Қиссаи ҳидояти тоҷикписаре дар русия

Ислоҳ нет

Қиссаи ҳидояти тоҷикписаре дар русия

Зодгоҳ ватан аст?

Барои ҳар шахс мафҳуми ватану зодгоҳ ва ватандорию ватандўстӣ хусусият ва фаҳмиши хосеро дорад. Масалан дар забони халқаст, ки мегўянд:

Ватан он ҷо, ки озораш набошад,
Касеро бо касе кораш набошад.

Ва дар китоби Фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст: Ватан калимаи арабӣ буда маънои зодгоҳ ва ҷои нашъу наморо медиҳад. Ба ин гуфтаҳо ҳаминро илова карданиам, ки ватан ба зами зодгоҳи шахс будан, инчунин зодгоҳи аҷдодон ва қавму қабилаҳо ва наслҳои шахс ҳам ба ҳисоб меравад ва ҷоест, ки мардум пушт ба пушт ва насл ба насл ҳамдигарро дар ҳар гўшаву канори ин кишвар, ки бошанд мешиносанд ва бо якдигар робитаи хешутаборӣ доранд. Бинобар ин, табиатан ҳам мебояд шахс ҷои таваллуд ва ба воя расидану камолот ёфтанашро дўст дорад.

Метавон хулоса кард, ки ватан барои ҳар шахс ҷои муқаддас ва боарзиш аст ва месазад, ки шахси дар ғайри ватан шоҳона ва ё гадоёна зиндагидошта аз фироқаш бисўзад ва ҳамеша дар ёди он бошад. Ҳамин аст, ки шоири ширинкаломе ҳолати шахси дар ғурбат зиндагидоштаро чунин зебо ба риштаи назм кашидааст:

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар,
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Акнун мехоҳам зиндагӣ ва ҳаёти дар ғурбат доштаи хешу ақрабо, ёру дўстон ва шиносону ҳамдеҳагонеро, ки дур аз ватан ҳамроҳи зану фарзанд аз пайи ризқу рўзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари паҳновари Русия рафта ва дар шаҳрҳои обод ва ё деҳоти ноободи дурдаст ҷою мақом кардаанд пеши назар биёред. Албатта, мушоҳида кардаед ва ё шунидаед, ки оилаҳое ҳастанд падар дар як шаҳру писар дар шаҳри дигар ва ё духтараш дар як вилояту модар дар дигар вилояти ин кишвари паҳновар аз пайи ризқу рўзиянд. Баъзан кор то ҷое расида, ки падар намедонад писараш дар кадом ҳол аст ва бародар намедонад, ки бародараш дар кадом шахр аст ва ба чӣ кор машғул. Ҳатто якеашон мегуфт, ки намеданам бародарамро чӣ дуъо кунам, дуъо карда бигўям, ки Худо нигаҳбонаш бошад ва ё Худо раҳматаш кунад, яъне аз якдигар чунон дур гашта ва аз ҳамдигар чунин бехабаранд. Мақсад аз зикри гуфтаҳои боло ин нест, ки мардум набояд мусофират кунанд ва ё аз пайи касбу кор гарданд, чун ин қонуни зиндагист, балки ҳадафи мо ин аст, ки ҳар куҷо, ки бошанд бо ёду хотири ватан ва кишвари азиз бошанд ва забону дин ва фарҳанги миллиашонро аз хотир набароранд ва яқин дошта бошанд, ки обу хоки сарзаминашон ба мисли модаре, ки ҷигаргўшаҳои дар мусофират будаашро интизорӣ мекашад онҳоро интизор аст.Аллоҳ моро ҳарчӣ зудтар ба ватанамон баргардонаду дар фазои озодиҳои динӣ,мазҳабӣ ва дидгоҳи озод ва дур аз хушунату таъқибу фишор ва мамониъатҳои сохтае,ки як гурӯҳ дар кишвар эҷод кардааст умр басар бубарем.

