Муъовия ибни Абусуфён (раз) дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб (раз)

Ислоҳ нет

Муъовия ибни Абусуфён (раз) дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб (раз)

(бахши чаҳорум)

Даъват ба таҳким.

Ҳоли ҳарду лашкар ба ҷое расид, ки дигар мадори ҷангидани беш аз инро надоштанд. Он шаби нафратшуда сардори қабилаи Кинда Ашъас ибни Қайс ба ҳамроҳон ва ёрони худ хитоб карда гуфт: Эй мусалмонон он чи, ки дирӯз гузашт дидед, ки чӣ тавр араб зоеъ шуд. Ман бо ин синни бузургсолиам чунин ҳодисаро надида будам. Ҳама огоҳ бошед, ки агар мо ба ин задухурд хотима надиҳем, ҳамагӣ фано хоҳем шуд. Ман аз набардҳо ҳаросе надорам, вале аз занону кӯдакон ва оқибати онҳо парешонхотирам. Худоё, Ту худ медонӣ, ки ман ба ҳоли қавм ва ҳамдинони худ назар кардам ва дар пайи ислоҳи он кӯшидам. (1)

Чун хабари хитоби Ашъасро Муъовия (раз) шунид онро писандид ва амр намуд, то нусхаҳои Қуръонро ба нӯги шамшерҳо бибанданд. (2) Ин ривояти Ироқӣ аст, ки зикри найрангу фиреби Амр ибни Ос дар он нест, балки танҳо иродаи холиси ҳарду гурӯҳ барои ҳифзу сиёнати хуни мусалмонҳо ва қувваҳои боқимондаи эшон аст. Ин амр хоинон ва иғвогаронро, ки тарафдори шикасти уммати исломӣ буданд ва мехостанд ҷангу хунрезӣ идома ёбад, писанд наомад, бинобар ин ривоятҳои бофтаву беасоси зиёдеро паҳн карданд, ки ҳақро ботил нишон медиҳад ва ташаббуси некеро, ки барои ҳифзи уммати мусалмон сурат гирифта, аз қабили даъват ба ҳакам қарор додани Қуръон, онро хиёнату макр ҷилва медиҳанд. (3) Ин тоифа мардум суханони бардурӯғеро ба амирулмуъминин Алӣ (раз) нисбат медиҳанд, ки хилофи ривоятҳои саҳеҳ аст. Гӯё ӯ гуфта бошад: Эшон Қуръонро набардошта ва намебардоранд ва ба ончи Қуръон мефармояд амал намекунанд. Онро ба хотири фиребу найранг бардоштаанд. (4)

Онҳо суханони қабеҳи зиёде гуфтаанд. Аз ҷумла дар мавриди бардоштани Қуръонҳо чунин гуфтаанд: Ин машварати писари зани зинокор аст. (5) Инчунин доираи таблиғоти зидди Амр ибни Осро иддае аз душманони саҳоба чунон васеъ кардаанд, ки аз китобҳои
таърихӣ ҳар китоберо бубинӣ аз камбудиҳои Амр (раз) мегӯяд. Ибни Асир, Табарӣ ва ғайри эшон ин хабарҳоро нақл кардаанд ва бо ин корашон дар ташвиҳи ҳақиқатҳои таърихӣ саҳм гузоштаанд. Ривояти Абӯмихнаф фарз мекунад, ки Алӣ (раз) таҳкими Қуръонро рад намуд ва баъд аз фишор аз тарафи қориҳо, ки баъдан чун хавориҷ шинохта шуданд, онро қабул намуд. (6) Дар он ривоят аст, ки Алӣ (раз) ҳазрати Муъовияро бо ёронаш дашном додааст. Чунин суханони нолоиқро дар шаъни он насл гуфтан дуруст нест, пас чӣ тавр онро ба сарварони эшон нисбат диҳем. Чунин ривоят дар баробари ривоятҳои дуруст боқӣ ва собит монда наметавонад, мисли ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал аз тариқи Ҳабиб ибни Абӯсобит, ки мегӯяд: Ман ба назди Абӯвоил, ки яке аз дашкариёни Алӣ (раз) дар ҷанги Сиффин буд, омадам. Ӯ гуфт: Дар ҷанги Сиффин будем, вақте ҷанг ва куштори аҳли Шом зиёд шуд бо машварати Ибни Ос даъват ба ҳакамияти Қуръон сурат гирифт. Амр ибни Ос (раз) ба Муъовия (раз) машварат дод, ки ба дасти нафаре барои Алӣ (раз) мусҳафе фиристад ва ӯро ба ҳакам қарор додани Қуръон дар байни ду тарафи даргир фаро хонад ва боварӣ аст, ки Алӣ (раз) ин корро мепазирад. Ва чун намояндаи Муъовия (раз) бо мусҳафе ба назди Алӣ (раз) омад ва гуфт, ки пешниҳод шудааст, ки миёнамон Қуръон дар мавриди масъалаи наздамон қарор дошта ҳукм кунад, чунки Худои субҳон мефармояд:

