(бахши аввал)
Cару садоҳое баланд шуданд, ки Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, маъруф ба Зорро эҳтимол меравад аз вазифааш барканор шавад. Баъзе аз расонаҳо ҳатто зиндонӣ шудани ӯро низ тахмин задаанд.
Аммо, тибқи маълумотҳое, ки ба дасти мо расидааст, решаи фаъолиятии Иззатулло Шарифзода аз худи чашмаи марҳамати хонадони шахси аввали кишвар об мехурад ва ба ин наздикӣ хушк шуданаш муҳол аст.
Иззатулло Шарифзода, шахсест, ки ним зиёд ҷиноятҳои “Оилаи пешво” бо дастони ӯ иҷро мешаванд. Мухолифон, рақибон ва шахсоне, ки ситораашон ба ситораи хонадони шахси аввали кишвар маъқул намешавад, ба дасти Иззатулло Шарифзода супорида мешаванд. Тибқи фармон ӯ дар зиндон барои мухолифону рақибони сарҳукуматдори кишвар ҷазои иловагӣ муайян мекунад ва онро тавассути зердастонаш амалӣ мегардонад.
Дар Тоҷикистон дузди калон, ҷинояткори пулдор, одамкуш, одамрабо, заминфурӯш муҳол аст, ки пушти панҷараи зиндон шавад. Танҳо майдадуздону майдаавбошони камбағал ба хотири чанд майда чуйда дохили зиндон мешаванду халос. Чун “Криша”-и асосии дуздони калону гурӯҳҳои ҷиноятӣ худи сарҳукуматдори кишвар аст. Боқимонда зиндониён наздик ба 80 дар сад шахсоне ҳастанд, ки фикру андешаашон таҳдидгар ва халалрасон ба дуздони калону гурӯҳи ҷиноятии сарҳукуматдори Тоҷикистон аст. Бо ҳамин хотир барои аксари зиндониён маҳрум шудан аз озодӣ ин ҷазои асосӣ набуда, ҷазои асосии дар қонун нонавишта, баъди гирифтани ҳукм ва пушти панҷараи зиндон шудан оғоз мегардад.
Чанд зиндонии озодшудае, ки бо расонаҳо ҳамсӯҳбат шудаанд, мегӯянд, ки дар баробари дохили зиндони Тоҷикистон шудан, умеди то ба озодӣ расидан аз байн меравад. Тули чанд соле, ки дар зиндон бошӣ, фақат шабу рӯз марги худро интизор мешавӣ.
Ҳатто шаш сол пеш аз ин, Саидалӣ Казаков ном шаҳрванд, ки баъд аз адои ҷазои беш аз 7-солааш аз зиндон озод шуда буд, 12 октябри соли 2012 дар мусоҳиба бо Заринаи Хушвақт, хабарнигори Би-би-сӣ, гуфта буд, ки “зиндон дар Тоҷикистон маконе нест, ки он ҷо зиндониён тарбияти дуруст бигиранд ва ба зиндагии маъмулӣ сиҳҳату саломат бозгарданд”.
Саидалӣ Казаков арз карда буд, аксари касоне, ки пушти панҷараи зиндон ба сар мебаранд, гуноҳ надоранд ва бидуни ҳеҷ ҷурме аз озодӣ маҳрум шуда, азият мекашанд ва шиканҷа карда мешаванд.
“Ростӣ, дар суҳбатҳое, ки бо бисёре аз зиндониён доштам, ба хулосае омадам, ки 70 дар сади афроде, ки имрӯз дар маҳбасхона ба сар мебаранд, тақрибан бегуноҳ зиндонӣ шудаанд”.- гуфта буд Саидалӣ Казаков ба Би-би-сӣ
Ин сӯҳбати Казаков чунон, ки гуфтем, шаш соли пеш буд. Он замонҳо то ба дараҷаи имрӯз Тоҷикистон бо шиканҷаву ҷабру зулми зиндониён ва бегуноҳ пушти панҷараи зиндон кардани шаҳрвандон на он қадар бадном шуда буд. Бо вуҷуд, Казаков бар ин назар аст, ки аксари зиндониён бидуни ҷурме пушти панҷараи зиндон шудаанд.
