Юсуф Раҳмон, Додситони кулл, қудои ҳафтум ва охирини Раҳмонов феълан савори аспи сафед аст. Дар ин як, ду моҳи ахир корҳояш сахт «омад» мекунанд ва ҳамин «омад»-и кор боис шудааст, ки мавқеъ ва ҷойгоҳи ӯ дар назди Раҳмонов муҳкамтар шавад. Барои мисол тавонист Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба Дилшоди СБ-ро аз Русия биоварад, кореро, ки Рамазон Раҳимзода, вазири дохилии Тоҷикистон натавонист иҷро кунад.
Истирдоди Дилшоди СБ танҳо дастоварди Юсуф Раҳмон нест.Боздошт ва ҳабси Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Ибни Сино, Қодири Рустам, нависанда ва яке дигар аз масъулони ин бемористон ва низ Суҳроб Раҷабзода, мудири нашриёти «Эр-граф» ва «гуруҳи ҷиноӣ» муаррифӣ кардани онҳо аз дигар дастовардҳои вай ба ҳисоб меравад. Чун вай як «гуруҳи ҷиноӣ»-ро,ки бар зидди сиёсатҳои Пешвои миллатанд ошкор кардааст.Бахусус, ки роҳбари ин «гуруҳи ҷиноӣ» бо СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзода, ду тан аз наздиктарин «ёру ёвар»-и Раҳмонов дӯстиву рафоқати худро ҳамеша таъкид карда ва дар китобҳояш ҳам тазаккур додааст. Чи тавр мешавад, ки бо як чунин «душман» ва «хоин» ва ҳамакнун роҳбари «гуруҳи ҷиноӣ» ин ду нафари ба истилоҳ гӯшу чашми давлат,яъне Раҳмонов ҳамнишину ҳамсоғару рафиқ дӯст мешаванд? Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ин авохир Раҳмонов аз онҳо дилхунук шудаву дар фикри барканориашон афтодааст. Ва ҳоло, ки Юсуф Раҳмон ҳамчунин мадраки муҳкамеро дар муқобили онҳо ифшо кардааст, албатта, барои Раҳмонов ҳатман маъқул хоҳад шуд.
Аз инҷо буд, ки дар сафари ахири Раҳмонов ба навоҳии вилояти собиқи Кулоб дар рӯзҳои 19-20-21 октябри соли ҷорӣ ин бор дар паҳлуи вай на СС.Ятимову Р.Раҳимзода балки маҳз Юсуф Раҳмон чеҳранамоӣ мекард.
Инки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, қудои ҳафтум ва ниҳоии (феълан) Раҳмонов дар сабқати таҳкими ҳузур дар назди Эмомтапак ҷойгоҳи СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзодаро гирифт,тардид боқӣ намемонад, аммо бозиро тавре «оборот» дод, ки ҳатто худи Эмомтапак ҳам дар нисбат ба садоқату самимияти вай шубҳа пайдо кардааст. Гап дар сари он аст ки дархости шахсии худи ӯ дар мавриди таслими Дилшоди СБ аз тарафи ҳукумати Русия ва Путин ба эътибор гирифта нашуд, аммо русҳо ӯро ба Юсуф Раҳмон доданд.
Нозирони сиёсӣ ба мушоҳида гирифтаанд, ки Юсуф Раҳмон ба ҳайси як арбоби давлатии «дерзкий» вале хеле ҳам саросема дар ҳукумати Тоҷикистон позитсияи худро бисёр ҳам тақвият бахшида истодааст.
Агар ин сару садо дуруст бошад, ки Русия Юсуф Раҳмонро ба ҷойи Эмомтапак оварданист ва гуё Путин тавассути Юрий Краснов, Прокурори генералии кишвараш ин паёмро расонидааст, ки Раҳмонов аз нақшаи овардани Рустам ба ҷойи худаш даст бикашад ва худи Раҳмонов ҳам, қабл аз онки сарнавишти Нурсултон Назарбоев ба сараш такрор бишавад, бознишаста шавад, дуруст аст, Раҳмонов ночор ба тақдир тан хоҳад дод.
