(раддияи севвум)
Хонандагони муҳтарам! Чи тавре, ки мо ба шумо ваъда карда будем, фаъолияти олими ҷавон ва гуё ин «асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон»-ро аз давраи ҷавониаш, то расидан ба мақоми вазири саноати Тоҷикистон ба қадри имкон мухтасар ба саъми шумо мерасонем. Бовар кунед дар имрӯза ҳукумат мумкин аст Шералӣ Кабиров бо ҳамин тарҷумаи ҳол ва “хизматҳояш” на он қадар вазири бад ҳам бошад. Албатта дар муқоиса ба дигар вазирони омадаву рафтаи ин ҳукумат.
“Шералӣ Кабиров воқеан ӯ ба иқтисодиёт ва пешрафти истеҳсолоти ватанӣ, хело хавфнок ва зараровар мебошад. Интихоби ӯ ба мақоми вазири саноати кишвар як иштибоҳи хело бузург ва хатои стратегӣ ва саноатикунонии кишвар аст”.
Марҳамат ҳар шахс метавонад ба сомонаи ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ НАВИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН – таҳти ин суроға www.sanoat.tj
Дохил шаведу худатон ба кори ин вазиру асосгузори иқтисодиёти кишвар баҳогузорӣ намоед. Ҳатто сомонаи баъзе идораҳои ғайри саноатӣ ва тиҷоратӣ аз ин сомона фаолтаранд. Бо забони англисӣ танҳо худашро муаррифӣ кардааст тамом. Муовинонаш танҳо номҳояшон ҳасту тамом. Ин аз чӣ мегӯяд? Магар ин аз худнамоӣ ва ман манӣ гӯйиҳои ин “олим” шаҳодат намедиҳад? Ё шумо ӯро нашинохтаед ва ё мо кудакему шумо ба мо афсона нақл карда истодед?
Шералӣ Кабиров ба кадом “ободкорие” даст назад, фикру хиёлаш фақат як чиз аст- чи тавр қимати ин лоиҳаро максимум ба боло бароварда, маблағҳоро аз они худ кардан асту халос. Ҳеҷ намегузошт, ки каси дигар дар гирду атрофи Ҳасан Асадуллозода ба сохтумони ин ё он иншоот бе иштироки худаш даст занад. Ҳатман бо ягон роҳ ӯро нодуруст ва одами ташаббускорро дар назди Ҳасан “антипартийный” мекард. Умуман касеро намегузошт,ки ба Ҳасан аз ӯ наздиктар бошад. Даҳҳо нафар мутахассисони кордонро аз назди Ҳасан Асадуллозода дур кардааст, ки мабодо ба Ҳасан сахт наздик нашаванд. Ин методҳои роҳбарикунии ҳамаи мансабдорон, ки дар давраи Раҳмонов пайдо шудааст мебошад. Ин мерос аз худи Раҳмонов,ки ӯ худ як найрангбози (интригант) калон мебошад ва худаш тухми иғвогариҳову сиёҳкуниҳоро байни роҳбарону халқ пошидааст. Зиёиёни муҳтарам дар номаи худ қайд карданд:
“Шералишо — ҳамчун ҷавонмард фахри миллат аст. Давраҳои ҷавонӣ ва то шуруъ намудани ҳамкорӣ ба Ҳасан Асадуллозода, Шералишо Кабиров ба соҳибкорӣ машғул буд ва хеле муваффақ ҳам буд. Бо баъзе ҷумҳуриҳои аврупоӣ бизнеси маҳсулоти консервӣ кор мекард, аз Дубай мошинҳои зиёд ворид мекард”.
