“Ислоҳ” ислоҳатон мекунад
Дар пайи нашри як матлаби “Ислоҳ.нет” Сулаймонов Ҳабибулло Раҳматуллоевич, корманди Хадамоти Гумрук посгоҳи марзии Пахтаобод дар шаҳри Турсунзода аз вазифа озод ва феълан фаъолияти ӯ мавриди тафтишоти мақомот қарор дорад. Ин корманди гумрук, ки бо гирифтани маблағҳои калон ва қасдан расонидани хисорот тоҷирон ва соҳибкоронро ба дод оварда ва худро одами Муроди телехи президент муаррифӣ мекард, ҳамакнун барои аъмоли ҷиноиаш дар назди қонун ҷавоб медиҳад.
Шунаванда ва бинандаи азиз! Ҳадафи мо ҳам аз нашру пахши аъмоли ҷиноии чунин афроди бехудшуда, ки ҳоло дар саффи мақомот, бахусус гумрук, андоз, додситонӣ ва милиса хеле зиёданд ва бо сӯиистифода аз мақому мансаби хидматӣ мардуми бечора ва бепуштупаноҳро ошкоро ғорат мекунанд, ин аст ҳақ ба ҳақдор расонида шавад ва ҳукми қонун баланд ва муассир аз ҳукми ҳар шахси алоҳида, ҳатто ки он одами телехи Президент ва ё одами Рустами Эмомалӣ ва худи Эмомалӣ Раҳмон бошад. Бо кӯмак ва дастгирии ҳамдигар, яъне бо фиристодани маълумот аз ҷониби шумо ва нашру навор кардан аз ҷониби мо,мо метавонем пеши роҳи ин гуна фасодкорон,ҷинояткоронро бигирем,чопу нашр карда онҳоро шармандаву рӯсияҳ созем. Инҷо барои онки нагӯянд, худро реклама мекунем,як пораеро аз он матлаби нашршуда дар бораи ин корманди гумрук,ки рӯзи 1 сентябр дар Ислоҳ.нет нашр шуд,иқтибос меорем:
“Инҷо мехоҳем аз порахӯрӣ ва ноадолатиҳои корманди гумруки гузаргоҳи Дӯстии шаҳри Турсунзода — Сулаймонов Ҳабибулло Раҳматуллоевич чанд сухан бигӯем. Соли таваллуди ӯ 1987 аст, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти собиқи Кулоб. Ногуфта намонад, ки раиси Идораи гумруки шаҳри Турсунзода додарарӯси Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе мебошад, азавлоди Давлатовҳо. Аммо тамоми воридот васодироти борҳоро Сулаймонов Ҳ.Р контрол ва ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. Ӯ худро яке аз наздикон ва хешованди наздики Мурод Саиди муҳофизи аввали Эмомалӣ Раҳмон шиносонида худаш шоҳу табъаш вазир мебошад. Инчунин ӯро ёрдамчӣ ё ба истилоҳи дигар адютанти Раиси Кумитаи амният бономи Султон, ки ӯ низ зодаи, Восеъ аст пуштибонӣ мекунад. Чанд маротиба аз пеши тоҷирон ба Султон зангзада баъзеи онҳоро бодасти Султон “шикастааст” ва маълумотҳо дардастдорем, ки дар тамоми амалҳои ғайриқонунии Сулаймонов Ҳ.Р. Султон шарикбуда, дар “доля” ҳамроҳаст”.
Феълан кори ӯро милиса ва ё амният тафтиш карда истодааст, бароямон маълум нест аммо инки ӯро аз вазифа барканор карда ва бар муқобилаш дело кушодаандро ба мо хабар доданд.
Воқеан ҳам ин танҳо маврид ё ҳолате нест, ки баъди интишори матолиби “Ислоҳ” мақомоти масъул даст ба иқдом шуда бошад. Ҳамин тавр дар пайи нашри мақолаҳои “Ислоҳ”.нет” Лоиқзода, раиси ноҳияи …..аз мақом барканор шуда буданд.
Дар охирин лаҳзаҳо ба мо хабар доданд, ки полковник Нуралӣ Муродов,бале ҳамон Нуралии сиёҳ, сардори раёсати минтақаии амният дар навоҳии Раштро низ аз мақомаш барканор кардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ аз афроди содиқ ба Саймумин Ятимов аст ва эҳтимол меравад,ки дар Кумитаи амният ба ягон вазифаи баланд ҷояш диҳанд. Аммо инки ӯ таййи чандин сол мардуми ин водиро аз ҷону ҳолашон безор карда ва фақат ва фақат пул кор кард, масоҷидро баст, хидмати сарбозиро ба бизнес табдил дода, ба ҳамаи тоҷирони раштӣ доля баст, хулоса то Раҳими ғармӣ як бизнесмени калон, ки то оилаи Раҳмонов равуо дошта ва чи қадар корҳоро аз тани Раҳмонов иҷро кардааст, доляи худро мегирифт. Ин душмани дину оин ва фасодкори порахӯр ҳам ба дунболи сардори милиса, сардори ГАИ ва прокурори ин минтақа аз мақомаш барканор карда шуд. Дар бораи ӯ мо силсилаи мақолаҳоро дар асоси маълумот ва ахбори фиристодаи шумо хонанда ва шунавандаву бинандаи азиз таҳия ва тақдими худи шумо кардем. Оқибати кори ӯ ҳам бо чунин натиҷаи шармовар хатм гардид.
Бо овардани ин мисолҳои равшан бори дигар аз шумо хоҳиш мекунем,ки ҳарчи аз ҷиноят ва қонуншиканиҳои масъулин дар ихтиёр доред ба мо бифристед. Ислоҳ ҳатман онҳоро нашр мекунад. Ҳаргиз нагӯед,ки фоида надорад ва шумо бояд зери ин зулму ғорати мақомдорон ва афроди оилаи Раҳмонов ногузиред,то тоқат карда гардеду ин тақдир будааст. Аз қазо ва қадари Илоҳӣ ба сӯйи қазо ва қадари Илоҳӣ бо суръат биштобед.Мутмаин бошед, ки мо дар роҳи рост ҳастем ва ростиро заволе нест….