“Корона вирус” донишҷӯёнро аз “Маршировка” наҷот дод

Ислоҳ нет

 

 

”Маршировка”- машқ ва тамрине,ки умдатан муҳассилин, толибаҳои синфҳои болоӣ ба он фаро гирифта мешаванд, таййи чанд соли истиқлолият ба як нишона ва рукни асосии ҷашну маросимҳои давлатӣ табдил шудааст. Барои мисол дар ҷашнҳои Наврӯз, Истиқлолият, рӯзи Иҷлосияи 16, рӯзи Президент ва ба ин монанд иду ҷашнҳое, ки доир карда мешавад, то се моҳ донишомӯзон, албатта аз роҳи иҷбор ва ғайрихоҳиши онҳо ба барномаҳои рақсии маршировка ҷалб карда мешаванд. Ба хусус вақте Раҳмонов ба ин ва ё он ноҳияи кишвар сафар мекунад барои истиқболи ӯ ҳамчунин “маршировка”-ҳоро масъулони навоҳӣ ва ё вилоёт ҳатман созмон дода ва даҳҳо миллион сомонии бюҷети мамлакатро харҷи он мекунанд.

 

Дар нишасти хабарии охирини вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки яке аз ниҳодҳои асосӣ ва масъули баргузории ин “маршировка”-ҳост гуфт,ки донишҷӯҳо ба маршировка бо майлу хоҳиши худ ширкат меварзанд ва ҳатто онҳо дар онҷо ишқу муҳаббати худро пайдо мекунанд. Ин ҳарфҳои ноиби вазири фарҳанг то чанд вақте асбоби мазоҳу тамохара ва латоифи шабакаҳои иҷтимоӣ шуда буд. Дастури манъи идомаи тамрину машқи “маршировка” аз тарафи вазорати маориф дар Хуҷанд ва Душанбе, ки ҳазорҳо донишҷӯро фаро гирифта буд, сабаб шуд ин ҳама маълумот ба дасти мо бирасад. Сӯҳбатҳои як устоди Донишгоҳи давлатӣ дар Душанберо, ки худ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои “маршировка” саҳм ва ҳисса дорад ва шоҳиди ҳолу аҳвол ҳам ҳаст бароятон ба қалам овардаем, ки бо шакли зайл аст.

 

…Шояд шаш ё ҳафт сол мешавад,ки дар кори тайёрӣ ва анҷоми маршировка ҳузур дорам. Бовар кунед, ки ин як дарди сари калоне аст. Вақте муовини вазири фарҳанг гуфт, ки онҷо ҷавонҳо бо ҳам ошиқ мешаванд ва ҳамсари худро пайдо мекунанд, сахт қаҳрам кард ва аз онки барномаҳои шуморо мебинам ва навиштаҳоятонро мехонам, гуфтам тавассути шумо ба мардум бирасонам, ки дар маршировка чи гапҳое аст ки пинҳон мебошад ва мардум аз он огаҳӣ надоранд. Инро ҳам бигӯям, ки Худованди маннон ҳеҷ гоҳ коронавирусро ба кишвари мо ворид накунад.

 

Аммо ин вирус барои мо манфиат овард. Аз маршировка халос шудем. Ҳамин шабу саҳарҳо буд,ки мебоист ба Хуҷанд мерафтем. Бо беш аз 2000 донишҷӯдухтар дар маросими ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки қарор буд имсол дар Хуҷанд баргузор шавад, ширкат мекардем. Хайрият аз ин ташвиш ва дарди сар халос шудем. Муовини вазири фарҳанг мегӯяд,ки донишҷӯҳо бо хоҳиши худ ва бо ҳавас ба маршировкаҳо мераванд. Ин гапи тамоман нодуруст ва баракс аст. Шояд аз миёни 500-600 донишҷӯи як Донишгоҳ 10-15 нафаре пайдо бишаванд, ки ҷои дарс рақсу бозии маршировкаро беҳтар донанд, аммо, бовар кунед, ман шоҳиди ҳолам,ки ин донишҷӯҳо ва толибаҳои бархе аз макотиби миёна ва омӯзишгоҳу коллеҷҳо аз ин маршировкаҳо ҷон бар лаб шудаанд.

