КДАМТ: Муноқишаҳои марзӣ кори Президенти Қирғизистон аст

Ислоҳ нет

 

Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар ташкил ва роҳандозии муноқишаҳои марзӣ миёни ин кишвар бо Тоҷикистон муттаҳам дониста шудааст. Дар як матлаби “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, бо номи “Ончи ки аён аст Ҳоҷат ба баён нест!” ки ба қалами гурӯҳи марбут ба мақомоти амниятии Тоҷикистон мебошад, ошкоро ва бидуни мурооти урфи дипломатӣ эълом шудааст,ки муноқишаҳои марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон “бевосита” кори ҳукумат ва президенти Қирғизистон аст:

 

“Ва ин боз якбори дигар исбот кард ки дар паси мунокишахои марзи бевосита худи хукумат ва презденти Кирғизистон меистад ва аз боло идора карда мешавад! “

 

Ин иттиҳоми сангин дар замина ва асоси чи мадрак ва далел ба раиси ҷумҳурии Қирғизистон зада шудааст,тафсир намешавад. Аммо аз онки онро муаллифону корбароне назири Сипаргаписи Томирис ва номҳои дигари ошно аз “фермаи ҷавоб” бо имзои мустаору паёмдори Сарҳадшоҳи Ватан дар шабакаҳои маҷозӣ пахшу бозпахш ва паҳну бозпаҳн кардаанд, бармеояд, дар паси ин иттиҳомот чи чизҳое пинҳон аст, ки аз баёни алании он худдорӣ шудааст. Ва, низ гуфта нашудааст, ки мақсуди “ҳукумат ва президенти Қирғизистон” аз эҷоди ин муноқишаҳо гирифтан ва тасарруфи қаламрави Тоҷикистон ва ё чи хеле қирғизҳо даъво доранд, қаламрави худашон аст ки феълан дар дасти тоҷикҳост ва ё инки танҳо сохтани муноқиша ва ангехтани низоъ ва фароҳам овардани шароити нооромиву бесуботӣ. Манзур қирғизҳо ва раиси ҷумҳурии онҳо “заказ” иҷро карда истодаанд ва доранд кадом бозие ва барномаеро иҷро мекунанд? Ва,ин барнома ва бозӣ бар зидди Раҳмонов ва ҳукумати ӯ нигаронида шудааст.

 

Вагарна, ин матлаб,ки бори дигар таъкид мекунам дар “пирхона”-и эҷодии КГБ-и Тоҷикистон ва бо иҷозати раиси он ба “хӯрд”-и ҷомеа пешкаш шудааст, чунин таъбири маънӣ ва киноядоре намедошт: “……худи хукумат ва презденти Кирғизистон меистад ва аз боло идора карда мешавад!” Ҳукумат ва президенти Қирғизистон аз кадом “боло” идора карда мешаванд ва ин ишора ва иттиҳоми КГБ-и Тоҷикистон ба Сооронбей Ҷеенбеков киро ва чиро дар назар дорад ва ба чӣ маъност? Бад-ин маъност, ки президенти Қирғизистон бо дасти кадом қудрат ва қувва ва ё давлате огоҳона ва барномавӣ ва дидаву дониста алайҳи Раҳмонов амнияти марзи давлатҳоро аз байн мебарад ва нооромӣ эҷод мекунад? Ҳаройина нашри ин навишта ва гунаҳкор кардани президенти Қирғизистон дар ташкили муноқиша далели рӯшан аст,ки равобит миёни ду кишвари ҳамсоя вориди ҳолати оддӣ надорад ва як марҳалаи буҳронӣ шудааст. Инҷо месазад мутазаккир шуд, ки ҳанӯз аз авоили соли гузашта, ки Қирғизистон реэкспорти маводди сӯхти русӣ ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард, низоъ дар сарҳадоти ду кишвар доғ ва кор ба ҷое расид, ки аз ҳарду тараф чандин нафар кушта шуданд ва беш аз ин, дар задухӯрдҳо, гурӯҳҳои вижа ва нерӯҳои размии мақомоти амниятӣ ширкат карданд. Қирғизистон фурӯши маводи сӯхт ба “Фароз”-ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кард.

