Рустам ватанро аз ҳама беш дӯст надорад, кӣ дӯст дорад?    

Ислоҳ нет

Ура! Ура! Ура!

Рустам қонун баровардааст, қонуни патриот-«Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон». Мубаллиғони мутамаллиқи мунтазири пайту фурсат доира дар даст гирифтаву гуши фалакро навохтан доранд:

«Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба «самти нав»-и фаъолияти «арзанда» даст зад: қонун навишт, «қонуни патриот».

Ура! Ура! Ура!

Дунё бояд мутаассир бишавад, дунё бояд мутаҳаййир бишавад, як ҷаҳон ташаккур ва аҳсан, аҳсан гуяд. Гӯё Юрий Гагарин тоза ба кайҳон рафта бошад, гуё муъҷизаи 8-уми олам рух дода бошад.

Қонуннависии Рустами Эмомалӣ чанде аз тамаллуқпешагони косалесро ба ҳамин андоза буҳтзада мутааҷҷиб кардааст.

«Магар намефаҳмед? Магар намебинед? Магар хурсанд нестед, хушҳол нестед?  Рустам қонун  навиштааст, қонун»!

Ҳей навиштанду ҳей гуфтанд. Олим навишту муаллим навишт, мушовир навишту депутат навишт. Дар ин васат  навиштаи муовини сардабири «Садои мардум» Далери Абдулло «дигар» аст. Онро МИТ «Ховар» фаврӣ ва бо як хушҳолии тамом такроран чоп кардааст ва ин навишта аз навиштаҷоти боқӣ фарқ дорад.

Навиштаи ин муовини сардабири «Садои мардум» таҳти унвони «Самти нави фаъолияти ва дастоварди арзандаи Рустами Эмомалӣ» дар ин нашрия ва сипас дар сомонаи «Ховар» чоп шудааст. Ҷаноби муаллиф навиштааст: «Бо истифода аз ҳуқуқи  ташаббуси қонугузорӣ аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»…. «муҳимму саривақтӣ самти нави фаъолият ва дастоварди арзандаи …. маҳсуб мешавад..»

 «Самти нави фаъолият ва дастоварди арзанда»?

Қонуннависии раиси қонуннависон «самти нави фаъолият»?  Кафкубии бардавом, рост хеста занед. Як бори дигар Ура! Ура! Ура!

Аммо, савол ин аст ки агар Рустам раиси Маҷлиси миллӣ аст, бояд чи кор бикунад? Маҷлиси Миллӣ ниҳоди олии қонунбарори давлат нест? Рустам, раиси мақоми қонунгузор аст. Ҳамин тавр не? Дар мақоми қонунгузору қонунбарор чи кор мекунанд? Қонун менависанд, қонун қабул мекунанд, қонунҳои навиштаи ниҳодҳои зирабтро баррасӣ, қабул ё рад мекунанд. Яъне навиштани қонун кори Маҷлиси Миллӣ аст ва ҳеҷ аҷобату тааҷҷуб набояд дошта бошад, ки Рустами Эмомалӣ қонун навишта аст. Чунки кораш аст, балки Рустами Эмомалӣ раиси палатаи болоии мақоми қонунгузории Тоҷикистон аст ва дар қиёс ба бақия аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бештар қонун нависад. Чунки раис аст ва табъан, ки раис аз ҳар ҳисоб ва аз ҳар лиҳоз бояд аз бақия як сару гардан боло бошад. Ва мутахассиси соҳаи худ ва ин як амри табиист. Ҳамчуноне муаллим синфхона медарояду дарс медиҳад, ҳамчуноне як табиб утоқи бемор медарояду аз саломаташ мепурсад, чунки чуноне гуфтем  корашон ҳамин аст. Агар Рустам раиси Маҷлиси Миллӣ асту қонун нанависад, қонун набарорад, ин боиси нигаронӣ ва ин боиси таҳайюру тааҷҷуб бояд бошад. Навиштани қонун барои Рустами Эмомалӣ набояд муҷиби тааҷҷуб ва набояд боиси таърифу тавсиф бошад. Беш аз ин, қонуннависиро барои Рустами Эмомалӣ «самти нави фаъолият ва дастоварди арзанда» баҳогузорӣ ва таблиғу тавсиф кардан худ аз камогаҳии муаллиф аз сиёсату умури давлат далолат медиҳад.