«Оё ононро, ки аз Китоб баҳрае ёфта буданд надидӣ, ки чун даъват шуданд китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, гурӯҳе аз онҳо баргашта ва рӯйгардонӣ мекарданд?» (Сураи Оли Имрон, ояти 23).

Алӣ (раз) ин пешниҳодро пазируфт ва гуфт: Ман авлотар ҳастам ба ин амр. Пас қориҳо, ки баъдтар хавориҷ ном гирифтанд шамшерҳояшонро ба гарданҳояшон овехта, аз Алӣ (раз) пурсиданд: Эй амиралмуъминин! Оё ба сӯи эшон намеравем, то Худованд байни мову онҳо ҳукм кунад, яъне ҷониби ҳақ ғолиб ояд? Саҳл ибни Ҳунайф аз ҷой бархоста, мардумро хитоб кард, ки каме дурандешӣ намоянд. Ӯ гуфт: Дар сулҳи Ҳудайбия бо Паёмбар (с) будем. Агар бо мо меҷангиданд меҷангидем. Ин сулҳи бо бо мушрикин буд. Баъд аз он аз мухолифати Умар (раз) нисбати сулҳи рӯзи Ҳудайбия ва нозил шудани сураи Фатҳ ёдовар шуд. Пас Алӣ (раз) гуфт: Эй мардум ин худ фатҳ аст ва пешниҳодро пазируфта, баргашт ва мардум низ баргаштанд. (7)

Саҳл ибни Ҳунайф аз касоне, ки ба идомаи задухурд розӣ буданд изҳори норозигӣ карда, гуфт: Эй мардум! Нагузоред, ки фикратон бар динатон ғолиб ояд. (8) Барои онҳо баён намуд, ки ҳеҷ роҳи бозгаште аз гуфтушунид ва сулҳ беҳтар нест, зеро ҷуз ин ҳар чи ҳаст фитна аст, ки фарҷомаш норушан аст. Ӯ гуфт: Агар шамшер ба замин нагузорем, ҳаргиз ба хотимаи нек нахоҳем расид ва адовату интиқомҷӯӣ доман хоҳад зад, ки роҳи ҳалли он аз идораи мо берун мегардад. (9)
Дар ин ривоятҳои саҳеҳ радди возеҳе аст ба фитнаангезон ва душманони саҳоба, ки хабарҳои бардурӯғро ба саҳоба нисбат дода даъво мекунанд, ки гӯё эшон тарафдори давом ёфтани ҷанг будаанд ва фитнаангезон бо ин роҳ мехоҳанд фитнаангезӣ намоянд. (10) Даъват ба таҳкими Қуръон бидуни даъвои таслими қотилони Усмон ба Муъовия (раз) ва қабули таҳким бидуни таъкид ба дохил шудани Муъовия (раз) дар тоъати Алӣ (раз) ва байъат бо ӯ пешравиест, ки ҳодисаҳои ҷанги Сиффин боъиси он гардид. Куштори зиёд дар ин ҷанг мардумро ба ин водошт, ки ҳамагӣ тарафдори қатъ гардидани ҷангу хунрезӣ ва ҳифзи қуввату шавкати уммат шаванд. (11)