 

Талошҳои Раҳмонов барои ҳифзи тиҷорати маводи сӯхти домодаш ба Қирғизистон натиҷа бор наовард. Нишасти хоси Раҳмонов ва Ҷеенбеков дар Иссиқкӯл дар пасманзари низоъу задухӯрдҳои марзӣ ва аз ду тараф кушта шудани афроди мулкӣ ва низомӣ дар тирамоҳи гузашта низ мавқеи Қирғизистонро дар ин замина иваз накард. Раҳмонов қатъи фурӯши маводи сӯхт аз тарафи Қирғизистонро кори дасти Русия мешуморад. Агарчанде ошкоро чизе намегӯянд, аммо ёдоварӣ аз “қувваи сеюм”, ки гаҳ- гоҳе дар тафсири ҳаводиси марзии миёни ду кишвар аз тарафи мақомоти тоҷик корбурд дорад, ба ҳамин хотир аст. Гӯиё ин як навъ фишор ва муҷозот аз тарафи Русия барои радди тарҳи Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиё аз тарафи Раҳмонов аст ки Владимир Путин пешниҳод кард ва аксарияти кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ(ОДКБ) вориди он шуданд. Яъне Русия аз ин тариқа мехоҳад, ки болои Раҳмонов фишор биоварад, то ки узвияти ин созмонро,ки Маскав меҳвар ва тасмимгиранда аст,бипазирад.

 

Дар ҳар сурат дар давраи Алмосбек Атамбоев, раиси собиқи ҷумҳурии Қирғизистон Раҳмонов ва “Фароз”роҳат буданд. Аммо ҳоло авзоъ фарқ карда ва аз инҷо буд,ки “Фароз” эълом кард, ки дигар дар бозори маводди сӯхт ҷой нахоҳад дошт. Шакку гумонҳои Раҳмонов дар мавриди Русия ва мавзеи он дар ҳаводиси марзӣ бо Қирғизистон баъди он бештар шуд, ки Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия дар айни авҷи ин низоъҳо зимни як сафараш дар Амрико дар соли гузашта дар як сӯҳбати вижа бо нашрияи “Коммерсант” эълон кард, ки Русия омодааст, дар ҳалли низоъи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон вориди амал бишавад. Афзун бар ин дипломати коркушта аз саҳми Русия дар ҳалли низоъи байнитоҷикҳо ва овардани ҲНИТ ба қудрат ва боз ҳам омодагиаш барои рафъи бӯҳрони феълиро таъкиди хос карда талхаи Раҳмоновро кафонд. Дар ҳамин як марҳалаи короноӣ эълони рафъи “ов”- у “ева” ва “ович”-у “евна”-пасвандҳои насабсози русӣ аз сӯи Тоҷикистон ва эъломи он як навъ вокуниши ба “қадри ҳол”-у “ба қадри имкон”-и Раҳмонов ба Русия буд. Зеро ҳоло киро чи дар Русия ва чи дар Тоҷикистон “масъала”-е заруритар аз “ов”-у “ева” ҳаст? Як навъ садои ниммурдаи эътирозии Раҳмон ва комилан бемаврид буд. Вақте Раҳмонов бо баҳонаи масдуд будани ҳарими ҳавоияш сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба кишварро кашол дод, ин созмон аз Русия хост, ки дар анҷоми ин кор мусоидат кунад. Масалан,чаро Созмони мазкур маҳз аз Русия ин дархостро кард, низ ҷое барои андеша дорад. Раҳмонов дигар аз тарси онки ҳайати СҶТ мабодо таҳти таъсири русҳо вориди Тоҷикистон нашавад, худ сафари ин ҳайатро тавассути “Сомонэйр” ташкил кард.

