳаббат ва меҳри зиёд ба Ҷамолиддин Раҳмонов Камолиддини падари ӯро аз курсии ПМК гирифта муовини вазири нақлиёти кишвар таъин кард, ки дар як сонеҳаи нақлиётӣ чанд соли пеш кушта гардид.

  “Аммо Раҳмонов Ҷамолиддинро барои он нагирифтааст, ки ҷудо ва алоҳида ва пинҳонӣ аз Раҳмонов барои худаш “ҷамъ” кардааст. Як манбаъ ин хабарро расонд, ки ба эҳтимоли зиёд Ҷамолиддин ба ҷойи Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон таъйин мешавад. Чунки Нусратулло Давлатов, ки аз соли 2009 ба ин тараф дар ин Кумита раис аст солҳои ахир ба фиреби Раҳмонов даст задааст. Агарчи нақшаи андозро 100% иҷро мекунад вале барои худ ва фарзандону пайвандонаш имтиёзҳоеро додааст, ки танҳо Раҳмонов ва аъзои оилааш аз он бархурдоранд.”

Ҷамолиидин муттаҳам ба шпионаж ҳам карданд

Бар пояи як хабари дигари ба мо расида сабаби барканории Ҷамолиддин тамоман чизи дигар будааст ва Ҷамолиддинро бо дархости худи Путин аз кор барканор кардаанд. Гӯиё разведкаи молиявии Русия Ҷамолиддинро ба он дастгир кардааст, ки амдан қурби рубли русиро бар манфиати доллар поин мекарда бошад. Хадамоти ҷосусии Русия Ҷамолиддинро дар “шпионаж” ба манфиати Амрико  муттаҳам кардаанд. Ростӣ, манобеи ин хабарро расонида аз ҷузъиёти ин иттиҳом огаҳӣ надорад ва мо ҳам намедонем, ки мушаххасан русҳо Ҷамолиддинро бо чи айбдор мекунанд. Путин ва мақомоти истихборотии вай Раҳмоновро тавре фаҳмонидаанд, ки Ҷамолиддин ва Озода талоши зери контрол гирифтани ҳукуматро доранд ва гуё дар пушти онҳо Амрико меистод. Вале баъди аз кор сабукдуш кардани Ҷамолиддин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло ва курси доллар беш аз пеш поин рафта истодааст. Дар ҳар ҳол мо ин мавзуъро минбаъд низ пайгирӣ мекунем ва расидани маълумоти нав ҳатман шуморо огоҳ хоҳем кард.

“Ба ростӣ хабари дигаре дар ин робита мешавад зикр кард ин аст ки Раҳмонов ё Озода ва ё Ҷамолиддинро ба яке аз сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ба эҳтимоли зиёд Амрико мансуб карда ва мехоҳад, ки бо ин тариқ ҳам гиребони худро аз чанголи Путин ва ҳам домани домод ва духтарашро аз дасти тафтишот раҳо кунад. Яъне ин завҷи муҳтарами Оилаи Раҳмонов-Ҷамолиддин ва Озода “бадарға” мешаванд.”

Аммо ҷолибтарин хабар дар охирин лаҳзаҳо расид, ки хабарҳои болоро дар бораи барканории Ҷамолиддин Нуралиев ба гунаи дигар мегӯяд. Ин хабар як каме муфассалтар аст ва манбаъаш ҳам барои хонанда ва бинандаи “Ислоҳ.нет” ошност. Ин хабар аз қавли Хушаков Қурбон Раҳматович ба мо расидааст, аммо ғайримустақим, яъне тавассути нафари саввум. Бале, ҳамон Хушакови “Ашан”, ҳамон Хушакови муовини раиси “Тоҷиксодиротбонк”

Хушаков Қурбон Раҳматович дар яке аз нишастҳояш бо дӯстонаш мегуяд, ки Озода Ҷамолиддинро бо ду то духтар «ба қап» карда аст.

