Ҳиҷоб дар Тоҷикистон гирифта мешавад дар Қудс не, пас кадом вахимтар аст???
Аз нишасти Э. Раҳмон “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бо фаъолон ва ҷавонони кишвар бархурди мақомоти дахлдори ҳукуматӣ бо занону духтарони ҳиҷобпӯш шиддат ёфт, ки имрӯзҳо овозаи он тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернет доманаи васеъ густурдааст. Кор то ҷое расида, ки чанд ниҳодҳои марбутаро Ҳукумати кишвар якҷо алайҳи ҳиҷоб басиҷ намудааст. Ҳатто Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ ва “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро низ дар миёни артиши зидди ҳиҷоб ё худ “Гурӯҳи-21” дидан мумкин аст. Агар аҳамият дода бошед ҷаноби асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, “муборизи беҳамто” алайҳи ислом, ҳиҷоб, масоҷид, риш, намоз, ҳаҷ, беҳаёкунандаи миллат ва даюскунандаи мардони миллат Э. Раҳмон чунин ибтикорро пеш гирифт. Инро борҳо аз минбари толорҳои бошукӯҳи кишвар ношармида эълон намуд. Пас аз такрори зиёд ин масоил барои мақомот ҳамчун дастур гардид, то алайҳи ҳиҷоб, беҳаёсозии занон ва даюскунии мардони миллат беш аз пеш талош варзанд.
Хоҳарон ва бародарони зиёд аз мо мепурсанд, ки дар чунин ҳолат, яъне вазъи мушкилу душвор чӣ бояд кард? Ҳиҷобро аз сари ҳамсар, хоҳар ва духтарон тибқи қарори Ҳукумати кишвар, ки талаб қатъӣ доранд, бигирем ё…?.
Посухи ман: Хоҳар ва бародари мусалмонам, бидон ва огоҳ бош! Ҳиҷоб фарз аст ва пӯшидани он барои ҳар зани мусалмон, болиғ ва озод шарту ҳатмист. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳиҷоби зани мусалмону болиғ ва озодро аз сараш бардорад.Чунин ҳақро касе ба ӯ надода, шумо низ аз ҳиҷобгирандаҳои беҳаё ба ҳеҷ ваҷҳ итоат накунед. Агар ранги сиёҳро бад мебинанд ранги ҳиҷобатонро тағйир диҳед, вале онро нагиред ва худро дар маърази хатар ва таарруз қарор надиҳед. Ҳама роҳро истифода баред, вале ҳиҷобро аз саратон нагиред. Агар ин беҳаёҳо боз ҳам аз қудрат ва зӯрӣ истифода мебаранд ва шумо дар баробари онҳо оҷизед, Аллоҳ аз ин ҳолати воқеъии шумо огоҳ аст, кӯшиш кунед ба ҷуз ҳолатҳои зарурат аз хонаҳо берун нашавед.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим мефармояд:
{وَقَرْنَ فِى بُيُوتِكُنَّ وَلاَ تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ ٱلْجَـٰهِلِيَّةِ ٱلأولَىٰ} [الأحزاب:33
“Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунон, ки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор накунед.”
Онҳое, ки иститоъати ҳиҷратро доранд аз кишвар хориҷ шавед, зеро ҳиҷрат барои мардуми мусалмони Тоҷикистон дар ин марҳалае, ки миллат қарор дорад фарзи айн аст. Роҷеъ ба ҳаводиси Фаластин аз ман суол мекунанд, аммо барои ман имрӯзҳо қазияи дохили кишвар ва вазъи душвори он, ки тоқати дидану шуниданашро надорам, хоссатан масъалаи пӯшиши исломии занҳо, ки имрӯз мавриди азият қарор доранд вахиму дарднок аст. Ман ва ту бародар ва хоҳари гиромӣ хуб медонем, ки дар Қудс чӣ мегузарад ва мо ҷуз дуо ҳеҷ коре аз дастамон барнамеояд, танҳо ба даргоҳи Аллоҳ даст ба дуо мебардорем, то миллати мазлуми Фаластинро аз дасти ин яҳудони ғосиб бираҳонад. Моро дар масҷиди Ақсо, аввалин қиблаи ислом насиби намоз хондан намояд. Яҳудиён ҳиҷоби занони мусалмони Фаластиниро намегиранд ё қонуне алайҳи ҳиҷоби занони мусалмони Фаластин набаровардаанд, аммо ҳукумати Тоҷикистоне, ки аз раиси ҳукуматаш то поёнтарин мақомоташ худро мусалмон медонанд алайҳи ҳиҷоби зани тоҷики мусалмону афифа ва покдоман муборизаи беамон мебаранд, ки яҳудӣ бар зиди мусалмон чунин мубориза намебарад. Пас мани тоҷик айни ҳол ба фикри кӣ бошам?. Ба фикри тоҷикони яҳуднамо ё яҳудии аслӣ? Фикр накунед, ки ҳиҷобро мардҳо барои пӯшиши комили занҳо фикр карданд ё худ ин масъалаи оддӣ аст тавре, ки “Пешвои Миллат” дар баромадҳояшон занҳои ҳиҷобпӯшро “занҳои бесавод, бемаърифат ва гумроҳгаштагон, ки дар зиндагӣ аз чизе огоҳ нестанд, маънидод мекунад ва меафзояд, ки танҳо сатру сиёҳ пӯшидан маънии боиффат будани занонро надорад. Мо далелҳои зиёд дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони ҳиҷобпӯш фурӯши маводи мухаддир сурат гирифтааст.” Аммо эй зан, эй модар ва эй хоҳари мусалмонам бидон ва огаҳ бош, ки ҳиҷоб фарз буда, аз ҷониби Аллоҳ барои занҳои мусалмон амр шудааст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло қабл аз инки ба занон амри пӯшидани ҳиҷобро кунад ба мардони мусалмон чунин фармудааст:
“Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш фурӯ гиранд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд. Ин барояшон покизатар аст, ҳаройна Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!.”
(Сураи Нур, ояти 30)
Пас аз ин ояти боло Аллоҳ ҳукми худро дар мавриди ҳиҷоб дар ояти 31 сураи Нур барои занҳои мусалмон чунин мефармояд: “Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагон (ғулому канизон)-и худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.”
( Сураи Нур, ояти 31)
Пас мо бояд киро гӯш ё итоат кунем? Худовандро, ки холиқи мост ва бо итоат аз Ӯ худро аз оташи ҷаҳҳанам мераҳонем ё худ фармонҳои шахсе, ки амсолаш дар таърих зиёд омада, бо хортарин ҳолат ин дунёро падруд гуфтаанд ва исмашон дар сафҳаҳои сиёҳу шуми таърих сабт аст. Бидуни ҳеҷ шак оне, ки имрӯз алайҳи ҳиҷоби занону хоҳарон ва духтарони шумо ҳаммиллатонам муборизаи беамон мебарад ҷонаш, ҳукуматаш, қувваҳои мусаллаҳаш дар чанг ва қабзаи он Аллоҳест, ки чанде аз амсолашро қабзи рӯҳ намудааст, аммо афсус панд намепазирад ва ҳамоно дар туғёну куфраш исрор меварзад. Мо ҳамеша барои ислоҳи ҳолаш ва тағйири ин қаророти куфромезаш дуогӯ ҳастем. Аллоҳ ҳоли миллати моро накӯ ва барояш роҳбарони мусалмону миллатдӯсту меҳандӯстро насиб бигардонад, омин.