Қиссаи ду мард

Ислоҳ нет

Қиссаи ду мард

(Аввалӣ аз фазли Аллоҳ мехост дуввумӣ аз фазли ҳамсари шоҳ)

Ду мард чанд рӯз пайи ҳам дар масҷиде, ки наздики гузаргоҳи ҳамсари подшоҳ буд, дохил мешуданд.

Аввалӣ мегуфт: Эй бор Илоҳо, маро аз фазлу карамат ризқу рӯзӣ насибу рӯзӣ бигардон.

Дуввумӣ мегуфт: Эй бор Илоҳо, маро аз фазлу карами ҳамсари подшоҳ ризқу рӯзӣ насиб бигардон.

Аз он чи миёни ин ду мард мегузашт ба ҳамсари шоҳ хабар доданд.
Ҳамсари шоҳ амр кард, ба аввалӣ ду дирҳам диҳанд ва ба дуввумӣ як мурғи пухта фиристед ва дар дохили он мурғ даҳ дирҳам гузоред.

Вақте ин ду мард мукофоти худро мегирифтанд, дуввумӣ, ки бештар ба пул ниёз дошт мурғи худро ба авалӣ ба ду дирҳам мефурухт.

Ин ато ва бахшиши ҳамсари подшоҳ даҳ рӯз идома ёфт. Рӯзи 11-ум ҳамсари шоҳ аз он минтақа гузашт ва фармуд он ду мардро ҳозир карданд. Аз марде, ки барояш ҳар рӯз мурғ мефиристод пурсид, оё фазлу карами мо, ки ҳар рӯз бароят як мурғ бо даҳ динор мефиристодам, туро сарватманд кард?

Он мард дар посух гуфт: -На, ман ҳар рӯз як мурғ қабул мекардам ва онро ба марди дар паҳлӯям буда ба ду дирҳам мефурухтам, зеро ба пул ниёз доштам.
Ҳамсари подшоҳ хандид ва гуфт: Аз фазлу карами мо талаб кардӣ, Аллоҳ туро аз он маҳрум сохт, аммо ин марди дар паҳлӯят буда аз фазлу карами Аллоҳ хост, аз ин рӯ Аллоҳ ӯро дод ва сарватманд гардонид.
Ҳамеша аз фазлу карам ва атои Аллоҳ бихоҳед на аз фазлу карам ва атои махлуқ.
Ҳар ки ба мардум эътимод мекунад хор мегардад.

Ҳар ки ба молаш эътимод мекунад ба норасоӣ гирифтор мегардад.
Ҳар ки ба илму донишаш эътимод мекунад гумроҳ мегардад.
Ҳар ки ба худ эътимод мекунад безор мешавад.

Аммо шахсе ба Аллоҳ эътимод мекунад ҳаргиз хору залил намегардад ва ризқаш фаровон аст, зеро: “Агар Аллоҳ бихоҳад беҳисоб ато мекунад.”

Share This Article