Аз руи нақли Хушаков, Ҷамолиддин Нуралиев  бо Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазир ва яке дигар аз қаҳрамонони навиштаҳои мо  дар як фитнес-клуби  наздики меҳмонхонаи “Хаят”– и   Душанбе баъд аз кор гуё варзиш мекарданд. Лекин дар асл ҳафтае як- ду маротиба онҷо духтарони ҷавонро даъват карда ишқварзӣ менамуданд. Аз ин корҳо Озодаи Раҳмон, зани Ҷамолиддин Нуралиев  хабардор шуда, агентҳои худро дар гирду атрофи шавҳараш монда будааст. Вақте ки ин ду қаҳрамон  ба фитнес клуб дохил шуда бо духтарҳои онҷо интизор буда “машқҳои спортӣ”- и худро шуруъ мекунанд, як ғалоғула бармехезаду Озода Раҳмон вориди зал мешавад.То ба утоқҳои VIP  рафтани Озода, Давлаталӣ Саидов овози ӯро шунида аз тиреза худро берун партофта сару либос дар даст мисли “шутурмуғ” бо қадамҳои калон-калон  гурехта ҷони худро халос кардааст. Ҳоло маълум нест, ки ӯ чи тавр ҷазо мегирад, ҷазои  пулӣ ё ин ки боз сахттар? Лекин  Ҷамолиддин Нуралиев, ки бе парво бо ду духтари ҷавон «варзиш»-ро давом медод ба дасти хуҷаинаш меафтад. Озода ҳар аз гоҳе нисбати Ҷамолиддин хашмгин мешуд мегуфтааст, ки як писари прораби сохтумончиро аз як чулистони беобу дарахт  гирифта миллиардер ва болонишин сохт. Маънои  суханҳои  Озода  гуфтаҳои як олими русро ба хотирам  овард: “Ман туро офаридаам, ман туро нест мекунам”

Я тебя породил, я тебя и уничтожу

 Ҷамолиддинро  Озода дар рӯйи хиёнаташ дастгир кард

Дар ин ҳодиса боз ҷолибтараш ин аст ки ин ду духтаре, ки бо Ҷамолиддин Нуралиев  якҷоя “ишқварзӣ” мекарданд, якеаш духтари як вазири ҳукумати ҳозира, дигаре духтари як соҳибмансаби калони дастгоҳи президент ва ҳарду ҳам 17 ва 18 сола будаанд.Ба мо аз руи нақлҳои Хушаков номи он мансабдорон маълум аст. Мо нахостем исмҳои ин қаҳрамонҳои манфиро ошкор намоем. Аммо Озода хуб медонад ва мешиносад онҳоро. Боз пас аз ин ҳодиса чи гапу коракҳо шуд низ огоҳ аст. Ҷамолиддин чӣ гуфт дар ин ҳолати дастгир шуданаш Озода беҳтар медонад. Хулоса баъд аз ин ҳодиса, бо тезӣ фармони аз вазифа озод ва ба кори дигар гузаштани Ҷамолиддин Нуралиев имзо шуд. Дурустии ин хабарро тасдиқ ва ё такзиб карда наметавонем, чунки ноқилони ин хабар зикр шуданд. Мегӯянд, ки фармони барканории Ҷамолиддинро Озода аз тани падараш имзо карда ва фавран ба расонаҳо додааст.

 “Вале ба ин ҳама Озода Раҳмон дилаш хунук намешавад. Боз саҳари барвақт ба Бонки Миллии Тоҷикистон  омада, раиси бонк  ва сардори посбонҳои (начальник охрана) бонкро таъкид менамояд, ки “ин ҳаромиро дигар ба идора дохил шудан намонед”. Онҳо “есть” гуфта тасдиқ карданд. “

Гӯиё ҳоло Ҷамолиддин дар ҳолати «назарбанд» қарор дорад ва ҳамаи паспортҳояш ҳам аз дасташ гирифта шудааст. Раҳмонов чанд бор талош кардааст, ки байни домоду духтар оштӣ бидиҳад муваффақ нашудааст. Ба Азизмоҳ гуфтааст,ки «хай худи Озода ҳам хатоҳои ҷавонӣ мекунад ку. Шаҳбоза ба як азоб аз бараш дур кардам. Бугу ба Ҷамолиддин оштӣ шавад. Ман фаромони раиси Кумитаи андоз шудани ӯро мебарорам»

Машварати мардона ба Ҷамолиддин! 

Ба Ҷамолиддин Нуралиев танҳо ҳамин қадар машварат медиҳем,ки худро ба ҳар қимате ба Амрико расонад ва агар хавфи истирдодаш вуҷуд дошпа бошад, пас мисли домоди Нурсултон Назарбоев, Роҳат Алиев аз дасти ҳамсараш фирор карду паноҳанда дар Утриш худро супурд. Шумо ҳам дақиқан кушиш кунед фирор кунед ва дар Амрико  паноҳандагӣ талаб кунед.

Ҳоло бубинем,ки қазияи Ҷамолиддин 4% бо чӣ меанҷомад?Агар раиси Налог шуд, пас «миравой» кардаанд. Агар сафири Тоҷикистон дар Амрико шуд инҷо қазия буғранҷ ва сару садоҳо дуруст мебароянд. Агар ҳеҷ вазифа нагирифт капааш дуд карда аст.

Share This Article