Кушташудани Усмон ибни Аффон (раз) дарси муҳиме буд барои уммати ислом
(бахши саввум)
нақд ба Абдуқодир Талбаков
Дар мақолаи қаблӣ аҳодисе аз Расули Аакрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро овардам, ки дар моҷарои шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз) нақл мекунанд. Дар мақолаи мазбур бошад аҳамияти он аҳодис ва ҳикмати волои Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро дар моҷарои шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз) гӯшзад мекунам, то инки барои афроди дасисабозу фитнаангез дарси ибрат гардад, то таъну маломат бар асҳоби киром (раз) назананд ва бидонанд, ки ончӣ гузашт аз он ҳодиса қаблан Усмон ибни Аффон (раз) огоҳ буд, аммо чӣ тавр сурат гирифтани онро намедонист. Ин мақола таҳлили ду олимест, ки онро на танҳо барои Абдуқодир Талбаков, балки барои ҳар фарди мусалмоне, ки мехоҳад аз фитнаҳои замона эмин бимонад ва хондану ҳифз кардани он зиёд зарур аст, тарҷума мекунам. Хоссатан дар ин ҳолатҳои сангине, ки абрҳои сиёҳ ва шуми фитнаҳои душманони дину миллат дар камини уммати ислом ва миллати тоҷик сангар гирифта, дақиқашуморӣ мекунанд. Ба ҳар нуқтаи он аҳамияти ҷиддӣ бояд дод (нуқтаҳои ҷолиб ва муҳимме ҷой дорад), то аз ин фитнаҳои фитнаангезон дар амон бошем..
Ҳадисҳое, ки хабар аз вуқуъи чунин фитна додаанд, худ далеле аст бар ҳикмати волои Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам).
Ҳадисҳои бисёре вуҷуд доранд, ки дар онҳо Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба таври кутоҳ ва ё муфассал хабар аз вуқуъи фитнаҳо ва ихтилофот ва ҷангҳое медиҳанд, ки миёни мусалмонон бо вуқуъ мепайванданд. Ин ҳадисҳо, ки гоҳ ба баёни омилҳои пайдоиши ин фитнаҳо мепардозанд ва гоҳ дар мавриди натиҷаҳои ҳодисаҳое, ки дар тӯли он моҷароҳо рух медиҳанд ва низ афроде, ки дар эҷод ва пайдоиши онҳо нақш доранд, суҳбат мекунанд, бештар дар посух ба нигарониҳои саҳобае аст, ки таъми хуши бародариву ваҳдатро чашидаанд ва нигарони он буданд, ки ин неъмати бузурги Парвардигорашонро аз даст бидиҳанд ва ба ҳамин далел аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мепурсиданд, ки оё ин ваҳдат ва бародарӣ ҳамчунон по барҷо хоҳад монд ва ё уммат аз он маҳрум мешавад? Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз тариқи пайванд ва манбаи лоязоли ваҳӣ медонист ин иттиҳод ва бародарӣ миёни мусалмонон чунин по барҷо нахоҳад монд, бо хабар додан аз вуқуи фитнаҳои бузург дар миёни уммати ислом онҳоро дар ҷиҳати муқобила бо ин мусибатҳо ва фитнаҳо тарбият менамуд, то мусалмонон битавонанд ҳангоми вуқӯи он фитнаҳо, ки бино ба тақдири Илоҳӣ мебояд сурати воқеият ба худ мегирифтанд ва дар ҷараёни онҳо муъминони ростин аз муъминони дурӯғин ва бадтинатон маълум мегаштанд, беҳтарин равишҳоро барои бартараф кардани он фитнаҳо бигиранд. (1)
Аз хилоли мутолеаи чунин аҳодис ба таври куллӣ метавон аз онҳо чизҳои зиёде омӯхт. Барои осонии фаҳмиш онҳоро ба ҳафт қисмат ҷудо намудам:
1.) Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қасд дошт, то бо огоҳ намудани мусалмонон аз вуқӯи чунин фитнаҳо ва ҷангҳое, ки миёни уммат рӯй хоҳанд дод, ононро дар ҷиҳати гирифтани беҳтарин роҳҳои ҳаллу фасли ин воқеаҳо тарбият ва омода кунанд.
