Тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷики муқими Аврупо дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо суханронии фаъолонии сиёсӣ оғоз ёфт. Рафти тазоҳурот дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук мустақиман пахш шуда истодааст. Дида мешавад аллакай чанд фаъоли сиёсӣ аз ҷумлаи Шарофиддин Гадоев, Абдусаттор Бобоев ва Илҳомҷон Ёқубов суханронӣ намуданд.
Шарофиддин Гадоев, Роҳбари ҷунбиши Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон зимни баромадаш дар тазоҳурот гуфт, ки таҷаммӯъи мухолифон назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин бахшида ба 70 солагии рӯзи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон мебошад.
“70 сол пеш рӯзи 10 декабр ҳамчун рӯзи дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз ҷониби СММ пазируфта шудааст. Тоҷикистон узви СММ мебошад ва вазифадор аст, ки пойбанд ба меъёрҳои ҳуқуқии байнлмилалии имзокардааш бошад. Бояд зиндониёни сиёсии тоҷик озод карда шаванд” – таъкид намуд Шарофиддин Гадоев.
Абдусаттор Бобоев, роҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ таъкид кард, ки то наҷот ва озод шудани охирин зиндонии сиёсӣ муборизаро идома хоҳанд дод.
Ӯ гуфт: “Мо на барои ду ё се нафар балки барои наҷоти ҳама зиндониёни сиёсӣ муборизаи худро идома медиҳем. То озод шудани охирин зиндонии сиёсӣ фаъолияти худро идома хоҳем дод. Даст аз мубориза нахоҳем кашид”.
Абдусаттор Бобоев афзуд: “Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб менамоем, ки дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи озодии фаврӣ ва бе қайду шарти муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, Зайд Саидов ва муовини раҳбари ҲНИТ, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва ҳамчунин дархостҳои созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар дар хусуси озодии фаврии вакили дифоъ, Бузургмеҳр Ёровро ба иҷро гузошта ва ин се зиндонии сиёсиро фавран озод кунанд”.
Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёси марказӣ таъкид намуд, ки усули ҳукмронии ҳукумати Тоҷикистон бадтар аз Ҷаллодони Бухорост.
“Дар Тоҷикистон нобиғаҳо ё кушта мешавад ё зиндонӣ. Зайд Саидов як тоҷири муваффақ буд, Маҳмадалӣ Ҳайит сиёсатмадори нобиға аст, Бузургмеҳр Ёров ҳуқуқдони варзида,… ин ҳамаро режими золими кишвар зиндонӣ кардааст” – гуфт Илҳомҷон Ёқубов.
Пахши мустқими тазоҳуротро бо ангушт задан ба инҷо тамошо кунед.