Қиссаи воқеъии ҳидояти падар тавассути писар.

Ислоҳ нет

Қиссаи воқеъии ҳидояти падар тавассути писар.

Ҷавони наврасе,ки Худованд дар ин ҳолати наврасӣ ӯро ба роҳи рост ҳидоят намуд Манучеҳр ном дошт. Манучеҳр дар хонадоне умр ба сар мебурд, ки он хона пур аз чизҳои ҳаром ва фисқу фуҷур буд. Падараш ончунон аз ислом бехабар буд, ки ҳатто намоз куҷо қибларо намедонист, ки кадом тараф аст. Нахуст падарашро даъват намуд, ки корҳои ҳаром анҷом медодаашро тарк намояд ва ба ислом ва роҳи рост қадам намояд, то растагор гардад. Вале падар аслан ба гапи писараш гӯш намедод ва ҳатто ба суханони тавҳидомези писараш лабханд мезад ва мегуфт, писарам ба кори худат машғӯл шав зеро ту бояд насиҳат пазир боши на ман, ман падари туям на ту падари ман, то маро насиҳат куни.

Манучеҳр дар ақидаи худ росих масъаларо ҳаминтавр раҳо накард ва аз пай ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин қазия гашт. Ба назди ман омад ва чунин воқеъаи рух додаро ба ман қисса намуд.Ба рости чун ман ҳангоми қисса намудани Манучеҳр ба чашмони ӯ менигаристам ва аз аъмоқи дилаш чунон сидқ дар суханонаш ҳувайдо буд,ки ман яқин кардам,ки ҳатман дуъои Ў ба даргоҳи Худо мустаҷоб хоҳад гашт.Зеро яке аз шартҳои қабули дуъо ин аз сари сидқ будани шахс дар ҳар масъалае, ки аз Худованд металаби ва дар он масъала яқин доштан аст.Чун самимияти Манучеҳр воқеъан,ки ҳадду андоза надошт дар ҳол ба ӯ чунин гуфтам :
Манучеҳр ҳангомеки сеяки шаб шуд яъне қабл аз намози бомдод ба ним соате пас аз вузу гирифтан ду ракаъат намоз бигузор ва аз Худованд бо самимият ва хулуси ният талаби ҳидояти падаратро бикун то бошад,ки он пазируфта шавад ва

Манучеҳр пас аз чунин машварате,ки бо ӯ намудам тибқи гуфтаи худи ӯ ман қариб,ки ҳар шаб намози таҳаччуд дар поси охири шаб мегузоштам ва бо хулуси ният бо зориву тавалло аз Худованд талаби ҳидояти падарамро менамудам. .Яке аз чунин шабҳо дар утоқи худам машғули дуъо ва ниёиш будам.Падарам ҳамеша аз маъракаҳои дӯстони бадроҳааш дер ва ё қариби субҳ бад маст бар мегашт ва касе ёрои сухан гуфтан бо ӯро намекард.
Ҳангомеки ӯ вориди хона гашта буд ҳама дар хона дар хоби ноз ё ғафлат буданд ва ҳама хона ором буд.Ин ҳангом садои гиряе мешунавад ва дар ҷустуҷӯи соҳиби садо мешавад.Вақте,ки мутаваҷҷеҳ мешавад ин садо аз утоқи хоби ман берун меояд.Дар ҳол ба назди утоқи ман меояд ва нахуст мехоҳад ворид гардад вале чун мешунавад,ки Манучеҳр бо садои гиряомез аз Худованд талаби ҳидояти падарашро дорад.Каме меистад ва гӯш мекунад,ки танҳо барои Ў дуъо дорам ва инҷо то охир меистад ва аз ин дуъоҳоеки барои ӯ шуда истодааст дилашро нарм ва вуҷудашро ларзае фаро мегирад.Гуё Худованд ӯро барои ҳидоят ба назди ин утоқ овардааст,ки бишунав ин фарзанд ва ҷигарбанди солеҳат барои ту аз Худованд талаби ҳидоят ва бозгашт аз роҳи мунҳарифро дорад.Чунонеки расули акрам (с) дар ҳадисе мегӯяд «Дил дар миёни ангӯштони бемонанди Худованд аст ва ҳар тараф,ки хоҳад онро давр медиҳд»

