Кадом амалҳоро дар ид метавон анҷом дод ва кадомҳора на !

Ислоҳ нет

Кадом амалҳоро дар ид метавон анҷом дод ва кадомҳора на !
(Бархе аз суннатҳо ва бархе аз бидъатҳои идона)
Сипос Худовандеро,ки ба номи он зоти пок ба итмом мерасад накуиҳо .Ва салому дуруди бепоён бар пешвои мо Муҳаммади Амин,ки соҳиби муъҷизоти зиёд ва каромоти бе шуморест.
Мо мусалмонон медонем,ки дар ин олам моро се ид аст на дигар.Танҳо идеки ҳар ҳафта меояд ки он рӯзи ҷумъа аст.Аммо ду иде,ки дар сол як бори меоянд яке иди Фитр ва дигаре иди Азҳо ё Курбон.
Ҳангоме,ки расули акрам (с) ба мадинаи мунаввара ҳиҷрат карданд .Дар мадина ду рӯзе буд,ки дар он бози мекарданд.Чунин гуфт : “Худованд табдил намуд ду рӯзеро,ки он ду рӯз беҳтаранд аз он ду (рӯзе,ки дар он бози мекардед) Рӯзи иди фитр ва рӯзи иди Азҳоро ” Худованд табдил ва иваз намуд ин ду рӯзи бози ва беҳударо ба он дӯ рӯзи хуб ва некуву хуҷаста.
Он чуноне,ки барои муъминон идҳо дар дунё ҳастанд ба мисли инҳо дар ҷаннат низ идҳо вуҷуд доранд.Албатта дар он идҳо гирди ҳам меоянд ва якдигарро зиёрат мекунанд ва инчунин Худованди ҷалла ҷалолаҳуро якҷо мулоқот менамоянд.Он идҳо низ мисли ин идҳои сегонаи ин дунёгии мо анд.Вале хосияти он идҳои ҷаннат ин аст,ки ҳама рӯзҳои он ид аст.Зеро вақтоки шахс Парвардигорашро ҳаррӯз ду бор бубинад яъне субҳгоҳон ва шомгоҳон.
Ибни раҷаби Ҳанбали мегӯяд:Мебоист барои мо ҳар рӯзи ин дунё ид мебуд вале дар охират ҳама рӯз барои мусалмонон ид мегардад.
Ҳасани Басри (р.а.ҳ) мегуяд: “Ҳар рӯзе,ки дар он рӯз дар маҳзари Аллоҳ гуноҳе анҷом надиҳам он рӯз барои ман ид аст”
Бале хонандаи ги роми ҳар рӯзе,ки бандаи муъмин дар он гуноҳе анҷом надиҳанд ва рӯзашонро дар итоъати Худованди карим гузаронида бошанд ва шукр гузору зикр гуянда бошанд он рӯз ҳатман иди маҷозии барои он муъмин аст.
Амалҳоеки дар рӯзи ид бояд анҷом дод
1-) Ид ё рӯзи идро ҳамеша ба дидани моҳ муъаян менамоянд.На бо ҳисоб кардан. .Ин иҷмоъи Аҳли Суннат аст Гоҳо дар мо рамазони ду соли ояндаро метавонанд аз ҳоло бигуянд.Ин иштибоҳест бузург.Тибқи ҳадиси расули акрам (с) “Руза доред ба дидани моҳ ва ифтор (яъне ид ) намоед ба дидани моҳ.Агар осмонро абр нок дарёфтед ин ҳангом пурра намоед моҳи шаъбонро си шаб.
Вале намозро ба тақвими офтоб бояд анҷом дод.
2-) Дуст дошта шуда аст зинда доштани шаби идро ин қавли баъзе аз аҳли илм аст.Аз ҷумла қавли Имом Шорфеъи (р.а.ҳ).Дар ин маврид ҳадиси саҳеҳе нест.Ончи дар ин маврид омада аст ҳамаашон заъиф анд.Аз ибни Аббос (р) дар мавриди зинда доштани шаби ид чунин гуфтааст: “Зинда доштани шаби ид ин аст,ки намози хуфтанро бо ҷамоъат адо намояд ва ин чунин қасд намояд,инки намози бомдодро дар ҷмоъат адо намояд”
3-) Гуфтани такбироти Ид аст.Суннат ин аст,ки оғоз намояд такбироти идро аз шаби ид.Такбиротро дар бозорҳо,хонаҳо,ва пас аз ҳар намози панҷгона бигуяд.Инчунин дар роҳҳо низ такбирро гуянд. Такбирот аз ин қабил аст.
” Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Аллоҳу акбар,Лоилоҳа илаллоҳ валлоҳу акбар,Аллоҳу акбар ,Валиллоҳил ҳамд” Идома бояд диҳем Такбироти ташриқро пас аз тамоми намозҳои панҷгона то намози асри рӯзи севуми рӯзҳои ташриқ.
4-) Суннат аст,инки қабл аз рафтани ба намозгоҳ ва ё масҷид рӯзи ид барои адои намоз ғусл намояд ва сипас хориҷ гардад.Дар ривоятҳои гуногун ин масъала зикр шудааст.Инчунин Али (р) ва Ибни Умар (р) Ғусл мекарданд рӯзи иди фитр қабл аз инки ба намоз мешитофтанд.
5-) Суннат аст ин,ки мусалмон бипушад либоси хуб ва зебояшро дар рӯзи ид ва атру хушбӯй намояд.Сипас ба идгоҳ ва ё масҷид бишитобад. Боке надорад агар либоси нав надошта бошад либоси куҳна бипушад вале ҳатман шуста ва ороста бошад он либос.
6-) Суннат аст ба гузоридани намози ид пас аз тулуъи офтоб ва ё шуруқ яъне вақт адо карданаш хуб аст.Вақти адои намоз яъне метавон онро аз тулуи офтоб то заволи офтоб адо намуд.Инчунин суннат аст ба суйи намоз гоҳ равад ҳатто занҳои ҳойза (намоз намехонад вале барои шукуҳу шаҳомати идона дошта бошад) кудакон. Занонро намебояд аз хушбуйи истифода кунанд то боз гашт ба хона.Вале агар хуруҷи занҳо ба намозгоҳ ихтилот бо мардон сурат гирад дар инҳолат боқи мондани занҳо дар хона авлотар аст барои хавфи фитна.
7-) Намози ид бо ҷамоъат гузорида мешавад ва хуб аст агар дар ракаъати аввал пас аз сураи фотеҳа сураи Қоф хонда шавад ва дар ракаъати дуввум пас аз сураи фотеҳа сураи Воқеъа хонда шавад.
😎 Азон ва иқома нест намози идро инчуни на суннат пеш аз он аст ва на пас аз он.
9-) Хуб аст намози идро дар намозгоҳ хонда шавад агар набошад сипас метавон онро дар масҷид адо кард.
10-) Гуфтани такбироти ид суннати муаккада аст агар имом дар адои намоз яке аз такбиротро нагуфт ва фаромуш кард мегуянд боке надорад.
11-) Шахсе аз намози ид дер кард ва ҳангоме расид,ки имом салом дод онро ончунонеки ҳаст адо менамояд. Агар як ракаъат дер кард адо менамояд он ракаъати дарёфт нанамудаашро бо анҷоми такбироташ.Ба қавли бархе аз уламо шахси таъхир намуда аз намози ид бояд чаҳор ракаъат намоз гузорад.Иддае дигар мегуянд намози ид бояд бо ҷамоъат адо шавад таъхир намуд ба танҳоги наметавон гузорад онро.
12-) Аз барои намози ид ду хутба аст ,ки ҳарду пас аз адои намоз аст хутбаҳо,ки миёни он ду имом менишад мисли хутбаи намози ҷумъа.Дар он хутба имом мусалмоноро ба тақво ва парҳезкори даъват менамояд ва ба устувор будан ба суннати расули акрам (с) намоз гузоронро даъват менамояд.Инчунин чигуна қурбони намуданро низ бояд баён намояд.Суннат аст гуш додани он хутба пас аз адои намози ид.
