Истифода аз ибороти латифу зебо

Сухани латифу зебо ҳамеша касро ҷалб намуда қалбашро нарм месозад, ва шунавандаро бештар мутаваҷҷеҳи сухан мегардонад.

Истифода аз ибороти латифу зебо

Сухани латифу зебо ҳамеша касро ҷалб намуда қалбашро нарм месозад, ва шунавандаро бештар мутаваҷҷеҳи сухан мегардонад. Ҳамин гуна Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) бештар барои сухан ва роҳнамуд сохтани асҳобаш ибороти омехта бо лутф ва нарми истифода менамуд ва хусусан чун агар аз баён кардани матлабе шарм ва ҳаё менамуд, чунончи дар омузиш додани одоби қазои ҳоҷат бо ин муқадима оғоз намуд, ки нисбат ба муъминон монанди падари хайрхоҳест, ки аз рўи шафқат ононро меомӯзонад, ва фармуд:

فَإِذَا أَتَى أَحَدُكُمْ الْغَائِطَ فَلَا يَسْتَقْبِلْ الْقِبْلَةَ وَلَا يَسْتَدْبِرْهَا وَلَا يَسْتَطِبْ بِيَمِينِهِ 
“Ҳаргоҳ яке аз шумо барои қазои ҳоҷат меравад рў ба қибла ва пушт ба қибла накунад, ва худро бо дасти рост пок накунад.”
(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Абудовуд №525.)

Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва мурабии аввали башар маҷмуае аз таъолим ва тарбиятеро барои бандагон гузошта аст, ки ба камоли ақл ва болотарин нуқтаи ахлоқи башар далолат мекунад, чунончи Ў (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар бархе аз кардаҳои асҳобаш таҳсин ва офарин мефармуд, ки ин лутф ва меҳрубонии Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар қалбашон бештар таъсир гузошта ҳамеша ҳамчун намунае пеши чашмонашон вонамуд мегардид, ва ин аст бархе аз бархурдҳои тарбиятии Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) бо ёронаш.Чунин бархурд ва тарбият сабаб гашт ин дини Илоҳиро ҷаҳонӣ намуд.Доъиёни гиромӣ ҳамеша дар сухангуфтан,амри ба маъруф ва наҳи аз мункар ва посухи савол додан аз ин услуби олии Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) истифода намоед.

Total
0
Shares
Матолиби ҳамсон
Идома

Қисса: Бо мардум ҳамон тавре муомила кун, ки барои худат дӯст дорӣ

Мард гуфт: пас ман меравам ба хонаводаам иттилоъ медиҳам то фардо хонаи мо ба меҳмонӣ биёянд. Рӯзи баъди мард ба кораш рафт ва баъд аз баргаштан ба манзил ба ҳамсараш гуфт: Хонаводаам ҳоло мерасанд ғизои шом омода кардаӣ ё не? Зан гуфт: Не хаста будам, ҳавсала надоштам то хӯрок омода кунам, охир хонаводаи ту бегона нестандку. Як чизи андаке тайёр мекунем кифоя. Мард гуфт, Худо туро бубахшад чаро аз дирӯз ба ман нагуфтӣ, ки наметавонам ки ғизо омода кунам. Охир ҳозир мерасанд меҳмононам ман чи кор кунам?! Зан гуфт, ки ба онҳо занг бизан ва узрхоҳӣ кун (яъне имшаб наоянд)
Идома

Саргузашти марди тоҷике дар Аврупо

Дар ҷамъи ёру дўстон, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва зиёфате барои мани меҳмони аз Тоҷикистон омада ороста буданд, шоҳиди ҳоли як нафар ҳамзабону ҳамдину ҳамватанам гаштам