2.) Дар ин ҳодисаҳо гоҳ ба афроде, ки сабаби шуълавар шудани оташи ин фитнаҳо ва ҷангҳо мешаванд, ишора шуда, ки дар ин миён дастаҳо ва гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки дар зоҳир комилан побанд ба дин ва ҳатто нисбат ба он муносибат бошанд, аммо дар воқеъ онҳо афроде ҳастанд, бехирад ва дур аз роҳи рост, ки тавони дарк кардани масоили муҳиммро надоранд. (2)
3.) Ин фитнаҳо тинати пасти мунофиқонро ба ҳамагон нишон медиҳанд ва қалбҳои муъминонро аз занги ғафлат ва сустӣ поку соф мегардонад. Имонашонро афзоиш дода, онҳоро барои барпо доштани ҳукми устувори амр ба маъруф ва наҳй аз мункар устувортар мекунад. Дар воқеъ дар чунин фитнаҳо имонҳо имтиҳон мешаванд, мардони майдони ҷиҳод шинохта мегарданд ва хайру фазилат ва зиёну залолат бар ҳамагон пайдо мешавад. (3)
4.) Ин ҳадисҳо мусалмононро аз ин масъала барҳазар медоранд, ки мабодо дасти худро ба ин фитнаҳо олуда кунанд, саҳоба низ чун хабари вуқӯи фитнаҳоро аз забони худи Набиӣ Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мешуниданд ва бохабар мешуданд, ки дар ҷараёни он воқеаҳо дастае аз онҳо ҳатто муртакиби қатл хоҳанд шуд, дастаи дигаре шефтаи моли дунё мешаванд, дастае ҳам аз ҷиҳод ва дифоъ аз ҳақ саркашӣ мекунанд, ногоҳ ба худ меомаданд ва худ гушзад мекарданд, ки мабодо ҷузви яке аз дастаҳо ва гурӯҳҳое шаванд, ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз онҳо барҳазар медошт ва бад-ин тартиб тарси аҷибе сар то пои вуҷудашонро фаро мегирифт, ки мабодо ба далели ғафлат дар гирдоби ин фитнаҳо гирифтор оянд ва ин дарси бисёр муҳимме аст, зеро тарс ва хавф дар ин навъи масъалаҳо беҳтарин роҳи наҷоти афрод аз афтодан дар доми фитнаҳо ва ҷору ҷанҷоли дунёпрарастон мебошад. (4) Ибни Таймия аз зикри чанд ҳадиси марфуъ, ки хабар аз вуқӯи фитнаҳо ва ҷангҳо миёни мусалмонон медиҳанд, чунин гуфтааст: Ин ҳадисҳое, ки аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нақл шудаанд хабар аз ҷангҳо ва ихтилофоте медиҳанд, ки миёни уммати ислом ба вуқуъ мепайванданд. Дар воқеъ Набиӣ Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қасд доштанд, то барҳазар доштани мусалмонон даргир шуданд дар он низоъҳо ва ихтилофот, роҳи наҷоти ҳар киро, ки Худованд хоҳад ба ӯ гушзад намояд. (5)
5.) Ин ҳадисҳо ба беҳтарин ва дақиқтарин шаклу усул роҳи наҷот аз он фитнаҳо ва ихтилофотро ба мусалмонон нишон додааст. Дар воқеъ инсон ҳар чанд ҳам, ки эҳтиёти лозимро риъоят мекунад, то аз хатарҳое, ки ӯро таҳдид мекунанд дар амон бимонад, бо вуҷуди ин гоҳ ба далели ин ки ин хатарҳо комилан мушаххас нестанд ва ё роҳҳои гирифтор шудан дар онҳо ошкор нест, ӯ қодир нест, ки моҳияти хатарҳо ва роҳҳои наҷот аз онро бишносад ва шояд бидуни ин ки худ бидонад, гирифтор ва даргири он хатарҳо ва таҳдидҳо шавад. (6)
6.) Дар сар то сари ин аҳодис, гоҳ омилҳо ва заминаҳо ва натиҷаҳо ва оқибатҳои ин фитнаҳо ва низ мавзеъҳое, ки мусалмонон бояд дар баробари онҳо бигиранд, баён шудааст ва ин худ омиле аст муассир, ки бо пайравӣ аз ин супоришҳо ва раҳнамудҳои ҳакимона метавон аз заминаҳои он фитнаҳо пешгирӣ намуд ва дар баробари ҳодисаҳо ва руйдодҳои онҳо мавзеъи дурустро гирифт. Ҳамчунин ин аҳодис ба мо имкон медиҳад, ки бо таҳаммул кардан дар натиҷаҳои ҳодисаҳо ва воқеаҳо, бардошт ва фаҳми дуруст аз онҳо ба даст оварда, як ҳукми боинсофона ва саҳеҳ дар мавриди онҳо баровард.
