Имрӯз дар тақвими таърихи навини Тоҷикистон бо ҳуруфи барҷаста ва бо таъкиди махсус сабт мешуд, агарки Раҳмон зери қавлаш намезад ва аҳд намешикаст. Нахустин музокироти сулҳи тоҷикон баъд аз зӯҳри 5 апрели соли 1994 дар яке аз қароргоҳҳои берун аз Маскави Вазорати хориҷаи Русия баргузор гардида буд, ки дар он ду намояндаи СММ- Ливиу Бота, намояндаи доимии Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон ва Рамиро Перес Баллон фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ дар масоили музокироти тоҷикон, А. Козырев, вазири хориҷии Русия, намояндагони кишварҳои кафил ва ҳайатҳои дуҷониб, таҳти сарварии О. Латифӣ, раиси Шӯрои ҳамоҳангии неруҳои демократии Тоҷикистон дар Маскав ва Ш. Зуҳуров, вазири меҳнат ва шуғли аҳолииТоҷикистон ширкат доштанд. Ин музокирот, ки минбаъд дар панҷ давр ва беш аз се сол ва дар Маскав, Исломобод, Теҳрон, Ишқобод, Бишкек ва Алмаато идома кард, ҷанги дохилиро хотима бахшид ва сулҳу салоҳро дар кишвар мустақар кард.Аммо ба толеъи шум ва бахти бади тоҷик оромӣ ва сулҳу субот барои Раҳмон, ки дар сар ҳавову ҳаваси салтанатӣ ва меросӣ кардани ҷумҳуриро дорад, маъқул набуд.Дар чеҳраи ҲНИТ душмани орзуҳо ва хаёлҳояшро медид. Ва даст зад ба шикасти сулҳ ва оромишу осудагии кишвар.
ХХХ
“Ва аммо таърихсозӣ амалест ду тараф дорад, ду даст дорад ва яки танҳо дар он оҷиз аст ва дар воқеае, ки мегӯям дасти ӯро Сайид Абдуллоҳ Нурӣ гирифт. “Сулҳнома”-Душанбе.2001.И.Усмон
“…Когда в результате продолжительных переговоров в Москве 27 июня 1997 года между главой страны Э.Ш. Рахмоновым и бывшим руководителем Объединенной таджикской оппозицией С. Нури было подписано Общее соглашение о мире и национальном согласии, этот документ занял свое достойное место в нашей новейшей истории, как судьбоносный,спасший страну и народ от гибели.” “Таджикистан после распада СССР”. Душанбе,2007 А.Достиев.
Аз навиштаҷоти муаллифони тарафдори ИНОТ иқтибос наовардам. Ҳарфи онҳоро хоҳам гуфт.
Яке аз шартҳои муҳимми Созишномаи умумии сулҳ, ки бо баргузории раъйпурсии халқӣ Қонунии асосии кишварро ислоҳ кард, ба мӯҳлати даври раиси ҷумҳур тааллуқ дошт. Сетябри соли 1999 ду даври панҷсола ба як даври ҳафтсола иваз шуд. Сари ин модда тарафҳо тавофуқ карданд ва дасти ҳам доданд ва аҳд бастанд, ки ин созиш шикаста намешавад. Агарчанде, ки бинобар китоби “Шикастанҳо ва бастанҳо”-и Абдумаҷид Достиев, ки дар музокироти Исломобод роҳбарии ҳайати ҳукуматиро бар дӯш дошт дар он замон, ки баҳс ҳанӯз ба сари таъйид 7сола ниҳоӣ нашуда буд, М. Убайдуллоев, раиси Душанбе ба Достиев занг зада ва наздаш меояд ва мегӯяд, ки ин моддаро иваз накунед ва бигзор ҳамон ду панҷсола биистад. Аммо ба ҳар ҳол… тарафҳо розӣ шуданд, ки Раҳмон на 5, балки 7 соли баъдӣ ҳам роҳбари давлат биистад. Ин ду соли изофӣ дар асл инъоми оппозитсион ба Раҳмон буд.