Оғози қисса.

Ба ҳукми тақдир ғарибгашта ва ё бо сабабҳое тарки ватан кардагонро қиссаҳо ва сарнавиштҳои гуногунест, ки аз ҳамдигар фарқияту тафовутҳо доранд. Хотираҳои талх, ғаму ғуссаҳои гуногун, дардҳои ҷонгудози ҷисмию рўҳӣ, моддию маънавӣ, ки дар дил доранд шахси шунавандаи он сарнавиштҳоро андўҳгин менамояд. Инҷо мехоҳам хотираеро аз сафар, ки ба яке аз шаҳрҳои кишвари паҳновари Русия доштам бароятон қисса намоям. Ин қиссаи як хонаводаи мусалмони тоҷикест, ки ба ҳукми тақдир тарки хонаву кошона намуда ва дар Русия умр басар мебаранд.

Моҳи мубораки Рамазон буд ва пас аз адои намози таровеҳ чун ёру дўстон ва ҳамшаҳриҳо аз омадани ман хабар доштанд, ба наздам омаданд то бо ҳам аз диду боздидҳоямон сўҳбату гуфтугузорҳо дошта бошем. Бо мавъизаҳои атрогини рамазонӣ ва сўҳбати пурмуҳтаво дар фазилати ин моҳи муборак хотири он ҷавононро шод намуда, ба саволҳои гуногуни эшон посух додам. Соат наздики 10 –и шаб шуда буд ва ман мехостам дар пайи истироҳат шаваму куфтагии роҳро барорам, ҳамин вақт яке аз ҳозирин, ки аз чеҳрааш маълум буд сўҳбат карданам барояш писанд омадааст ба наздам омад ва гуфт: Писарам, ман як марди сармоядори ин шаҳрам ва тақрибан 19 сол аст, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунам. Аз шумо як хоҳиш дорам, ки ба хонаи ман меҳмон шавед. Ман аввал фикр кардам, ки мехоҳад маро меҳмонӣ кунад ва аз ҳамин хотир барояш изҳори миннатдорӣ намуда гуфтам: Ман фардо каме машғулият дорам ва намехоҳам музоҳими шумо шавам. Он мард гуфт: Шукри Худо, ки ман якчанд фарзанд дорам ва феълан, ки як писарам дар хона аст мехоҳам, ки шумо ўро каме насиҳат мекардед то бифаҳмад, ки ў тоҷикзабон асту мусалмонзода ва бобою аҷдодаш ҳам мусалмонанд. Пас аз шунидани ин суханон, хоҳишашро пазируфтам ва гуфтам: Агар барои чунин кор бошад, ман омодаам худи ҳозир бо шумо равам.

