Манзалати асҳоб (раз) аз назари аҳли байт (раз)
Ба хотири ин мадҳи пурбаракати Қуръон аз асҳоби Паёмбари акрам (с) муждаи бисёр бузурге додаанд ба касе, ки бо асҳоб ҳамаср шуда ва ё яке аз онҳоро дида бошад. Паёмбар (с) мефармоянд:
«Хушо ба ҳоли касе, ки маро дидааст ва ё бинандагони моро дидааст ва ё бинадагони маро дидааст».
Худованд ҳазрати амирулмўъминин Алӣ (р)-ро подоши некў диҳад, ки бародарони саҳобии хешро бисёр нек мешинохт. Баъд аз ин ки аҳли Куфаро озмуд ва дид, ки чӣ гуна эшонро танҳо гузоштанд ва ба ваъдаҳои худ амал накардаанд, дар ҳоле, ки онҳоро ба ваъдаҳояшон ёдовар мешуд ва асҳоби Паёмбар (с) месутуд ва мефармуд:
«Ман асҳоби Паёмбар (с)-ро дидаам дар миёни шумо намебинам касеро, ки ҳамонанди эшон бошад. Онон рўзҳо жўлидамўй ва ғуборолуд буданд (дар асари ҳузури маъракаи ҷиҳод ва қитоли фи сабилиллоҳ) ва шабҳо ё дар саҷда буданд ва ё дар қиём. Гоҳ чеҳра ба замин мемолиданд ва гоҳ пешонӣ, чун сухани маъодашон ба гўш мерасид, гўё пой дар оташ доранд ва дар асари саҷдаҳои тўлонӣ пешониҳояшон чун зонуҳои буз пина баста буд ва ба ҳангоми шунидани ёде аз Худо ашки чашмонашон гиребонҳояшонро тар мекард. Аз тарси азоб ва умеди савоб бар худ меларзиданд, он сон ки дарахт дар рўзи тўфонӣ ва боднок меларзад».
Ҳазрати Алӣ (р) ҳоли хеш ва асҳоби Паёмбар (с)-ро ва ришодат ва ҷавонмардияшонро дар баробари душман дар вақти ҷанги данин васф мекунад:
«Мо дар майдони корзор бо Расули Худо (с) будем. Падарон, писарон, бародарон ва амакҳои хешро ба хотири дин мекуштем ва ин кор ҷуз бар имони мо намеафзуд. Дар роҳи рост побарҷо будем, дар сахтиҳо шикебо ва дар ҷиҳод бо душман кушо. Гоҳ фарде аз мо ва аз душман ду гови нар, сару тани ҳамро мегирифтанд ва ҳар як мекўшид, ҷоми маргро ба дигари бинўшонад. Гоҳ пирўз аз они мо буд ва гоҳ аз они душман. Чун Худованд сидқро дар мо дид, душмани моро хор сохт ва парчами пирўзиро ба мо ато кард. Ба гунае, ки парчами Ислом дар ҳар шаҳр ва диёр барафрошта шуд ва ҳукумати Ислом ҷорӣ гардид. Ба ҷонам савганд, агар рафтори мо ҳамонанди шумо буд, на сутуни дин барҷо буд ва на дарахти имон шодоб.
Савганд ба Худо, ки аз ин пас хун хоҳед хўрд ва пушаймонӣ хоҳед бурд».
Ҳамин шеваи некў ва роҳи ростро силсилаи мубораки аҳли байт (р.ҳ) дар мадҳ ва санои некў аз дўстон ва рафиқони Алӣ (р) аз асҳоби Паёмбар (с) пеш гирифтанд.
Ба ниёиши зебои Имом Алӣ ибни Ҳусайн Зайнул-Обидин (р.ҳ), ки дар намози хеш барои асҳоби ҷаддаш дуъо мекунад, гўш фаро медиҳем, ки мефармояд:
«Бор Илоҳо, асҳоби Муҳаммад (с)-ро ба таври хос мавриди иноят ва таваҷҷўҳат қарор бидеҳ, ҳамон касоне, ки беҳтарин шеваро дар ҳамнишини бо Паёмбар (с) дошта ва болотарин озмоишҳоро дар роҳи ёрии ўба муваффақият гузаронидаанд. Вайро ҳимоят карда ва бо шитоб ба ҳузури ў мушарраф шуданд. Занону фарзандонашонро дар роҳи изҳори динашон раҳо карданд, бо падарон ва писарони беимони худ ва дар ҷиҳати устуворӣ ва нусрати амри нубувват ба мубориза бархостанд. Касоне, ки ба хотири муҳаббати ў гирди ҳам омада ва тиҷорати пурсудеро дар муҳаббати ў хоҳон буданд. Худовандо! Асҳоби Паёмбар (с) касоне буданд, ки қабилаҳои араб онҳоро аз кошонаи хеш берун карданд, ба ҷурми ин ки ба ресмони нубувват овезон шуда буданд ва ба ҳамин хотир равобити хешовандиро аз ҳам гусастанд ва дар зери сояи хешовандии Муҳаммад (с) даромаданд. Пас Бор Илоҳо! Он чиро ки барои ту ва дар роҳи ту раҳо карданд, фаромўш макун ва бо ато аз ризвони хеш хушнудашон соз.