Амирулмӯъминин Алӣ (раз) қатъ намудани задухурдро дар Сиффин қабул намуда, ба таҳким розӣ шуд ва онро фатҳ ҳисобид ва ба Куфа баргашт. (12) Ӯ ба ин таҳким умед баст, ки хилофу душманиро аз байн хоҳад бурд ва иттиҳоди умматро ба бор хоҳад овард.
Барои расидани тарафҳо ба андеша оид ба таҳким ва қабули он чанд омил вуҷуд дошт:

1. Ин охирин кӯшиш барои қатъи хунрезӣ буд, баробар аст, ки кӯшиши ҷамъиятӣ буд ё фардӣ, ки баъд аз ҷанги Ҷамал сурат гирифт, вале бенатиҷа. Аммо табодули номаҳо миёни тарафайн низ фоидае надод. Охирин нома ҳангоми авҷ гирифтани задухурд, номаи Муъовия (раз) ба Алӣ (раз) буд, ки талаби мутаваққиф сохтани ҷанг ва сулҳ намудан мекард.(13)

2. Куштор ва хунрезии зиёд, ки хавфи нобудиро ба миён овард. Пас
даъват ба қатъи ҷанг матлабе гашт, ки ҳама моил ба он буданд.

3. Малолате аз ҷанги зиёд ба ҳама мардум расида буд, ҳатто ҳама мунтазири шунидани ин овоз буданд. Бештари лашкариёни Алӣ (раз) тарафдори сулҳ буданд ва бо худ мегуфтанд: Задухурд, агар аз он даст набардорем моро ба фано мекашад.(14) Ин ҳақиқати баёншуда даъвоеро, ки гӯё баланд кардани Қуръонҳо макру фиреби Амр ибни Ос буд аз байн мебарад. Ҳақ ин аст, ки андешаи баланд кардани Қуръон дар ҷанги Ҷамал низ сурат гирифта буд ва ин кори нав ва ташаббуси Амр ибни Ос (раз) набуд, балки мусҳаф дар ҷанги «Ҷамал» ҳам бардошта шуд ва бардорандаи он Каъб ибни Сур, Қозии Басра буд, ки бо тири найза кушта шуд.

4. Истиҷобат ба ваҳй, ки ба ислоҳ мехонад. Худои пок дар ин замина мефармояд:
«Ва чун дар коре ихтилоф кардед, ба Худову паёмбар руҷуъ кунед». (Сураи Нисо, ояти 59)

Суханони Алӣ (раз) таъйидкунандаи итоат аз ин дастур аст, ки дар мавриди пешниҳоди таҳким гуфт: Бале, ман ба ин авлотарам. Бигузор миёни мову шумо Китоби Худо, ҳакам қарор гирад.(15)
Кушта шудани Аммор ибни Ёсир ва таъсираш ба мусалмонон.
Ҳадиси Паёмбар (с) дар мавриди Аммор (раз), ки фармуд: «Гурӯҳи боғӣ туро мекушад», (16) аз аҳодиси саҳеҳ ва собит ба шумор меравад. Куштавии Аммор (раз) дар набарди Сиффин таъсир гузошт. Ӯ ливо ва парчами назоратӣ барои дарёфти тарафи ҳақ барои асҳоби Паёмбар (с) буд, ки ҳарҷо мерафт дунболаш мерафтанд. Ҳузайма ибни Собит (раз) дар Сиффин ҳозир буд, лекин намеҷангид ва чун кушташавии ҳазрати Амморро дид бар зидди шомиҳо ҷангид, то ки кушта шуд,(17) зеро ӯ ҳадиси ҳазрати Паёмбарро, ки фармуда буд: «ӯро гурӯҳи боғиҳо мекушанд»,(18) шунида буд. Кушташавии Аммор (раз) дар лашкариёни Муъовия (раз) низ таъсир гузошт. Вақте Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос барои падараш кушташавии Амморро аз тарафи шомиён ва ҳадиси ҳазрати Паёмбарро роҷеъ ба он расонид ва дар навбати худ Амр ибни Ос онро ба Муъовия расонид, Муъовия (раз) гуфт: Сокит бош, қасам ба Худо, сустиродаӣ. (19) Оё мо ӯро куштем?!