13-) Пас аз адои намоз ва хутба бояд ба қурбони намудан машғул шуд то аз қурбониҳои худ бихуранд.Агар шахсе дар рӯзи аввал натавонад қурбони кунад метавонад дар рӯзи дуввум ва севвум қурбониашро анҷом бидиҳад.
14-) Суннат аст дар рӯзи ид бо ҳар роҳе,ки ба сӯйи намозгоҳ ё масҷид рафта буд бояд бо роҳи дигар ба хонааш баргардад.Зеро Расули акрам (с) чунин мекарданд ин амали он ҳазрат (с) буд.
15-) Метавонад шахси қурбони намуда аз қурбонии худаш бихурад ва садақа кунад ва инчуни барои худаш боқи гузорад аз он гушт.Вале дуруст нест барояш инки аз гушти қурбониаш бифурушад.Ва ё ба шахси моли уро қурбони намуда яъне қассоб музди куштанашро бо гушти қурбони ва пусти он бидиҳад.
16-) Қурбони суннати муаккада аст барои шахсоне,ки молашон ба нисоб расидааст.Чӣ зан бошад ва чӣ мард бошад муқим бошад ва ё мусофир бошад.Издивоҷ намуда бошад ва ё набошад.Вале агар шахс қарз дор бошад боке нест барояш инки қурбони нанамояд.
17-) Суннат ин аст,ки шахси қурбони кунанда аввал ба хонадони худаш бирасонад.Сипас ба ақорибаш ва ҳамсояҳояш.Агар миёни ӯ ва касе аз ин зикр шудагон кинае нофаҳмие бошад ҳатман онро аз байн барад ва дусти намояд.
18-) Дар табрикоти рӯзи ид асҳоби расули акрам (с) ба як дигар чунин мегуфтанд.”Тақабалаллоҳ минно ва минк” Худованд аз мо ва шумо қабул намуда бошад. Инчуни шахси бар ӯ чунин гуфташуда низ ин калимотро бар шахси гуянда бигуяд.
19-) Хуб аст дар рӯзи ид зикр бисёр намояд.
20-)Агар рӯзи ид ва ҷумъа дар як рӯз мусодиф биоянд.Аҳли илм ба се даста тақсим шудаанд. Яъне дар ин масъала се қавл аст.
А-) Аксари фуқаҳо мегуянд воҷиб мегардад намози ҷумъа пас аз намози ид яъне дар вақташ.Бояд шахсе намози идро хонд барояш воҷиб аст адои намози ҷумъа.
Б-) Воҷиб мегардад ба имом фақад.Назар ба сухани расули акрам (с) тибқи ҳадиси Абуҳурайра(с) ки мефармояд: “Ҷамъ ё якҷо гардид дар ин рӯзи шумо ду ид пас агар шахсе бихоҳад адо намояд намози ҷумъаро ва ман адо менамоям онро”(ҳадиси ҳасан аст бо ривояти ибни моҷа ҷ 1 саҳ415Бавосири дар завойд саҳеҳаш дониста аст инчунин дорими дар дар ҷ 1 саҳ378).
Инчунин мисли ин ҳадис аз Ибни Умар (р) ва Ибни Аббос (р) омада аст.
В-) Воҷиб намегардад адои намози ҷумъа бар ҳар шахсе,ки намози идро гузошта аст на бар имом ва ғайраш.
Ба таҳқиқ ривоят менамоянд ин тойфа аз Умар ва Усмон ва Али ва Саъид ва Ибни Умар ва Ибни Аббос ва Ибни Зубайр(разияллоҳу анҳум аҷмаъин) ва аз Фақеҳон Шаъби ва Нахаъи ва Авзоъи.Далели ин ҳама аз ривояти Аёс ибни Аби Рамла Алшоми гуфт: Ман ҳузур доштам дар назди Муъовия (р) ки мепурсид Зайд ибни Арқам (р) ро Оё ҳузур дошти ҳамроҳи расули акрам (с) , ки дар он ду ид якҷо ҷамъ шуда бошад? Гуфт: Бале гуфт: Чигуна анҷом доданд онро? Гуфт : Намози идро гузориданд сипас рухсат доданд барои намози ҷумъа ва чунин гуфтанд: “Шахсе мехоҳад намози ҷумъаро бигузорад сипас онро ҷамъ намояд”(Абу довуд дар боби изо вофақа ҷумъату явмал ид аз китоби салот ҷ1 саҳ246 рақами 1073 ва Аҳмад дар муснадаш ҷ 4 саҳ372 Ибни моҷа китоби иқомати салот ҷ 1 саҳ 415)
Инчуни аз Зубайр (р) ривоят мекунанд,ки ҳангоме,ки дар ҳиҷоз амир буд ва рӯзи ид дар рӯзи ҷумъа баробар омад.Зубайр намози идро гузорид ва аз хонааш набаромад магар барои адои намози аср.