Ҳангоме ки бо ў савори мошинаш гаштем ва ба роҳ баромадем хело шод гашт ва аз худ каме қисса кард. Аз гуфтаҳояш маълум гашт, ки дар ғурбат машаққатҳо кашида ва сармоя ба даст овардааст. Охируламр мошини мо дар назди як хонаи бо ҳашамате қарор гирифт ва ў бо як чолокӣ аз мошин пиёда шуд ва гуфт: Ана расидем, марҳамат ин хонаи ман аст, хуш омадед! Чун вориди ҳавлӣ гаштем моро ба меҳмонхонаш роҳнамоӣ намуд ва гуфт: Шумо марҳамат карда ҷо ба ҷо шавед, ман ҳозир меоям. Дарҳол хидматгоронаш дастархони бо нозу неъматеро бароямон омода карданд ва соҳибхона ҳам ба наздамон ворид гашту моро хушомадед гуфт. Ман, ки дар мошин аз ранҷу азоби қисса намудааш шунида будам ва акнун ин ҳавлии бо ҳашамат ва зиндагии бо рафоҳият ва дастархони пурнозу неъматашро мушоҳида кардам, беихтиёр барояш гуфтам: Худоро шукр, ки пас аз он ҳама ранҷу мушкилот ҳоло дар неъмат ва фараҳ зиндагӣ доред ва давлати пирӣ меронед. Аз ин гуфтаҳои ман аламҳои пирамард тоза гашт, ки гуфт: Бале писарам, ман Худоро шукр 6 фарзанд, 4 писар ва 2 духтар дорам. Албатта, ҳар ки аз атроф ба ман бингарад мебинад, ки хело марди сарватманд ҳастам, чунки хонаи бо ҳашамат, хидматгорон ва мошинҳои қиммати тамғаи хориҷӣ дорам ва инчунин дорандаи ширкати калони тиҷоратӣ ҳастам, ки дар ширкати ман 300 нафар корманд кор мекунанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама, ман худро ин ҷо бегона ва яке аз бадбахтарин шахс меҳисобам. Чаро ки фарзандонам забони модарӣ ва фарҳанги миллиашонро гум карда ва пайрави кадом дин буданашонро намедонанд ва насиҳату раҳнамудҳои маро низ гўш намекунанд, на духтаронам ва на писаронам, ҳатто ҳамсарам ҳам дигар он тоҷикзани бофарҳангу боимоне, ки эҳтироми шавҳарро медонаду ба ҷо меоварад нест, ба ман беэътиноӣ ва камаҳаммиятӣ мекунад. Ман дигар худро марди дорои ҳайбату салобат намебинам ва мепиндорам, ки марди пиронсол ва фартуте ҳастам, ки салоҳиятам дар зиндагӣ ба интиҳо расида ва вуҷудамро беҳуда ва бесамар меҳисобам, зеро хонаводаи тоҷикӣ надорам.

Фарзандонам аз миллати худашон чизе намедонанд, ҳатто боре аз паси дар шунидам, ки писарам ба бародараш мегуфт: Ин «тоҷик» чӣ миллате бошад, ки падарам ҳамеша онро таърифу тавсиф мекунад ва моро низ мегўяд, ки шумо тоҷик ҳастед? Не! Ман на тоҷик ҳастам ва на аз дину фарҳанги миллати тоҷик хабардор ва ғайриимкон аст, ки ман худро тоҷик шуморам. Пирамард ин суханҳоро мегуфту мегирист ва ман низ аз тақдири ин ҳаммиллатам, ки тамоми сармояи моддиро соҳиб аст, аммо сармоя ва ғановати маънавӣ, аз қабили забону дину фарҳанги миллӣ ва ватанашро аз даст дода ва ба қавли шоир «мурғи бе болу пар» гаштааст, сахт андўҳгин будам. Бо ин ҳол худро ба даст гирифта ва гуфтам, ки ман наомадаам, то шумо хотири маро ин қадар озурда намоед. Падари азиз, ман мехоҳам бо писаратон ҳамсўҳбат шавам, агар ин ҷо ҳаст ба назди ман биёяд. Ў дарҳол аз ҷояш бархост ва Мухаммед садо намуд. Мухаммед, яъне Муҳаммад. Хонандаи гиромӣ! Бовар кунед вақте пирамард номи писарашро ба чунин шакл ном бурда садо кард, аз тақдири талхи он ҳамватан чунон гиристам, ки аз гиряи ман ҳамроҳбудагонам низ гирён шуданд. Чанд лаҳза баъд як ҷавони хушқаду қомати зебо вориди хона гашт ва боодобона даст дода вохурӣ намуд ва бо забони русӣ ба падараш хитоб намуда гуфт, ки инҳо кистанд? Оё хешу таборанд? Падар ҳам дар ҷавоб бо забони русӣ гуфт: Бале писаракам, инҳо хешу табори мо, меҳмонони тоҷикистонӣ ва донандагони улуми дини Ислом ҳастанд ва мехоҳанд барои рушанӣ андохтан, ки тоҷик чӣ миллат аст ва дини Ислом, ки дини мо аст, чӣ гуна дин аст бо ту чанд сухан гўянд.