Балки касе ӯро куштааст, ки ӯро ба инҷо овардааст.(20) Ин таъвили Муъовия (раз) ба зудӣ миёни лашкариёнаш паҳн шуд.
Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки чун Амр ибни Ҳазм хабари кушташавии Аммор (раз) ва ҳадиси Паёмбар (с), ки фармуд: «ӯро гурӯҳи боғиҳо мекушанд» ба Амр ибни Ос расонид, Ибни Ос парешонҳол шуда, назди Муъовия (раз) омад ва Муъовия (раз) пурсид: Чӣ гап шуд? Амр ба ӯ кушташавии ҳазрати Амморро расонид. Ӯ гуфт: Хайр чӣ? Амр гуфт: Аз Паёмбар (с) шунидам, ки ба вай гуфт: «Туро гурӯҳи боғӣ мекушад». Муъовия (раз) гуфт: Сокит бош, қасам ба Худо, сустиродаӣ.(21) Оё мо ӯро куштем?! Балки ӯро Алӣ (раз) ва ёронаш куштаанд. Ӯро оварда зери найзаву шамшери мо гузоштанд.(22)

Дар ривояти саҳеҳ омадааст: Ду мард назди Муъовия (раз) омаданд ва онҳо бо ҳам хусумат мекарданд ва ҳар яке аз онҳо мегуфт ман ҳазрати Амморро куштам. Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос гуфт: Ҳамдигаратонро амр ба тавба фармоед, зеро ман аз Паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: «ӯро гурӯҳи боғӣ мекушад». Муъовия (раз) гуфт: Пас ту ҳамроҳи мо чӣ кор мекунӣ? ӯ гуфт: Падарам аз ман назди Паёмбар (с) шикоят бурд, Паёмбар (с) фармуд: «То вақте падарат зинда аст ӯро итоъат кун ва аз итоаташ сарпечӣ макун». Ман бо Шумо ҳастам, вале намеҷангам.(23)
Дар ривоятҳои собиқа дида мешавад, ки саҳобии фақеҳ Абдуллоҳ ибни Амр (раз) бар изҳори ҳақ ҳарис аст. Ӯ дарёфт, ки Муъовия (раз) ва лашкари ӯ боғиҳоянд. Бидуни шак қатли Аммор (раз) асари бузурге дар лашкариёни Муъовия (раз) гузошт, магар ин ки Муъовия (раз) ҳадисро таъвили ноҷо кард. Дуруст нест, ки гӯем ононе, ки ҳазрати Амморро оварданд онҳо ӯро куштаанд.(24) Кушташавии Аммор (раз) ба Амр ибни Ос низ таъсири амиқе гузошт, балки он дофеъе буд, ки Амрро бар он водошт, ки кӯшиши бештаре барои хотимаи ҷанг намояд.(25) Ӯ гуфт: Эй кош бист сол қабл аз ин рӯз вафот мекардам.(26)

Дар ривояти Бухорӣ аз Абӯсаъиди Худрӣ (раз) омадааст, ки мегӯяд: Ҳангоми бинои масҷид мо як донагӣ хишт мебурдем ва Аммор (раз) ду донагӣ. Расули Худо (с) ӯро дида, хоку ғуборро аз бадани ӯ дур намуду фармуд: «Дареғ ва афсӯс бар Аммор, ки гурӯҳи боғиҳо ӯро мекушанд. Ӯ онҳоро ба ҷаннат мехонад ва онҳо ӯро ба оташи ҷаҳаннам». Аммор
(раз) гуфт: Паноҳ мебарам ба Худо аз шарри фитнаҳо.(27)
Ибни Абдулбар гуфтааст: Ба таври мутавотир аз Паёмбар (с) собит шуда, ки фармуд: «Амморро гурӯҳи боғиҳо мекушанд». Ин хабари ғайбӣ аз нишонаҳои нубуввати Паёмбар (с) мебошад ва он аз дурусттарин аҳодис аст.(28) Заҳабӣ баъд аз зикри ҳадис гуфтааст: Ин ҳадиси мутавотир аст.(29)

Фаҳми Уламо аз ҳадиси «Туро гурӯҳи боғи мекушад».

1. Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Нишонае аз нубувват дар ҳадис вуҷуд дорад ва инчунин фазилати Амр ва Аммор (раз). Ин ҳадис раддест ба касоне, ки даъво доранд, ки Алӣ (раз) дар ҳарб хато кардааст.(30) Ӯ мегӯяд, ки ин ҳадис далолат бар дуруст будани кори Алӣ (раз) мекунад, зеро Муъовия (раз) ва асҳобаш ҳазрати Амморро ба қатл расониданд.(31)

2.Нававӣ мегӯяд: Саҳобагон рӯзи Сиффин аз паси Аммор мерафтанд, зеро бинобар далолати ин ҳадис, медонистанд, ки ӯ бо гурӯҳи одил аст.(32)

3.Ибни Касир мегӯяд: Алӣ (раз) ва асҳоби ӯ аз Муъовия (раз) ва ёронаш дида, ба ҳақиқат наздик буданд. Ҳамчуноне, ки дар китоби Саҳеҳи Муслим аз ҳадиси Шӯъба собит шуда, ки Расулуллоҳ (с) ба Аммор (раз) гуфт: «Туро гурӯҳи боғиҳо мекушанд»(33). Бо кушташавии Аммор (раз), ки ҳамроҳи Алӣ (раз) буд ва шомиҳо ӯро куштанд, сирри хабари Расулуллоҳ (с) зоҳир шуд, ки гурӯҳи боғӣ ӯро мекушад. Инчунин возеҳ шуд, ки Алӣ (раз) бар ҳақ ва Муъовия (раз) ва лашкараш боғиянд. Ин ҳадис далели нубувват аст.(34)

4.Заҳабӣ гуфтааст: Онҳо тоифае аз муъминон ҳастанд, ки бар имом Алӣ (раз) сарпечию нофармонӣ карданд, ба далели ҳадиси Расули Худо (с), ки фармуд: «Туро гурӯҳи боғӣ мекушад».(35)

5. Қозӣ Абӯбакр ибни Арабӣ мегӯяд: Ояти 9-ҳуми сураи Ҳуҷурот, ки Худо мефармояд: «Ва ин тоифатони…), ин оят дар мавриди ҷангу қитоли мусалмонон асл аст. Ҳамеша ба он руҷуъ шудааст ва мақсад аз ҳадиси Паёмбар (с), ки фармуд: «Амморро гурӯҳи боғиҳо мекушад» низ ҳамин аст.(36)

6.Абулаббос ибни Абдуссалом мегӯяд: Ин ҳадис далолат бар он
мекунад, ки Алӣ (раз) бар ҳақ аст ва хилофаташ дуруст ва ӯ воҷиб-ут-тоъат аст. Даъват ба итоъати ӯ даъват ба ҷаннат аст ва хилофи он даъват ба оташ аст. Бинобар ин муқотилони Алӣ (раз) хатокоранд ва ин мазҳаби фуқаҳое аст, ки ҷанг бар боғиҳоро фарз гардониданд.(37) Инчунин гуфт: Бо вуҷуде, ки Алӣ (раз) авлотар аз мухолифонаш аст ва бо вуҷуде, ки ҳазрати Амморро гурӯҳи боғиҳо ба қатл расонидаанд, бар мо лозим аст, ки ба он чи аз назди Худо омада, бовар карда, пайравӣ аз ҳақ намоем, на аз ҳавову ҳавас. Бе доштани илм набояд сухан кунем, балки роҳи илму адлро пеша намоем ва ин пайравӣ аз Китобу Суннат аст. Аммо касе, ки танҳо ҷонибе аз ҳақро ба назар мегирад ва боқиро намегирад, пас ин маншаъи ихтилофу ҷудоиандозӣ аст.(38)

