Ҳикояти шоҳзодаи Ганҷа

Ислоҳ нет

Ҳикояти шоҳзодаи Ганҷа

Шоҳзодае дар Ганҷа буд, нопок ва бебандубор. Дар ҳоле ки маст буд ва дар дасташ шишаи шароб дошт, вориди масҷид шуд. Дар гўшаи масҷид шайхи порсое бо забони ширин ва қалби салим суханронӣ мекард ва чанд нафар дар атрофи ў нишаста ва ба панду насиҳатҳои вай гўш мекарданд. Оре, агар олим набошӣ, бояд ҳадди ақал шунаванда бош.

Шоҳзодаи ҷавон ва саркаш бидуни ҳеҷ шарму ҳаё шурўъ кард ба беҳурматӣ кардан ва носазо гуфтан, ки аз ин амалкарди ў онон нороҳат шуданд ва дилашон гирифт, вале чӣ кор метавонистанд бикунанд дар муқобили шоҳзода. Агар шоҳ ба кори мункар ва зишт пешқадам бошад, чӣкасе метавонад амри маъруф кунад ва ҷурати боздоштани вайро аз кори зишт дошта бошад? Ҳар ҷо, ки сир бошад, бўйи он бар бўйи гул ғалаба хоҳад кард, ҳамон гуна ки овози табл бар овози чанг ғолиб мешавад ва ўро фурў мебарад. Бо вуҷуди ин, агар бо кўмаки Худо тавони наҳйи мункар карданро пайдо кардӣ, мисли инсони бедаступо дар пойин хомўш манишин. Агар бозуи қудратманд надорӣ, забонатро ба кор гир, ки бо панду андарз мешавад инсонро хушахлоқ ва тарбия кард. Агар ҳам дасту ҳам забон аз кор бароянд ва қудрати худро аз даст диҳанд, мардони мард бо ҳиммати баланди хеш мардонагии худро нишон медиҳанд.
Сипас яке аз ҳозирон пеши он донои хилватнишин рафт ва нолаву зорӣ кард ва гуфт, ки дар ҳаққи ин ҷавони нопоки маст дуъо кун, ки мо безабон ва бедастем, вале дами оташини ту, ки аз дили огоҳ сар мезанад, таъсираш аз ҳафтод тиру табар бештар аст.

Шайх қабул кард ва дасташро ба сўйи осмон боло карда гуфт: – «Эй Худованди баландиву пастӣ, ин писар, ки дар рўзгор хушвақт аст ва мушкиле надорад, ту, эй Парвардигор, ҳамеша вайро хушвақт нигаҳ дор ва ўро ғамгин макун!».
Яке аз атрофиён бо шунидани ин дуъои хайр дар ҳайрат монд ва гуфт: – «Эй шайх, эй муқтадои сидқу ростӣ, чаро бар ин инсони бадсиришт дуъои хайр кардӣ ва дархости хушвақтӣ намуди?Некхоҳӣ дар ҳаққи инсони бадсиришт барои хубон айни бадхоҳист». Шайх, ки инсони ҳақбину тезҳуш буд, дар ҷавоби он мард гуфт: – «То сирри суханро дарк накунӣ ва аз мазмуни он пай набарӣ, ҷўш мазан ва қазовати зудҳангом макун. Ман нахостам, ки бо дуъои бад ва суханҳои беҳуда оромиши маҷлисро барҳам занам ва сухане ҳам нагуфтам, ки ба бадии ў изофа шавад, балки аз Офаридгор тавбаашро дархост кардам, ки ҳар гоҳ аз ахлоқи бад баргардад ва пушаймон шавад, ба айши ҷовидон, ки биҳишт аст, хоҳад расид. Ин айше, ки имрўз дорад ва ин мастӣва шаробхўрӣ панҷ рўз бештар нест, вале тарки ин амали зишт айши абадӣ ва хушвақтии сармадиро ба бор хоҳад овард».

Фардои он рўз як нафар ин моҷаро ва дуъои хайри шайхро ба гўши шоҳзода расонид. Ў бо шунидани ин хабар як дафъа аз чашмонаш мисли борон ашк борид ва чеҳраи гулгунаш аз ашки чашмонаш шуста шуд ва нафареро ба назди шайхи некмаҳзар фиристод ва паём дод, ки ман инак мехоҳам тавба кунам ва шахсеро мехоҳам, ки ба доди ман бирасад. Эй шайх, аз ту мехоҳам, ки қадам ранҷа фармоӣва пеши ман биёи,то ба зери қадамҳои ту сарамро биниҳам ва аз сарам ҷаҳл, нодонӣ ва норостиро берун кунам.
Дар пеши дари қасри шоҳзода аз ду тараф сипоҳиён саф ороста истода буданд, ки он шайхи суханпарвар ба айвони шоҳ ворид шуд. Дид, ки суфраҳо боз ва дар болои дастархон шириниҳо, анвои гуногуни меваҳо гузошта шудааст, бо шароби ноб ва шамъҳои афрўхта. Боргоҳаш аз нозу неъмат обод буд, вале мардум ҳоли хароб доштанд, яке аз худ бехуд, яке ниммаст, яке машғули сурудхонӣ, яке кўзаи пур аз шароб дар даст дошт. Аз як сўй садои мусиқии мутриб ҷўшу хурўш мекард ва аз сўйи дигар соқӣ дод мезад, ки ҳар кас майли шароб дорад, биёяд ва нўши ҷон кунад. Ҳарифон ва улафатҳои базм аз нўшидани шароб мисли лаъл сурхранг шуда, ақли худро аз даст дода буданд ва сари чангнавоз ҳам аз масти хоб мисли чангаш дар бағалаш хамида буд. Аз навкарони гардандароз низ касеро намешуд пайдо кард, ки чашмаш боз ва бедор бошад, ба ҷуз гули наргис, ки дар он боғ вуҷуд дошт. Доира ва чанг бо ҳамдигар соз дуруст мекарданд ва аз худ садои нолаи зорро ба гўш мерасониданд.