Пирамард сипас ба ман нигариста гуфт: Дар ин мамлакат фарзандатро бояд ба ҳоли худаш гузорӣ. Падару модар мувофиқи мехостагиашон тарбия кардани фарзандро ҳақнадоранд ва манъ намудани фарзанд аз коре, ки дилаш мехоҳад мумкин нест. Ту фақат як шахси парваришдиҳанда ҳастӣ ва дигар салоҳияте надорӣ ва набояд ўро маҷбур ба он чӣ мехоҳӣ намоӣ, зеро тибқи қонуни ин мамлакат ин амал бароят ҷазо муқаррар менамояд. Ин писарам ба дини Ислом бовар надорад ва динро як хурофот ва зулм бар инсонҳо медонад ва ҳар саҳар сарашро бо теғ метарошад. Ҳамеша мусиқии гўшхароши ғарбӣ гўш мекунад ва бо мо кам ҳамсўҳбат мешавад ва падар будани маро эҳсос намекунад. Агар тарзи либоспўшӣ ва либоси тани ўро бинед дилатон аз фарзанд хунук мешавад. Пирамард боз ҳам чизҳое гуфтан мехост, аммо ман ўро аз идома додани суханаш боз дошта гуфтам: Мехоҳам маро чанд лаҳза фурсат диҳӣ то бо Муҳаммад ҳамсўҳбат шавам. Сипас ба Муҳаммад хитоб намуда бо забони русӣ пурсидам, ки оё забони тоҷикиро мефаҳмад. Ў гуфт, ки баъзе калимаҳои тоҷикиро мефаҳмад, аммо бо ин забон сўҳбат карда наметавонад.

Сўҳбати мо атрофи миллати тоҷик ва шахсиятҳои донишманд ва машҳури он тасфид ва дар зимн аз ӯ пурсидам, ки падарат мегўяд дар мавриди дини Ислом ҳам чизе фаҳмидан мехоҳӣ, вале падарат туро қаноъатбахш карда наметавонад? Гуфт бале. Гуфтам: Пас ту аввалтар аз ҳама, бояд Офаридгоратро бишносӣ ва ба ягонагии Ў таоло бовар дошта бошӣ. Дар ҷавоб гуфт: Боварии ман чӣ гуна бояд бошад? Гуфтам: Бояд бовар дошта бошӣ, ки Худованди яккаю ягона, бе шарик, бе мислу монанд ва музайян ба сифатҳои донандаи илми ғайб, бинанда ва шунаванда, сухангўянда ва қодир ба анҷоми тамоми корҳои ирода кардааш ва соҳиби ирода ба он чӣ ки бихоҳад мешавад ва он чӣ ки нахоҳад намешавад ва соҳибу молики тамоми сифатҳои комили неку писандидае вуҷуд дорад, ки поку муназзаҳ аз тамоми сифатҳои пасту разила аст. Ў Зотест, ки осмонҳо ва заминро ва он чи дар инҳо мавҷуд аст офарида ва ба инсу ҷин амр карда, ки хос Ўро парастиш кунанд ва фақат аз Ў кўмаку ёрӣ бихоҳанд. Ба бандагонаш аз инсу ҷин дастур дода, ки Ўро парварандаю мураббӣ, неъматбахшу кафили ризқу рўзӣ ва бахшандаи гуноҳу хатопўш бишносанд. Инчунин барои бандагонаш аз инсу ҷин маълум карда, ки ҳар ки аз фармудаҳои Худованд итоат кунад ва аз манъкардаҳояш боз истад, ризомандии Худоро соҳиб мегардад ва дохили Ҷаннат мешавад ва ҳар ки фармудаҳояшро итоат накунад ва манъкардаҳояшро муртакиб шавад аз ҷумлаи бандагони саркашу ҷинояткор ба ҳисоб рафта ва дохили Дўзах мегардад.