Чаро, ки ҳамроҳи Паёмбари (с) Ту ва барои Ту ва ба сўйи Ту даъват мекарданд. Онҳоро ба хотири тарк кардани сарзамини аҷдодашон ва пазируфтани зиндагии сахт ба ҷои зиндагии осуда ва хуруҷ аз ҷамъи бисёр ва зиёд ба сўйи ҷамъи мазлум ва кам, подоши некў ато бифармо. Худовандо! Ба пайравони некравиши онҳо низ, ки мегўянд:
«Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегўянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!».
(Сураи Ҳашр, ояти 10)
«Беҳтарин подошҳоро иноят кун ба касоне, ки қасдашон расидан ба мақоми онҳост ва дар масири онҳо ва бо шамоили онҳо дар ҳаракатанд. Ҳеҷ шакке дар ибниши онон вуҷуд надошта ва дар паймудани масири табаъийяти онҳо ва пешво қарор доданашон монеъе эҷод накардааст. Ҳомӣ ва пуштибони асҳобанд ва ба ойини онҳо диндорӣ мекунанд, аз ҳидояти онҳо пайравӣ карда ва дар мавриди онҳо ҳамназар ва ҳамқавланд ва иттиҳоме дар кирдори онҳо намезананд. Бор Худоё!! Бар табиъин аз имрўз то қиёмат ва бар завҷаҳо ва авлоди онҳо ва ҳар кас аз онҳо, ки дар итоъат ва пирўзии ту ҳастанд, дуруде чунон фирист, ки онҳоро аз хатари маъсият муҳофизат карда ва ҷои васеъеро барои онҳо дар биҳишт муқаррар намуда ва аз макру ҳиллаи шайтон дар амон нигоҳ дорад».
Имом Содиқ (раҳ)аз тариқи аҷдодаш аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят кардааст, ки фармуд:
«Шуморо ба эҳтиром ва икроми асҳоби Паёмбар (с) супориш мекунам, мабодо дашномашон диҳед, онҳо касоне буданд, ки пас аз Паёмбар (с) бидъате дар дин падид наёварданд ва аз ҳеҷ бидъате ҳимоят накарданд ва Паёмбар (с) ба рафтори некў дар қиболи онҳо супориш намудааст».
Равшан аст, ки вуҷуди Набии мукаррам (с) барои аҳли ин кураи хокӣ хайр ва баракат аст. Пас шогирдон ва дастпарвардаҳои эшон низ ҳамин гунаанд; зеро дар табиъят ва пайравӣ аз дастуроти эшон комилан побарҷо ва ўҳдадор буданд ва ин нишонаи азамати шаън ва мақоми онҳост. Ва ба ҳамин хотир дуъои хайри онҳо барои уммат назди Худованд пазируфта шудааст.
Мўсо ибни Ҷаъфар(р) аз Паёмбар (с) ривоят кардааст:
«Ман мавриди эътимод ва такягоҳи асҳоби хеш ҳастам ва пас аз вафоти ман он чи, ки ба онҳо ваъда дода шудааст, таҳаққуқ меёбад. Сипас асҳоби ман такягоҳи уммати ман хоҳанд буд ва бо сипарӣ шудани даврони онҳо ваъдаҳои додашуда ба уммат таҳаққуқ меёбад ва то замоне, ки дар миёни уммати ман яке аз саҳобаи ман вуҷуд дошта бошад, ин дин бар тамоми динҳои дигар зоҳир ва пирўз хоҳад буд».
Дар ривояти дигар аз Мўсо ибни Ҷаъфар ва эшон аз аҷдодаш ривоят кардаанд ва онҳо низ аз Паёмбар (с), ки фармуданд:
«Қарнҳое, ки уммати ман дар онҳо хоҳанд зист, чаҳор қарн хоҳад буд. Беҳатарин онҳо қарне аст, ки ман дар он ба сар мебарам. Сипас қарни дуввум ва он гоҳ саввум ва ба ҳангоми қарни чаҳорум мардон бо мардон ва занон бо занон рў ба рў шуда ва робита барқарор мекунанд (манзур ин аст, ки равобити дурусти хешовандӣ ва завҷият аз миён меравад) ва дар асари ин ҳолат Худованд нури ҳидояти китоби хешро аз синаи банни Одам мегирад ва боди сиёҳи азобро мефиристад ва тамоми инсонҳоро қабзи рўҳ карда ва ҷуз худи вай касе боқӣ намемонад».