 

Вақте донишҷӯ ба “маршировка” ҷалб гардид, вай аз оғоз то анҷом аз дарсхонӣ маҳрум мешавад. Ин гапҳо,ки то чошт мехонанду баъди чошт маршировка мераванд ва ё баракс то нисфирӯзӣ дар маршировка ва баъди он дар дарс, тамоман дурӯғ аст, хандаовар аст. Барои мисол аз як донишгоҳ, масалан Донишгоҳи миллӣ 700 ё 1000 ё 1200 донишомӯз ба маршировка сафарбар карда мешавад. Рости гап дар инҷо чанд талабот барои интихоб ва ҷалби донишҷӯҳо ҷо дорад:

 

“донишҷӯ зани шавҳардор набошад,ҳомила набошад, касал набошад, духтари ягон калоншавандаи калон набошад. Инҳо талаботеанд, ки муаллимҳо аз рӯи виҷдони инсонӣ ва ҳамчунин аз тарси авоқиби он чунин донишҷӯдухтаронро ҷудо ва истисно мекунан. Аммо воқеият ин аст ки ҳеҷ имкон надорад, ки аз як басти Донишгоҳ то нимирӯзӣ дарс бихонад ва баъди он маршировка равад…..”

 

“……Маршировка як ҷое аст ки Раҳмонов худро то ҳадде,ки мехоҳад намоён мекунад. Дар ҳаминҷо ва ҳамин хел ҷоҳо намоён шуданро нағз мебинад. Масалан дар ҷойҳои лентабурӣ ва ё мулоқот бо тӯдаи одамони аз қабл омодакардашуда ва сарулибоси махсус пӯшонидашуда. Дар ҷашну маросимҳо: иди каду, иди қурутов, иди отала, иди картошка, иди қошуқуқ тавақтарошӣ. Ва дар канори занҳову духтарҳои чаканпӯш аксбардориро хуш дорад. Хулоса, чи хеле худашон мегӯянд дар маъракаҳои позитив. Масалан ягон маротиба дар маҳалли фалокат ва ё ҳодисаи табиӣ намеравд. Одамону хонаҳоро сел барад, соҳилҳоро заминҳоро бишӯяд ва ё тарма зер кунад, хулоса дар он ҷое, ки бояд роҳбари давлат биравад аслан пайдо намешавад. Аммо дар ин гуна ҷойҳо ки шодиву хурсандӣ аст меравад. Аслан ҳамаи ин маршировкаҳоро барои вай ташкил мекунанд, то нишон диҳад, ки вай бо халқ асту халқ бо вай ва барои вай рақсу бозӣ мекунад.Инҷо ҳам ҳама кораш дуруғ аст. Кӣ мехоҳад панҷ-шаш соат сари ду по рост истад ва дар ҳолати ҷумбон- ҷумбон бошад……”

 

Дар автобус борҳо духтарҳо хоб монда ва аз ронанда илтимос мекунанд ки иҷозат диҳад дохили он шабро рӯз кунанд. Чунки бояд боз фардо соат шаш то ҳафт ипподром ҳозир шаванд.

 

… Ба хотири онки толиба намерасад мо маҷбур мешавем, ки аз ду баст: -ҳам аз қисми саҳар ва ҳам аз қисми нисфирӯзӣ онҳоро аз дарсҳо бигирем. Донишҷӯёни шавҳардорро барои маршировка намегирем,ки бисёрии вақт шавҳарошон намемонанд,ки дар байни мардум ва дар саҳна бароянду рақсу бозӣ кунанд. Онҷо баъзе лаҳзаҳое ҳаст, ки даст ба дасту даст ба миён ҳам мешаванд. Барои онки дар зиндагиашон баъзе мушкилиҳо эҷод нашавад, таънаву маломату гапҳои дигар набошад, шавҳардорҳоро аз инҷо мебароранд. Баъзан мешавад, ки як шавҳардор хоҳиши худаш аст, ё шавҳараш иҷозат медиҳад иштирок мекунанд.

 

Як ҳолати дигар барои маршировка вазнин ин ҳузури балетмейстер ё ҳамон устодон рақс ва ё раққосаҳое ҳаст, ки вобаста мешаванд барои ёд додан ва омузонидани рақс ба донишҷӯҳо. Инҷо мушкил он аст ки онҳо ҳам шумораашон андактар аст ва ҳам ба чанд донишгоҳ вобастаанд. Онҳо вақти тамрину машқ ва омӯзиши рақсро худашон таъйин менкунанд, ҷадвали мураттаби корӣ надоранд. Агар дар ин вақт донишҷӯ дар дарс ҳам бошад берун мебарорӣ ва ба толор ё майдон мебарӣ то балетмейстер ӯро биомӯзонад. Ҳамон соат, ки мебарорӣ бояд ба рақс машғул шавад, дигар барои ӯ дарс ҳам даркор нест, зеро ин машқу тамрин беш аз як моҳ то ду моҳ давом мекунад.