 

Аммо нуктаи муҳимтарин дар ин матни навиштаи муаллифони “фермаи ҷавоб”-и КДАМ, ки мегӯяд, “дар паси мунокишахои марзи бевосита худи хукумат ва презденти Кирғизистон меистад ва аз боло идора карда мешавад!” дар аввал ба ҷои ибораи “аз боло идора карда мешавад” , “аз тарафи русҳо идора карда мешавад” омада буд. Ва,ошкоро Сооронбей Ҷеенбеков,раиси ҷумҳурии Қирғизистон як лухтак ва марионеткаи русҳо муаррифӣ карда мешуд. Аммо,бо чи мулоҳиза ва далоиле калимаи “русҳо”-ро бо калимаи “боло” иваз карданд.

 

Бо ин вуҷуд ки ба назар мерасад ин вазъият Раҳмонов ва дастгоҳи вай ва бахусус амниятро ҷиддан нигарон кардааст, ин тарафи масъаларо ҳам бояд ба инобат гирифт,ки бадномсозии президенти Қирғизистон аз тарафи КДАМ як амали ҳамоҳангшуда бо Раҳмонов аст ва ё як тавтеа ва дасисаи худи ин мақомот барои ҳарҷи бештар рӯған рехтан ба оташ ва аланга додани авзоъи буғранҷ дар марз ва муваффақ шудан ба ягон “дигаргунӣ”. Оё иттиҳоме бо ин бузургӣ алайҳи раиси як давлат кори шахси мақоми аввали КДАМ аст ва ё ин изҳороти расмии Раҳмонов вале ба таври ғайрирасмӣ ба воситаи КДАМ садо дода мебошад?

 

Гап дар инҷост ки ин матлаби гурӯҳи марбути КДАМ бар муқобили Президент ва ҳукумати Қирғизистон ва муттаҳам кардани онҳо дар ташкил ва эҷоди муноқишаҳои марзӣ билофосила баъди он чоп шуд,ки дар як маросим дар Бишкек Сооронбей Ҷеенбков ба Розия Осарова, раиси ҷамоати Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷоиза тақдим кард. Президенти Қирғизистон дар ҳоле ба ин зан ҷоиза тақдим кард,ки мақомоти Тоҷикистон дуруст баракс ин хонумро яке аз сабабгорони ҷангҳои марзӣ дар даҳ соли ахир унвон карда ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардаанд. Ва,ба мақомоти қирғиз низ ӯро муҷрим муаррифӣ карда дастгир ва муҷозот кардани ӯро талаб намуда буданд. Аммо маълум шуд,ки қирғизҳо талабу дархости Тоҷикистонро на танҳо ба инобат намегиранд, балки камтарин эътиборе ҳам надоданд. Зеро ин зан дар миёни аҳли ҷомеаи Қирғизистон ва мавзеъгирӣ ва амалҳояш дар амри ҳифзи сарҳади ватанаш маъруфу машҳур шудааст.

 

Аз сӯи дигар мақомоти қирғиз на танҳо ин зан,бадки ҳар нафар аз афроди мулкӣ ва ё низомиро,ки дар муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон осеб диданд ва ё кушта шуданд.Ҳам кӯмки моддӣ ва ҳам маънавӣ расонида бо ҳама имтиёзҳои давлатӣ таъмин намуданд. Зеро дар Қирғизистон давлат ва ҳокимият дар назди халқ ҳисобот пас медиҳад. Барои ҳар як ваҷаб замин ва ҳар як сухан бо ҷонат ҷавоб хоҳӣ дод. Аз они халқро дар ин кишвар аз они халқ меҳисобанд. Дар Қирғизистон ягон чизе бо номи президентӣ нест. Президент барои 5 сол интихоб мешавад. Ягон президент онҷо Пешвои миллат унвон нагирифтааст, балки хизматгори халқ аст.