7.) Худи ин ҳадисҳо, гувоҳи дигаре аст бар ҳаққонияти рисолати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи васаллам). Дар воқеъ ин ҳадисҳо на танҳо сабаби афзоиши имони саҳобае шуд, ки ин ҳадисҳоро шунида ва солҳо баъд ба ҳақиқат пайвастани онҳоро ба чашм диданд, балки имони ҳар мусалмонеро дар ҳар замон ва маконе таҳти таъсири худ қарор медиҳанд ва он мусалмоне, ки ба рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) исбот мекунад, ки фитнаҳо ва ҷангҳое, ки уммат ба худ дидааст, Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарнҳо пеш хабар аз вуқӯи онҳо додааст. (7)
Доктор Абдулазиз Духон пас аз гирдоварии тадвини ҳадисҳое, ки дар робита бо вуқӯи моҷарои фитнаи қатли Усмон ибни Аффон (р) аст, дар китоби «Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ» ба мутолеа ва таҳқиқ дар онҳо пардохта, саҳеҳу заиф будани ҳар як аз онҳоро муайян намудаанд. Ӯ дар ҳамин китоб ва бо истинод ба аҳодиси саҳеҳ, натиҷаҳои сездаҳгонаи зерро аз онҳо баровардаанд:
- Фитна суннате аст, ки Худованди азза ва ҷалла дар тамоми умматҳо ҷорӣ намуда, то имон ва садоқати онҳоро имтиҳон кунад. Уммати ислом низ аз ин қоидаи собит, мустасно намебошад ва то дунё вуҷуд дорад ва боқист, Худованд онҳоро ба навъҳои фитнаҳои сахт ва ваҳшатзое, ки ҳеҷ кас наметавонад дар хилоли онҳо ҳақу ботил ва росту дурӯғро аз ҳам ҷудо кунад, меозмояд ва танҳо мардумоне аз ин фитнаҳо ва озмоишҳо наҷот меёбанд, ки худро аз гирифтор шудан дар онҳо ҳифз кунанд ва инҳо касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро ба нури илму маърифат ва силоҳи тақво муҷаҳҳаз намуда, аз хоби ғафлат ва ҷаҳл бедор карда, роҳи ҳақро ба онон нишон додааст. (8)
- Ин ҳадисҳо баён мекунад, ки ба яқин миёни мусалмонон ҷангу ихтилофҳо рух хоҳад дод чунон, ки миёни саҳоба ва тобеин ва дигар наслҳои уммати ислом чунин бархурдҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, аммо нуктаи муҳим ин ҷо ҳаст, ки мусалмонон бояд бо шинохти омилҳо ва заминаҳои пайдоиши ин фитнаҳо ва ҷангҳо талош намоянд ва ба ҷуброни зиёнҳо ва зарарҳо омодаги бубинанд, устувор бошанд, аз шуълавар шудани оташи ин фитнаҳо ва ҷангҳо дар сарзамини мусалмонон пешгирӣ ба амал оваранд ва набояд аз дур нишаста, танҳо тамошогари ин ҷангҳо ва ихтилофот ва зиёнҳое бошанд, ки ин ҳодисаҳо бар сари уммати ислом зиёнҳои бешумор меоваранд.