Паёмбар (с) барои ҷонишини ояндаи хеш дуъои хайр ва раҳмат кардааст. Ҳарчанд шахси хосеро ошкоро барои пешвоии уммат таъйин нафармуда ва фақат инро баён намуда, ки он шахс равиши зиндагии хешро бар асоси таълимоти Ислом ва равиши Паёмбар (с) танзим мекунад. Ин набудани ошкоргўӣ дар таъйини шахси хос, раҳнамудест барои эътибори шахсе, ки асҳоб дар мавриди ў иттифоқи назар хоҳанд дошт.
Дар ин маврид ҳазрати Ризо (раҳ) аз аҷдодаш ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) фармуданд:
«Худовандо! Ҷонишинони маро мавриди раҳмати хеш қарор бидеҳ ва се бор ин дуъоро такрор фармуд».
Пурсиданд:
– Эй Паёмбари Худо (с), ҷонишинони шумо чӣ касоне ҳастанд? Фармуд: «Касоне, ки пас аз ман меоянд ва ҳадисҳо ва суннати маро барои мардумон ривоят мекунанд ва ба мардумони баъд аз ман таҳвил медиҳанд».
Ба хотири ин мақоми баланд ва манзалати воло аст, ки ҳазрати Мўсо (а) орзу мекунад, ки ононро бубинад.
Аммо Ризо (р.ҳ.) дар ин бора фармудааст:
– Он гоҳ, ки Худованди азза ва ҷалла Мўсо ибни Имронро баргузид ва наҷотдиҳандаи қавмаш қарор дод ва баҳри Нилро барояш шикофт ва банни Исроилро раҳо сохт ва Таврот ва саҳифаҳои дигарро ба ў ато кард, мақом ва мартабаи хешро назди Худованд мушоҳида кард (ва ба азамати мақоми аҳли байт низ пай бурд) ба Худованд гуфт:
– Эй Худои ман, агар оли Муҳаммад (с) он гунаанд (ки бар тамоми оли дигар анбиё бартанд), оё дар миёни асҳоби дигар Паёмбарон (а) касе ҳаст, ки монади асҳоби ман бошад? Худованди азза ва ҷалла фармуд:
«Эй Мўсо, оё намедонӣ, ки фазли асҳоби Муҳаммад (с) бар ёрони дигар паёмбарон ҳамонанди фазл ва бартарии оли Муҳаммад (с) бар оли Паёмбарони дигар ва монанди фазл ва бартарии худи Муҳаммад (с) бар дигар анбиё аст». Мўсо (а) гуфт:
– Худовандо! Кош онҳоро медидам! Худованд ваҳй фиристод, ки:
«Эй Мўсо, онҳоро ҳаргиз дар ин дунё нахоҳӣ дид, зеро даврони зуҳури онҳо фаро нарасидааст, аммо дар боғҳои биҳишт ва дар ҷаннати адн ва фирдавс ва дар ҳузури Муҳаммад (с) ва дар ҳоле, ки ғарқ дар неъмат ва лаззатҳо ва хайрати биҳиштанд, онҳоро хоҳӣ дид».
Тарҳи бархе суолҳо
Агар шахсе бипурсад, ки чӣ чизе сабаб шудааст, ки асҳоб ба чунин марҳилае аз маҳбубият ва сано ва рутбаи олӣ дар назди аҳли байт бирасанд?
Дар ҷавоб мегўем, ривоятҳои зиёде аз аҳли байт омадааст, ки далолат бар ахлоқ ва адаби воло ва каримона ва эҳтиром ва тақдири бисёр зид ва некўи онҳо аз Паёмбар (с), ки худ баёнгари муҳаббат ва ишқи саршори онҳо ба Паёмбари акрам (с) аст.
Аллома Маҷлисӣ дар «Баҳору-л- анвар» аз китоби «Аш-шифо»-и Қозӣ Аёз дар мавриди шеваи некўи асҳоб дар бузургдошт ва эҳтироми Паёмбар (с) ривоятеро аз Усома писари Шурайк ривоят кардааст, ки ў гуфт:
– Ба назди Паёмбар (с) рафтам, дидам асҳоби ў чунон муаддабона дар ҳузури ў нишаста буданд, ки гўё рўи сари ҳар кадом паррандае нишастааст (яъне тамоми ҳушу хаёлашон ба Паёмбари акрам (с) буд).