Манобеъи мо аз як ниҳоди муҳимми Тоҷикистон гуфтанд, ки иллати сар боз задани Раҳмонов аз ширкат дар нишасти «Як камарбанд-як роҳ», ки ҳамин чанд рӯзи пеш дар Пекин-пойтахти Хитой баргузор шуд ин аст ки Путин бо Си Ҷин Пин, ки Раҳмонов ӯро ба худ «ота» гирифтааст, ӯро «сари ақл» оварданӣ ва ба сараш монданӣ буданд, ки дигар бас кунад. Барои ҳамин нарафт Пекин. Ин манбаъ гуфт дар саммити баргузоршуда дар 13 октябри соли ҷорӣ дар Бишкек ба ин саволи Раҳмонов, ки дуруст аст шумо Юсуф Раҳмонро дар ҷойи ман диданиед, Путин ҷавоб додааст, ки «я в не курсе».
Дар мавриди талошҳои Юсуф Раҳмонов барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳурӣ каме пойинтар мегуем. Вале ҳоло аз он хоҳем гуфт, ки Юсуф Раҳмон барои касби ҳарчи бештари таваҷҷуҳ ва диққати Раҳмонов ва изҳори садоқат ва самимияти худ чи корҳое карда истодааст.
Юсуф Раҳмон ва Дилшоди СБ
Нахуст инро бояд мутазаккир бишавам, ки навореро, ки бо Дилшоди СБ саволу ҷавоб мекунанд, қабл аз ҳар расонаи дигар ба «Ислоҳ» «дастрас» карданд. Вале мо мунташир накардему мунтазир мондем,то бубинем, чи хоҳанд кард.
Инки Дилшоди СБ дар чанги Юсуф Раҳмон дар вазъи мурғи нимбисмил асту Қамар Азизовро заказчик мешиносонад, низ пешгӯишаванда буд.Зеро, аллакай Қамар Азизов «эътироф» карда буд, ки куштори Шӯҳрат Исматуллоеви муовини Ҳасан Асадуллозода «заказ»-и уст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Дилшоди СБ ду поро дар як муза карда таъкид мекард, ки ба ҷуз аз панҷ нафар- ӯ ва шогирдонаш-каси дигар, аз ҷумла Қамар дар қазияи Шуҳрат Исматуллоев даст надорад. Аз ин рӯ нашри ин қисмат ва порае аз раванди бозпурсии Дилшоди СБ, ки ба дурустӣ, сирри тафтишот ба ҳисоб мераваду дарз хурдани он ғайриқонунӣ аст вале махсус ва ҳадафмандона расонаӣ карданд, ба он хотир аст ки нишон диҳанд тафтишот дар мавриди Қамар Азизови «домсоз» ҳеҷ ғалате накардааст ва ин Қамар аст ки қатли Шуҳратро заказ кардааст. Ба иборати дигар суҳбатҳои Дилшоди СБ дар ҳузури муфаттишон як навъ «опроврежений» ба гуфтаи худаш ва як навъ исботсозии мавқеи тафтишот аст.
Як манбаъи огоҳ гуфт, ки Юсуф Раҳмон бо гуруҳи ҳунарии Анис ва Мунис, бародарзодаҳои Қамар Азизов аз солҳо қабл чи хусмате доштааст ва ҳоло айни вақт аст ки ниқор бигирад. Хуб,бигзарем ва баргардем ба сари навори Дилшоди СБ.
Дилшоди СБ мегуяд, ки Қамар дар аввал ба вай ва шогирдонаш Шералӣ Кабир, вазири саноатро «заказ» кардааст. Аммо Дилшоди СБ бо мулоҳизоте ин фармоиши Қамарро қабул накардааст.
Хуб, дигар маълум аст, ки Дилшоди СБ ҳар он чизеро, ки Юсуф Раҳмон бихоҳад мисли «попугай» такрор ва «иқрор» мекунад.
