Қиссаи имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ва иҷобати дуои нонпаз.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) дар сафар қарор доштанд ва аз як минтақае гузар мекарданд, ки шаб шуд. Имом Аҳмад назди масҷиди маҳал омад ва хост он ҷо шабро рӯз кунад ва баъдан ба сафари худ идома диҳад. Аммо нигаҳбони масҷид барои ин иҷоза надод. Имом Аҳмад фаҳмид, ки нигаҳбон ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, аз ин рӯ дубора муроҷиат кард ва гуфт : ман дар беруни масҷид, дақиқан ҳамин ҷое, ки истодаам, мехобам ва ҳамон ҷо нишастанд, аммо нигаҳбони масҷид нагузошт, то имом он ҷо ҳам бихобад ва ӯро ронд. Имом Аҳмад марди бовиқор буданд ва кибр надоштанд, то шуруъ ба муаррифии худ кунанд. Мисли ин ки ман фалон ҳастам, маро намешиносӣ ва амсоли ин барин худнамоиҳо. Дар ҳамин асно нонпазе аз назди масҷид мегузашт ва ин ҳолатро мушоҳида кард, ки як шахси кӯҳансолро аз назди масҷид меронанд.
Нонпаз гуфт: Эй мард мехоҳед имшаб меҳмони ман бошед?
Имом Аҳмад гуфт: ҳатман мехоҳам, чун дар берун мондаам.
Нонпаз, имом Аҳмадро бо худ ба хона бурд ва меҳмоннавозии хуб кард. Баъдан аз ӯ иҷоза хост, то аз пушти кораш шавад.
Имом, ки меҳмон буд чизе нагуфтанд. Аз байн чанд соат гузашт ва нохост ба гӯши имом Аҳмад садои “Астағфируллоҳ ва атубу илайҳ”
(исиғфор) расид, ки нонпаз такрор ба такрор дар аснои кор (хамир кардан ва нон пухтан) мегуфт.
Аз ин амали нонпаз имом Аҳмад дар тааҷуб монд, аммо азбаски хаста буд хоб кард. Чун субҳ шуд имом Аҳмад аз нонпаз пурсид: эй бародари нонпаз шуморо шаб дидам, ки зиёд истиғфор мегуфтед, оё самара ва фоидаи истиғфоратонро дар ин дунё пайдо кардед?
Имом Аҳмад худ самара ва фазилати истиғфорро хеле хуб медонистанд, аммо хостанд аз забони гӯяндаи он шунаванд.
Нонпаз гуфт: Бале, ман гуфтани истиғфорро назди худ вазифа гузоштаам ва алҳамдулиллоҳ, ҳама вақт ончи аз Аллоҳ мехоҳаму металабам онро бароям медиҳад ва дуоямро иҷобат мекунад, аммо чандест аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дуову талабе дорам, ки иҷобат намешавад.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) пурсиданд: Чӣ дуову талаб?
Нонпаз гуфт: аз Аллоҳ хостам, ки боре ҳам бошад имом Аҳмад ибни Ҳанбалро бубинам.
Имом Аҳмад гуфт: Ман Аҳмад ибни Ҳанбал ҳастам, ки худ ба суйи ту шитобон омадам.
Бале, агарчӣ фазли истиғфорро борҳо навиштаам, аммо чун таҳаққуқи дуои истиғфоркунандаро дидам, хостам шумо ҳам аз он огоҳӣ пайдо кунед.
Пас доиман гуфтани“Астағфируллоҳ ва атубу илайҳ”-ро вазифаи худ донед ва барои аҳволи неки ин миллат ва ҳама мусалмонони олам дуои хайр кунед. Умед дорам дуои яке аз мо мустаҷоби даргоҳи Илоҳӣ қарор мегирад.
Бо эҳтироми хоси хос дӯстдори шумо хонандагони азиз,