Вале соли 2003 дар моҳи июн Раҳмон қавли додааш ва дасти фишурдаашро шикаста ва пас гирифта буд, Қонуни асосиро иваз кард ва як мӯҳлати 7 соларо ба ду ва ҳамин тавр тамоми тааҳҳудоти сулҳу оштиро бекор ва заминаро барои мухолифатҳои сиёсӣ фароҳам кард. Зимнан, чун ҷойе барои гуфтан омад, бояд бигӯям, ки Убайдуллоев дар ҳамон шабурӯз назди устод Нурӣ омад ва норозигӣ ва эътирози худро аз ин амали Раҳмон баён кард. Аз устод хост мухолифат кунад, чун Раҳмон шароити сулҳро ин бор дар сатҳи Қонуни асосӣ нақз мекунад. Албатта, устод ва ҲНИТ бо шеваҳои хос ба як ҷомиаи маданӣ, бо интишори баёния ва изҳори назар дар мабуот эътироз карданд. Вале аз рӯёрӯӣ парҳез намуданд. Ба ин тартиб Раҳмон ошкоро шароити созиши сулҳро зери по гузошт, агарчанде ҳанӯз дар ҷосозии кадрҳо тибқи саҳми сидарсадӣ ҳамчунин мавқеи гургонаро нисбати ҲНИТ гирифта буд ва на сидарсад бо як ниҳоди қидратӣ балке метавон гуфт даҳдарсадҳам надода буд.
Таъвизи мӯҳлати раёсти ҷумҳурӣ ва вокуниши ороми ҲНИТ ӯро шерак кард ва то метавонист даст ба иқдомоте бизанад, ки ҷомиа пиндорад Раҳмон дасти боло ва пурқувват шудааст. Аҳзоб ва шахсиятҳои муҳим ва муътабарро пароканда, дудаста ва ҳатто то ба зиндону қатл расонд. Ҳизби демократро ва ҳизби сосиалистро амалан аз саҳна рӯфт.Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,М. Искандаров, Зайд Сайидовро аз кор барканор ва дуи ахирро зиндонӣ кард. Дар манотиқи ҳаводор ба ҲНИТ –водии Ғарм ва вилояти Бадахшон ба роҳандозии амалиётҳои низомӣ тавассути артиш даст зад ва гӯиё ниқореро, ки солҳои ҷанги дохилиро, ки натавониста буд ин қисмат аз ватанро истило кунад, гирифт.Дар ин миён Мирзо Зиев ва бархе аз фармондеҳони пешини ИНОТро кушт. Ҳадафи тир кард. Ва ҳамин тавр бо инки дигар комилан сулҳро шикаст ва ба инкори он шурӯъ кард, оҳиста-оҳиста тавозуни маҳал дар тақсими мансабҳои давлатӣ дар сатҳи ҳокимияти марказиро ҳам ба ҳам зад ва ҳукуматро пурра дар ихтиёри писару духтарҳо, домодҳо ва ҳаммаҳалҳояш гузошт. Дигар ошкоро сулҳ ва ҲНИТро инкор кард.Гузашта аз ин бо роҳандозии як тарҳи фоҷиаовар ба ном кудаторо ташкил кард ва ҲНИТро ба он шарик хонд ва ҳанӯз, ки ҳатто Додгоҳи олии кишвар ширкат доштан ё надоштани Наҳзатро ба муҳокима нагирифта буд, ин ҳизби як тарафи сулҳро баст ва ҳатто террористӣ эълон кард. Бо нақзи ҳама шароити сулҳ ва ҳама қавонини байналмилалӣ ва дохилӣ.Бо ин ҳама орому осуда нашуд. Моҳи майи соли 2016 боз ҳам Қонуни асосиро иваз кард ва моддаи марбут ба ҲНИТ, моддае, ки фаъолияти аҳзоби диниро кафолат медод аз байн бурд ва охирин тавофуқ ва ризоияти миллиро ҳам хароб сохт. Дар Қасри Арбоб дар соли 2017ошкоро эълон кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бо ҲНИТ сулҳ накардааст.
Бале, ҳамакнун мисле, ки бар муроду мақсадаш расидааст ва роҳат Рустамро дар ҷойи худаш Пешво месозад. Аммо ҳаводиси Қирғизистон ва сарнагунии Қурмонбек Боқиев ва Максимашро набояд фаромуш созад.Зимнан матни тағйироти ахири Қонуни асосӣ ҳанӯз дар соли 2010 омода буд, аммо ҳаводиси Бишкек тарсонд ӯро. Ва ин тарсро ҳамвора аз ноҳияи ҲНИТ медид. Бастани ҳизб кори худи Раҳмон ва атрофиёнаш аст,ки аз тарси додани қудрат ба ин кор даст зад. Ҳеҷ кишваре пешниҳоди ӯро дар террористӣ эътироф кардани ҲНИТ далели қатъӣ аст, ки тамоми иттиҳоми зада ба ҲНИТ дурӯғи маҳз аст.