Дониста мешавад, ки империяи истибдодии Иззатулло Шарифзода, ҳамон солҳо низ мисли имрӯзҳо амал мекард, вале ҷомеъаи байналмилалӣ ба ин аҳамияте намедод.
Моҳи марти соли 2013 волидони маҳбусони норозӣ бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Р., ёвари вазири умури хориҷии ИМА Роберт Блейк ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, истеъфои Иззатулло Шарифзода, сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистонро бо шумули сарпрокурори назоратӣ Толиб Азимов ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев тақозо карда буданд.
Дар номаи мазкур 320 волидони маҳбусони норозии зиндонҳои мухталифи кишвар ва зиндониёне, ки тайи чанд соли ахир бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд, имзо гузошта буданд.
Гуфта мешуд, дар ин нома маълумоти муфассал ва асноди дақиқ бо сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ пешниҳод шудааст, ки чи гуна дар маҳбасҳо аз шиканҷаву зурӣ кор гирифта мешавад, вале масъулони маҳбасҳо ба ҷои ислоҳи вазъият, беэътиноӣ мекунанд.
Аммо, моҳи апрели соли 2013 ба хабаргузории Азия плюс Иззатуллоҳ Шарифзода дар вокуниш ба талаби истеъфои худ аз ҷониби бархе волидони маҳбусони норозӣ гуфта буд:
“Аз ҷониби президент таъйин шуда ва танҳо президент ҳаққи барканор кардан аз мақомашро дорад”.
Бармеояд, ки “криша” ва “боло”-и ин золимон, худи президент Эмомалӣ будааст ва ҳамагуна зулму шиканҷа ва истибдодҳо тавассути фармони ӯ ба иҷро мерасанд. Вагарна, агар худи президент дар қалбаш заррае раҳм медошт, магар ба арзу доди пайвандони 320 нафар зиндонии дар асари шиканҷа ба ҳалокат расида, беэътиноӣ мекард? Ҳаргиз!
Зулму шиканҷа то ба андозае бераҳмона, то ба ҳолати ба марг дучор шудан дар зиндонҳо ба роҳ монда шудааст, ки ҳам шиканҷа мешавӣ ва ҳам забони шикояткунандаатро гунг мегардонанд ва таҳдид мекунанд, ки оқибати шикоят аз шиканҷа, шиканҷаи чандкарата хоҳад буд. Бо ин ҳол бечораи зиндонӣ ҳам мурданивор шиканҷа мешавад ва ҳам шуҷоати шикоят аз шиканҷаро надорад. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки ҷон ба лаб меояд, вақте инсон ба марг рӯ ба рӯ мешаваду умеди зинда мондан аз ӯ гирифта мешавад, будану набудан барояш баробар мегардад ва ҳатман дар ҷустуҷӯи роҳҳои қасос мешавад ва ё ҳеҷ не шуҷоати шикояту арзу додро пайдо мекунад.
Созмони Афви байналмилал моҳи октябри соли 2013, гузорише нашр карда буд, ки афроди зиёд дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон, ки мавриди шиканҷа қарор мегиранд, тарҷеҳ медиҳанд, ки хомӯш бошанд, танҳо иддаи каме аз онҳо ба фошкунии он ҷуръат мекунанд. Он замон зиндониёне, ки аз амалкарди масъулони зиндонҳо шикоят карда буданд, гуфта буданд, ки онҳоро ҳамчун муҷозот ба муддати се моҳ дар ҳуҷраҳои инфиродӣ нигоҳ доштаанд. Ин зиндониён бо нигаронӣ аз сарнавишти худ шикоятҳое карда буданд, ки бо шунидани он мурғаки бадани одам медамид ва мӯи сари инсон сих мешуд.
