Хонандаи азизи “Ислоҳ”! Инак, матни дуввумин мавъиза ва ё хутбаи намози ҷумъаи имомхатибони масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон, ки аз минбарҳо садо дод, ба дасти мо расид. Ин бор низ матни онро ҳамон манбаи ба мо наздик дастрас кард. Гуфт, минбаъд низ талош хоҳад кард, матни мавъизаҳоеро, ки барои имомхатибони масоҷид муаллифони даҳрӣ, ҳамон ба ном файсласуфони атеист, ки нависандагони ҳамешагии “фермаи ҷавоб”-и КДАМ менависанд, хоҳад фиристод. Дар ҳақиқат ба маҳзи мутолиаи ин ба ном хутбаи намози ҷумъа хоҳед фаҳмид, ки онро касе ба ҷуз аз як нависандаи атеисти бозмонда аз даврони шӯравӣ касе нанавиштааст. Ҳоло, бихонед ва дар хатми ин ба ном хутба чанд андешаамонро иброз хоҳем кард:
Сулҳу суботи кишвар неъмати бебаҳост!
12.02.2021
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад…
(Сайидои Насафӣ)
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Намозхонони гиромӣ, Худоро шукр мегӯем, ки имрӯз дарҳои масҷидҳои мо кушодаанд ва мусулмонон метавонанд бемамониат ибодатҳои худро анҷом диҳанд. Деҳқонон ба кишту кор, косибон ба касби худ,тоҷирон ба тиҷорат машғуланд ва озодона,дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунанд.
Чунин фазои озоду амн хоси мамлакатҳои ангуштшумор аст,ки Тоҷикистон низ дар сафи онҳо шомил аст. Дар як қатор кишварҳо дар заминаи хуруҷи бесобиқаи Ковид-19 ҳолати фавқулодда ва соати коммендантӣ эълон гардидааст. Барои риоя накардани муқаррарот одамонро на танҳо ҷарима мекунанд,балки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ мекашанд. Чунин ҳолатро метавон дар якчанд штатҳои Америка, Испания, Португалия, Англия, Франсия, Лаҳистон ва дигар давлатҳои мутраққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон мушоҳида намуд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории “Ковид-19” дар Арабистони Саудӣ ҳоло ҳам барои анҷом додани умраву ҳаҷ иҷозат дода нашудааст. Дар Озарбойҷон ва дигар давлатҳо дари масҷидҳо ҳоло ҳам бастаанд.
Аз ин рӯ, Худоро ҳамду сипосу ситоиши бепоён мегӯем,ки ин балоро аз кишвари мо дур сохт. Ва ба шарофти тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ мо тавонистем ин ваборо дастаҷамъона нобуд созем. Аммо риояи қоидаҳои беҳдошт, риояи масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва ҷойнамози алоҳида барои ҳамагон шарту зарур аст. Мо бояд,кӯшиш кунем,ки мабодо масҷидҳо манбаи сироят нашаванд.
Муҳтарам ҷамоат, Шумо медонед, ки дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Либия ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамоно амалҳои террористӣ анҷом дода шуда, теъдоди зиёди одамон кушта ва шаҳру деҳот хароб мегарданд. Сокинони минтақаҳои ҷангзада дар орзуи сулҳу субот ҷон месупоранд, аммо ба даст овардани фазои амну ором ба онҳо муяссар намешавад.
Дар қатори ташкилотҳои хунхори ифротӣ, ки минтақаи Шомро бо хоку хун ғӯтавар сохтаанд, ҳизби террористии наҳзати ислом низ дар андешаи табаддулоти давлатӣ ва несту нобуд кардани миллати тоҷик аст. Ин ҳизби хунхор макру ҳилла намуда, бо истифодаи фазои интернет таблиғот мебарад, гапҳои дурӯғу беасос гуфта, ба ин васила мехоҳад ҷавонони моро гуроҳ созад ва ба вартаи ҳалокат афканад.