  “Чаро барои раиси ниҳоди қонунгузор навиштани қонун «самти нав» ва «дастоварди арзанда» бошад? Аммо матлаб тавре навишта шудааст, ки гуё бузина наҷҷорӣ карда бошаду човандози бузкаше дар авторалии «Дакар-Париж» барандаи сабқат шуда бошад. Яъне як кори ғайриодӣ ва ғайримаъмулӣ ва коре нобоварона. Мисли онки як талабаи синфи 6 дар як синфхона ҳамаи муаллимони ҳатто категорияи олӣ доштаро ҷамъ кардаву дарси тарбиявӣ гузаронида истода аст. Ва ё паҳлавони дарёдамкаши афсонаҳои халқӣ ҷойи дарё офтобро даркашида бошад.”

Аммо, хонандаи азиз, бале, аммо, аз ҳақ набигзарем, ки ҳамин Далери Абдулло воқеиятро, ҳақиқатро гуфтааст, дурусту возеҳ навиштааст. Барои Рустами Эмомалӣ навиштани қонун дар ҳақиқат «самти нав» ва «дастоварди арзанда» маҳсуб меёбад. Мепурсед, ки чаро? Чунки Рустам, ки ҳоло маълум нест, ҳарфу калимаро дурусту равон мехонад ё ҳиҷҷа мекунад, чи гуна қонуннавис шудааст? Рустам куҷову қонун куҷо?

-Рустам, ба «ватандустӣ» чи рабту алоқа дорад? Хидмати аскарӣ рафт? Як соат дар дидбонгоҳ истод?

   -Рустам дасти афтода ва муҳтоҷеро гирифт? Ба унвони раиси Маҷлиси Миллӣ ба арзу шикояти нафаре расид, ба номаи Шоҳида Мамадҷонова, ба нолаҳои Нилуфар Раҷабова ва садҳо амсоли инҳо гуш фаро дод?

      -Рустам як соат дар хонаи берушноиву сардӣ нишаст?

Вақте Раҳмонов Рустамро таъйин кард, гуфт,ки «ту сер» аммо хонаҳои мардум рав, даро аз сандуқаш ҳама чиро бароварда пешат мемонад. Вале кадом хонае рафт?

“Ҳоло Рустамро гузорем канор, худи Эмомалӣ куҷову қонун куҷо? Қонун ин яъне – танзими расму анъана? Дар бораи уҳдадории падару модар? Қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат? Ин яъне барҳам додани муҳлати маҳдудият барои Раҳмонов, ин яъне поин овардани синни муддаии курсии президентӣ барои Рустам? Қонун яъне ҳамин аст?”

Дар бораи қонуни патриоти Рустам-«Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» як каме поинтар мегуем.

Аммо, ончики чизе пештар гуфтем, яъне Далери Абдулло дурусту ҳақ гуфтааст, ки барои Рустам «самти нави фаъолият ва дастоварди арзанда» аст. Чунки дар ҳақиқат Рустам, ки ҳатто як калимаро бо калимаи дигар пайвастан наметавонад, қонун чист, хабар надорад, чи гуна қонун менависад. Ҳатмани ҳатман ҷое барои ҳайрату аҷобат дорад.

   “Аз онки ин як кори ғайриодӣ ва боварнакарданӣ аст ҳатто тамаллуқкороне мисли Далери Абдулло ҳам худ нахоста, иқрор мекунанд, ки барои Рустами Эмомалӣ ин «самти нав» ва  «дастоварди арзанда» аст. Ҳол, агар бигуем, ки Рустам ки чӣ, тамоми аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҷуз аз тарҷумаи қонунҳои навишта дар кишварҳои дигар кори дигаре карда наметавонанд, кам гуфтаем.”