 

Ҳамчунон, ки намешавад аз як смена донишҷӯҳоро ҷалб бисозӣ ҳамчунин имкон надорад, ки онҳоро берун аз дарс ба маршировка сафарбар кунӣ. Донишҷӯҳо даъво мекунанд, ки мо ҳам дарс ва ҳам маршировкаро иҷро кардан наметавонем. Аз як тараф хӯрокашон ҳам кофӣ нест. Мушкилиҳои зиёде ҳаст, ки онҳоро намемонад ҳам дарс бихонанд ва ҳам маршировка бираванд. Барои ҳамин корашон ин аст ки фақат бояд маршировка бираванд. Дуруст аст, ки рӯзҳои аввал, ки машқу тамрин сабуктар аст баъзеашон ихтиёрӣ меоянд. Аммо баъди ягон ҳафта хелеҳо намеоянд. Агар шумо саҳнаҳои рақсу бозиро дар ҷашнҳо бубинед ва ё вақти пешвозгирии Ҷаноб касе ғалат намекунад,чун давоми як моҳу ду моҳ онҳоро омӯзиш додаанд.

 

Паҳлуи дигари маршировка ин масъалаи молиявии он аст. Гуфтам,ки аз як донишгоҳ аз 500 то 1000 донишҷӯ ҷалб карда мешавад. Вале дар маҷмӯъ аз 20 то 25 ҳазор вобаста ба идҳо донишҷӯҳоро ба маршировка ҷалб мекунанд. Як донишгоҳе ҳаст,ки худаш бо мушкилоти молиявӣ дастугиребон аст. Маоши муаллимон,шикасту рехти бино ва хадамоти иҷтимоӣ ҳама дар гардани худи донишгоҳ аст. Аммо аз вазорати маориф ва илм ба раёсати донишгоҳ дастур медиҳанд, ки шумо барои донишҷӯҳое, ки дар маршировка иштирок мекунанд ду стипендияӣ бидиҳед. Стипендия ҳисоби миёна 150 сомонӣ аст. Донишгоҳ, ки 500 муҳассилаш дар маршировка аст бояд моҳона барои онҳо сесадсомонӣ стипендия бипардозад. Донишгоҳҳое, ки чунин имконият надоранд,ками кам ду бор 100 сомонӣ медиҳанд. Зеро фишор меоранд, ки аз бюҷети донишгоҳ бароварда диҳед. Зеро донишҷӯҳо дар ҳақиқат даъво мекунанд ва ҳақ ҳам доранд, раҳ пулӣ мекунанд, хурок мехуранд. (Ҳадди ақал ҳамин қадар масъалае ҳаст, ки гӯиё масъулин донишҷӯро дарк мекунанд. Дар дигар масъалаҳо дарк кардани шароити донишҷӯ вуҷуд надорад. Вале, инро ҳам бояд зикр намоям,ки солҳои пеш аслан ба донишҷӯ пул намедоданд ва ба маршировка аз пули худаш омада мерафт.

 

Ҳоло бошад таъминоти донишҷӯ аз ҳисоби донишгоҳ барои маршировка ба як манбаи ришвахорӣ мубаддал шудааст. Чи хел? Барои Донишгоҳи миллӣ 1200 нафар донишҷӯ муқаррар карда шудааст,ки бояд иштирок кунад дар маршировка. Дар як моҳ 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби донишгоҳ барои сафарбар кардани онҳо хароҷот мешавад,ки ин пули калон ба ҳисоб меравад. Шумора ва адади иштироки донишҷӯҳоро дар маршировка балетмейстер ва вазорати фарҳанг муайян мекунанд. Ректори Донишгоҳ меравад назди вазорати фарҳанг, пул медиҳанд,то ки шумораи донишҷӯҳояшонро кам кунанд. Онҷо аз сарбалетмейстер хоҳиш мекунанд, илтимос мекунанд,аз 5-6 ҳазор то 10 000сомонӣ медиҳанд. Балетмейстерҳо амдан рақсҳои саҳнавии калон мемонанд,ки иштироки донишҷӯҳо бештар бошад.