Амалҳои даҳшатборе, ки ҳизби наҳзати ба ном ислом дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буд, ҳаргиз фаромуш намешаванд, зеро бар асари мусулмонкушии наҳзатиён беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор одамони бегуноҳ-ҷавонон, занону кӯдакон, мӯсафедону маъюбон кушта шуда, шаҳрҳову деҳаҳои обод валангор гардиданд. Пас, имрӯз бори дигар садо баланд кардани як тӯда авбошони наҳзатӣ ба мо асаре намекунад, дигар касе ба онҳо бовар намекунад, зеро одамон ба қадри сулҳу субот расидаанд ва ҳеҷ кас намехоҳад,ки воқеаҳои солҳои навадум бори дигар такрор шаванд.
Хусусан, баъд аз тамошои филмҳои ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва “Бешарафӣ”, ки симои аслии ҳизби наҳзатро фош сохта, пардаро аз рӯяшон бардошт, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки роҳбарону аъзоёни ин ташкилот пурра ба фисқу фасод ғӯтавар гаштаанд. Бадахлоқӣ ва бешарфии наҳзатиён то дараҷае будааст, ки аз хурдсолӣ ба зинокориву лавотат даст мезадаанд.Чунин шахсони разил боз аз номи дини ислом сухан гуфта, худро зоҳиди покизасиришт ва ҳомии дин муаррифӣ мекунанд. Дар асл, мувофиқи таълимоти дини ислом аз пушти чунин одамон намоз хондан ҳам дуруст нест, зеро дар имони онҳо шак аст!
Агар таваҷҷуҳ кунем, роҳбарон ва ҳаммаслакони ҳизби наҳзати ба ном ислом аз Аврупо истода,фазои Тоҷикистонро пайгирӣ менамоянд ва худро ҳимояткунандаи ҳуқуқи инсон мепиндоранд. Гуфтори парокандаи онҳо дар бораи бегуноҳии худ ва кӯшиши бадном кардани давлати мо ҳеҷ натиҷае ба бор намеорад, зеро бузургон гуфтаанд: “Дарё палид менашавад аз даҳони саг!”.
Намозхонони гиромӣ! Ҳамин ҳизби террористӣ барои ободии Тоҷикистон чӣ кор кардааст? Ягон кор! Ҳатто як сомонӣ барои пешрафту тараққии ватан сарф накардааст.Ин ҳизб ҳатто барои дини ислом ҳам ягон хизмат накардааст. Ягон мактаб ё масҷиде, ягон китоби дарсӣ нашр накардааст,ягон муҳтоҷеро дастгирӣ нанамудааст. Шумо гумон мекунед, ки шароит надошт? Баръакс, миллионҳо долларе, ки аз хоҷагони худ мегирифт, фақат барои иғвоангезӣ, несту нобуд сохтани Ватан, барои омода намудани табаддулоти давлатӣ сарф мекард.
Мо хуб дар хотир дорем, ки аз ҷониби ҳизби наҳзат соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом дода шуд.Аммо ягон тоҷикистонӣ онҳоро дастгирӣ накард! Ин ҳизби хунхор ҳоло ҳам дар андешаи табаддулоти давлатист,бинобар ин мо бояд муқобили чунин ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ муборизаи беамон барем, симои аслӣ ва чеҳраи аҳримании онҳо, ниятҳои разилона ва хоинонаи онҳоро ба мардум фаҳмонем,то инки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони мо ба доми онҳо наафтанд. Соли 2015 мо ходимони дин пешниҳод намуда будем, ки фаъолияти ҳизби террористии наҳзат дар ҷумҳурӣ манъ карда шавад. Ҳоло бошад мо бояд коре кунем,ки ин фитнаро пурра решакан намоем, зеро Расули акрам(с) фармудаанд: “фитна аз қатл шадидтар аст”.
Ба суханони иғвоангези наҳзат набояд бовар кард.Балки ободии кишвари азиз,пешрафту тараққиёти Ватанро бояд таъмин намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи тараққи бомаром қарор дорад. Созандагиву бунёдкории давлати мо бесобиқа аст. Шаҳри Душанбе на танҳо дар ҳудуди кишварҳои минтақа,балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯву нуфузи бузург аст.
Иқдомоти Пешвои муаззами тоҷикон дар мавриди истифодаи самараноки об ва таъмини аҳолии курраи замин бо оби ошомиданӣ аз ҷониби тамоми кишварҳои олам дастгириӣ ёфтаву амалӣ мешавад.