Муаррифии кутоҳ ва посухҳо :
Биёед аз шиносшавии Кабиров Шералӣ бо Ҳасан Асадуллозода шуруъ намоем. Пеш аз ҳама Ҳасан ба “ҳамкорӣ” ба Шералӣ ниёз надошт. Хуб, шояд ба ҳайси шогирд қабул намуда бошад. Аниқтараш Шералӣ Кабировро бори аввал шахсе бо номи Ситам – духтур, сардори шуъбаи кардиологии медгородок, ба назди Ҳасан Асадуллозода оварда, шинос намуда буд ва илтимос ҳам карда буд, ки ӯро ба шогирдӣ қабул намояд. Боварии комил дорем ин ҳолатро Кабиров Шералӣ барвакт фаромӯш кардааст. Мо ногуфта наметавонем, ки давоми муносибатҳои наздикии Ҳасан бо Шералӣ ин маҳорати хуби дилёбии уст, ки тавонист ба боварии Ҳасан пурра даромада, решаи худро дар гирди ӯ боқувват намояд ва тамоми бародарон ва хешу табори худро дар “системаи” Ҳасан ба кор ворид созад. Дар ҳақиқат зиёиён бизнеси Шералӣ Кабиров бо Дубайро дуруст қайд намудаанд, ки ӯ мошинҳои зиёдеро солхои 1996-1997 аз онҷо ба Тоҷикистон меовардааст. Дар Имороти муттаҳидаи араб, нафаре бо номи Муҳаммадрозиқ Неъматов ном хешу табори Шералӣ Кабиров, ки баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ аз кишвар хориҷ шуда, аввал ба Эрон ва баъдан ба Аҷмони Имороти Муттаҳидаи Араб рафта кору зиндагӣ ва бизнеси мошин ва каргоро мекард. Шералӣ бо ӯ дар тамос буд. Муҳаммадрозиқ доимо ба ӯ мегуфт, ки агар маблағи 3-4 мошинро пайдо намоӣ, биё ба назди ман, аз Қатар ва Уммон мошинҳои Русия, ки бо ивази нефт қабул кардаанду онҳоро инҷо ҳеҷ кас намехарад, Жигули- ВАЗ 2107 ва 2109 ба Тоҷикистон харида равон мекунем. Шералӣ, ки худ пул надошт аз акаи Раҳмон ном хешу табораш қарз гирифта ин корро шуруъ кард. Якчанд маротиба мошинро оварда каме фоида намуд.Ва чи ҳолате шуд, ки байни ӯ ва Муҳаммадрозиқ корҳо хароб шуданд. Дар назди акаи Раҳмон, Шералӣ сахт қарздор шуд. Ба ӯ фақат ваъда мекард, ки ман албатта кор карда қарзҳоро бар мегардонам.Акаи Раҳмон гуфт, ки ҳеҷ гап нест, ман боз ба ту барои бизнес пул медиҳам, фақат ҳамин писари ман Ҷовидро ҳамроҳи худат бигир, ки ман ба ту ва корҳоят бовар кунам. Аниқ намедонем пулҳои акаи Раҳмонро баргардонид ё не, лекин то ҳозир,Ҷовид ҳамроҳи Шералӣ буд, то ба наздикӣ дар ширкати “Талко” вазифаи сардори департаменти таъминотро роҳбарӣ мекард. Албатта, боварии 100% дорем, агар ҳозир аз акаи Раҳмон пурсем, ки то чи андоза ин гапҳо ростанд, ҳатман акаи Раҳмон мегуяд, ки ман аз Шералишо Олимович қарз мегирифтаму то ҳозир қарздорам ва писарам Ҷовидро назди он кас равон намудам, то ин ки хизмати он касро кунад. Ачаб дунё!
Сармоягузории ба яғмо рафта ё 20 млн доллари гумшуда
Нисбати солҳои 2008-2010 зиёда аз 20 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудаи Шералӣ Кабиров ба ширкати сохтумонии бардарон Муҳаммадрозиқ ва Муҳаммадӣ барои сохтумони хонаҳои истиқоматӣ дар Аҷмон ва то ҳозир кашокашу ҷангҷолҳои бародарон бо Шералӣ Кабировро дар навиштаҳои дигар ҳатман нақл менамоем. Чӣ гӯна 20 миллионро Шералӣ Кабиров ба ҳисоби ин ширкат гузаронид ва ширкати Муҳаммадрозиқ қарздор буду он пулро бонк гирифт ва аз ҳамин қабил маълумот дар даст дорем,ки муфассал онро тақдим хоҳем намуд.