Вале ба ҳар ҳол агарки Раҳмон ба як чунин иқдомоти хушунатзо ва ташаннуҷовар, ки фаҷоеи бузургеро дар пай дорад, даст намезад ва шарики сулҳи худро дубора аз кишвар намеронд ва сулҳу созиши бо онро ба ҳам намезад, чи мешуд? Аз онки худ мункири худ ва мункири имзои худ шуда ҲНИТ-ро ба корҳое, ки накардааст, айбдор намекард чӣ мешуд? Ду тараф аҳду паймон баста буданд, ки айбҷӯӣ намекунанд ва ҳаводиси солҳои муқовиматро намекобанд ва ба гузашта салавот хонда буданд.Инҷо аввал як сархаттеро аз матни “Санади ҳамдигарбахшӣ” меоварам, ки дар Маскав ба ҳангоми имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Раҳмон ва устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар зераш имзо карда буданд.
“Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод ки аз паси қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд.Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд”.
Ҷавоб ин аст ки ҳеҷ чизе намешуд. Агар ба нақшаҳояш ҳам идома медод ҲНИТ аз хушунат кор намегирифт. Аз роҳи зӯр иқдом намекард. На ба хотири онки аз Раҳмон бим дошт. Андеша аз аксуламал, муносибати дунё бо ҲНИТ ва муносибати ҳамсояҳо аз як сӯ ва инки суботу сулҳи кишвар ва ҳифзи ҷону моли инсонҳо намегузошт, ки ба рақиб бо шеваи хашини худи ӯ бархӯрд кунем,аз инҳо маншаъ мегирифт. ҲНИ сокит намеистод, эътироз мекард, шояд тазоҳурот ҳам мекард . Аммо ҳокимиятро сарнагун намекард. Ба унвони як созмони умдаи сиёсӣ мухолафатҳоро дар доираи қонун анҷом медод, агарчанде ҳузураш дар саҳна машруияти режими Раҳмонро таъмин мекард. Аммо акнун нест. Ин имтиёзро Раҳмон аз даст додааст.Қашшоқӣ, муҳоҷират, бекорӣ ба ҷони мардум задааст. Рӯз то рӯз азобу азияти халқ бештар мешавад.
Ҳоло, бо гузашти 25 сол, бо онки тарафи дигари сулҳро ба ҳошия, балки берун аз Ватан ронд, чӣ натиҷа гирифт. Мухолифинеро, ки мувофиқ шуда ва дар инкишофу тараққиёти кишвар шарик ва ҳисса мегузоштанд,дигарбора ба мухолафат водошт.Дуруст ҳамон тарафи дигар ва асосии сулҳу созишро.
Раҳмон вақте қарор қабул кард ва тасмим гирифт, ки ҲНИТ-ро аз ҳаёти сиёсӣ канор мезанад ва бо ҳамин мудирият дар кишварро барои худ абадӣ месозад, як нуктаи бисёр ҳам ҷиддӣ ва муҳимро ба эътибор нагирифт, балки фаромуш кард. Ҳизби наҳзати исломӣ то инки ӯ сари кор ояд, амал мекард. Дуруст аст ки ӯ сари қудрат омаду чанде нагузашта фаъолияти онро манъ кард. Аммо ҲНИТ маҷбураш кард,ки он ҳукмашро лағв кунад ва имконияти фаъолияти озодонаи ҲНИТ дар мамлакат фароҳам шавад.Барои онки ҳамчунин шароит фароҳам шавад ҲНИТ ҷонбозиҳо кард, ки на танҳо мардуми тоҷик, тамоми ҷаҳон бохабар аст. На танҳо ба фаъолияти озод, ки ҳаққи мусалламаш аст, даст ёфт, ҳамчунин водор кард, он ҳиссаи ҳукумат, ки мудирияташ ҳаққи ӯст дода бишавад. Ҳамин нуктаи асосиро ба эътибор нагирифт, ки ҲНИТ, агар ки аз ду ва ё даҳу сад ва садҳо саканаи Тоҷикистон иборат буд, қувва, неру ва пойгоҳи иҷтимоӣ дошт. Ҳоло, ҳам ҳамон қувва, неру ва пуштвонаи қавии мардумиро дорад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ором ва осуда нахоҳад гузошт, ки ҳаққи мусаллами ӯ ба ғорат биравад,ба яғмо бурда шавад.