Манбаъи муътамади мо дар Прокуратураи генералӣ гуфт, ки Юсуф Раҳмон талош карда истодааст, ки Дилшоди СБ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон ва банда-Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи сиёсиву иҷтимоии «Ислоҳ.нет»-ро фармоишгарони куштори Шуҳрат Исматуллоев бишиносонад. Дилшоди СБ ҳамин фармоишро ҳам, бинобар маълумоти ба мо расида иҷро кардааст ва баёнот додааст, ки заказ закази Муҳиддин Кабирӣ ва банда буд. Ҳатто ин қисмати суҳбати ӯро навор ва тарҷума карда ба унвони мадрак ва далел қасд доранд ба мақомоти марбутаи кишварҳои урупоӣ, ки моро мақоми паноҳандагӣ додаанд, бифиристанд ва исбот бикунанд, ки мо-мухолифин дар фикри анҷоми амалҳои террористӣ ҳастем ва ҳамзамон гӯйё «пул» ҳам ба даст меоварем. Ҳамин манбаъи мо дар Прокуратури генералӣ гуфт, ки Дилшод гуиё дар ҷараёни истинтоқи Шуҳрат Исматуллоев бо устод Кабирӣ бо видеовизов суҳбат кардааст ва устод гуфта бошад, ки беҳтар буд, шумо Ҳасан Асадуллозодаро мегирифтед, чун вай пули бисёр дорад. Ва, инҷо як тика аз саволу ҷавоби Дилшоди СБ бо муфаттишро пешкашатон мекунем, ки аҷаб нест онро ҳам тавассути расонае интишор кунанд:
……. «Мо Шуҳратро бурда дар Варзоб иқа ток мондему пыткаш кардем, чтоб гуяд, ки пароли счётҳо ва биткоинҳову сумо чанду кучоҳан. Гуфт «як занги телефонӣ биёен кунем, ма ҳамаша мегумтон». Ҳама розӣ шуд, ман не гуфтаму гуфтам, ки аввал ҳазрата пурсем. Бад ман ба домулло Кабирӣ занг задаму бо видео нишон додам, ки вот он. Кабирӣ гуфт, ки дар ҷои и Ҳасан мешид хуби хуб мешид.Ман гуфтам домулло вы же знаете это невозможно.Домулло Кабирӣ гуфт, ман ҳозир ду суратҳисоб равон мекунам, сумора ба онҳо гузаронед ва ба хутонам гирен. Мо сумора барои мубориза ба зиди худшон истифода мебарем.Вақташ омад,ки сар кунем. Дар ҳар ноҳия 150- 200 кас тайёр, интизор. Ҳамаи онҳоро ягон сумӣ додан даркор, ки онҳо оила доран. Ин риск аст, шавад хуб, нашавад бояд онҳо дар оилаашон пасандозе дошта бошанд.
– Барои чи Шумо аз Россия ба Европа нарафтед?
Дилшод: Ман бояд ба Россия мерафтам ва дар он ҷо намояндаи домулло Кабирӣ ба ман паспорти нави дигар медод,баъд ман ба наздашон рафта аз онҷо дар барномаҳошон иштирок карда мегуфтам, ки дар ин кор фалону фалон қушанд».
Албатта, нафари як каме аз кори мақомот ва тафтишот бӯ бурда мефаҳмад, ки ин ҳама суҳбатҳо ва иттиҳомот комилан бепоя ва зидунақиз аст.Ҳоло агар Кабирӣ Шуҳратро заказ кард, чаро аз Дилшод бипурсад, ки «чаро Ҳасанро нагирифтӣ»? Гузашта аз ин чи тавр мешавад, ки Шуҳрат Исматуллоевро ҳамзамон ҳам Қамар Азизов ва ҳам Муҳиддин Кабирӣ «заказ» кунанд?
Бо ин «версия»-и бисёр ҳам «кушандаву нишонрас» Юсуф Раҳмон мехост бо як тир ду нишон бизанад, яъне Кабириро ба унвони фармоишгари куштор террорист муаррифӣ кунад ва бо дарёфти ҳамчунин далели шайъӣ бар зидди Кабирӣ боз ҳам ба қалбу руҳи Раҳмонов нуфузи бештар пайдо кунад. Аммо СС.Ятимов ба унвони бузургтарин интригант ва тавтиасоз мухолофат карда гуфтааст, ки ин иттиҳомро урупоиҳои прагматик ба ҳеҷ ваҷҳ бовар намекунанд ва аз ҷониби дигар набояд онро эълон карда барои Кабирӣ қудрат ва азамат қоил шуд, ки то ин дараҷа дар радаҳои болоӣ ва наздик ба Пешвои миллат нуфуз кардааст ва суботу амнияти моро метавонад мутазалзил бикунад.
