Мо ба ҷон додан омода ба ҷон коҳонидан не,миллате, ки мубориза мебарад, шикаст намехурад!!

Ислоҳ нет

Ашхосе, ки гузашт мекунанд, ҳеҷ гоҳ ғолиб намешаванд. Ва ҳеч миллате, дар ҳеҷ замоне шикаст нахурда аст! Танҳо сарваронанд, ки шикаст мехуранд, вале миллат ҳамеша ғолиб мешавад, чи сарварон ғолиб ё чи мағлуб  ҳам шаванд. Бо шикасти сарваре миллат маҳву нобуд ва мағлуб намешавад, балки пас аз ӯ он миллат роҳи нави барпо хестанро омӯхта, ба по мехезад! Аз ин рӯ,  миллатҳое, ки танҳо аз паси як тан, ки шояд шахси заифунсуру тарсуву нотавон аст, зиёди бад сафф мекашанд, дар ниҳоят таъми талхи тахаллуфу шикасти ногувореро хоҳанд чашид, вале ин на  шикаст, балки таҷрибаи талх ном дорад! Саддом шикасту мурд – Ироқу ироқиён зиндаанд. Қаззофӣ шикасту мурд – либиҳо зиндаанду ғолибу Либия сари ҷой. Милошевич маҳкум гашта мурд – сербиҳо зиндаву боқиянду Сербистон барҷост. Ҳитлер шикаст хӯрду худкушӣ кард – Олмон имрӯз паноҳгоҳи бепаноҳон шудаву ободу ҳавасовар! Умар ал-Мухтор дастгиру қатл гашт – либиҳову  Либия боқист. Восеъи Диловар дастгиру сари дор рафт – Хуталону хуталониҳо зиндаву боқистанд! Пас, бояд акнун ба ин бовару яқин расид, ки ҳеч гоҳ миллат ва сарзамин, агарчи сарваронаш пурра қир шаванд, маҳдудааш тағйир ҳам ёбад, то рӯзе миллат мубориза мебарад, нобуд нахоҳад шуд. Шикаст нахоҳад хӯрд. Маҳв нахоҳад шуд!

Искандар омаду рафт – аҷдоди мо маҳв нагашт. Аъроб омаду рафт – аҷдодамону сарзаминамон ҳамон гунае буд, боқӣ монд. Чингиз омаду рафту дафъ шуд, аҷдодамон маҳв нагашт. Русҳо омаданду бедод карданду рафтанд бо Шӯравияшону мо ҳоло ҳам боқием!

Танҳо, имрӯз бояд ба ин бовармандӣ бирасем, ки миллати тоҷик он гуна ки Раҳмонов муаррифияш дорад, тарсуву чуркаву нотавону террорист нест, балки баръакс як миллати нерӯманду боиродаест, ки нерӯи зеҳниву иродаи сиёсию потенсиали мағзияшро морони Заҳҳок хӯрда истодаанд!

Ин морҳоро бояд саркӯб ва ин морбардӯшро зиндон кард! Ҳарчанде ин омаданҳову рафтанҳо бо худ пайомадҳои мусбату манфӣ доштанду ҷони миллионҳо танро ситонид, вале миллат, забон, фарҳанг ва мавҷудияти мо боқист, ки боқист!

Миллатҳо асир мешаванд, ба ғуломӣ гирифтор мешаванд, бо табъиз гирифтор мешаванд, ранҷу заҷр мекашанд, кушта мешаванд, вале ҳеч миллате ба пуррагӣ, аз дасти душманону ҷангандаҳо кушта нашуда аст!

На ҷуҳудонро ин қадар асоратҳои пай дар пайи тӯлонии торих маҳв кард.

На сурхпӯстони Амрикоиро колонистҳои ғарбӣ ба пуррагӣ нобуд карданд.

На тоҷиконро ин қадар тозишҳои паёпайи торих ба пуррагӣ нобуд кард.

Бале, шумори миллате кам, ҳувияташ масху коста ва озодияш то замоне  салб мешавад, вале миллате, ки имоне дорад, бовармандию иродаву ҳайсияту номусе дорад ва аз ҳама муҳим, қисмате аз онон дар даст силоҳу қаламу минбари мубориза мегиранд, нахоҳад мурд!

Миллати Чечен бо он қадар бомбборони шаҳри Грозний аз пеш бештар рушд кард.

Миллати фаластинӣ бо ин ҳама гулӯлаву рокетборон, дар зери хокрӯбаву оворҳо ҳоло ҳам зинда аст.

Миллати боснӣ бо вуҷуди валангории Сараево дар рӯи сараш ҳоло ободи ободу зиндаву саломат аст.

Миллати Укроин ҳоло ба пеш ҳаракат дорад. Ғалаба пайи ғалаба насибаш гашта аст.

Ҳарчанде оғози ҳар муборизае ё натиҷае надорад, ё ба нигари беамалон «бефоида» аст ё хатарбор асту ғайримантиқӣ, вале фарҷомаш ҳатман пирӯзист. Агарчи муборизон кушта ҳам шаванд, ғолибанд! Чунки мубориз мағлуб намешавад, балки миссияашро анҷом дода, аз олам бо сари буланду рӯи сурху номи наку ба назди Парвардигораш меравад, ки супориш ба муборизаву ситез бар ситамгоронро азаш хоста буд! – муборизи содиқу холис ҷояш ҷаннат аст, ҳам ҷаннати дунё ва ҳам ҷаннатул Фирдавс!

На мисли Абдуллои дупӯста «бо рӯи сурх барои бақои золиме ба Аврупо омада, бо рӯи сиёҳ назди хоҷаи базоташ бармегардад». Ҳа, Абдулло? Бандаи киӣ?!