Аммо Рустам! Дар воқеъ Рустам куҷову қонун куҷо?

Рустам наздики се сол мешавад, ки раиси Маҷлиси миллӣ аст. Шояд ягон нафаре аз «круг» гуфтаки «э, бобо, чаро ҳатто як қонун наменависӣ? Айб аст. «Ту ки раисӣ.» Ва, ҳамин тавр гирифтанду шиштанду аз номаш навиштанд: қонуни патриот. Ҳамчуноне, ки ҳар сол аз номи худи Эмомалӣ Раҳмонов ҷилд-ҷилд китоб менависанд.

Муроди ин тоифаи мутамаллиқ ин аст ки Рустамро супермен ва хориқулодда ва фавқултоҷик ҷилва бидиҳанд: «Душанберо обод кард, эстката сохт, боз месозад, Сиёма-мол сохт, боз месозад, Мармарӣ сохт-боз месозад, Душанбе- сити сохт, боз месозад, автобусу таксиҳои современний овард, боз меоварад».

Хуллас, бояд тавре рангубор диҳанд, ки «Рустам аз отааш монданӣ надорад, балки ба эҳтимоли зиёд аз отааш ҳам фарзонатар, ҷаноби олитар, асосгузори сулҳу ваҳдаттар, пешвотар, ягонатар, муаззамтар мунтаҳо аз падараш ҳам дида хеле «тар»-у «таринтар» аст.

  “Ба ин маъно, ки Рустам дар фикри мову шумо аст, қонун менависад, қонун дар бораи ватандӯстиву ватандустдорӣ, то мо, ки аз ин ҳарфҳо хатеву хабаре надорем, ёд бигирем. Чи қадар инсони муҳтарам, бузург, фарзона ва ягона аст, ки барои мо «заботитсия» мекунад, қонун менависаду мо ватанбезоронро ватандӯсдор мекунад.”

Яъне мақсади ин хушомадзанҳо ин аст ки бояд бисозанд, бибофанд, як нобаладро балад ва ҳирфаӣ ва чирадаст нишон диҳанд. Ба осмон бароваранд. Чизе, ки дар бута ва ботинаш нест, нисбаташ диҳанд. Бубинед, ки ҳоло китобе чоп кардаанд бо ин ном: «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷик». Э, хок бар саратон. Вай, ки тамадунро «томат» мефаҳмад, чи нақше метавонад гузорад? Аммо бояд чашмҳоро бикуронанд, ақлҳоро реб диҳанд, халқро дангоса ва нафаҳм ҳисобанд:

«То кунун ҳамчунин қонун надоштем. Акнун ва минбаъд дар чаҳорчуб ва доираи қонуни баровардаи ин «фарзанди фарзона» ва «пешвои муаззам»-и ояндаи миллат тарбияву такомул меёбем. Мо, ки ноқис будем, мо, ки камбуд доштем, мо ки нимрасу норас будем, ҳамакнун дар руҳияи ин қонун патриот мешавем.»

Аммо ….ҳамин чор рӯзи барфи моҳи январ нишон дод, ки ҳиҷ чизеву коре аз дасташ сохта нест. Вай, ки ҳануз дар зери синаҳои варамидаи Азизмоҳ асту берунро надидааст, гармӣ чист, сардӣ чист, беобиву бебарқӣ чист намедонад, вақте фаҳмидааст, ки қонун «навиштааст» афигет мекунад.

Хуб, ҳатто донад ҳам чи мекунад? Намедонад, ки чи бикунад. Мушкил ва бадбахтии ин ду (Рустам ва Эмомалӣ) ҳам ин аст ки намедонанд, ки чи бикунанд. Ва, ин боиси азобу азияти ин миллат ва ин мардуми бадбахту шурпешонӣ шудааст.