7. Бо дар назардошти ҳадиси Аммор (раз) ва қатли ӯ аз ҷониби лашкариёни Муъовия (раз) дар ҷанги Сиффин чунин гуфтан мумкин аст, ки Муъовия (раз) ва асҳоби ӯ боғӣ ҳастанд, лекин дар айни ҳол муҷтаҳидоне мебошанд, ки гумон карданд, ки дар талаби хуни Усмон (раз) барҳақ мебошанд.(39)

8. Саъид Ҳаво гуфтааст: Баъд аз кушташавии Аммор (раз), ки бо далолати нусус, яъне мутуни китобҳо гурӯҳи боғӣ ӯро мекушад, ашхоси мутараддид дарк карданд, ки Алӣ (раз) барҳақ ва мадади ӯ воҷиб аст. Бинобар ин Ибни Умар (раз) аз тахаллуф варзиданаш ба ёрии Алӣ (раз) изҳори таассуф намуд, зеро ӯ тарки воҷиб намуда буд ва он мадади имоми ҳақ бар зидди боғиҳо мебошад.(40)
Идомаи матлаб ҷустуҷӯи қотилони Аммор ибни Ёсир ва муомилаи хуб ҳангоми задухурд …
Муҳаммадиқболи Садриддин

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Вақъату-с-Сиффин, Манқирӣ, (с. 479).
2. Вақъату-с-сиффин, Манқирӣ, (с. 481-884).
3. Ад-давлату-л-исломия фӣ асри-л-хулафои-р-рошидин, (с.316).
4. Ал-комил (2/386).
5. Ал-комил (5/662-663).
6. Ал-комил (5/662-663).
7. Мусаннафи Ибни Абӯшайба (336/8), Муснади Аҳмад бо Фатҳи Раббонӣ (483/8).
8. Бухорӣ, р. (4189).
9. Бухорӣ, р. (4189).
10. Ал-инсоф фӣ мо вақаъа фӣ торихи-л-асри-р-рошиди минал-хилоф, (с.530).
11. Диросатун фӣ торихи-л-хулафои-л-умавийин, (с.38).
12. Диросатун фӣ торихи-л-хулафои-л-умавийин, (с.38).
13. Ал-ахбору-т-тивол, (с.187), Диросотун фӣ аҳди-н-нубувва, (с.432).
14. Сиффин, (с.482-485), Диросотун фӣ аҳди-н-нубувва, (с.433).
15. Мусаннафи Ибни Абӯшайба (336/8).
16. Муслим, р. (2916).
17. Хилофати Алӣ, (с.211).
18. Муслим, р. 2916.
19. Муслим, р. (2916).
20. Муснади Аҳмад (206/2).
21. Муслим, р. (2916).
22. Мусаннафи Абдурразоқ (240/11).
23. Муснади Аҳмад (138-139/11).
24. Хилофати Алӣ, Абдулҳамид, (с.325).
25. Муъовия ибни Абӯсуфён, Ғазбон, (с.215).
26. Ансобу-л-ашроф (170/1), Амр ибни Ос, Ғазбон, (с.603).
27. Бухорӣ, р. (447).
28. Ал-истиъоб (3/1140).
29. Сияру аъломи-н-нубало (1/421).
30. Фатҳ-ул-борӣ (1/646).
31. Фатҳ-ул-борӣ (13/92).
32. Таҳзибу-л-асмои ва-л-луғот (2/38).
33. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (6/220).
34. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/277).
35. Сияру аълом-ин-нубало (8/209).
36. Аҳком-ул-Қуръон (4/1717).
37. Маҷмӯъ-ул-фатово (4/437).
38. Маҷмӯъ-ул-фатово (4/449-450).
39. Фатово ва мақолотун мутанаввиъа (6/87).
40. Ал-асосу фӣ-с-сунна (4/1710).

Share This Article