Мехоҳи хушбахттарини инсонҳо боши?
1-) Имон ғаму андуҳро аз миён мебарад,имон нури чашми яктопарастон ва сулуки ибодат кунандагон аст.
2-) Ончи гузашт аз даст рафт,ончи рафт мурд.Пас ҳаргиз фикр накун барои ончи,ки гузашт батаҳқиқ рафтаро наметавон баргардонд дар фикри ояндаат бош!.
3-) Рози бош ба тақдират агарчӣ он начандон хубҳам бошад.Бидон ризқ тақсим шудааст.Ҳарчизе муқаддар ва дорои андозааш мебошад,пас канор бигзор андуҳро.
4-) Танҳо ба ёди Худо дил оромиш пайдо мекунад.Ёди Худо аз анҷоми гуноҳ дурат менамояд. Ёди Худо рози месозад туро,агар он ёд ҳақиқи бошад ба он дўр месозад аз ту мусибатҳоятро.
5-) Ҳаргиз аз касе интизори шукр ва сипос набош.Туро басандааст савоби он зоте,ки он Самад аст.Туро ғамгин насозад оне,ки бар ту душмани меварзад ва кинаи шахси кина туз.
6-) Вақтоки субҳ намуди ҳаргиз интизори шаб нашав.Ҳамеша ҳаётатро дар мадори рўз фикр бикун ва фикратро барои ислоҳи он рўз ҷамъ кун.
7-) Ба ҳоли худаш бигузор ояндаро, то ин,ки худаш биояд.Барои фардоят зиёд андеша накун зеро агар имрўзатро накў ва ислоҳ намуди яқин бидон,ки фардоят хушу бо сафост.
😎 Дилатро аз ҳасад пок нигаҳдор ва онро аз кина пок намо ва аз дилат бадбиниро ба кулли пок бисоз, аз ситеза ҷуйи бо дигарон бар ҳазар бош!.