Зоҳид, он шайхи соҳибназар, бо ворид шуданаш ба он боргоҳ дастур дод, то ҳамаи созу олатҳои фасодро дарҳам шикастанд ва айши софро ба айши олуда ва тира табдил доданд. Чангҳоро шикастанд, торҳои дутору удро пора намуданд. Сурудхонҳо сурудро аз сарашон берун карданд, дарҳои майхонаро сангборон карданд ва кўзаҳоро хобониданд ва гарданашро заданд. Майи лолагун аз шишаҳо мисли хун ҷорӣшуд. Хумҳое, ки бо майи нўҳмоҳа ҳомиладор буданд, дар ин ҳодиса духтарҳояшонро сиқт карданд. Машкҳоро шикам то ноф дариданд ва дар азову мотами онҳо қадаҳҳо аз чашмонашон ашк рехтанд, ки ҷўйҳо аз он ашк пур гашт. Шайх дастур дод, то сангҳои саҳни саройро бикананд ва ба ҷойи он сангҳои дигарро биёранд ва аз нав бисозанд, чунки майи гулгун ва шароби сурх бо шустан аз рўйи санги мармар намеравад. Аҷаб нест, ки чоҳи он сарой шояд ў низ маст ва хароб шуда бошад, чун бештарин шаробе, ки рехта шуд, ба дохили он чоҳ рафт. Аз он пас ҳар кас зарфи шаробро ба даст мегирифт, мисли доира аз дасти мардум пасигарданӣ мехўрд.

Агар як фосиқ чангро ба душаш ҳамл мекард, мардум мисли печондани гўши танбур гўши ўро низ мепечиданд.
Алқисса, шоҳзодаи ҷавон, ки сараш аз кибру фахр маст буд, мисли пирон ба кунҷи ибодат нишаст. Падари ў борҳо бо таҳдиду сарзаниш ба ў гуфта буд, ки инсони шоиста ва покиза бошад, дар амал ва гуфтораш содиқ бошад, вале гўш накарда буд ва дар каҷравӣ исрору пофишорӣ мекард, ки ҳатто падараш ба ҷазои сахт даст зад, аммо ҷафоҳои падарашро, ки зиндон ва банди зиндон буд, таҳаммул кард ва аз роҳи бад барнагашт ва ҳеҷ кадом аз талошҳои падараш ба андозаи ин панде, ки аз шайхи некманзар шунид, судманд воқеъ нашуд,
Агар сухангўй бо лаҳни дурушт ё ором мегуфт, ки аз сарат ҷавонӣва нодониро дур кун, хаёлу ғурури шоҳзода водор мекард, ки шайхро зинда нагузорад. Чун сипар шери жаёнро наметавонад аз ҷанг боз дорад ва паланг ҳеҷ гоҳ аз теғи буррон наметарсад.

Оре, бо нармӣ ва муомилаи хуб аз душман дўст месозӣ, вале агар ба дўстат хушунат кунӣ, ба душмани ҷонии ту табдил мешавад. Касе, ки мисли сандон ба рўяш оҳан кашад ва сахтрўйӣ кунад, ба сараш мезананд. Дар муомила бо амир дуруштӣ накун ва агар дидӣ, ки сахту маҳкам истодааст, ту бояд нармӣкунӣ ва ақибнишиниро пеша намои. Ҳар касеро, ки дидӣ бо ахлоқи хуб созиш кун, хоҳ он шахс зердасти ту бошад, хоҳ хоҷа ва сарвари ту, чун агар зердасти ту бошад, аз ту нороҳат намешавад ва гарданкашӣ намекунад ва агар забардаст аст, бо гуфтори хуш пеши ту сар хам мекунад.
Оре, бо ширинзабонӣ метавонӣ ҳамеша баранда бошӣ ва тундхўйӣ пайваста ба ту талхӣ ва нокомӣ хоҳад овард.
Эй хонанда, ту ширинзабониро аз Саъдӣ ёд бигир ва ба инсони туршрўй бигўй, ки аз талхӣ ва нокомӣ бимир!

Аз китоби «Роҳе ба сўйи «Бўстон»

Share This Article