Муҳаммади ҷавон, ки хомўшона ва бо диққат суханҳои маро гўш мекард, каме ба фикр фурӯ рафт ва сипас қаноатмандона гуфт: Идома диҳед. Гуфтам: Бояд бовар дошта бошӣ, ки Худованд боз бандаҳои итоаткоре дорад, ки онҳоро фаришта ва малак мегўянд ва онҳо ҳамеша дар итоат буда аз фармудаҳои Худованд камтарин сарпечӣ надоранд. Инчунин бовар дошта бошӣ, ки Худованд аз байни бандагонаш беҳтаринҳоро барои роҳнамоии башарият намояндаи Худ ва пайғомбар интихоб карда барояшон саҳифаҳо ва китобҳоро ҳамчун дастурамали корӣ фиристодааст. Боз бовар дошта бошӣ, ки ин ҳаёти дунёро поёне ҳаст ва пас аз марг боз зинда гаштану сазо ва ҷазои амалҳои неку бади анҷомдодаро соҳиб шудан. Ва инчунин бояд бовар дошта бошӣ, ки тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз ҷониби Худо ва ҳар чиз ба андоза аст.

Бояд як чизро бароят хотирасон намоям, ки пайғомбарони Худо дар ҳар давру замон ва барои ҳар қавму миллате, ки омада бошанд ҳам ҳадаф ва мақсадашон як чиз буда ва он, барқароркунии иртибот ва шиносонидани бандагони Худо бо Офаридгорашон аст. Паёмбарони Худо ҳамагӣ масъулияти дар зима доштаашонро ба пуррагӣ анҷом додаанд ва охирини он пайғамбарон Муҳаммад ном дошта ва китоберо, ки Худованд барояш ҳамчун роҳнамо ва барномаи корӣ дар давоми 23 соли паёмбариаш фиристод Қуръон ном дорад. Ин паёмбар махсуси ҳеҷ қавму миллате нест ва пайғамбари охирин барои тамоми башарият ба ҳисоб меравад ва баъд аз вай дигар пайғамбар ва китобе фиристода намешавад. Чун ҷавон номи худро шунид бо ҳаяҷон гуфт: Мехоҳам дар бораи Муҳаммади пайғамбар бароям як каме маълумот медодед. Гуфтам: Муҳаммади пайғамбари Худо шахсе буда, ки дар Маккаи мукаррама, яке аз шаҳрҳои имрўзи давлати Арабистони Саъудӣ, таваллуд шуда ва дар хурдӣ аз падару модар ятим мемонад ва дар тарбияи бобо ва амакаш ба воя мерасад. Ў аз ҳамон замони хурдсолӣ бо ахлоқи ҳамида, аз қабили ростқавлӣ, нармхўӣ, меҳрубонӣ, кўмакрасонӣ, кушодачеҳрагӣ, хушсуханӣ, бовафоӣ ва амонатдорӣ чунон машҳур гашта буд, ки ўро мардум Муҳаммади амин мегуфтанд. Ў ороста бо ҳамин гуна ахлоқи ҳамида ба воя мерасад ва дар байни мардум мавриди эҳтироми ҳамагон қарор мегирад. Чун ба 40 солагӣ мерасад ва камолот меёбад Худованд барои роҳнамоии башарият ва расонидани амру фармонҳояш ба бандагонаш ўро пайғамбар интихоб мекунад.