Бале, дар ҳақиқат мақомот дар Урупо он тавр,ки шумо фикр мекунед,нодону сода нестанд, ки ба як чунин афсона бовар кунанд.
Манбаъи дигари мо дар гуруҳи муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки Дилшоди СБ муваффақ шуда будааст, ки ҳудуди 200 миллион доллар аз Шуҳрат Исматуллоев бигирад. Гуфта мешавад қисме аз ин пул аз они Ҳасан Асадуллозода будааст.
Рамазон Раҳимзода вақте ба сари Дилшоди СБ рафту холӣ баргашт розӣ ба «савдо»-и ин пул нашудааст. Ба вай пешниҳод карда мешавад, ки бар ивази таслими Дилшоди СБ ин пул 50/50 тақсим бишавад.
Аммо Юсуф Раҳмон мегуяд, ки «чанқае мехоҳед аз ин пул бардоред вале барои мо Дилшодро диҳед». Чунки Раҳмонов дар хавф буд, ки мабодо Дилшод коди дигар аъзои хонаводаро ҳам аз Шуҳрат гирифта бошад ва аз тарафи дигар бидуни муҷозот боқӣ гузоштани Дилшод имкон дорад, дузду дуздбачаҳои дигарро дар баробари дороӣ ва пулҳои вайю хонаводааш ҳарис созад ва амали Дилшодро такрор бикунанд. Аз тарафи дигар Дилшод бо ин қадар пул метавонад бо гуруҳҳои мухолиф бипайвандад ва ё гуруҳҳои дигари дуздонро барои тасарруфи пулҳои вай ва боқии аъзои хонаводааш сармоягузорӣ кунад.
Агар шумо мутаваҷҷеҳ шудед, Дилшод бо либоси хонагӣ, яъне аз ҷойи хобаш дастгир шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ниҳоде, ки ӯро дастгир ва таслим Тоҷикистон кард, дастури мустақими Прокурори генералии Русияро ба иҷро дароврад.
Бинобар маълумотҳои ахиран расида ин версияи Юсуф Раҳмон, ки мехоҳанд куштори Шуҳрат Исматуллоевро бори души устод Кабирӣ кунанд ба Эмомалӣ Раҳмонов маъқул шудааст ва ҳоло мехоҳанд, ки Қамар Азизов нишондоди Дилшодро тасдиқ кунад. Гуё устод Кабирӣ Дилшодро тавассути Қамар пайдо кардааст ва Қамар бо ҳидояти Кабирӣ Дилшодро барои пулҳои Шуҳрат «заказ» карда бошад. Ҳоло бародарони Қамарро оварда маҷбур карда истодаанд, ки бигӯянд Қамар ба «дом»-и хоинҳои миллат афтодаву фиреби онҳоро хӯрдааст.
Аз тарафи дигар Русия Дилшоди СБ-ро ба Юсуф Раҳмон «подарка» кард. Манбаъи мо мегуяд айни замон Дилшод дар дасти Прокурори генералӣ як «туз козер»,як барги баранда аст, ки метавонад пойи дилхоҳ мансабдору мақомдор дар мақомоти қудратиро ба ин «бозӣ» бикашад. Хелеҳо дар КДАМ ва ВКД ба истилоҳи худашон «ридагианд», «як бар бар дар дилзанакай, ки номи ягонташа нагира. Неки ҳатман мегира ягон номҳои барои Юсуф Раҳмон даркорира».
Набарди Юсуф Раҳмон бо Зоир Соҳибов ва дугоникҳо
Аммо ҳама корҳо бар вифқи муроди Юсуф Раҳмон пеш нарафта истодааст. Сари роҳи ӯ мавонеъи ҷиддӣ дар шахсияти Зоир Соҳибов-домоди калонии Раҳмонов, Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ мисли як харсанги бузург истодаанд.
