қотилони Абдуқаҳҳор Розиқов дар озодӣ, бегуноҳон дар зиндон
«Вақте судяи Суди Олӣ бо мошинаш омад, мошинро ба руи одамҳо ронд ва гурехт, бо мардум тамоман ҳамгап нашуд. Ҳоло Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарифзода як сол мешавад, ки шиштагианд. Онҳо мегуянд, ки навор дорем ва шаҳодат медиҳем, вале ягон кас гуш намекунад. Холов Диловар 100ҳазор $ додааст, ки «штамбшон кунанд дар Душанбе».
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Номамро намегуям. Вале ман яке аз хешовандони он милисаҳое ҳастам, ки маҳкамашон карданд, одами наздикаш ҳастам. Ман дар Русия ҳастам. Аммо ҳоло як сол мешавад, ки бо ҳама хешу таборҳо дар даводавем ,идора ба идора гашта истодаем. Аз наздикони мо хоҳиш карданд, ки навиштаашонро барои шумо як илоҷе карда бирасонам.
Мо, аз руи ноилоҷӣ ва аз руи зуромад ба шумо руй овардем. Худо аз шумо розӣ бошад. Мо дар ин як сол тамоми идораҳо рафтем, арзу дод кардем, аммо касе гуш накард. Ба радиои Озодӣ ҳам навиштем ба Парвиз.ТВ ҳам. Мо, мехоҳем, ки тавассути «Ислоҳ» ба роҳбарияти кишвар муроҷиат намоем. Бовар дорем, ки роҳбари кишвар муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат шахсан аз қазия огоҳ нест. Моро он тағйироти кадрие, ки дар Кулоб гузаронида шуд, умедвор кард, ки бо омадани роҳбарони нав дар мақомот ҳақиқат ошкор мешавад. Чунки дар Кулоб на милиса ва на прокурору суд кори худро ҳалол ва тибқи қонун пеш мебуранд. Хеле шод шудем, ки оқибат Президент фаҳмиду онҳоро аз кор дафъ кард. Ҳоло бо омадани кадрҳои нав умедамон аз нав зинда шуд, ки қотилони асосии Абдуқаҳҳор Розиқов, ҷавонмарди 37-сола, ки дар дохили шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кулоб бар асар зарбу лат, қувваи барқ ва ниҳоят буғӣ кардан кушта шуд, ошкор ва ба ҷазо кашида мешаванд.
Барои он гуфтам аз руи зуромад ба шумо муроҷиат намудем, ки ягонҷо ҳозир нашуд навишати моро чоп кунад. Медонем, ки шуморо мамнуъ эълон кардаанд. Аммо, шумо, чи хеле мушоҳида намудем, новобаста аз ин ҳама гапҳо ҳақиқатро чоп мекунед. Барои ҳамин ин навиштаи хешовандонамонро ба шумо мефиристем.
«Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон! Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба ин қазия дахолат кунед, то муй аз хамир ҷудо гардад. Чунки онҳое, ки дар қатли Абдуқаҳҳор Розиқов, ҷавонмарди 37солаи Кулоб гунаҳкор эълон шуда 14 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд, дар асл онҳо қотил нестанд. Қотилони воқеӣ дар озодианд.
Ин ҳодиса кай ва чи тавр руй дода буд?
Рӯзи 2 январи соли 2023 Холов Рудакӣ, афсари умури дохилии Кулоб ба Кароматов Ҷамшед ҳамкораш дар шуъба занг зада мегуяд, зуд биё, ки амалиёт ҳаст. Вай намеояд. Ӯро Зафар Холов аз Душанбе меорад.
Ба сари Абдуқаҳҳор Розиқов дар 3 мошин мераванд. Ӯро дастгир карда шуъбаи милиса меоваранд. Баъд аз онки дохили шуъба мекунанд Шамшод Шарифзода ва Ҷамшед Кароматов аз шуъба берун мебароянд. Дақиқа, соат ва тарзи берун баромадани онҳо дар камераҳои отдел сабт шудааст. Одамҳои дар берун буда ҳам онҳоро дидаанд, ки айни истинтоқи Абдуқаҳҳор, яъне дар соати марг онҳо дар берун будаанд. Онҳо дар ин бора нишондод ва баёнот медиҳанд, аммо баёноти онҳоро мегиранду вале дар дело намемонанд.