Маҳз бо пешниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи террорист аз мусулмонон бардошта шуд,ки чунин андеша қаблан аз ҷониби ягон роҳбари давлатҳои исломӣ садо надода буд. Зеро ҳақиқатан террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Имрӯз бошад, ба ин маънӣ сухан аз тамоми минбарҳои бонуфуз садо медиҳад.Ин аст,ки Пешвои миллати тоҷик ҳамасола ҳамчун мусулмони фахрии ҷаҳонӣ эътироф мегарданд.
Дар як давраи кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, аз бунбастҳо раҳо шавад. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳои раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда,пойтахти мамлакат-шҳари Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои амнтарини дунё ворид гардид.
Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст.Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст. Паёмбарамон(с) фармудаанд: Касе аз шумо саҳар бархезад,дар худ амнро эҳсос кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ӯ қути ҳамонрӯзааш бошад,чунон аст,ки барояш дунё ҷамъ оварда шудааст: (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моча).
Муҳтарам ҷамоат! Мо бояд ба қадри ин неъматҳои худодода-осмони софу беғубор, фазои сулҳу субот расида, шукр кунем.Шукрона аз он кунем,ки озодона ибодат ва кору фаъолият мекунем,фарзандонамон бемалол ба мактаб рафта илм меомӯзанд,ба ояндаи онҳо хотири ҷамъ дорем. Дар ин маврид Худованд мефармояд:….агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам;ва агар носипосӣ кунед,ҳароина азоби Ман сахт аст”(Сураи Иброҳим,ояти 7).
Бинобар ин, моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ҳалол меҳнат намуда, зиндагиамонро пеш барем, Ватанамонро обод кунем, аз душманони хориҷиву дохилӣ муҳофизат намоем, бар зидди хоинони миллат- ҳизби наҳзати ислом ва дигар ташкилотҳои экстремистӣ террористӣ далерона, шуҷоатмандона ва беамон мубориза барем.
Худовандо! Беморонро шифо, фақирону камбағалонро ризқу рӯзию наво, гирифторону корафтодагонро ҳоҷат раво бигардон! Омин ё Раббал оламин.
Шарҳи Ислоҳ:
Ин буд хонандагони гиромӣ он хутба ва ё мавъизае, ки имрӯз дар масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон аз тарафи имомхатибҳо бо овози баланд қироат шуд. Аз рӯй инсоф бигӯед дар ин хутба чизе аз динатон,аз шариъат ва аҳкоми шаръ чизе шунидед ва баҳрае гирифтед? Ё ончи дар телевизионҳо мебинед онро шунидед? Ин бор низ аз Худову расул, чорёри босафо, саҳобаҳои киром дараке набуд. Гӯиё дар ҷаласаи ячейкаи ҳизби халқӣ-демократӣ вакилон ҷамъ оварда шуда бошанд.
Дар масҷид, дар хонаи Худо аз ислом хабаре нест. Аз нусрати ислом хабаре нест, аз аз таҳаққуқи ислом, аз ҷойгоҳи ислом хабаре нест. Ин хутба дуруст ҳамон шиору даъватҳои агитаторони агитбригадаи замони коммунистиро ба ёд меоварад:- “ба пеш, барои мубориза. ба сӯи қуллаҳои коммунизм”. Ҳоло ку? Ку он ҳама муборизаҳо бар муқоили империализм? бар муқобили капитализм?
Имрӯз Раҳмонову домодҳои бешумору бачаҳову духтарҳояш капиталистони соҳибсармояанд, ҳамин тавр не?
Бор, Худоё дар масҷид аз туризму туристӣ чи кор? Аз панҷгона гуфтед, аз даҳгона гуфтед, аммо нагуфтед, ки Тоҷикистон дар радифи кишварҳои худкомаву авторитарие чун Куриёи шимолӣ ва Туркманистон қарор дорад, дар шумори панҷ кишвари фасодзадаи олам аст, пасттарин маоши дунёро тоҷик мегирад, гаронтарин маводди ғизоӣ, андози вазнинтарини дунё дар Тоҷикистон аст. Нархи нерӯи барқаш дар қиёс бо ҳамсояҳо чанд% болост. Нагуфтед, ки ҳамин намозгузорон барои оби полезӣ чи қадар пул месупоранд?