“Инҳо устоду устодонанд, ҳирфаиянд, спетсиалисти моҳиранд, аммо фақат барои дуздӣ, фақат барои ғорат, яғмо, фақат барои балъидану хурдану таҷовуз кардан. Давлатро, ҳукуматро ҳамин тавр ва ҳамин хел мефаҳманд. Тамоми ин ҳама сӣ сол ҳамин корро карданд ва сӣ сол, ки чӣ, сад соли дигар ҳам истанд, корашон ҳамин хоҳад буд.”

Баъд аз онки оҳи шаҳриён, доду войи онҳо ба фалак печид, расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки Рустам ва ниҳодҳои масъулу маъмур натавонистанд вокуниши муносиб, сареъ ва шоиставу бадардбихур анҷом бидиҳанд, ҳама фалаҷ, карахт, корношоям аст, оҷилан раисони ноҳияҳои Душанберо аз кор барканор карданд ва гуё об ба лаби ҷӯ баробар шуд. Дар ҳоле, ки Оҷонсии ҳавошиносӣ пешопеш хабар дод. Ба гуши Рустам расид, ки омода бош. Аммо Рустам кай парво дорад, ки вазъу ҳоли сокинони пойтахт чи мешавад? Кудак, ки нест. Вале ин «шаҳбача» дар муҳити шоҳона ба воя расида ва ҳеҷ вақт бо сардиву беобӣ дучор нашудааст.

Раиси Тошканд барои нотавонӣ, саривақт ва дарзамон омода насохтани зерсохторҳои марбута барои тайи зимистон аз кор барканор шуд. Ин хатар, албатта, ба сари Рустам нахоҳад омад ва агар Рустам бадтар аз зимистони январи имсол ҳолу вазъро аз ҳам бирезад ва баҳам занад, чизе иваз нахоҳад шуд. Балки вай бо ин ҳам корношоямӣ ва ношоистагӣ ва носазоварӣ ва номуносибӣ раиси ҷумҳур шуданӣ аст. Ана, барои ҳамин  далерабдуллоҳо ва амсолаҳум талош мекунанд, ки аз вай як қаҳрамони афсонаӣ бисозанд!

Аз навиштаҷоти ин муаллиф ду то иқтибос меоварем. Зеро вай қонуни патриоти Рустамнавиштаро аз дидгоҳи худ тавзеҳ дода ва ҷоҷо бо изҳори назар ва зикри нукот ҳарчи бештар талош кардааст, ки мутамаллиқ будани худро таъйид созад. Ва, дар айни авҷи ин гуна хушомадзаданҳо ҳатто болои масъулу муаллифон аз «фермаи ҷавоб»-ин «карамултук»-и бадарднахур тохтутоз карда ва СС.Ятимовро дар ҳолати нобоб қарор додааст. Масалан навиштааст:

«Шахсан ман аз он нигаронам, ки баъзеҳо мунтазам «доди ватанхоҳӣ мезананд»-у ҳангоми ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дар ин самт бештар ба мустаор будани ному насабашон ҳавасманданд. Чунин шеваи фаъолият арзишманд будани ватандӯстиро барои тоифаи мавриди назар зери суол бурда, дурӯягиву тарсуиро ба маъраз мегузорад.»

Аҳсан! Аҳсан! Рост мегуяд, ки зери номи мустаор «доди ватанхоҳӣ» задан кори шоиста нест ва ҳар касе мехоҳад дар бораи Эмомалӣ ва Рустам ва ҳукумати вай бинвисад ва ё масалан дар барномаи «Минбари муҳоҷир»-и мо баромад кунад, бо ному насаб ва сару сураташ гап занад. Инҷо ин гуфта бештар ба «фермаи ҷавоб» марбут аст, ки менависанд, аммо нару мода ё Лейла Азизиянд,         Зубайдулло Хайитов ва чанд бо ном “муҳалли сиёӣ” ва ё бо номҳои мустаори ноошнои омӯзгор ва ё умуман номҳое мегузоранд, ки дар рӯи замин бо он номҳо касеро суроғ кардан ғайриимкон аст.

Аз ин ҷиҳат ин фикрҳои Далер Абдулло ба мавзеъи оппозитсионии мо наздиктар аст.