Муфлискунии тоҷирони пахта ва кашидагирифтани заводҳояшон
Бизнесҳои Шералӣ Кабиров оиди ворид намудани маҳсулоти консервӣ ба Тоҷикистон аз давлатҳои Аврупо дар солхои 1998-2000-ро ҳам мо ҳамаи ҳолатҳояшро дақиқ намудем. Дар ҳақиқат як шинос ва ё бо кадом раге хешу табори Шералӣ Кабиров бо номи Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, ки худ афғон асту аз солҳои 80-ум дар Латвия студент шуда он ҷо мондааст, бо Шералӣ ҳамкорӣ мекардааст. Ӯ соҳибкори калон дар Латвия аст. Маҳсулоти консервагиро ба Шералӣ Кабиров ба воситаи вагон тахминан як ё ду маротиба равон карда будааст. Дигар мисли бизнесҳои ҳарвақта боз пулҳо камомад ва дигар проблемаҳо ва бо ҳамин бизнеси маҳсулоти консервагӣ низ ба охир расидааст. Аммо рафту омад бо Шералӣ Кабиров то ҳозир давом дорад. Якчанд маротиба ба Душанбеву баъд ба Дарвоз омадааст. Писари Ғулом Ғуломӣ бо писари Шералӣ Кабиров ҳамкурс ва дӯсти ҳам доранд. Тахминан охирҳои соли 2010, ду заводи пахтаи калони вилояти Хатлон, яке заводи пахтаи Восеъ, ки роҳбараш Акбаршо Неъматов ва дигаре заводи пахтаи Вахш, роҳбараш Мурод Файзов, ки чор заводи пахта ва заминҳои як чанд ҳазор гектараи совхозҳои “Вахш” ва “Гулистон”-ро дар даст дошту роҳбарӣ менамуд бо супориши Шералӣ Кабиров ба мийдони умумии 11 ҳазор тонна нахи пахта ба Латвия, шаҳри Рига ба суроғаи ширкати Ғуломӣ Ғулом равон карданд. Тахминан аз ин 11.000 тонна пахта, 7500 тн пахтаи Мурод Файзов ва 3500 тн пахтаи Акбаршо Неьматов ташкил мекарданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистон то замоне, ки бо пуррагӣ ҳамаи заводҳои пахта ва заминҳои пахтакорро ғасб намудан ва пахтаро монополия кардану ба даст гирифтани Ҳасан Асадуллоев, колхозу совхозҳоро бонкҳо ё инвесторони хориҷӣ маблағгузорӣ ё ин ки фючерӣ мекарданд. Ориёнбонк низ фючери ин совхозу заводҳои пахтатозакунӣ буд. Роҳбари Ориёнбонк аз рӯзи аввал хуб медонист,ки қарордоди фючерӣ имзо шавад бо ин совхозу колхозҳо, ҳатман моликият аз соли оянда аз они бонк мешавад. Ин бечорагон Акбаршо Неьматов ва Мурод Файзов илоҷи дигар ҳам надоштанд. Сари ҳамаи ин нақшаҳои ғасбнамоӣ Шералӣ Кабиров меистод. Кабиров дар гуши ин ду роҳбари заводҳо афсонаи бисёр дилчасп хонд, ки ширкати “Исмоили Сомонӣ- Асри 21” соли гузашта ба Ғулом Ғуломӣ ба миқдори 50 ҳазор тонна нахи пахта бо арзиши беҳтарин фурӯхт ва имсол низ ба 100 ҳазор тонна нахи пахта шартнома дорад. Шумо пахтаҳоятонро равон мекунед ба амбори зери назорати гумрук будаи Ғуломӣ, ончо зери ҳимояи гумруки Латвия пахта меистад, то он вақте ки қиматҳо боло раванд. Қимат, ки боло рафт метавонед худатон рафта бо харидор савдо намоед ва як кисми пулашро ба Ориёнбонк барои руйпуш кардани қарзи фючери маҳкам намоед. Дар асл бошад, ширкати “Исмоили Сомони- Асри 21” то имрӯз ба Ғуломӣ як кг пахта равон накарда буд ва бизнеси вай ба пахта ягон робитае ҳам надошт.