 

Онҳо мегуфтанд,ки ин хоҳиши Ҷаноби Олӣ аст,ки майдон ва саҳна масалан майдони Фрунзеи Душанбе пур аз духтарҳо ва ҳатман бо пироҳанҳои рангобаранг бошад. Вақте ректор ба онҳо пул барои кам кардан медиҳанд, ӯ ошкоро мегӯяд,ки ман танҳо нестам…Ҳатто барои балетмейстер ректорҳо ба вазорат пул медиҳанд, онҳо боинсофу беинсоф доштааанд. Барои онки боинсофашро оварӣ ё диҳандат бояд ба вазорат як чи диҳӣ. Ва онҳо ба ҷойи 1200 донишҷӯ 700 -800 нафар мегиранд,кам кунад.Ман ин ҳама азобҳоро дар дарун, дар бадани худам кашидагиам, медонам. Дурӯғ нест як ҳарфам. Акнун, 500-и кам шуда аз шумораи донишҷӯҳо,ки мусалламан маблағашон ҳам сарфа шуд,на барои донишгоҳ, барои ҷайби раиси донишгоҳ меравад:

Раҳонидӣ ту аз чанги уқобам,

Дар оташ баҳри худ кардӣ кабобам.

 

Инҷо мехоҳам як чизро бигӯям,ки устодони донишгоҳ аз маршировка сахт норозианд. Зеро онҳое,ки иштирокчианд, хоҳед нахоҳед, бояд санҷиш ва баҳои онҳо мусбат дода шавад. Онҳо набояд аз имтиҳонҳо гарданд. Онҳо набояд пул диҳанд ба устод. Инҷо як навъ “конфликт интересов” ҳам ҳаст. Вале илоҷ надоранд. Чун маршировка барои Ҷаноби Олӣ аст.

 

Аммо шумо агар ҳоли зори он донишҷӯдухтарҳоро бубинед гиряатон меояд ва лаънат ба чунин донишгоҳу чунин таълим мефиристед. Бояд аз вазорати маориф омада месанҷиданд,ки омодагиҳо чи гуна аст. Рақсҳо ва ё номераҳо бо навбат гузошта мешаванд. Як гурӯҳ донишҷӯҳо аз 10 то 11,гурӯҳи дигар аз 11 то 12 ва ҳамин тавр идома меёбад. Онҳо рақс мекунанд, намояндаҳои вазорат баҳо медиҳанд. Дар баъзе аз номераҳои рақсӣ хеле ҳам зиёд иштирок мекунанд. Хуб, вақти хуроки нимарӯзӣ мешавад. Ҳамагӣ як соат. Худо шоҳид аст бародар Муҳаммадиқбол соати як, дар гармӣ духтарҳоро мебароранд, дар соати 1-и обед дар майдони гарму тасфон, росташон мекунанд. Аммо худашон ҳама дар боло таги соя бо баландгӯ дастур додан мегиранд. Ҳоли зори устодонро бинед. Муаллимҳои бечора бояд гирд- гирди онҳо тоб бихуранд:- духтар ту рост биист духтар ту аз пеш, ту аз ақиб, эй,нашин….Шумо хуб медонед,ки ҳарорат чанд сол аст ки хеле баланд аст. Хулоса, чандин нафар меғалтанд, аз ҳуш мераванд. Аммо ин рақсҳоро ин номераҳоро боз “павтор” мемонанд. Павтор аз аз соати се ва чаҳор сар мешавд ва то 8, 9-и шаб. Баъзан вақт соати 12 то 1и шаб духтарҳо хонаҳояшон мерасанд.

 

Як навбат бо иштироки Нуриддин Сайид, вазири пешини маориф ва илм маҷлис шуд. Падару модарҳо донишгоҳҳо омада эътироз карданд. Директорҳои мактабҳои миёна ҳам гуфтанд, ки падару модарҳо омаданд, зеро аз толибаҳои синфҳои болоиро ҳам ба маршировкаҳо меоранд. Онҳо ба директори мактаб шикоят карданд. Ин шикоятҳоро дар ҳамон рӯзе ҳам, ки бисёр гарм буд ва чанд духтар аз ҳуш рафта ҳам буд, вазири маориф омад, то ки худаш бинад. Директорҳо хеста шикоят карданд, аз ҷумла баъзе директорҳо зан буданд:- муҳтарам вазир ҳамин хел мушкилот аст, падару модарони онҳо мактаб ва дари хонаҳои мо меоянду мегӯянд духтарҳои мо маззаашон нест, ҳушашон меравад меғалтанд. Як чизро инҷо бояд махсус хотиррасон намоям,ки дар назди ипподром ва ё стадиони Фрунзе,вақти баргузории маршировка ҳамеша мошини “скорийҳо” омода ҳастанд. Муаллимҳои бечора мебаранд даруни “скорий”. Як сабаб гармии ҳаво бошад сабаби дигар бештар нохӯрда меоянд .