Гуфтанӣ аст,  ки мисли ман бо зикри ному насаб бароед. Шумо чаро паси номҳои мустаор панаҳ шудаед?  Барои мо ҳам баъзе аз ин «мустаор» нависҳо маълуманд. Мо медонем, 100 дар 100 надонем ҳам аммо ба эҳтимоли қавӣ медонем, ки ин фалониҳо ҳастанд. Номашонро пинҳон мекунанд, чун аз як тараф  фаъолияти хуфияияшон (онҳо стукач, сексот, онҳо доносчик, онҳо агент, онҳо хабаркаш) эҷоб мекунад, набоядам ифшо ва ошкоро кор кунанд. Аз суи дигар Абдулло дуруст мегуяд, дуруяву тарсуанд. Аз тарафи дигар ба яқин медонанд, ки онҳо доранд каззобӣ мекунанд, намехоҳанд дуруғи супориширо бо номи худашон чоп кунанд. Вале Далер Абдулло ки себро хурдаасту мехурад бояд ғозашро диҳад. Ин мардакро беҳуда сухангуи IRS-ширкати пулчинаки дар роҳи Душанбе-хуҷанд накардаанд, ки ҳамту аз ҳаво пул гирад. Яъне даромади изофӣ ҳам дорад.

Дар ҷои дигари ин матлаб муаллиф ба дараҷае аз «нотавонбинон», яъне рақибону мухолифини Рустам ва Эмомалӣ мутанаффир будани худро ошкор карда мегуяд, ки ҳатто дар матолиби интиқодӣ аз навиштаҷоту фикру андешаҳои онҳо иқтибос кардан ҳам хато ва ғайриқонунӣ аст ва акнун қонуни патриот ин корро мамнуъ кард:

«Ба андешаи инҷониб, аз «шарҳу тавзеҳ»-и нотавонбинон иқтибос овардан, ҳамон гунае, ки баъзе мубаллиғони Ҳукумат зимни иншои матолиби ба тарбияи ватандӯстӣ дахлдошта мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро ёдовар шудани чунин сафсатаҳо моҳиятан таблиғи он персонажҳо маҳсуб мешавад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки то ҳол аз ҷониби нотавонбинон  ягон далеле, ки ақаллан аз «кӯчаи воқеият гузашта бошад», ироа нагардидааст. Ноболиғеро шабеҳанд, ки ҳарфаш пеши қозӣ қадр надорад. Тафаккури мадди назари нотавонбинони давлату миллати тоҷик беасос ва сохта мебошад. Зеро аз принсипҳои геополитикии бардурӯғ маншаъ гирифта, мухолифи тамоми арзишҳои инсонист. Ин «бузургон» таносуби дину дунёро ноҷо арзёбӣ ва андешаи тавҳидиро дар боби дину дунё нодуруст матраҳ менамоянд. Онҳо собит карданд, ки ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Ҳар нафари бар зидди мардуми осоиштаи тоҷик сангаргирифта метавонад ҳамсафашон гардад ва онҳо хайрхоҳаш бошанд. Аз «кор»-у «пайкор»-и онҳо оҳанги солҳои 90-уми асри гузашта ба гӯш мерасад, ки мехостанд тарзи зиндагии 1400 сол қаблро эҳё кунанд.»

Шумо бояд руирост бигуед. Вақте аз мустаор навиштани фабрикаи ҷавоб хушатон намеояд, чаро худатон номи он кишварҳоро мустаор ва мастур мекунед?

Аммо, вақте қофия танг омадааст худи Далери Абдулло ҳам ба таваҳҳуму ҳазён ва пучгуӣ, ки бадтар аз «мустаорнависӣ» аст пардохтааст. Он бузургони таносуби дину дунёро ба ҳам зада ва он солҳои наваду ва онҳое, ки 1400-соли пешро меоранд, ном набурдааст. Айни ҳамон «мустаориён» ҳарфу ҳадисро печонидааст. Воқеиятро руст ва панаҳ мекунад.