Гапро кутоҳтар мекунем. Абдуқаҳҳорро 2 одами дар отставка буда дар даруни шуъба аз кабинети Зафар Холов ба кабинети Ҷамшед Кароматов медароранд ва сахт лату куб мекунанд ва дар ток ҳам мемонанд.Холов Зафар Комил Назарзода ва Холов Рудакиро ба отдел барои латтукуби Абдуқаҳҳори раҳматӣ медарорад. Дар он ҳолате Комил рапорт дошт ва ҳақу ҳуқуқи даромадан ба отделро надошт. Абдуқаҳҳор бачаи боқувват буд. Тоб меоварад. Аммо Комил Назарзода, Холов Рудакӣ, Холов Зафар ва Саъдӣ Сарахонов, мулаққаб ба Саъдии сияҳ Абдуқаҳҳорро бо воситаи қртқҷаф (буғӣ кардани гулу) мекушанд.
Вақте ӯ мемурад онҳо ба Шамшод Шарифзода ва Ҷамшед Кароматов занг зада мегуянд: «биёен ира барен».
Ҷамшед Кароматов запс дорад, ки дар вақти куштор ӯ ва Шамшод Шарифзода чи кор кардагианд ва дар берун аз отдел буданд ва дар вақти тафтишот баёнот медиҳанд, ки мо ин корро накардаем. Аммо Холов Диловар бародари калонии Зафар Холов коре кард, ки онҳоро муҳру имзо карда ба Душанбе биоранд, чунки ӯ бо Шоҳрух Саидзода связ дорад ва уро( бародарашро) дар 3моҳ мебарорад.
Шамшод Шарифзода ва Ҷамшед Кароматов айни ҳол бегуноҳ ҷабр диданд. Гуноҳи 3 одами дигарро ба кала гирифта нишастаанд.
Суди олӣ омаду мурофиаро махфӣ ва дар даруни СИЗО баргузор кард. Модари худораҳматии Абдуқаҳҳор худаш мегуяд, ки бегуноҳҳоро бароред, гунаҳкорҳоро шинонед. Аммо буи адолат аз ягон тараф намеояд.
Дар дасти сафедкунандаи Ҷамшед Кароматов ҳамаи фактҳо мавҷуд аст. Судя Ҳусейн Одиназода ҳатто талоше барои барқарории адолат анҷом надод.
Дар сари суд гуфтанд, ки мардумро барои даромадан ба толор иҷозат медиҳанд, мемонанд, аммо як намуде карданд, ки мурофиаро дар СИЗО аз мардум баҷоӣ гузарониданд. Як мард пеши мошини судяро гирифт, дигарҳо-халқ давиданду омаданд. Мошин истод, аммо боз манъ накарда гурехт.
Ҳоло ҳам ин мардуми бечора аммо сахт норозиву хашмгин дигар намедонанд, куҷо бароянд. Ҳеҷ кас ба доди мардум намерасад. Одамҳои бегуноҳ бегуноҳ шиштагианд, гунаҳкорҳо озода гашта истодаанд. Тамоми факту далелу шоҳид ҳаст, ки Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Сафаралиевич бегуноҳ шиштагианд. Баёноти одамеро,ки Ҷамшедро бо Шамшод айни мурдани Абдуқаҳҳор дар берун мебинад, гирифтанд, аммо дар дело онро намонанд.
Холов Диловар ҳамаро харид: экспертиза, Суди олӣ, тафтишот.
Комил Назарзода Абдуқаҳорро дар ток монд. Зафар Холов шиканҷа ва буғӣ кард. Саъдӣ сияҳ аз узви поён ток монд. Холов Рудакӣ бо ток 20-30 секундӣ шиканҷа кард. Дар охир дар кабинети Ҷамшед Кароматов ӯро Комил Назарзода ва Зафар Холов ба буғӣ кардан куштанд.
Саъдӣ-сияҳ аз тарсаш Москва гурехт. Як бор Диловар гуфт биё ҳама тинҷ аст, омад. Рудакиаш бошад Ховалинг гурехтагӣ аст.
Он мурофиа бисёр ҳам сахт гузашт. Навори ҳолати мошини судяро аз телефонҳо амният удалит кард. Аммо мо аз дасти сафедкунанда гирифта натавонистем. Вай ҳамачизро дорад.
Холов Диловар, бародар Зафар Холов, яке аз қотилони асосии Абдуқаҳҳори раҳматӣ пеши додари худо раҳматии Абдуқаҳҳор рафта гуфтааст шумо сари суд наоед: «ма хдм гнаҳгорой асосира сари суда мешнонм, бе гноҳора меброрм ва дасти мардаки додай». Баъди он ки суд 14солӣ хонд дар пеши СИЗО дар ҳамон рӯзи мурофиа гуфт: «т ака мардак ҳастӣ, т чи ваъда додӣ»? Мегуяд, ки ман ин тавр нагуфтам, ба кала нагирифт.
Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Сафаралиевичро гуфтанд, ки «шумо хап кнен, мо шумора ай иҷа меброрем сари суда, агар бтанани 2-3сол метан».
Холов Зафар бо бародараш Холов Диловар план кашида Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарфзодаро бозӣ доронданд. Гунохи 3 одами дигарро дар сари онхо заданд. Вақте суд 14сол хонд, Ҷамшед Кароматов аз ҷояш хест гуфт ман ин корро накардам ва номҳои қотилони воқеиро мегирад. Аммо судя, ки харидагӣ буд, пешакӣ договор кардагӣ буд тамоман эътибор надод.
Ҷамшед Кароматов запси телефони овозҳоро дорад. Дар он садоҳо гуфта мешавад, ки «Э, бача ира чкорш каден, мурд?». Холов Зафар мегуяд :«биё ма ҷо кандам қати Комил ҳамонҷо гурш мекнем ё ба дарё мепартоем». Аммо Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарифзода садди роҳи ин кор шуда «шумо беақлен, чиба ира кштен и ай тераторай май ако, накнен напартоен» гуфта зориву тавалло мекунанд. Баъд Комил мегуяд «ура ба балнеса баред, амхе қайдш мекнем, и балнеса да мурд». Мебаранд, аммо дар онҷо духтурҳо ба кала намегиранд ва Холов Зафар аз ҳисоби онки шиканҷаро пайҳояш буд, токро дар узви мардияш монда буданд, мегуйад «ҳай кун морг».
Дар онҷо баъди даромадан камераҳои моргро тоза мекунанд ва духтурро маҷбур мекунад, ки «танай ира ҳар кҷои пайи шиканҷаро ҳуй ку то ки номаълум шаван».
Дар асл Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарифзода сабаб шуданд, ки мурдаро дар об ё ки дар он чуқурӣ, ки Комил Назарзода бо Зафар Холов барои гур кардан канда буданд, напартоянду гур накунанд.
Одамҳои ин кушторро содир карда-Саъдӣ сияҳ баъд аз 3 рӯз Русия мегурезаду Холов Рудакӣ бошад ҷои корашро Ховалинг перевод мегирад. Комил Назарзода бошад аз ҳамаҷо як муддат ғайб мезанад. Хешовандонаш ӯро дар подвалаш нигоҳу бин мекунанд.
Ҷамшед Кароматов ва Шамшод Шарифзода айниҳол ҷабрдидаҳоенд, ки ба калаи онҳо гуноҳи се одами дигарро бор кардаанд. Агарчи гуфтем онҳо факту рақаму далелу шоҳиди зинда доранд, ки дар ин куштор даст надоранд.
Айни ҳол бошад гунаҳкорони асосӣ: Комил Назарзода, Зафар Холов, Рудакӣ Холов ва Саъдӣ Сарахонов (Саъдӣ-сияҳ) дар озодианд. Холов Диловар бародари калонии Зафар Холов судяро харид. Меояд делоро мебинаду бетағйир мемонаду меравад..
Ҷамшед Кароматов бародари худораҳматиро пеши худаш дароварда запсро мемонад ва мегуяд, ки бидонед, ки кӣ куштааст, «даройен хтон бфаҳмен, мора итак бафикрм чора намебинан, неки шумо фаҳмен аката кӣ кшт». Ва ҳамин тариқ ҳама чизро аён кард. Онҳо шикоят доранд, ки бегуноҳҳоро бароред, гунаҳкорони асосиро маҳкам кунед. Аммо Суди олӣ меояд «бетағйир монда шавад» менависаду меравад. Дар тамоми сайтҳои иҷтимоӣ навиштем, ягонтоаш ҳатто ҷавобамон намедиҳад аз тарс.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Мо умедворем, ки ин қазия бо дастури шумо мунсифона ҳал мешавад. Ин қазияро аз ҳамон аввал мехостанд, ки пинҳон доранд. Аммо, мо мардуми Кулоб ҳам дар назди сардхона (морг)-и шаҳр ва ҳам дар назди ҳукумати шаҳр тазоҳурот карда маҷбур сохтем, ки воқеиятро ошкор ва қотилонро муҷозот кунанд. Дар назди сардхона омадем ва як рӯз ҷасадро нагирифтем. Вақте мо ҷасадро муоина намудем дар бадани он ягон ҷои обод намонда буд. Он вақт Баҳодур Ҷӯрахон, додситони минтақаи Кӯлоб ба журналистҳо гуфт, ки “баъзе аз хешу табори марҳум ба эҳсосот дода шуданд. Хуб аст, ганда аст, ба сари ин оила ҳодисаи мудҳиш омадааст. Хонаводаи ҷавон бофаҳм ҳастанд. Ҳамкорӣ дорем. Баъзан қувваҳо ҳамин қазияи Кӯлобро моҳирона ба манфиати худ истифода карда истодаанд».