Масъалаи таъсиси Кумитаи тафтишот (Следственний Комитет) ва аз таркиби Додситонии кулл берун кашидани Раёсатҳои асосии он нақши Юсуф Раҳмонро сахт коҳиш хоҳад дод.
Ин нафарони таъсиргузор дар иерархияи ҳукумат барои расидан ба ин ҳадаф Агентии мубориза бо коррупсияро ҳам аз байн бурданианд. Дуруст аст ки ин Агентӣ дигар комилан обруи худро аз даст додааст. Аз ин ҷиҳат масъалаи таъсиси Кумитаи тафтишот дар заминаи Агентии мубориза бо коррупсия ва Раёсатҳои асосии Прокуратураи генералӣ тақрибан ҳал шудааст. Агар ин кумита ташкил бишавад як ниҳоди бисёр ҳам калон ва пурқувват хоҳад шуд. Чун на танҳо салоҳияту ваколатҳои Агентии мубориза бо коррупсияро мегирад, амалан Прокуратураи генералиро ба як ниҳоди мисли Маҷлиси миллӣ бадал хоҳад кард, ки буду набудаш камаҳмият хоҳад шуд.
Юсуф Раҳмон, мисли мурғи посухта сахт беқарор аст. Вай талош карда истодааст, ки дар раъси ин Кумита одами худашро монад. Аммо медонад, ки одами Зоир тайёр аст. Агар одами Зоир раёсати ин Кумитаро бигирад ба боварӣ метавон гуфт, ки Юсуф Раҳмонро орому осуда нахоҳад гузошт.
Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ баъди онки Дилшоди СБ-ро русҳо ба ӯ неву ба Юсуф Раҳмон таҳвил доданд, танаффур ва адоваташ нисбати Юсуф Раҳмон зиёд шуда ба гуфте «я чи ҷинояту камбудиҳои Юсуф Раҳмона ҷамъ кардаву ба Зоир додагияй. Ҳами, ки одами Зоира да Следственный комитет мондан, аввал ай Юсуф Раҳмон сар мекнан».
Дар мавриди сабабҳои ихтилоф ва хусумати Юсуф Раҳмон бо Зоир Соҳибов дар навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ» ҳам гуфта шуда буд. Юсуф Раҳмон талош дорад, ки тиҷорати қочоқи маводи мухаддирро аз дасти Зоир бигирад.
Юсуф Раҳмон бо такя ба суҳбатҳои он марди афғон дар барномаи «Минбари муҳоҷир»,ки мегуфт Тоҷиддин-командир ва Зоир ин бор ҳам 100кг героини ӯро гирифтаву пулашро доданӣ нестанд кори тафтишотро шуруъ кардааст. Манбаъи огоҳи мо мегуяд, ки Юсуф Раҳмон қасд дорад ҳам СС.Ятимов ва ҳам Зоирро дар ин парванда «фигуранти асосӣ» созад ва гуфтааст, ки кори инҳоро бояд тамом кунам. Музофиров Ҳамзалӣ Ғуломович, сардори Раёсати назорат бар иҷрои қонун дар амнияти миллии Прокуратураи генералӣ аз тарафи Юсуф Раҳмон дастури қатъӣ гирифтааст, ки ин ин қазияро рушан кунад: ин бор кай ва аз тариқи кадом гузаргоҳи марзӣ гузаштааст ва он вақт дар ин гузаргоҳ кӣ навбатдор буд ва застава дар посбонии кӣ қарор дошт. Дастур додааст, ки бо он афғон робита барқарор карда баёноташро бигирад.
Тоҷиддин –командир падари зани Исмоили пингвин ва қудои Зоир аз снабженетсҳои асосии героини Зоир аст. Ин дар ҳоле аст ки Зоир мадорикеро ба даст овардааст, ки тайи як ду соли ахир ин Юсуф Раҳмон будааст,ки Зоирро ба Русия ва Узбакистон фурухта истодааст. Ва Юсуф Раҳмон ҳам фаҳмидааст, ки ин мадорикро ба Зоир «дугоникҳо» СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дастрас кардаанд.