Ин ду роҳбари заводҳои пахта ба тезӣ тамоми проблемаҳои маошу андозу барқро ба як тараф гузошта ба равон кардани пахтаҳои худ шуруъ карданд ва аввалҳои 2011 ҳамаи пахтаи доштаи худро ба ҳаҷми 11 ҳазор тонна ба маблағи тахминан 19 миллион доллар ба Латвия ба адреси амбори Ғулом Ғуломӣ фиристоданд . Баъд аз равон кардани пахта ба миқдори 11 ҳазор тонна ба Латвия қариб як сол гузашт. Лекин Кабиров ба ин ду соҳибони пахта мегуфт, ки ҳоло вақти фурӯши пахта нест, нарх дар бозори ҷаҳонӣ поён рафтааст. Акбаршо Неъматов ба умеди ин пулҳо шуда ба сохтумони як мактаби замонавӣ дар Фархор нақша кашида буд ва моҳи сентябри 2012 бо иштироки пешво, хишти аввал гузошта шуда буд. Ҳамин тавр 10 сол гузашт, лекин то имрӯз мактаби хишти мондаи пешво сохта нашуд, сабаби асосиаш пулҳои пахта аз Латвия барнагаштанд. Боз Шералӣ Кабиров ба Акбаршо ваъда кард, ки “бисёр зиқ нашав, ман худам ба пешво мефаҳмонам”. Мумкин аст фаҳмонида ҳам бошад, ки пешво дигар фаромӯш кард аз ин мактаб. Ҳамин тавр солҳо гузашт. Нисбати фурӯши пахта ва ҳоло дар чи ҳолат будани пахта дар анбор маълумоте надоштанд, ин ду соҳибони пахта. Маҷбур шуданд виза гирифта ба Латвия раванд ва ҳамин тавр ҳам карданд. Вақте ки хостанд пахтаҳоро бубинанд, якчанд рӯз Ғулом Ғуломӣ бо баҳонаи кори зиёд доштан онҳоро ба анбори пахта набурд. Онҳо якчандмаротиба ба Шералӣ занг заданд ӯ ҳам ба телефонҳо ҷавоб намедод. Акбаршо Неъматов бо Мурод Файзов ба идораи гумрук рафта муроҷиат намуданд, ки пахтаи равон кардаашон зери назорати гумрук асту мехоҳанд бубинанд. Намояндаи гумрук рӯзи дигар ҳамроҳи онҳо ба анбори пахта рафт. Аҷоибии корро бубинед, ки ягон кг пахта дар анбор нест, гумрукчӣ низ ҳайрон монд ва зуд роҳбарияташро дар ҷараён монд, ки 11 ҳазор тонна пахта, ин тахминан 170 вагон пахта ғайб задааст. Ин ҳодиса дар Аврупо!!! Роҳбарияти гумрук тез бо органҳои тафтишотии худ хабар доданд. Соҳиби анборро ба тафтишот даъват намуданд. Ин ду соҳибони пахта ба ватан баргаштанд. Барои он ки дар Европа, як одамро тез гунаҳгор эълон намуда, дастгир намекунанд. Вақти зиёдеро мегирад, агар одам худаш ба ҷинояти содир намудааш иқрор нашавад. Афсус, ки шахси ҷиноятро содир намуда афғон аст. Бояд ҳатман тафтишоту суд сари ин ҷиноят асосу мадраки раднашавандае пайдо намуда ҷинояти содир намудаи ӯро тасдиқ кунад, то ин ки Ғулом Ғуломиро ба ҷавобгарӣ кашанд. Агар шахси ҷинояткор аврупоӣ мебуд ҳатман соати аввал иқрор мешуд, ки ин ҷиноятро ӯ содир кардааст. Аз ин сабаб суду судбозиҳо хеле сол давом кард. Дар тафтишот муайян карданд, ки печат ва штампи гумрукиро Ғуломӣ сохта, санадҳоро сохтакорӣи намуда пахтаро кам -кам бо пурагӣ фурӯхта будааст. Дар мурофиаи судӣ аз тарафи ҷабрдида боз як маротиба ин ду соҳибони пахта бо ҳамроҳии Кабиров Шералӣ иштирок намуданд. Марҳилаи аввали судӣ ба фоидаи ҷабрдидагон ба охир расид. Лекин дар ҳама судҳо марҳилаҳои дигари болоӣ низ ҳастанд, ки тарафи норозӣ ба он муроҷиат менамояд. Марҳилаи дигари Судӣ боз ягон сол зиёдтар давом мекунад. Бадии кор дар он буд, ки нисбати судшаванда Ғуломи Ғулом боз аз тарафи шаҳрвандон ва хешу таборони собиқ президенти Узбекистан низ парванда якҷоя бо парвандаи пахта дида мешуд. Шаҳрвандони Ӯзбекистонро бо садҳо миллион доллар фиреб карда будаасту то ҳозир судҳои онхо давом дорад. Лекин узбекҳо тавонистанд, якчанд меҳмонхонаҳои 5- ситораро дар шаҳрҳои Ригаву Юрмала ба воситаи суд баргардонида аз Ғуломӣ гиранд. Афсус, ки тақдири тоҷик доимо сангинтар аст. Новобаста аз он ки суди марҳилаи аввалро тоҷикон буриданд, вале дар давоми сол, баъд аз сафарҳои якчанд маротибаи Шералӣ Кабиров ин парванда, ба шуниди мо ба “мировой” ба охир расидаасту суд дигар ин парвандаро баррасӣ намекунад. Сабаб он аст ки ҳарду тарафи бо ҳам муқобил сулҳ баста ба суд муроҷиат намуданд, ки мо байни худ ин нофаҳмиро ҳал намудем. Аз ин ҷой ба хулосае омадан мумкин аст ки Шералӣ Кабиров на кам аз 60% маблағҳо ё ки ягон амвол дар Аврупо аз Ғулом Ғуломи ба фоидаи худ гирифта бо ӯ сулҳ баста аст.