Дигар ва хеле ҳам муҳимтар ин аст ки ҲНИТ замоне дар дохил буд ва фаъолияти аланӣ дошт, дар баробари сулҳшиканиҳо, иғвову дасисаҳо сабр ва таҳаммул ва гузаштҳо кард, заҳрҳоро фурӯ бурд, сари кафидаашро таги тоқӣ кард, аммо акнун, ки дигарбора дар ҳиҷрат аст, бо тамоми имконоти худ мубориза ва муқовиматшаро идома хоҳад дод.Мо дигар лаб фурӯ намебандем. Шумо ва асли шумо ва симои асоси шуморо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои мардум, ки тамоми ин муддат фиребаш медиҳед, ошкоро хоҳем гуфт.Мо дар дарун сокит будем, инҷо дигар сукут даркор нест. Садои мо, ки аз бонги такбири бомдодӣ шурӯъ мешавад, ҷисму ҷони шуморо, оромиву айшу ишрати шуморо ба ҳам мезанад.То ҳадде, ки, то барӯятон чарм накашед, ба танатон ҷавшан напӯшед, аз ҳузур дар баробари мардум ногузир ибо ва парҳез хоҳед кард. Чунин гумон накунед, ки ватанамонро, хонаамонро, заминамонро, масҷиду хонақоямонро ҳамин тавр бароятон муфт монда омадаем, чунин гумон накунед, дӯстони мо, ҳазорон наҳзатӣ, аз узви оддӣ то аъзои Раёсати олиаш, ҳазорон мусалмон, ба хотири намозхониаш дар зиндонҳои шумо то ба охир хоҳанд буд. Ҳеҷ гоҳ на. Аллоҳи меҳрубон ончиро, ки болои золимон овардаву меоварад, аз Фиръавн гирифта то Саддом Ҳусайну Муаммар Қаззофӣ, то Қурмонбек Боқиеву инак Бутафлиқа болои ту ҳам хоҳад овард.Мутмаин бош!
Сулҳу созишро хароб карда хонаи орому осудаи мардумро вайрон кардед.Ҳокимиятеро, ки ба халқ тааллуқ дорадро ғасб ва тассаруф кардаед, ҳокимиятеро, ки ба мардум суҳулат ва сабукӣ оварадро ба олоти террору тарсонидани мардум, балки ба балое ба сари халқ табдил кардаед. Аммо ҳама чӣ ва ҳама кор ҳама амал анҷом ва посух дорад.Ин анҷом ва ин посух бо ризояти Аллоҳи меҳрубон ва бо дастони ин миллати мазлум, ки иншо Аллоҳ дар канораш хоҳем буд,дода мешавад.
Имрӯз тибқи хабарҳои расида Ҷалолиддини Маҳмуд узви РО ҲНИТ ва узви комиссияи оштии миллӣ дар бахши низомӣ буд.Дар арафаи интихоботи порлумонии соли 2015 бо туҳматҳо ва кинаҳои “Фронти Халқӣ” равонаи зиндонаш намуда буданд пас аз адои ҷазои таҳмилӣ озодгашт.Инчунин узви дигари РО ҲНИТ ва раси бахши вилоятии ҲНИТ дар вилояти Суғд Самиев Наимҷонро пас аз дуздида бурдан аз Русия маҳкум карданиянд.Ин чӣ ҷинояткорӣ ва бе қонуният аст дар ин кишвареки “Фронти Халқӣ” бо саркардагии ин марди хашин идора мешавад?Озодии Ҷалолиддини Маҳмудро муборак ва ба додгоҳкашидани Наимҷон Самиевро қотеъона маҳкум менамоям.Ақалан ба ин сана эҳтиром намоед ҳамчун инсон.
Ва, дубора Тоҷикистони азиз, санаҳои сарнавиштсозашро, ки якеаш ҳам ҳамин 5 апрел аст бо ранги баланд ва рӯшан дар таърихаш сабт хоҳад кард, ки ҳеҷ сулҳшикане набитвонад ҳазфаш кунад. Ин ҳодисаро Устод Салим Аюбзод дар он солҳо аз наздик мушоҳида мекарданд ва агар дар ин мавриди матлабе нашр мекарданд дар РО бағоят ҷолиб ва хонданӣ мебуд.