Вақте инҳоро намегӯеду аз шоҳроҳи зебои Пмир мегӯед, филфавр дар зеҳи намозгузорон ҳамин саволҳо рӯ мезанад.
Ба кадом ояндаи фарзандонатон хотири ҷамъ доред? Барои онки муҳоҷирати меҳнатӣ раванд? Ояндаи фарзандони мардум муҳоҷирати меҳнатӣ аст, магар ҳамин намозгузорон инро намедонанд? Ба гӯши кӣ лапша кашол карданиед?
Миннат ниҳода истодаед, ки дари масҷидҳо боз аст. Хуб ки чӣ? Бояд баста бошанд? Магар ин масҷидҳои Эмомалӣ Раҳмонов аст? Шумо Эмомалӣ Раҳмоновро кӣ ва ё чӣ хиёл карда истодаед? Ин тасаввуре, ки шумо доред, марбути худатон аст. Эмомалӣ Раҳмонов барои шумоо касеву чизе аст. Барои ин намозгузорон касеву чизе нест, ба ҷуз аз як дузд, ба ҷуз аз як баднафсе,ки дар сари қудрат худашрову бачаашрову духтарашро ширеш кардааст, нест.
Чаро шумо ба такрор аз вай дар хонаи Худо ном мебаред? Номи ӯро бештар аз номи соҳиби хона ва соҳиби минбар зикр мекунед ва ӯро дар Хонаи худо сифати худоӣ (муаззам) ва пайғамбарӣ (пешво)-ӣ медиҳед? Дармасҷид дар умури ислом чизе намегӯед, дар масоили шаръӣ чизе намегӯед,аз Раҳмонову пешвоиву муаззамиаш мегӯед? Мақсади шумо аз дари масҷидҳоро боз кардан чӣ аст? Чунин ба назар мерасад, ки барои инҳо масҷид дигар ба толори сурхи агитаторони агитбригада ва агитбюрои замони шӯравӣ табдил шудааст.
Дар масҷиди Ғаровутӣ ва ё Чоркӯҳ аз пешрафти шаҳри Душанбе чаро мегӯед? Кадом намозгузор тараққӣ карда бошад?
Манзур Рустами Эмомалӣ бошад? Чун дар давраҳои Убайдуллоев аз ин гапҳо намегуфтанд.
Мегӯед, ки ҲНИТ пул харҷ накард. Инҳоро набояд бигӯем, вале вақте Кӯлобро об зад, ба офатзадаҳо Наҳзат ҳам ғизо доду ҳам масолеҳи сохтмонӣ. Барои Роғун камтар аз ҲХДТ пул надод. Дар ҳоле, ки аъзоҳақии ҲХДТ маҷбурӣ аз ҷайби мардум аст.
Мегӯед фаромӯш насозем,ки он солҳо ҲНИТ чи корҳо кард.Чиро фаромӯш насозед? Бомбаҳои хушаии самолётҳои Узбакистонро, ки бо даъвати Раҳмонов ва Фронти халқӣ болои деҳаҳои водии Қаротегин партофта ҳазоронро кушт?! Квачкову Меркулову дигару дигарҳояшро кӣ алайҳи миллати тоҷик даъват кард?! Чиро аҳли намоз фаромӯш насозад? Байрақи сурхи болои сари Эмомалӣ Раҳмоновро ва широри “Нест бод ислом”-ашро?
Бинои қасри Арбоб дар Хуҷанд тавассути ОМОН, СНБ,Узбакистон ва сарбозони Русия бонӣ шуданд. Ин шумоед, ки хоҷаи хориҷӣ доштеду доред. Ҳоло як иқтибос аз навиштаи равоншод Тоҳири Абдуҷабборро инҷо меоврам:
“Соли 1992 дар Хуҷанд, вақте ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор шуд, маълум буд, ки нооромиҳои бештаре дар пеш аст, зеро метавон гуфт вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ)-ро нерӯҳои Русия ва Ӯзбакистон ғасб карда буданд.