- Аз меҳрубониҳои Худованд нисбат ба ин уммат он аст, ки он Зоти ақдас ба тарзҳои мухталиф, гуноҳони уммати исломро дар ҳамин дунё маҳву нобуд мекунад. Худи ин фитнаҳо ва фитнаҳое, ки дар миёни уммат ба вуқуъ мепайванданд ва ҳамчунин тамоми мусибатҳо ва ранҷҳои дигар мисли зилзила ва ҳодисаҳои ғайри интизор низ кафоратҳои гуноҳон ва исиёни ин уммат мебошанд, ки Худованди мутаъол аз ин тариқ гуноҳони умматро маҳву нест мекунанд, то дар охират бо бори сабуктаре дар додгоҳи адли Илоҳӣ ҳозир шаванд.
- Дар чанд маврид аз ин аҳодис ба равшанӣ баён шудааст, ки зодгоҳи бештари ин фитнаҳо машриқи Ҷазиратул-араб мебошад, чунон, ки дар даврони саҳоба ва тобеин Куфа ва Басра маркази фитнаи Ҷамал буданд.
- Дар ҷараёни ин фитнаҳо мардум дини худро ба матои беарзиши дунё мефурӯшанд ва ин шаҳватҳо ва майлҳо ва шубҳаҳо ҳастанд, ки лаҷоми корашонро ба даст мегиранд ва дар ин миён мусалмонони ростин дар рафтор ва кирдори худ танҳову ғариб мешаванд. Дар воқеъ ҳар он кас, ки ба дини рост чанг занад ва ба он побанд бимонад, монанди касе аст, ки ахгари оташи сӯзонро ба даст мегирад ва бояд ранҷҳо ва талхиҳои бисёреро бичашад. Ин ҷавонмардон бо умеди расидан ба ризвони Илоҳӣ, машаққатҳо ва озор ва ранҷҳоеро, ки дар роҳи дини барҳақ аз нокасону разилони динситез мебинанд ба ҷону дил мехаранд ва дар баробари онҳо истодагарӣ аз худ нишон медиҳанд.
- Дар хилоли ин фитнаҳо ва ҷангҳо, Худованд дастае аз умматро аз гирифтор шудан дар ин гирдоб ва рехтани хуни дигар мусалмонон ҳифз мекунад. Ин тоифа талош мекунанд, ки равобити миёни мусалмононро беҳбуд бахшанд ва онҳоро ба ҳамон усул ва мабодии дурусти ислом, ки ҳамоно ваҳдат ва бародарӣ ва меҳрубонӣ ва раҳмати миёни ҳамдигар аст, фаро хонд. Бе шак ин мавзеи онҳо ва иқдомоти ислоҳгароёнаи онҳо дар он ҷору ҷанҷоли гурӯҳҳои даргир, ки ҳар як аз райи таҳаққуқи майлҳо ва орзӯҳои худ аст, як амре аст аҷиб ва шигифтангез, ки камтар касе ба он рӯ меоварад (9)
- Дар ҷараёни фитнаҳо забон нақши басо хатарноктар аз шамшер дорад. Дар бештари вақтҳо ин забон аст, ки бо баёни калимаҳои шароратангез, оташи кинаҳо ва нафратҳоро дар дилҳо шуълавар мекунад ва душманиҳои пинҳонро ошкор менамояд ва эҳсос ва отифаҳоро чунон таҳрик мекунад, ки фитнаҳои вайронгар, умматро гирифтори худ месозанд. (10)
- Дар тӯли ҷангҳо ва фитнаҳо, илм ва маърифат аз миёни мардум рахт бармебандад ва ин фоҷиа ба далелҳои мухталиф мисли марги уламо, сукут ва гӯшанишинии онон барои дар амон мондан аз фитнаҳо ва ё пушт кардани мардум ба онҳо воқеъ мешавад. Дар ин ҳол аст, ки мардум дар набуди уламо ва фарзонагон, афроди нодон ва ҷоҳилро ба раёсати худ интихоб мекунанд ва онҳо низ бо ҳамон ҷаҳли хеш худ ва мардумро ба гумроҳӣ ва бадабхтӣ мекашонанд. Ин фитнаҳо аст, ки рубоҳҳо шер мешаванд ва аблаҳон ба раисӣ ва раҳбарӣ ва иззату эҳтиром даст меёбанд. (11)