Аллома Маҷлисӣ ривояти зебои дигаре нақл мекунад, ки дар Ом-ул-қазия (як сол баъд аз сулҳи Ҳудайбияро гўянд), тибқи тасмими Қурайш, Урва писари Масъуд ба назди Паёмбар (с) рафт (то бо ў гуфтугў кунад). Аммо ҳангоме, ки назди эшон омад ва бархўрди асҳоб ва ёронашро дар таъзим ва бузургдошти ў дид бисёр ҳайратзада шуд. Ў дид, ки асҳоби Муҳаммад (с) ҳангоми вузу барои дарёфти қатраҳои обе, ки аз вуҷуди муборакии ў мечакид, ба суръат мешитофтанд ва гоҳе корашон ба низоъ мекашид ва ҳар гоҳ оби даҳони муборакро дур меандохт ва ё қасди сурфа кардан ва соф кардани синаашро дошт, бо дастони хеш онро гирифта ва бар чеҳра ва дигар аъзои бадани худ мемолиданд ва ё агар тори мўе аз вуҷуди мубораки эшон мерехт, ба суръат барои гирифтани он мешитофтанд.
Ҳар гоҳ ба коре ононро амр мекард, зуд аз пайи иҷрои он мешуданд. Агар сухане аз забони эшон ҷорӣ мешуд дар ниҳояти сукут ва оромиш буданд ва аз зиёдии таъзим ва қадрдонӣ ба чеҳраи ў наменигаристанд. Урва бо дидани чунин ҳолатҳо ва манзарҳо ба ҳангоми бозгашт ба назди Қурайш чизе натавонист бигўяд, ҷуз ин ки:
– Эй тоифаи Қурайш, медонед, ки ман Кисроро дар боргоҳаш дидам. Ҳамин тавр Қайсари Рум ва Наҷошӣ подшоҳи Ҳабашаро. Аммо ба Худо савганд, ҳеҷ подшоҳеро дар миёни қавмаш ба монади азамати Муҳаммад (с) дар миёни асҳобаш надидам.
Аммо каромати волои асҳоб бартар аз ин аст, ки Аллома Маҷлисӣ ба ин миқдор қаноъат кунад ва боз аз Анас (р) ривоят мекунад, ки :
– Паёмбар (с)-ро дар ҳоле, ки сартарош сарашро метарошид, дидам ва асҳоби эшон дар атрофи ў буданд. Онҳо дар талош буданд, ки ҳеҷ мўе аз сари Паёмбари акрам (с) поин наафтод, магар ин ки дар дастони яке аз онҳо бошад.
Дар ҳадиси Қайла омадааст:
– Ҳангоме, ки Паёмбар (с)-ро дар ҳолати қурфусоъ нишаста (бар болишт нишаста ва шикам ба ронҳояш часпонида ва ду дасташро ба даври пойҳояш ҳалқа карда буд) дидам, аз муддати хавф ва ҳайбат ва виқори ҳазраташ ларза бар тамоми андомам афтод.
Дар ҳадиси Муғира омадааст, ки :
– Асҳоби Паёмбар (с) ба хотири риояти адаб ва эҳтиром, дари хонаи эшонро бо нохунҳои худ мезаданд.
Бароъ ибни Озиб (р) мегўяд:
– Мехостам дар мавриди масъалае аз Паёмбари акрам (с) суол кунам, аммо ба хотири ҳайбати эшон ва шарму ҳаё, чанд сол онро ба таъхир андохтам…
Қозӣ Аёз мегўяд:
– Бидон, ки эҳтиром ва таъзими Паёмбар (с)(манзур аз таъзим бузургдошт ,эҳтиром аст) ҳамон гуна, ки дар қайди ҳаёт буданд, баъд аз вафоти эшон низ лозим аст. Изҳори эҳтиром ва қадрдонӣ, ҳангоме, ки аз эшон ёд шавад ва ё ҳадисе ривоят гардид ва ҳангоми шунидани номи муборакашон ва дуруд фиристодан бар эшон ва баёни шарҳи сирати муборакашон ва ҳамчунин муъомилаи мўҳтарамона ба аҳли байт ва ба некӣ аз онон ёд кардан ва таҷлил ва қадрдонӣ аз асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз нишонаҳои эҳтироми эшон аст.
Оё ҳаргиз мисли ин таъзим ва эҳтиром шунидаед ва ёд дидаед? Равшан аст, ки инҳо ҳама нишонаи муҳаббати зиёди асҳоб ба Паёмбари акрам (с) аст.