 

Дар замоне,ки Раҳмонов дар сари қудрат ҳаст дар Қирғизистон Акаев, Боқиев, Отунбоева, Атамбоев ва инак Ҷеенбеков раиси ҷумҳурии ин кишвар буданд. Дар Тоҷикистон Раҳмонов аз халқ вобаста нест, халқ вайро интихоб накардааст вай бо зӯри Калашников давлатро ғасб кардааст ва идора мекунад. Эҳтиром ва эътибори як шаҳрванди одии Қирғизистон аз тарафи сардори давлат боиси нороҳатӣ ва хашму ғазаби ҷониби Тоҷикистон шудааст. Мо метавонем даҳҳо,садҳо намуна оварем,ки атбои тоҷик,ки дар муноқиша ва низоъҳои марзӣ бо қирғизҳо ширкат кардаанд, баъдан чи тавр аз тарафи милиса,амният ва прокуратура мавриди азият ва озор қарор гирифтаанд. Онҳоро ҳатто ба “гурӯҳи саввум”-и набуда муттаҳам карда аз волидони эшон пул мекананд. Эътои ҷоиза барои ҳифзи марз дар Қирғизистон ва баракс барои ин кор шиканҷа ва озору азият додани як шаҳрванд Тоҷикистон,намунаи рӯшани тафовути як ҳукумати халқӣ аз як ҳукумати диктотурӣ ва зиддихалқӣ аст.

 

Ва,натиҷаи чунин давлат ва давлатдориро бубинед, ки қаламрави Қирғизистон васеъ,аммо хоки Тоҷикистон дорад рӯзбарӯз камтар ва кӯчактар мешавад. Дар Тоҷикистон кори низоъи марзӣ ба ҳадде аст, ки сарбозон афсарони марзбон аз ҳисоби халқ сер карда мешавад. Мардуми Исфара таҳқир мешаванд, ки аз тани онҳо сарбозону афсарон марзи онҳоро бонӣ мекунанд. Иқдоми раиси ҷумҳурии Қирғизистон як намунаи олии ташвиқи ватандорӣ ва номусварӣ ҳам ҳаст. Ба бақия қирғизҳо паём медиҳад, ки шумо ҳам пайравӣ аз Розия Усарова кунед. Аммо дар Тоҷикистон шароит тавре сохта ва ҷараён дорад,ки мардум аз муҳофизати марзи худ гурезон шудааст.

 

Муносибат ва мавзеъи Раҳмонов бо ворухиёну чоркӯҳиёни Исфараро инҷо шарҳу тавзеҳ намедиҳем. Вале новобаста аз дидгоҳ ва мавқеи сиёсӣ ин мардум шаҳрвандони Тоҷикисон ҳастанд ва ин марз порае аз хиттаи Тоҷикистон. Раҳмонов муваззаф аст ки ҳифзу ҳимоят кунад. Аммо ба назар мерасад,ки ҳоло сарнавишти онҳо ва диёри Исфарамарз ба бозии курсии Раҳмонов ва бақои он ва низ бозиҳои пуштипардагии гурӯҳҳои фурсат ва қудратхоҳ дар дохили ҳукумат табдил ёфтааст. КДАМ,ки аз чандин сол аст амалан тамоми арсаҳо дар кишварро мудирият мекунад, бо онки президенти Қирғизистонро дар ташкил ва роҳандозии бевоситаи муноқишаҳои марзӣ муттаҳам сохт, мисле,ки сиёсати хориҷии кишварро ҳам ӯ ба даст гирифтааст.

 

Вале маълум нест, ки ин кор самимона ва содиқона анҷом дода мешавад ва ё ҳадаф “подстава”-и Раҳмонов ва ба чоҳ афкандани ӯст. Кӣ медонад, ки пушти иттиҳомзании президенти Қирғизистон ҳам “аз боло” бошанд ва КДАМ ҳам “заказ”-и онҳоро иҷро карда истодааст, албатта бо ҳадафи ҳарчи бештар тезутунд кардани муносибатҳои банидавлатӣ ва шахсан байни президентҳо? Ин ҳам дар ҳоле аст ки Раҳмонов курсиро ба Рустам доданӣ асту КДАМ ва роҳбари он инро намехоҳад ва ҳоло фурсате аст ки муноқиша ва низоъҳо дар марз бо Қирғизистон метавонад авзоъро тағйир ва ҳамияти раиси КДАМ ва муҳиммияти шахси ӯро то чанд вақти дигар тамдид кунад.

 

 

TAGGED:
Share This Article