Тибқи маълумоти охири расида аз як ниҳоди давлатӣ рӯзи 18 октябр дар Регар 300 кг маводи мухаддир аз як сокини узбекзабони Регар дастгир ва мусодира шуд.Ин маводи мухаддир бояд ба Русия интиқол дода мешуд. Исми ин шахс дар маводҳои оперативӣ Анақул омадаст,ки якҷо ҷиянҳояш ба даст афтодаанд. Ҳангоме бештар хостем маълумот гирем борро чикор Нукти аз ҳама ҷолиб ин аст ки ин манбаъ гуфт,мо ҳама корро анҷом додемвале “бачаҳакои Прокуратура” омада бор ва парвандаро аз дасти мо гирифтанд.Вай гуфт,ки давоми 16 соли кориаш як чунин мавридро бори аввал шоҳид мешавад ва ин хело аҷиб аст.Чунки мо мебоист тафтишотро пеш мебурдем.Аммо Прокуратураи генералӣ омаду аз дасти мо гирифт.Чунки ҳоло Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон қудои Президент аст ва касе муқобили вай лому мим гуфта наметавонад.
Ва аммо низоъу хусумат аз байни Юсуф Раҳмон ва Зоир ба хонаводаҳояшон ҳам куч кардааст. Ҷанги пинҳонӣ миёни ин ду тан амиқтар ва хунинтар мешавад.
Сафар,писари Юсуф Раҳмон,домоди кенҷагии Эмомтапак,ки дар вазорати хориҷӣ кор мекунад,гуфтааст: “ба отаи ман гапзанша фалон мекунам,кадом сагбача ҳамин хел гапҳоро расондааст. То шамол нашавад барги дарахт намеҷунбад. Агар отаи мара ягон кас брасад ман кудаки Зоира ме…м гуфтаст.Мерам зани Исмоила дар хонаш ме…м. Зоира и калтара дар любой ҷо меқапам м… м» гуфтааст.
Юсуф Раҳмон ба Эмомтапак гуфтааст, ки СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода пеш аз чопи ин китоб (китоби «Ҳаводиси рузгори ман»-и Абдухалил Холиқзода) онро хонда будаанд. Вале ба муаллиф нагуфтаанд, ки аз чопи ин китоб даст кашад. Вақте Юсуф Раҳмон китоб ва муаллифи онро ба Раҳмонов сиёҳ мекунад инро ҳам мегуяд, ки дар ин китоб гуё муаллиф онҳоро қалуғ гуфта аст. Вақти ин суҳбат Асадулло Раҳмонов –Сумбулоғо, ёрдамчӣ оид ба кадри Эмомтапак ҳам ҳузур доштааст ва вай ҳам ин гапи Юсуф Раҳмонро тасдиқ мекунад. Кутоҳи гап инки Юсуф Раҳмон мехоҳад мудири бемористони Синоро ҳамчун як манбаъи сиёҳкунанда бар зидди СС.Ятимов истифода кунад. Вай тиҷоратҳои додари СС.Ятимов Абдумумин дар Фархорро кофта истодааст, ки то куҷо бо Абдухалил Холиқзода рабт дорад. Шаке нест, ки молу дороии Абдухалил Холиқзода ғасб ва мусодара мешавад. Маълум аст ки ин ҳама дороӣ ва молу мулк ба дасти оилаи Раҳмонов хоҳад гузашт. Ҳамчуноне аз ҳоло Шамсулло Соҳибов ва ширкати Фарози вай дар навоҳии Фархору Восеъ пахтаҳои Абдухалилро аз аҳолӣ ба зур кашида гирифта истодааст.
Чанд маводе, ки дар «Ислоҳ» роҷеъ ба кору фаъолияти СС.Ятимов ва Абдумумини бародари вай чоп шуда буд, дастур додааст, ки ҷиддан тафтиш бикунанд.
Юсуф Раҳмон ба Эмомтапак ҳамчунин маълумотеро ҳам додааст, ки гуё мудири бемористони Ибни Сино ба СС.Ятимов дар Рублевская шоссеи Маскав хонаи сеҳуҷраӣ тақдим кардааст.