Дар идомаи матлаби Далери Абдулло чунин сархатро мехонед: «Доҳӣ»-ҳои тозазуҳур он солҳо мехостанд идеологияи тоталитариро, ки дилхоҳ андешаи созандаро буғӣ мекунад, ҷорӣ намоянд. Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш набояд кард, ки бо таъсири ин тоифа солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар ришмонӣ, сатрпӯшонии занон, болонишин шудани ашхосе, ки чанд сураро қориазёд кардаанд, эъмори сохтмони масоҷид дар сари ҳар кӯчаву паскӯча ва ғайра «мӯд» шуда буд. Онҳое, ки ба ватандӯстӣ муносибати дуюмдараҷа доранд, шояд ба он назаранд, ки аз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон вақти муайян гузашта, имкон аст насли навраси аз даҳшати он солҳо ноогоҳро гумроҳ намоянд. Биноан, бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ осебнопазир монад. Ин аст рисолати инсонӣ ва қарзи оини ватандӯстии мо!

“Маълум, мушкилоташ риш ва сатр аст. Аммо намегуяд ва намехоҳад бифаҳмад, ки ришу сатру ҳиҷоб ин кори хусусӣ аст ва ҳарими шахсӣ ва дахлнопазир аст, набояд дастбурд зад ва ҳуҷуму ҳамла кард. Дар дунё яке риш мемонад яке намемонад яке сатр мебандад яке , бо доман мегардад, кори шахсии ӯст.”

Бовар кунед, ки қонуни патриоти Рустам ҳам айни қонуни танзим аст: «Бояд барои чанд кас оши худоӣ кунам ва чанд касро ба маросими чукбурони бачаам даъват намоям»-ро шумо бояд тибқи салоҳдиди худ таъйин ва танзим кунед. Аммо, Далер Абдулло ҳеҷ гоҳ намегуяд ва наменависад, ки «ман танҳо ва танҳо худамро бартар ва афзалтар мешуморам, то мурданам президент мешавам, мехоҳам президентиро ба бачаам медиҳам»  ва намегуяд, ки чунин кардану гуфтан ғалат аст.

Рустам аз куҷо патриот менависад? Аскарӣ рафт, дар ҷабҳаи зидди қирғиз иштирок кард? Чи кор кард? Рустам аз бағали Азизмо хесту омаду амалу мансаб гирифт. Аслан намедонад, ки ватан чист? Таърих чист, Айнӣ кист? Отааш бо истифода аз мансабаш, бо суистифода аз тарси ҷанги бародаркуш ӯро овардаасту гузоштааст. Ҳоло фикр мекунед, ки агар тарси ҷанги шаҳрвандӣ набуд, Раҳмонов қудратро меросӣ мекард? Меросӣ куҷо худи Раҳмонов ҳатто раиси район шуданро дар хобаш намедид, чи расад ба раиси ҷумҳурӣ. Чи патриотизм кардааст?  Масалан Султони Кабирро шикасту вайрон кард, то инки одамҳо ба бозори вай раванд. Ҳамин патриотӣ аст?.

  “Дар ватане, ки свет нест, ҷойи корӣ нест дар ватане, ки дар хонаи худат мисли квартирант зиндагӣ мекунӣ, мардум таътил, рухсатӣ ва пенсияро фаромӯш кардааст, аз кадом ватандӯстдорӣ гап мезанӣ?”

Ҳамин чанд рузе, ки табиати иқлим ба озмоиш ва имтиҳон гирифт, нишон дод, ки коре аз дасташ барнамеояд. Ноуҳдабаро гуфтан кам аст. Мо агар минбаъд аз руи қонуни Рустам ватанамонро дӯст дорем, айни Рустам, дақиқан мислу монанд, шабеҳ, хуллас айни Рустам ё рустамворӣ дӯст дорем, чи хоҳад шуд? Бояд касе аз мо аскарӣ наравад. Ҳама бояд раиси Маҷлиси миллӣ шавад, раиси шаҳри Душанбе шавад, ҳама бояд садҳо аспи 100.000 то 1000.000 долларӣ дошта бошад ва….фалон фалон чизҳо, то самолёти шахсӣ дошта бошем. Ин имкон дорад? Шахсе, ки дар чунин вазъу ҳол аст чи гуна ватандӯстдориро талқин мекунад?