Мардуми Арабистон, ки дер боз паёмбаре барояшон наомада буд, аксаран бутпараст гашта ва ҳар қавму қабила аз сангу чуб ва нуқраю тилло ва дигар ашё барои худ бут сохта ва онро мепарастиданд ва аз ибодати Худои ягона ғофил монда буданд. Ҳамон Муҳаммади амин бо ҳамон ахлоқи накў ва эҳтироме, ки дар байни мардум дошт, чун бо дастури Парвардигораш мардумро аз бутпарастӣ ва шарики Худо қарор додани бутҳо манъ намуд ва онҳоро барои парастиш ва ибодати Худои ягона даъват кард мавриди изову алам ва ранҷу кулфати мардуми манфиъатҷу ва бадхоҳи қавму қабила ва минтақа қарор гирифт. Вале ў ба ҳамаи ин ранҷу машаққатҳо нигоҳ накарда, даъвати ягонапарастӣ ва тавҳидиро давом доду рўҳафтода нашуд ва дар давоми 23 соли паёмбарияш шогирдони бовафое, аз қабили Абўбакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Абдурраҳмону Билол ва Аммору Салмони форс ва садҳову ҳазорҳо нафар тарбия намуда ҳамроҳи онҳо мардуми Ҷазиратуларабро аз торикии ҷаҳлу бутпарастӣ ба сўи нури Ислом ҳидоят намуд. Баъдан он шогирдони мактаби муҳаммадӣ ва пайравонашон ин таълимотро идома доданд ва Исломи азизро то сарзаминҳои мо ва дурдастарин гўшаву канори ҷаҳони имрўз густариш доданд. Муҳаммади ҷавон бо сари хам суханонамро гўш медоду ба чизе андешаманд буд. Чун маро хомўш дид ва фурсатро муносиб суолборонам кард, ки: 
– Ислом чӣ гуна дин аст?
– Оё ҳақиқат дорад, ки мегўянд Ислом ҳуқуқи дигаронро поймол мекунад ва аз хушунат кор мегирад?
– Боз мегўянд, ки Ислом дини кўҳнапарасту асримиёнагӣ ва монеъи пешравии илму техника аст, оё ин гуфтаҳо ягон асос доранд?
Ба худ меандешидам ва тасдиқмекардам, ки ҳар гоҳ инсон дар мавриди чизе ки барояш пешниҳод мекунанд маълумоти дуруст надошта бошад ва имконияти таҳқиқҳам барояш муяссар набошад, пас чӣ гунае ки онро барояш пешкаш мекунанд айнан ҳамон хел қабул мекунад. Ба ҳамсўҳбатам рўй оварда гуфтам: Муҳаммад, ту як каме андеша намо! Ба ҳар бадгўӣ ва айбборкунии душманон ва бадхоҳони дини Ислом дода нашав ва зуд хулосабарорӣ накун. Беҳтараст, ки дар ин маврид аз ақл кор гирифта китобҳои таърихнависони беғаразро мутолиа кунӣ ва инчунин донишатро дар мавриди асосҳои ин дин такмил намуда баъд аз омўзиш хулосабарорӣ кунӣ. Чун ба асосҳои дини Ислом, ки Қуръону суннат аст назар кунӣ, мебинӣ ки сар то по амр ба некӣ аст. Аз қабили ростгўӣ ва рострафторӣ, эҳтироми падару модар, риояи ҳуқуқи хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ятимону бепарасторон, бечораю дармондагон, эҳтироми калонсолону шафқат ба хурдсолон, ҳатто раҳму шафқат ба ҳайвонҳои безарар ва риояи ҳуқуқи онҳо ва умуман асосҳои ин дин иҷрои тамоми корҳои неку писандидаро амр кардааст.

Инчунин аз тамоми бадиҳо ва корҳои ношоиста, аз қабили дурўғгўӣ, бадгумонӣ, ғайбат, таҷассус, зулму истибдод, ба ноҳақҳақи касеро гирифтан, хўрдани моли ятим, ба номусу обрўи касе таҷовуз кардан, оқи волидайн ва умуман асосҳои ин дин аз тамоми корҳои нописанд манъ кардааст. Дигар ин ки аввалин оятҳои аз Қуръони карим нозилшуда бар Муҳаммади пайғомбар амр ба хондану донишомўзӣ карда ва тамоми кашфиётҳои нодири илмӣ, ки донишмандон кашф мекунанд мебинанд, ки дар Қуръони карим 1400 сол пештар ин чизҳо маълум карда шудаанд, пас чӣ гуна ин дин муқобили пешравию тараққиёт аст?