Вале аз ҳама вазъи Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон Шералӣ Кабир бад шудааст. Вай баъд аз куштори Шуҳрат Исматуллоев сахт тарсидааст. Боздошти Абдухалил бошад уро то пойи ҷон тарсонидааст. Нафаре, ки аз назди Ҳасан рафта буд, ҳоло ҳаррӯзи худро пушти дари кабинети Ҳасан мегузаронад, ки уро аз шарри Юсуф Раҳмон ҳимоят кунад. Юсуф Раҳмон тамоми мақолаҳои чопшуда дар бораи ӯ ва низ сохтмонҳояш дар Дарвозро тафтиш карда истодааст. Агарчи Шералӣ Кабир 200 000 доллар ба Юсуф Раҳмон додааст, вале ҳамоно Юсуф Раҳмон раҳояш накардааст.
Юсуф Раҳмонов гуфтааст, ки «ин ду кас аз даҳсолӣ ҳам зиёд дар ин вазифаҳо истодаанд. Бояд раванд».
Ҳамзалӣ Музофиров дастури акид гирифтааст, ки аз одамони наздики Ятимов дар кумита дар бораи вай маълумот ҷамъ намояд. Юсуф Раҳмон барои СС.Ятимов парванда сохтааст. Талош дорад, ки ӯро дупогона нишон диҳад.
Аз ҳама ҷолиб ин аст ки Юсуф Раҳмон СС-ро дар ҳамкорӣ бо хадамоти хориҷӣ аз ҷумла Русия, Хитой ва ҷолибтар Эрон муттаҳам карда истодааст. Юсуф Раҳмон ба Раҳмонов гуфтааст, ки «ҳамаи он нақлҳо дар ҳақиқат рост буда, аз забони Ятимов ва Раҳимзода гуфта шудаанд. Онҳо бисёр вақт якҷо ужин мекарданд, сари хурок ҳар кадоме қиссаҳо карда механдиданд.” Юсуф Раҳмон дар гушҳои Президент хонда аст, ки «дугониҳо» ҳам бо мудири бемористони Сино қӯшанд. Аз руи баъзе маълумотҳо Президент гуфтаст, ки «бмбрен ай и рузтонда, кати ҳама хытона мешакен». Ҳозир Юсуф Раҳмон кушиш дорад, «добро»-и Президентро барои «допрос»-и дугоникҳо бигирад. Мақсадаш ин аст ки ин кор сабаб шаваду як бор онҳоро фарёд кунад ва сипас тамоми ҷиноятҳояшонро, ки папкаву дело кардааст, дар руяшон бикашад.
Манбаъи мо мегуяд, ки барои Рамазон Раҳимзода ҳам Юсуф Раҳмон мавод ҷамъоварӣ карда истодааст.
10 октябри соли ҷорӣ Ҷабборзода Илҳом, сардори милитсияи ноҳияи Синои Душанбе туй дошт.Туйи ин сардори милиса дар ресторани нави Прокурори Генералӣ гузашт. Илҳомро Юсуф Раҳмон вербоват кардааст ва мехоҳад аз вай информатсияи зиёд бигирад нисбати Рамазон Раҳимзода.
Барои ҳамин Юсуф Раҳмонов туйи Илҳом Ҷабборзодаро дар ресторани наваш, ки Магнолия ном дорад, ройгон гузаронд.
Бинобар хабарҳои расида Раҳмонов ба Юсуф Раҳмон баъзе ваъдаҳои ҷолиби дигаре ҳам кардааст.
P.S Дар сафари ахири Президент ба ноҳияҳовилояти Хатлон, Исмоили наберааш ҳам дар канораш буд.Чи хеле ҳама медонанд,Тоҷикистон байни хешовандону наздикони Эмомтапак тақсим шудааст.Исмоилро бо худ дар ин сафар барои он бурд,ки куратори Фархор, Ҳамадонӣ, Муминобод, Темурмалик таъин кардааст. Ин бор Эмомтапак ба руасои навоҳии мутазаккира ошкоро фаҳмонид, ки минбаъд куратори шумо ҳамин Исмоил аст. Раисони ин ноҳияҳо бояд аввал аз Исмоил пурсанд ва бо вай ҳамоҳанг кунанд,агар иҷозат дод хуб аст, иҷозат надод не.