Боз дар ҳадиси дигаре мефармояд: Огоҳ бош, ки дар бадани инсон як пораи гуште вуҷуд дорад, ки агар он дуруст ва ислоҳ шавад, ҳамаи бадан ислоҳ хоҳад шуд ва агар он пораи гушт хароб ва фосид шавад, тамоми бадан низ табоҳ ва фосид хоҳад шуд. Огоҳ бош, ки он қалб аст».

Худованд дили ин падарро нарм намуд ва раъшае дар баданаш дамид ва дар ҳол бе ист ба тарафи хонаи хоби худ шитобон рафт ва либоси тозае барои худ ихтиёр намӯд ва рафта шустшӯй намуда дарҳол ба назди писараш,ки дар рӯйи ҷойнамоз нишаста барои Ў дуъои ҳидояташро дорад дохил гардид.Бидуни сухану даранге рӯи ба сӯи қибла намуд ва аввалин намозеро ният намуд ва аввалин саҷадаеро, ки пешонии ӯ то баҳол дар назди маъбудаш накарда буд гузошт ва ба ҷои «Субҳона рабиял –Аъло» бо забони шевои тоҷикӣ чунон мегирист ва аз Худовандаш талаби мағфират менамуд,ки Манучеҳр,ки қабули дуъояшро бо ду чашмони сар медид.Бори дигар яқинаш биафзӯд ва аз чунин ранг гирифтани кор гиря гулӯгираш намуд.Танҳо чунин мегуфт

«Эй Худованди ман ту ҳақ ҳастӣ ва ман яқин дорам,ки падараи бузургворамро бо ин садоқаташ, ки дар назди ту сари саҷда гузошта аст бипазир ва ӯро аз бандагони мухлиси худ қарор бидеҳ зеро ту худ гуфтаи,ки дуъо намоед, то ман бипазирам инҳам дуъо ва танҳо аз ту пазириш»

Манучеҳр мегӯяд пас аз адои аввалин намози субҳи ҳидоят падарам маро дар оғуш гирифт ва чунон гиристем,ки ҳадду андоза надошт.Дар идомаи ин қиссааш Манучеҳр гуфт алҳамдулиллоҳ падарам муддати ҳафт моҳ аст,ки бо хулуси ният чунон аз сари сидқ намозу ниёиш менамояд,ки ҳатто аз ман зиёдтар ва хубтар.Худоро шукр менамоям,ки бо ҳидоят ёфтани падари бузургворам қариб ҳама оилаи мо ба кулли тағйр намудааст ва метавон гуфт як оилаи воқеъан исломӣ ва парҳезкор табдил ётааст.

Бале хонандаи гироми ин қиссаи воқеъиест,ки бо исор ва дуъо ва намози шаб ва рӯйовардан ба Худо чунин натиҷаи хубе додааст.Ман боварии комил дорам,ки ҳар яки мо метавонем бо дуъо ва ниёиш ва танҳо талаб аз Худованд(ҷ) масири ҳам худ ва атрофиёнамонро тағйир диҳем ва аз ёд набояд барем,ки агар Худованд тавассути мо шахсеро ҳидоят намояд барои мо аз дунё ва ончи дар дунё ҳаст беҳтар аст.

Пас шитобем, то фурсат дар даст дорем вақтро ғанимат бояд шуморем,зеро вақт ба монанди шамшер аст агар ӯро набури ӯ туро мебурад.Суханамро бо ин шеъри Мирзо Абдулқодири Бедил ба поён мерасонам.
Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад бедил.
Пай таъмири ин вайрона меъморе чунин бояд

Share This Article