Ин суханон Муҳаммади ҳамсўҳбатамро хело таъсир намуд, ки гуфт: Оё Қуръон китоби Худо асту навиштаи худи Муҳаммад нест? Ин саволашро бо таърихчаи нузули ваҳй ва нузули тадриҷии Қуръон дар давоми 23 сол ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салам баён намудам. Пас аз сўҳбати дуюним соата Муҳаммади ҷавон хело муассир гардид ва аз ў пурсидам, ки оё сураи Фотиҳаро медонад? Гуфт: Бале, вале намедонам дуруст мехонам ё не. Ба ростӣ, вақте сураи Фотиҳаро хонд, аз хурсандӣ гиристам ва гуфтам: Мусалмонзода ҳаргиз набояд аз динаш баргардад. Сипас аз ў хостам, ки ба ман наздиктар биншинад ва чун дар паҳлўям нишаст дастамро болои қафаси синааш гузошта ва се бор сураи Фотиҳаро қироъат намудам. Ҳамин буд, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашту такрори ба такрор ман мусалмонам ман мусалмонам мегуфт. Боз дигар бора дастамро болои сандуқи синааш гузошта оёти 21 то 24 сураи мубораки Ҳашрро қироъат намуда ва онро тарҷума кардам, ки Худованд мефармояд:

«Агар ин Қуръонро бар кўҳ нозил мекардем, аз тарси Худо онро тарсида ва шикофхўрда медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд ба фикр фурў раванд. Ўст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақҷуз Ў нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст. Ўст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақҷуз Ў нест, фармонравост, пок аст, саломат аст(аз ҳар айбу нуқс), эминбахш аст, нигаҳбон аст, пирўзманд аст, ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Ва аз ҳар чӣ ки барои Ў шарик қарор медиҳанд пок аст! Ўст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш аст, номҳои некў Ўрост. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст тасбеҳгўи Ў ҳастанд ва Ў пирўзманду ҳаким аст!»
Муҳаммади ҷавону ғарқи андеша ин ҳангом гӯё хаёлӣ гашта бошад худ ба худ мегуфт: Чаро ман то ин ҳад ғофилу бехабар ва дур аз ин ганҷи маънавӣ монда ва маро то ба ҳол касе ба ин тариқ аз ин дин ва асоси он нафаҳмонда аст? Чун ў ба худ машғул буду ҳузури он ҷо будагонро ҳис намекард, ман ояти 164 сураи Бақара ва оятҳои 9 то 12 Сураи Фуссилатро хонда тарҷума намудам, он ҷо ки Худованд мефармояд: 
«Дар офариниши осмонҳову замин ва дар рафту омади шабу рўз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва мояи суди мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурў мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он барангезад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост.»

