Қироати тӯлонии имом амирро хаста кард

Date:

Қироати тӯлонии имом амирро хаста кард
Амир дохили масҷид гардид ва қабл аз иқома ва оғози намоз назди ҳама намозгузорон ба имоми масҷид, ки дар намозҳо сураҳои тӯлонӣ мехонд, чунин гуфт:
Аз ин ба баъд дар намозҳо дар ҳар ракаъати он як оят бештар махон!
Чун иқомаи намозро гуфта буданд ва намози шом буд имом пеш даромад ва дар ҳар ракаъат як оят хонд (оятҳои 67 ва 68 аз сураи мубораки Аҳзоб).
Пас аз фотиҳа имом ин оятро тиловат намуд.
وَقَالُوا رَبَّنَا إِنَّا أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَاءَنَا فَأَضَلُّونَا السَّبِيلَا (67
Тарҷума: Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз сарварону бузургони худ итоъат кардем ва онон моро гумроҳ карданд.
Дар ракаъати дуввуми намоз пас аз фотиҳа ояти пас аз инро, ки чунин аст қироъат намуд.
رَبَّنَا آتِهِمْ ضِعْفَيْنِ مِنَ الْعَذَابِ وَالْعَنْهُمْ لَعْنًا كَبِيرًا (68)
Тарҷума : “Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»
Ҳангоме, ки намозро адо намуданд амир аз ҷои худ баланд шуд ва дар ҳоле, ки чеҳрааш хеле тағийр карда буд, хитоб ба имоми масҷид гуфт: Эй шайх туро савганд ба Худо, дигар дар намозҳо ҳар чи қадар хоҳӣ оятҳои тӯлонӣ бихон, ман дигар коре надорам, вале хоҳиш мекунам аз ин ба баъд ҳар вақте ман дар намоз ҳузур дошта бошам ин ду оятро махон!

Related articles

  Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№57

  Яке аз сабаҳое, ки мардум рӯзбарӯз ба мо муроҷиат мекунаду нома мефиристад ин аст ки нашрия ва расонаҳои...

Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет» №56”

Дар ин навбати нашри “Номаҳо...” ҳам мардуми кишвар аз мушкилоту муаммоҳои зиндагии худ мегуянд. Дар ҳақиқат аз чашми...

Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №55

  Ин навбати нашри «номаҳо...» ғайриодӣ аст. Танҳо номаи як нафар инсони дилсӯз ва бовиҷдонеро дар бар мегирад....

Раиси суди Ваҳдат одамкуш аст.

Медонед, ки Ш.Шоҳиён солона чанд млн$ пора мегирад ва судияҳои дастгиршудаи «подельник»-ашро озод мекунад? Сайфиддин Камолзода Исмон, раиси суди...