  “Барои раиси Маҷлиси миллӣ, баъди ду соли кор дар корхонаи қонунбарорӣ навиштани қонун самти фаъолият будасту дастоварди арзанда. Ҳайратангез нест?”

Рустамро монед, ки «игровие автомати» созад, масалан 4 то 5555, Рустамро монед, ки диско ва найтклуб созад. Рустам ба ватандӯстдорӣ чи алоқа дорад? Мисли падараш болои минбару масҷид хати бутлон бикашад ва қонуне созад, ки ҳар кас битавонад раҳими зани тоҷикро “сурагатнй мать” бар ивази пул ба иҷора бигирад. Чун ба иҷорадиҳии раҳими зани мусалмони тоҷикро солҳо пеш қонунӣ карданд.

Агар дар ихтиёри Рустами патриот буд, кайҳо осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар Душанбе ба хок яксон ва шояд ҳам дар ҷои он Бег Сабури қудояшон дискоклуби нав месохт.

Вақте мо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» ва барномаи махсӯсе дар он шабурӯзҳои сарди январӣ аз ноуҳдабароӣ ва корношоямии Рустам гуфтем, тақрибан як ҳафта дар барномаи «Ахбор»-и ҳама шабакаҳои давлатӣ, махсусан дар шабакаи аввал гузоришҳои ба фаъолияти, балки комёбҳои беназири ин ҷавони ояндадор бахшиданд. Ин ба масал ҳам ғариву ҳам пешхезиро монад.

  “Маъмурони соҳаҳои Маркази гармидиҳӣ ночор шуданд эътироф кунанд, ки гази табиӣ аз Узбакистон ворид нашуда истодааст ва кор то ҳадде хароб аст, ки дар қубур ё лулаҳои оби гарм ҳиҷ гармӣ нест. Раҳмонов ҳам ночор шуд аз ҳиссаи Толибон-и Афғонистон бизанаду ба Узбакистон бештар неруи барқ бидиҳад, то ки ба ТЕС-ҳои Душанбе гази Узбакистон дода шавад ва Рустамро битавонад аз шармандагии бештар бираҳонад ва наҷоташ диҳад.”

Як нафар аз дӯстоне, ки бо дӯстони наздики хонавода иртибот дорад баъди интишори матлаби ахир дар бораи Ҷамолиддин навишт, ки ин тавре, ки шумое мегуед, нест: «Сари Ҷамолиддинро мор нагазидааст, ки даъвои курсии президентӣ кунад. Масъала дар даруни оила ҳал шудагӣ. Рустам ба ҷои падараш дар курсӣ мешинаду муаллима-Озода Раҳмонов ба ҷойи Рустам, раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Душанбе мешавад. Ва ҳамин тавр ҷиноҳи «қурғаниҳо»-пушти Рустам ва «данғарагиҳо» -пушти Озода ба ин тақссимот розӣ ва қонеъанд».

Так что ҳама доволен. Хуб, шоядам ҳамин тавр бишавад. Ҳатто бадтар аз ин Рухшона ҳам вазири хориҷӣ, таҳмина ҳам вазири  тиҷорат ва рушди иқтисод, Парвина вазири тандурустӣ ва Зарина аз Ориёнбонк биёду бишинад ба Бонки милӣ ва дар поёни умр худи Азизмо раиси Кумитаи занҳо бишавад. Мемонад, Фируза , Фарзона, Исмоил, Сомон, ки ҳамагӣ метавонанд курсиҳо дар ҳукуматро бигиранду тохтаву бехтаву рехта гарданд. Кӣ чи мегуяд? Бо чунин вазъу бо чунин манзара агар Рустам қонуни патриот нанависад, ки бояд нависад? Рустам ватанро аз ҳама беш дӯст надорад, кӣ дорад?

Share This Article