«Бигў: Оё ба Зоте, ки заминро дар ду рўз офаридааст кофир мешавед ва барои Ў шарикҳо қарор медиҳед? Ўст Парвардигори ҷаҳониён! Бар болои замин кўҳҳо падид овард ва ононро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро дар чаҳор рўз, яксон барои ҳамаи пурсандагон (ризқталабон) муаян кард. Сипас ба осмон пардохт ва он дудмонанд буд. Пас ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем». Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рўз офарид ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард ва осмони дунёро ба чароғҳо биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири (Худои) ғолибу доно».
Сўҳбатамро бо тарҷума ва шарҳу баёни ин оятҳои карима хотима бахшидаму мушоҳида кардам, ки ҳама ҳозирин бо шавқу завқин сўҳбати тўлониро гўш кардаву дар чеҳраи ҳеҷ кадом осори хастагӣ дида намешавад ва ба хусус ҳолати Муҳаммади ҷавон аҷаб диданӣ буд. Ў мегиристу худро таскин дода мегуфт: Худоро шукр, ки ман аз насли мусалмонам. Ман тоҷики мусалмонам ва бо тоҷик буданам мефахрам.Чун ин ҳолатро падараш мушоҳида кард аз ҷояш бархост ва омада фарзандашро ба оғуш гирифт ва аз шиддати хурсандӣ гиря гулугираш карда буд, ки чизе гуфта наметавонист ва фақат мегиристу оби чашмонаш ҷорӣ буд. Чанд лаҳза пас чун каме ором гирифт гуфт: Ҳамеша дар дилам мегузашт, ки фарзандони ман, бо хости Худои меҳрубон, ҳатман миллат ва дини худро хоҳанд фаҳмид ва ба он боз хоҳанд гашт, вале намедонистам, ки ин кор кай ба вуқўъ меомада бошад. Орзуи ягонаам ҳамин ҳолатро бо чашмони худам дидан буд, ки Худоро шукр онро дидам ва дигар ҳеҷ армоне надорам. Умеди онро дорам, ки ман ҳамчун падар рисолатамро анҷом дода бошам. Муҳаммади ҷавон чун ин таманниёти падарро шунид, пас аз авфу бахшишпурсии бисёр гуфт: Падарҷон маро бубахш, ки ман намефаҳмидам чунин миллати бофарҳанги сердонишманд ва дини олии тарбиятгару инсонсоз дорам. Акнун, ки фаҳмидам қавл медиҳам, ки донишамро дар мавриди Офаридагори ҳастӣ ва холиқи махлуқот аз тариқи нишондодҳои ин дин комил гардонам ва дар роҳи ҳидоят ва худшиносии миллӣ ва динии бародарону хоҳаронам шуморо кўмакрасон бошам. Ману ҳамроҳонам чун ин комёбӣ ва ихлосмандии падару писарро дидем хобу хастагиямонро фаромўш кардем ва тасмим гирифтем, ки ин шаби пурбаракати моҳи муборакро бо намозу ниёиш зинда бидорем. Ба ҳамин хотир аз дасти Муҳаммад гирифта гуфтам: Бародарам Муҳаммад, акнун рафта ба нияти покию ибодат нағзакак шустушў ва оббозӣ карда биё то ҳамроҳ ҳаёти наву ҷадидеро оғоз кунем.

Аз он ба баъд Муҳаммад ҳаёти наверо оғоз намуд ва то ба ҳол бо мо мукотабаи интернетӣ дорад ва аз ин роҳи интихобкардааш хушҳол аст. Дар як мукотибааш хабар расонид, ки ў назди олим ва донишманди дини Ислом рафта таълим мегирифтааст ва аллакай 3 ҷузъи Куръони каримро ҳифз кардааст. Инчунин навиштааст, ки дар хонавода ҳамагӣ ба воситаи ў Қуръонхон шудаанд. Ин буд он қиссаи оилаи ғариби тоҷик дар кишвари Русия. Дар охир аз Худованди кариму корсоз таманнои онро дорам, ки ҳар яки моро ҳидоятгар ва ҳидоятёфта дар динаш қарор диҳад. Бояд ҳар як фарди мусалмон тибқи фармудаи Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам амал намояд, чуноне ки фармудааст: 
« Агар Худованд шахсеро тавассути тӯ ҳидоят намояд, бароят аз шутури сурхмӯй беҳтараст».
Дар ривояти дигаре омада, ки: 
«Бароят аз дунё ва ончи дар дунёст беҳтар аст». 
Ҳар фарди ин миллатро мебояд барои худогоҳии ҳаммилати хеш бикушад то миллат ҳама огоҳ ва фарзона гардад. 
Дўстдори якояки шумо бародарон ва хоҳарони гиромӣ: 

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Share This Article