“Методҳои “сулҳ” бастан ин яке аз дӯстдоштатарин корҳои Кабиров Шералӣ аст ки аввал маблағи зиёдеро ба судҳои байналмилалӣ масраф менамояду дар охир бо тарафи муқобил “мировой” мекунад. Дар натиҷа ба масрафҳои калони судӣ фақат тарафи Тоҷикистон месузаду халос. Ин диагнозест,ки мо онро нагузоштаем ва метавонед дақиқан ин корҳоро дар чандин муноқишаҳои тиҷоратии ӯ худатон пайдо намоед”
Боз чи “бозиҳо” зери шартномаҳои “мировой” пинҳон бошанд, фақат ба худи Шералӣ Кабиров маълум аст. Нисбати дигар судҳое, ки ба маблағҳои на кам аз 150 миллион доллар тарафи Тоҷикистон харҷҳои беҳуда кардааст, маҳз бо роҳбарии Кабиров Шералӣ дар оянда маълумот пешкаш менамоем. Ҳамин тавр ин ду соҳибони пахта аз пулҳои пахта бо пуррагӣ маҳрум шуданд. Қарзҳояшон дар назди Ориёнбонк бо фоизҳояш якчанд маротиба зиёд шуд ва Ориёнбонк қарори якчанд сол пеш навиштаашро қабул намуда ҳамаи заводҳои пахтаро аз дасти ин ду нафар гирифт, боз қарздор ҳам монданд. Нисбати ин пахтаи ба Латвия равон намуда гапҳо зиёданд, лекин хулосааш ҳамин аст. Мо омодаем комилан дар ин маврид даҳо матлаб нависем ва ба пуррагӣ ҷузъиёти онро шарҳ диҳем,то донед ҷаноби Шералӣ Кабиров ба чӣ ҷиноятҳои иқтисодӣ даст зада аст.
Дар номаи зиёиён омада аст, ки ” дар вақти ниҳоят мушкил барои Тоҷикистон пас аз ҷангҳои шаҳрвандӣ таъминоти хурокаи минтақаҳои сарҳадии ноҳияи Дарвозу як қисми ноҳияҳои Бадахшонро Кабиров дар души худ дошт, амнияти ватани мо аз тарафи Афғонистонро таъмин менамуданд”. Оиди ин масъала мо, албатта, пурратару равшантар аз кадом соҳибкор, бо кадом шартҳо, орду равғану шакар мегирифт ва ба сарҳадбонони Русия, ки дар он ҷо буданд бо қиматҳои ду чанд мефурӯхт ба маълумоти шумо ҳатман дар навиштаҳои баъдӣ мерасонем.
Поёни раддияи севвум, идома дорад….
Ps: Тибқи маълумотҳои расида ба “Ислоҳ” пас аз нашри ин раддияҳо Шералӣ Кабиров дар круги худаш вақте аз ӯ пурсидаанд,ки ин иттиҳомоти ворида ба шуморо чи гуна рад мекунед дар назди мардум ва пешво ? Дар ҷавоб Шералӣ Кабиров гуфтааст : “барои ман мардум аслан аҳамият надорад ва маро ҳеҷ коре ҳам карда наметавонанд. Инҷо танҳо ҳамин ҷаноб аст,ки ҳатман бо гиря ва шакле,ки худам ӯро хуб омӯхтаам ва медонам мегӯям, ки ин туҳматҳои душманони миллат ва хоинон ҳастанд ва онҳо барои бадном кардани ман мебошанд ва ба онҳо бовар накунад.” Дар идома гуфтааст : “Агар инхел бошад “Ислоҳ” дар мавриди ҳама оилаи пешво барнома дорад онҳоро ҷаноб бовар намекунад ку? Ончи дар мавриди ман гуфтаанд онҳоро ҳам набояд бовар кунанд. Агар Ҳасан бо Ятимов ягон кори дигаре накунанд дар ин миён, дигар ҳеҷ гапе намешавад, ман хуб медонам”
Хонандаи гиромӣ агар шумо ҳам гуфтание дошта бошед метавонед дар мавриди Шералӣ Кабиров ва корнамоиҳои ӯ ба “Ислоҳ” нависед. Инчунин агар ҳимояташ кардан ҳам хоҳед ва ин факту далелҳоро рад кардани бошед марҳамат мо омодаи нашри онҳо ҳам ҳастем агар бо факту далелу ҳуҷҷат бошанд.