Дар он ҷо танкҳову нерӯи ОМОН ва лашкариёни ин ду кишвар роҳҳоро баста буданд, гӯё ба хотири таъмини амнияти ҷаласаи Шӯрои Олӣ, вале дарвокеъ сохтмоне, ки дар он ҷаласа мегузашт, ба ду бахш, байни Русия ва Ӯзбакистон, тақсим шуда буд ва нерӯҳои хориҷӣ раванди ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистонро кунтрул мекарданд……
…… вақте ки президенти имрӯза (Эмомалӣ Рахмонов) раиси тозаи маҷлис интихоб шуд, ман хабар ёфтам, ки мардум дар Душанбе бо гулдаста ба истгоҳи роҳи охан рафта буданд, ки аз ӯ пешвоз бигиранд. Вале инҳо як хафта пас бо танку тӯпхо аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва ҷанг оғоз шуд.
Мутассифона, касе интизори ин чизҳоро надошт. Вале бархурдхо оғоз шуд ва дар зимистону баҳори соли 1993 ҳавопаймоҳои ҷангии Ӯзбакистон ва танкҳои Русия бо шиддати бештаре ба саркӯбии нерӯҳои озодихоҳи Тоҷикистон шуруъ карданд.”
Яксаду панҷоҳ ҳазор нафарро Раҳмонов ва ана ҳамин тайёраҳои бомбафкан ва квачковҳову меркуловҳо куштанд,на ҲНИТ!
Шумо дар хонаи Худо чи афсонабофӣ доред?Дар хонаи Худо, аз минбари Расул, ҷойи даъват ба самти ислому даъват ба шариату тариқат шумо аз чиҳо гуфта истодаед?
Чаро масҷидро ба маҳалл ва маҷлис ва толори зидди ҲНИТ табдил кардаед? Масҷидҳоро барои он иҷозат додед,ки ҷойи бозиҳои нопоки сиёсиатон шавад? Набояд гузоред, ки аз масоили шаръӣ ва аз масоили динӣ суҳбат шавад? Ҳадафатон чӣ аст? Решакан кардани ислом? Дилсард кардани мардум аз ислом?
Чаро бо ин ҳама ваиславу дастгоҳи таблиғ боз ҳам масҷидҳоро орому осуда намегузоред? Пештар ҳам гуфтем ва боз ҳам мегӯем,ки шумо бо ин миллат ҳиҷ иртиботу алоқа надоред. Ин наҳзат аст ки реша дар ормону қалби миллати мусулмони тоҷик дорад.
Масҷидро маҷбур мекунед, ки обуна шавад, масҷидро маҷбур мекунед,ки дасти шикастаи Ленинро насб кунад, масҷидро маҷбур мекунед,ки театр равад, масҷидро маҷбур мекунед, ки ба консерти Юлдузу Севинч равад. Шумо аз масҷид чи мехоҳед? Бале, шумо мехоҳед, ки масоҷид холӣ аз намозугзор шавад.
Чаро дар хутбаи шумо аз Абубакр, аз Умар, аз Усмон, аз Алӣ аз Оишаи сиддиқа аз Фотимаи заҳро аз Хадича аз имомону саҳобаҳо аз уламои ислом ҳарфе намегӯед. Масҷид ҷои тоат ва ибодат аст. Масҷид аз они Раҳмонов аз они Ятимов, аз они фермаи ҷавоб аз они Кабирӣ аз они ҲНИТ нест. Масҷид аз они ҷамъияти мардум аст ки коре ба кори Раҳмонов ва Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол надорад. Шумо аз масҷид ба унвони чӣ истифода карда истодаед? Чаро онро васила ва абзору дастгоҳи таблиғоти худ кардаед? Масҷидро худатон сиёсӣ ва сиёсат карда истодаед. Дар ин минбар ва дар инҷо мардум бояд масоили динии худро ҳал кунад. Шумо онро муқобили ҲНИТ истифода карда истодаед. Аз филмҳои дурӯғини сохтаи амниятатон мегӯед,он филмҳоро худатон аз дурӯғ буданашон бореҳам надидаед,чаро ин ҳама? Чаро аз он бемориҳои музмину бади доштаи худатон,ки доред онро бар сари мо мехоҳед бор кунед. Шарм накунед агар гуфтаниед шурӯъ кунед аз гирифтани номҳои генералҳо, мақомоти баландрутбаатон, то намозгузорн онҳоро хубтар шиносанд. Онҷо ҷои тоат асту ибодат. Даст бардоред аз гуфтани туҳмату буҳтон ва чарандиёт.
Задани Худо садо надорад,
Баъде,ки зад даво надора