 

Бахотири онки саҳар соати 6 мефармоянд ,ки дар дари стадион ҳозир шавед. Соати 10 ё 11навбаташ мерасад. Аммо на балетмейстер ва на касе дигар ба онҳо парво надоранд. Хуб, мебаранд скорий, об мезананд, як кам нафасаш рост мешавад, боз чаппа бармегардонанд ба идомаи рақс. Хулоса вақте ба вазири маориф ин гапро гуфтанд вазири маориф медонед чи гап гуфт? Ҳоло мегӯянд,ки иштироки донишҷӯҳо дар маршировкаҳо ихтиёрӣ аст. Номақул карданд, дурӯғ мегӯянд. Ман гапи вазирро айнан мерасонам ,зеро бо гӯшҳоям шунидам. Аммо як чизи дигарро инҷо бигӯям,ки чун вақте як моҳ, ду моҳ пеш аз маршировка шумораи донишҷӯҳоро дақиқ ва тақсим мекунанд ,аз вазорати маориф тақозо мешавад,ки рӯйхат карда ва ному насаби донишҷӯҳоро навишта бифиристанд. Пештар донишҷӯҳоро водор мекарданд, ки имзо ҳам гузоранд, ки бо хоҳиши худ иштирок мекунанд, аммо ҳоло ин кор дигар нест. Хуб,вазорат фармон содир мекунад, ки ҳамин донишҷӯҳо ба маршировка сафарбар карда шаванд. Медонед вазири маориф чи гуфт?

 

Вазири маориф гуфт: “ шумо фармони мана бозича медонед, фармони вазира бозича медонед,чорабинии ҳукуматро бозӣ медонед, чорабинии барои Ҷаноби олиро бозӣ медонед? Духтар вақте номаш навишта шуд, то замоне, ки ҳаминҷо ягон мошин заду фалаҷ шуд, ки дигар роҳ гашта натавонад, ё ҳаминҷо афтоду мурд, ҳамон замон аз маршировка холияй, дар ғайри ин сурат дигар имкон надорад.”

 

Ин гапи вазири маориф дар соли 2019 буд. Мо чанд нафар муаллимҳо,ҳам ки мехостем шикоят ва даъво кунем, вақте вазир ба директори мактаб чунин ҷавоб дод ва он ҳам директори зан буд, ба истилоҳ знуки ҳамаамон гирифт,дигар надонистем чи кор кунем, чун ба дард намехурд.

 

Гоҳо мешавад,ки дар сол ду ва ё се маршировка баргузор мешавад. Як масъалаи дигар,ки дар ин маршировкаҳо барои донишҷӯдухтарҳо мушкилофарин аст ҳузури кураторҳои КДАМ аст. Онҳо ҳар вақт бихоҳанд меоянд ва духтарҳоеро,ки рӯмол ва сатр бар сар доранд, ҷангу ҷангҷол мекунанд ва исму насаби онҳор менависанд, сурат мегиранд ва ҳар хел таҳқир мекунанд. Сипас тавассути донишгоҳ хеле азият ва озор медиҳанд. Дар худи донишгоҳ моҳе як, ду то се бор рейди зидди сатру рӯмол доир мекунанд. Азбаски барои ҳар донишгоҳ чанд нафарӣ масъул шудаанд, онҳо аллакай он духтарҳоро шинохта ва дар бораашон, дар бораи хонаводаҳояшон маълумот ҷамъ меоваранд. Маълум,ки фардо барои ба кор даромадани онҳо мушкил эҷод мекунанд. Яке аз онҳо камтар шинос буд ва аз хонаводаи марди диндор буд. Гуфт,рости гап худи раис маҷбур мекунад. Вагарна чаро бояд ба сатру ҳиҷобу риш кор бояд дошта бошем. Маҷбур ҳастем.

