Санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти Олмон, бо ибтикори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунад, гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор мешавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо нашри як эъломия дар торнамои расмияш имрӯз 3.12. 2018 дар ин бора хабар додааст.
Дар эъломия гуфта мешавад, ки “Дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд, ба иҷро расонад”.
КШНГЗСТ дар ин эъломия аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки феҳристи комили ҳамаи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақми 3/3 Хуҷандро нашр кунанд.
“Мо дархост мекунем, то ҳамаи омилони ин ҷиноят ва афроде, ки дастури қатли инсонҳои ғайримусаллаҳро додаанд муҷозот шаванд”. – омадааст дар эъломия.
Илова бар ин КШНГЗСТ аз созмонҳои байналмилалӣ талаб кардааст, ки дар ҳаллу фасли ҳодисаи хунини 7 ноябр дар зиндони Хуҷанд саҳми худро гузоранд:
“Мо аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, то аз мақомоти тоҷик дархост намоянд, ки гузориши комил дар бораи ин парванда ва ин ки чӣ касоне дар ин ҷинояти зидди башарӣ гуноҳкор буданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот гардиданд, ироа кунанд”.
Дар идомаи эъломияи КШНГЗСТ нисбати кӯмакҳои молии кишварҳои аврупоӣ ба ҳукумати Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфта шудааст, ки “кӯмакҳое, ки барои таҳкими демукросӣ ва барқарории амният дода мешаванд, аммо ҳукумат онро дар саркӯби опозистсия ва дигарандешон сарф мекунад”.
“Мо аз шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост менамоем, то кӯмакҳои иқтисодӣ ва молии худ ба режими Эмомалӣ Раҳмонро қатъ кунанд; кӯмакҳое, ки барои таҳкими демукросӣ ва барқарории амният дода мешаванд, аммо ҳукумат онро дар саркӯби опозистсия ва дигарандешон сарф мекунад”.
Дар охир КШНГЗСТ аз ҳамаи тоҷикистониёни муқими Аврупо, ҳизбҳо, ҷунбишҳо ва алоқамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон хоҳиш кардааст, ки “бо иштирок дар ин гирдиҳамоӣ, саҳми худро дар раҳоии зиндониёни сиёсӣ бигузоранд”.
Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири кулли Пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва динии Ислоҳ, ки масъулияти бахши расонавии ин Кумитаро ба ӯҳда дорад, қайд кард, ки барои баргузории ин тазоҳурот омодагии ҷиддӣ дида шудааст.
“Аз рӯзе, ки мӯҳлати ба Тоҷикистон додаи дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: Зайд Саидов,Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров ба поён расиду ҳукумат онҳоро аз зиндон озод накард, мо ба ин натиҷа расидем, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ тасмимеро бо роҳи гуманистӣ ва мардумсолорӣ гирифтанӣ нест”.
Ӯ афзуд: “Тасмими баргузории тазоҳурот баъди ба ин натиҷа расидан гирифта шуд ва мо омодагии ҷиддии худро дида истодем. Гуфтушунидҳо бо аҳзоби сиёсии мухолифин ва шахсони алоҳида ҷиҳати иштироки онҳо дар тазоҳурот идома дорад. Аллакай шумораи зиёде аз фаъолони сиёсӣ омодагияшонро барои ширкат дар тазоҳурот изҳор кардаанд”.