Юсуф Раҳмон аз ин кори Раҳмонов сахт девона шуд, қариб кришааш рафт.Ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд,аммо ин бор Юсуф Раҳмон,ки бо умед буд,ӯро Эмомтапак куратори ин минтақа мемонад,вале Исмоилро муаррифӣ кард. Юсуф Раҳмон хуни хеле аз кошелекҳояшро хурда буд.Чандин иншооти гуногунро маҳз барои куратории ӯ сохтанд. Сардорони раёсатҳои Прокуратураи Генералӣ дод гуфтанд аз расходҳои кардаашон.Чунки фармони қатъии Юсуф Раҳмон буд. Як хелаш гуфтанд “бовар кунен сумҳои мактабҳои бачаҳомону туйҳои духтаромонамро дар сохтумонҳои Муминобод задем.
Аммо бо омадани Исмоил мавқеъиТоҷиддин- командир боз мустаҳкамтар мешавад. Дигар ин манотиқ комилан дар ихтиёри онҳо қарор гирифт. Милиса ва амнияту прокуратура чизе гуфта наметавонанд.
Ва,як маълумоти махфӣ:
Зоир Исмоили писарашро вазифадор кардааст, ки “рафтӣ бачам ҳатман кати хусурут Тоҷиддин командир тоқа бе телефон шинеду масалаи Юсуф Раҳмона бинен”.
Қарор аст Тоҷиддин- командир аз Афғонистон чанд нафарро даъват кунад ва онҳо бояд Юсуф Раҳмонро як нима кунанд. Аз руи баъзе маълумотҳо он нафарон аллакай дар дохили кишвар қарор доранд ва бо яке аз наздикони Юсуф Раҳмон, ки ӯро Зоир вербоват ва вазифаи баланд ҳам ваъда кардааст, чанд рӯз шуд маршрути ҳаракати Юсуф Раҳмонро ,хонаи зани дуюми Юсуф Раҳмон ва умуман ҳамаи ҷойхое,ки Юсуф Раҳмон меравад омухта истодаанд. Зоир гуфтааст,ку бинем ай дасти хусурат Тоҷиддин чӣ меояд задача ё кори серёзнира буд карда метонад ё не ?
Юсуф Раҳмон бояд дар вақти Президент дар Муминобод будан, оиди Зоиру Тоҷиддин командир фактҳои конкретиро мегуфт ва то ҷое фаҳмидем аллакай гуфтааст. Ин амрро ба Юсуф Раҳмон аз Руссия дода буданд ва ҳатман онро ночаконда расонид.
Зоир ду маротиба гапро оиди Следственный комитет сар кардаст, аммо ҳарду маротиба Президент гуфтааст баъд дар ин масъала гап мезанем. Бачаҳое,ки шоҳиди ҳол буданд,гуфтанд аз ваҷоҳати Зоир фаҳмида мешуд,ки кор тибқи муродаш ҳал нашуда истодааст. Зоир гуфтаст,ки “ин кураторӣ мада аслан муҳим набуд вале барои дразнити Юсуф Раҳмон ин темара кадум, аммо ма ба мақсадм мерасм ва нишонш метим ма кӣ ҳастм ва чикор када метонм”.
Маълумоти дохили оила қабл аз сафар
Пеш аз сафар ба Хатлон Ҷаноб сахт хитоб кард ба Рустам, Озода, Ҳасан, Парвинаву Тахмина ва ҳама наздиконаш: “Агар ин хел давом тиен сари мара ҳатман мехрен. Баъд Исмоили набераша катиш гирифту Хатлон рафт. Аммо то қабл аз сафар аслан аз ҳамроҳ будани Исмоил гап набуд ва Юсуф Раҳмон ҳам ин сафарро муносибтарин вақт барои гуфтани гапҳояш медонист. Аммо ин сафар ба Юсуф Раҳмон зарар овард ва ончи мехост амалӣ нашуд.
.