Мо гуфанием,ки ҳар касе дарҷойи мо буд ҳамин хел бархурд мекард. Чи тавр як инсони зиндаву солимро мебаранду мурдаашро медиҳанд? Милиса магар ҳомии ҳуқуқи мо нест?.
Қутбиддин Достизода, прокурор шаҳри Кулоб дар аввал ҳатто дар як суҳбаташ эълон карда буд, ки новобаста аз монеаҳо дар сари роҳи тафтишот мо онро то охир мебарем: “дар арафаи оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳолатҳое ҳастем, ки ба идомаи тафтишот монеъ шуданд. Вақте муҳлати тафтиш ба анҷом расид, қарори ниҳоӣ қабул мекунем.” Яъне эътироф карда буд, ки «монеаҳо» ҳастанд. Ҳатто аз амният ва умури дохилӣ ваъда доданд ва гуфтанд, ки навор дар интернет напартоед, ба мухолифин нарасонед, мо худамон ҳал мекунем.
Аммо чизе нашуд. Шумо хабар доред, ки вақте мо дар назди сардхона тазоҳурот кардем барои онки моро итминон диҳанд се милисаи дастбастаро ба наздикони мо нишон доданд ва сипас мо ҷасадро гирифта бурдем. Ҳамон вақт ва ҳоло, баъди омадани масъулини нав дар мақомоти милисаву прокуратурааву амният овоза андохта буданд, ки куштори Абдуқаҳҳор кори дасти худи Эмомалӣ Раҳмонов ва одамҳои вай аст. Ҳатто овоза андохтанд, ки Абдуқаҳҳор вақти футболи Равшан ва Истиқлол дар солҳои пеш, ки як ҷанҷол дар майдон шуда буд аз ташкилкунандаҳои бетартибӣ буд. Ин тамоман дуруғ аст. Абдуқаҳҳор орому ҳалиму ботамкин ва ба зиндагии худаш машғул буд. Гуё ҳозир боз дар Кулоб ҳамин гуна корҳои бо Абдуқаҳҳоршуда такрор мешудааст. Агар ин овозаҳо асос дошта бошанд мо барои такрори тазоҳурот омода хоҳем шуд. Мо аввал дар худи Кулоб ва сипас дар пеши ҳайкали Сомонӣ митинг мекунем. Бигзор моро маҳкам кунанд. Вале бигзор ҳақиқат ошкор шавад.
Ps: Ёдатон бошад, ки ин қазия кашокашҳои сахту сангине дошт. Мақомот дар аввал қатли ӯро ба истеъмоли амфетамин марбут донистанд. Вазорати дохилӣ бо интишори як баёния эълон кард, ки Абдуқаҳҳор Розиқов бар асари истеъмоли маводди мухаддир дар роҳ ба самти ШВКД ба ҳалокат расидааст. Ин гуна мавқеъгирии вазорат, бар алангаи оташи ғазаби мардум, ки воқеияти қатли Абдуқаҳҳорро медонистанд, равған рехт. Сокинони Кулоб аз онки ин қазия ба таври одилона таҳқиқу муҳокима хоҳад шуд, ноумед гаштанд. Зеро маълум шуд, ки вазорати корҳои дохилӣ мунсифона бархурд намекунад. “Ислоҳ” ин қазияро аз ибтидо пайгирӣ мекард ва дар ин бора матолиби муфассал навишта буд: «Қотили Абдуқаҳҳори кулобӣ гурехтааст? https://isloh.net/qotili-abduqahhori-kulobi-gurehtaast/2023.04.01
ва «Пушти куштори Абдуқаҳҳор кӣ меистад Рамазон Раҳимзода, Абдураҳмон Аламшозода (Бузмаков) ё Рустами Эмомалӣ? https://isloh.net/pushti-kushtori-abduqahhor-ki-meistad-r-rahimzoda-a-alamshozoda-buzmakov-yo-rustami-je 2023 01.19
Мо, дар оянда ҳам ин қазияро пайгирӣ хоҳем кард ва ба шумо ҳатман итттилоъ хоҳем дод.