 

Як чизи дигар даҳ рӯзи ахири маршировка аст. Дар ин даҳ рӯзи ахир ин қадар комиссияву комиссияборон мешавад, ки беҳисоб, аз вазорати маорифу фарҳанг, аз шаҳрдории Душанбе, аз Дастгоҳи иҷроия. Ҳоли зори духтарони донишҷӯро бубинед. Хаставу лакоту шалпар мешаванд. Барои онҳо ҳамонҷо ғизо мепазанд. Автобусҳоро меоваранд то шабона хона ба хона расонад. Тасаввур кунед,ки як автобус барои 40-50 нафар. Автобусе,ки 80-100 кас гунҷоиш дорад. Масрафи он ҳам аз ҳисоби Донишгоҳ. Барои як рейс автобус аз 400 то 600 сомонӣ мегирад. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не,баъзе аз духтарҳо чандин шабро дар даруни салони автобус рӯз кардаанд. Ронандаро илтимос мекунанд, ки субҳ “успет” намекунем, ронандаҳо ҳам розӣ мешаванд. Дар ин даҳ рӯзи ахир,ки дигар аз субҳ то шом машқу тамрин идома меёбад, то инки дар назди Ҷаноби олӣ ҳама олӣ бошад, даҳҳо, балки садҳо духтарҳо даҳҳо бор беёду беҳуш мешаванд. Аммо касеро парвое нест.

 

Имсол дар назар буд,ки бо 30 ҳазор донишҷӯ аз тамоми кишвар, аз Бадахшони Кӯҳӣ, аз Кӯлоб, аз Қурғонтеппа омада якҷо бо донишҷӯёни Хуҷанд дар ҳаминҷо маршировкаи ҷашни байналмилалии Наврӯзро доир мекардем. Гуфта шуда буд, ки хуҷандиҳо ҳатто аз Узбакистон балетмейстер овардаанд. Зеро мегуфтанд,ки имсол дар байни ҳукуматиҳо соли Рустам эълон шудагӣ аст ва ҳамаи ҷашнҳо бояд барои Рустам ва аз пештара ҳам бодабдаба ва воҳима доир шавад. Кадом як сардори аэропорти Хуҷанд бо Раҳмонов қудо шуда будааст. Вай гӯиё аз Дубай сару либос барои донишҷӯҳо меовардааст.

 

Ҳамчунин гап-ап буд,ки барои балетмейстери асосӣ ҳам як ҷоизаи пурқиммат ҷудо шудагӣ аст.Ҳоло намедонам,ки ин кор сурат мегирад ё не, барои фестивали “Оши палав”-и Рустам як ду номера аз саҳнаҳои ҳамон ҷашни наврӯзиро мегузоштаанд. Ҳоло хондам,ки гӯиё вазир дастур додааст,ки “маршировкаро” барои сарфаи маблағи бюҷет ва дар доираи қонуни танзим манъ кардааст. Ин гап тамоман ғалат аст, дурӯғи дурӯғ аст. Ин коронавирус сабаб шуд. Вагарна ҳамин вазири маорифи имрӯзӣ яке аз онҳое аст, ки аз пушти “маршировка” хеле пул кор кардааст ва аслан барои пули бюҷет ва сарфаи он парво надорад. Дунёро об барад, аммо хонаи вай эмин бошад, шуд. Вале ман на ҳама мусибатҳои “маршировка”ро гуфтам ба шумо. Инки сару либоси онҳо аз куҷо меояд, инки балетмейстер чи тавр духтарҳоро дашному таҳқир мекунад ва инки ин духтарҳо ҳатто дар пеши устодҳо ногузиранд сару либос иваз кунанд ва ҳазору як таҳқиру бадрафторӣ нисбати онҳоро шояд барои оянда бигӯям. Вале аз шумо хоҳиш мекунгам,ки ин гуфтаҳои маро ҳам чоп кунед ва ҳам навор.” Хонандаи гиромӣ ин буд қатрае аз баҳри бе карони “маршировка”ва мусибатҳои он. Гоҳо баъзе мусибатҳо даво ва марҳам ба мусибатҳои дигаре ҳам мегарданд. Ё мумкин аст дуъои доншҷӯёни мазлум иҷобат шуду имсол аз ин мусибат бо баҳона ё шуюъи корона вирус озод шуданд.

 

Таҳқиқоти “Ислоҳ нет” дар ин замина идома дорад ва дар сурати пайдо шудани маълумоти ҷадиди дигаре онро дар ихтиёри шумо қарор хоҳем дод.

 

Share This Article