Афви Байналмилал аз мақомоти кишвар, вазорати адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо карда буд, ки аз онҳо ҳимоят кунанд. Аммо аз нолаи зиндониён, ки ҳатто мурғони ҳаворо ба гиря меоварад, мижаи ҳукуматдорони мо таҳ нахурд. Чунки фармоишгари асосии ин ҳама шиканҷаву зулмҳо худи сарҳукуматдори кишвар Эмомалӣ Р. асту коре аз дасти онҳо сохта нест. Иззатулло Шарифзода ҳам, ки ба золимиву сангдилӣ ном баровардааст, фармонро аз золими асосӣ мегираду дар ҷиноят ҳама ҳукуматдорон шарики ҳамдигаранд. Вагарна, кайҳо золиму бераҳме мисли Иззатулло Шарифзода, бо ҷиноятҳои гушношуниду каснодидаш ба солҳои тӯлонӣ ҳабс мешуду туъмаи зиндониёни ҷабркардааш мегардид.
Октябри соли 2014 Рустам Абророви 53-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо иттиҳоми қаллобӣ зиндонӣ шуда буд, ба хотирии беэътиноии бераҳмона фавтида буд. Бинобар хуруҷи бемории қанд як пояшро пизишкон тоза бурида буданд ва пои дуюмаш низ то пӯсида рафтан дар зиндон дард кашидааст ва бо ҳамин аҳвол дар ҳоли шикоят аз вазъи саломатӣ шиканҷа ҳам шуда будааст. Ӯро зиндонбонон танбеҳ дода буданд, ки нисбати вазъи саломатияш ба наздиконаш ҳарф назанад.
Ҷамила Абророва, хоҳарбузурги Рустам Аброров рӯзи 8 октябри ҳамон сол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гирифторони бемории қанд бояд пайваста зери назари пизишкон бошанд, вале ин маҳбуси беморро, ки алакай як пой надошт, дар ҳоле дар беморхонаи зиндон бистарӣ карданд, ки пои дигараш ҳам комилан пӯсида буд:
“Медонистам, ки вазъаш хуб нест, ҳарчанд худаш қоил намешуд. Ӯ даҳ сол боз аз ин беморӣ ранҷ мекашид. Оиладору соҳиби 4 фарзанд буд. Мо худамон ҳама доруву дармонашро мебурдем. Аммо саломатиаш бадтар мешуд, як пояшро буриданд, пойи дувумаш бемор шуд, аммо фақат ҳамин даҳ рӯз пеш ӯро ба беморхона овардаанд. Вақте ҷасадашро шустем, пояш умуман пӯсида, гӯштҳои пояш рехта буд.”- нақл карда буд Ҷамила Абророва.
Ин золимиву бераҳмиро шояд таърих дар ҳеҷ давру замоне ёд надошта бошад. Ҳатто Чингизи муғул низ то ба ин ҳад бераҳмияш рӯи сафҳаҳои таърих наомадааст.
Бо вуҷуди пешгирӣ аз шикоятҳо ва таҳдиди шиканҷаи сангин ба зиндониён дар ҳолати забон кушоданашон нисбати шиканҷаҳо дар зиндон, соли 2014 масъалаи шиканҷаву тазйиқ ва фишор дар зиндонҳои Тоҷикистон аз пурсару садотарин мавзӯъ дар расонаҳои кишвар буд.
Ҷиноятҳои Иззатулло Шарифзода ва корфармояш Эмомалӣ Р. Танҳо бо зулму шиканҷа ва қасосгирӣ аз мухолифони сиёсӣ тамом намешавад. Дар идомаи мақола, тибқи маълумотҳое, ки ба мо расидааст, аз интиқоли маводи мухаддир сар карда, то фоҳишафурӯшӣ ба зиндониён, ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ, одамкушӣ, сагбозиву тиҷоратҳои сиёҳи ин ҷинояткорон, бахусус Иззатулло Шарифзода, бо далелҳои равшану возеҳ нақл хоҳем кард. Интизор бошед!
Идома дорад..
Муҳаммадиқболи Садриддин