- Дар ин аҳодис, Худованд ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ин замонатро медиҳад, ки уммати ӯ (салаллоҳу алайҳи васаллам )-ро бо ҳодисаҳои мисли хушксолӣ ва беморӣ аз миён намебарад ва нахоҳад гузошт, ки душманонаш ҳарчанд қудратманд ва пешрафта бошанд ҳам ҳамеша бар онҳо ғолиб ва пирӯз бимонанд, аммо ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) эълон намуд, ки уммати ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз хатари ихтилофот ва фитнаҳо дар амон набуда, ҳамеша даргири онҳо хоҳанд буд. Дар воқеъ ҳамин ихтилофот ва низоъҳои миёни мусалмонон, ки сабаи заиф шудан ва аз байн рафтани тавон ва нерӯҳояшон мешавад, танҳо роҳест, ки душманони ислом ва муслимин метавонанд аз тариқи он бар уммати ислом пирӯз шаванд ва муқаддарот ва сарнавишти онро дар дасти худ гиранд ва ин хорӣ аз миён намеравад то он ки мусалмонон бо ваҳдати худ ва бозгашти дубора ба шараит қудрати худро бори дигар ба даст бигиранд. (12)
- Ин фитнаҳо сабаб мешаванд фирқаҳо ва дастаҳои мунҳарифи зиёде пайдо шаванд ва бозори гумроҳон ва аҳли ботил гарм шавад.
- Бар асари ин фитнаҳо ахлоқи мардум тағйир мекунад ва фазилатҳо аз миён мераванд, мардум дигар майле ба анҷоми амалҳои нек ва хайрхоҳона надоранд ва душмани дар камин истодаи кинатуз ва ҳасудии онҳо ривоҷ пайдо мекунад ин ҷо ҳақ ва ботил ва росту дурӯғ ба ҳам омехта мешаванд.
- Дар ин ҳадисҳо баён шудааст, ки пеш аз вуқӯи ин фитнаҳо оромиш, амният, рифоҳ ва осоиши фарогир мардумро дар бар мегирад ба тавре, ки ҳеҷ кас дар тӯли мусофират аз ҳеҷ чизе эҳсоси хатар намекунад. Ҳол агар дар таърихи ислом хуб бингарем мебинем, ки дар аҳди Усмон (р) низ мардум дар амният, оромиш ва сарвату рифоҳ ба сар мебурданд, то он ки фитна оғоз шуд ва ташаннуҷ сарзамини мусалмононро дар ҳам шикаст ва он амнияту рифоҳ ҷои худро ба тарсу ҷангу фақр дод.
- Дар ҷараёни фитнаҳо ва ҷангҳо бузургон ва фарзонагони ҷомеъа аз миён мераванд ва афроди нодон ва камхирад, ки қодир ба ташхиси хайр ва салоҳи мардум нестанд, ҷои онҳоро мегиранд… (13)
Ин нақд идома дорад ва дар мақолаи баъдӣ “На ҳама ривоятҳои таърихӣ саҳеҳанд” (боз ҳам Усмон ибни Аффон (р)), нақл мешавад.
Манобеъ:
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. –с. 86.
- Муҳаммад Абузаҳра. Алваҳдатул-исломияти. -с.137.
- Муҳаммад Абузаҳра. Алваҳдатул-исломияти.- с.136-137.
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. –с.69.
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. -с. 70.
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил -ҳараҷ . – с. 70.
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. –с. 70.
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ с. 345.
- Аҳдос ва аҳдосу фитнатил-ҳараҷ. –с. 346-348.
- Аҳдос – ва аҳдосул фитнатил-хараҷ.- с. 348.
- Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ.
- Аҳдос ва аҳдосу фитнатил-ҳараҷ. -с. 348.
- Аҳдос ва аҳдосу фитнатил-ҳараҷ. -с. 348.