Амалҳое,ки дар рӯзи ид бояд анҷом наёбанд.
1-) Масрафи зиёд намудан барои харидани либоси беандоза зиёд ва дастархони аз андоза берун омода намудан.Инчунин зинати аз андоза беруни хона хос барои ид.
2-) Ҷамъ шудан дар рӯзи ид дар хонаҳое,ки мурдаи тоза ё нав доранд.Хоссатан занҳо,ки ҷамъ мешаванд ва гиря мекунанд ва идро ба мотам табдил медиҳанд.Ин иштибоҳи бузург аст.
3-)Зиёрати қабрҳо рафтан дар рӯзи ид аслан ин амал на аз расули акрам ва на аз ягон саҳобаи киром ва на аз ягон имоми фиқҳи наомадааст.Ин амал аз муғулҳои бутпараст ба кишвари мо омадааст.Аслан ин як иштбоҳи бузург аст.Рӯзи идро ба мотам табдил додан аст ва аз ислом нест аслан ин амал.
4-) Дохил шудани мардони бегона дар хонае,ки дар он мардони хона нестанд ва танҳо занҳо ҳузур доранд.
5-) Махлут ва аралаши занҳо ва мардони бегона дар боғҳо ва тафреҳгоҳҳо аз ин амал бояд ҷилавгири намуд.
6-) Дар ин рӯзҳои муборак ташкили кансертҳо ва ҷамъомади ба ин монанд.
7-) Машғул шудан ба бозиҳои гуногун дар ин рӯзи моборак.
😎 Ончунон машғул менамоянд худро ки дигар адои намозҳо аз ёди баъзе мебарояд ва ҳатто қазошам мешавад.
9-) Машғул нагудан дар ин рӯз ба ғайбат ва нушидани нушокиҳои алкул ва ба ин монанд агарчи ин аъмол ҳамеша ҳаром аст вале дар ин рӯзҳо боз бадтаранд.
10-) Дар рӯзи ид ба зиёрати марқаде рафтан зеро рӯзи ид рӯзи хурсандист ва онро бояд дар руҳияи комилан хушҳоли гузаронд на мотам.
11-) Рӯзи ид набояд идҳоямонро ба идҳои бе динон монанд намудан.
12-) Рӯза гирифтан рӯзи ид.
13-) Танбали намӯдан дар адои намози ид.
14-) Шаби ид зиёд нишастан ва худро машғули чизе намояд,ки аз адои намози субҳ маҳрум шавад.
Ин буд хонандаи гироми бархе аз амалҳое,ки бояд анҷом диҳем ва баъзе амалҳое,ки бояд дӯри намоем аз он амалҳо.Дар охир мисли асҳоби Муҳаммад (с) ба ҳамаи шумо мегуям Тақабалаллоҳ минно ва минка солеҳал аъмол.Бидон инки ид он нест,ки либоси нав бипуши балке ид он аст,ки дар он тоъати зиёд намои.Ид он нест,ки ҷомаи нав ва мошини хуберо савор шави.Ид он аст,ки гуноҳонаш бахшуда шаванд.Дар шаби ид ва рӯзи ид чеҳратро кушода дор ва инро бидон,ки табассумат барои бародари мусалмонат ин садақа маҳсуб мегардад.Шахсе ин чанд нуктаро дарёбад боварии комил дорам,ки он воқеъан ид дорад.

Share This Article