Онон, ки сукути маргбору беамалӣ пеша мекунанд, то замоне зиндагӣ мекунанд, вале мубориза ҳам  мисли мавсими ҳаҷҷ, шояд дар тӯли умри одамӣ як бор «фарз» гардаду бо маҳву нобудии Раҳмонов дигар ҳасрат ҳам баред, ки чаро ман ҳам дар бадтарин ҳолат дар паҳлӯи миллатам наистодам, то бо ҳар василаву ҳунару тавоне, ки доштаам, дар ин раванд саҳме нагузоштаам, ба поён расаду дигар судатон надорад!

Ҳар як ҳазратону ришдарозону домуллову эшонҳову муштзанҳову шердилону ниқобпӯшону суханварону сурхзабонону ораторону амримаъруфгарону миллатдӯстону ёрмандони мустазъафону ҳавоидаҳонҳоеро медидам, ки имрӯз аз вуҷудашон асаре нест!!

Ҳамагӣ мавҷуди ғоиб гаштаанд!  – тухм гузоштаву сина зада чуҷаи тарси наҳс бароварда истода ё интизори фариштагони осмонҳо ва Маҳдии мавъуду мунтизаранд!

  Нуқашон шунида намешавад. Бозори динфурӯшию ваъзашон сокит аст. Худнамоӣ дигар барояшон тарснок шуда!

Хасакӣ буданд, рӯи обҳо обрӯҳояшон шуста шуд! Ҳоло дар катакҳои мурғие, ки Раҳмонколхозник барошон сохта, тухм «гузошта» гаштаанд!

Мегӯянд, ки рӯзе дидед, ки хурусҳо (петухҳо) тухм кунанду говҳо мияв гӯянду сагҳо ҳангас зананду мардҳо ҳайз бинанд, онгоҳ марду номарҳоро хоҳед шинохт.

Вале зарурате нест, ки ин ҳама «муъҷизоту хориқулъодот» ба вуқуъ пайвандад, то питухҳои миллататро шиносӣ!

Биё, Тоҷикистон, бубин ҳамаашро ошкоро хоҳӣ дид.

Ба ҷои говҳо Раҳмонов ҳангос заду ба ҷои харҳо Раҳимзода боъъаст карду ба ҷои хурусҳо Пингвингу  Шоҳрих зоиду ба ҷои сагҳо духтарони Раҳмонов мияв гуфтанду ба ҷои крисаҳо чоплусон «қув-қув» доранд!

Ва номардҳо сокитанд. Ва буздилон шутурмурғу мырғ шудаанд!

Биё, бубин ин халқи тарсуи Худоро, ки бо доштани Худои Тавонову Раҳмону Раҳимаш кунун аз Шайтони Раҷими Ҳаромзодаи бепадаре дар тарсанд!

Акнун, дидед, ки чаро Худо дигар аз мо рӯ тофта? Чаро золимеро бар мо мусаллат карда? Дуои моро намешнавад?

Ҳоло ҳам вақти андаке монда, то ҳамагӣ «тавбаи миллӣ» ва торихӣ намуда барпо шавему чун дигар миллатҳо мубориза бурданро оғоз кунем!

Ҷони ҳамагӣ дар ин олам ширин аст, вале укроинӣ имрӯз ҷон мекоҳонад, афғон ҷон медиҳад, араб шабу рӯз зери оворҳо – хурду бузург ҷон меканад, русҳо ҷон медиҳанд, вале танҳо дар ин васат мо – тоҷикон зери зулму ситаму азобу асорату зиндонҳову аз фақру оворагӣ ҷон медиҳему омода нестем, чанд шабе дар хиёбонҳои Душанбе ҷон бикоҳонем, даст ба дасти ҳамдигар дода наъра бизанем, мушт бихӯрему мушт бизанем! – аз ҳақи ҳалоли худу фарзанду зану пайвандонамон дифоъ кунему онро бо нерӯи мардонагиву бозуи рустамонаи хеш аз чанголи як оилаи кафтори тарсӯ бозпас бигирем!

Дигар роҳе нест. Дигар чора нест!

Ин хел дигар намешавад!!

Ягона роҳ –  муборизаи зану марду пиру барнову кӯдаконамон бар алайҳи диктатору тиран – Раҳмон   ва авлоди нодидаву бесаводу туппойи фоҳишаи бадахлоқу дузду номардумии бодовардааш асту бас!

33 сол аст, ки дар доираи Сарқонун ва дар ин марзубум ҳаққи фитрӣ ва ҳалоли моро на инки надоданд, балки охирин озодиҳои диниву фитриву инсониямонро бо як пуррӯии бешармонаву бешарафона салб доранд! – аз ғуломони асримиёнагӣ кам фарқ дорем! Аз номгузории фарзандонамон то ба деги оши худоиямон дар зери назорати чор хармағзи мактабнадидаи ғӯл қарор гирифта, ки ҳамаи қонунҳои бароварда ва тазйиқҳои амалишавандаашон дар ин диёр зидди Сарқонуну дигар қонунҳои байналмилалист, вале ҳеч гоҳ золимону пуштибононаш то вақте миллате барпо нашаваду ҳаққашро талаб накунад, парвои озодию ҳуқуқҳову зиндагияшро надоранд!

Ва инро ҳодисоти паёпайи ҷории олам нишон дод, ки танҳо муборизон ҳуқуқу озодиҳову хостаҳои худро бо зӯри бозуву силоҳу ҳаряк роҳ кашида мегиранд!

Ҳуқуқу истиқлолиятро ба даст меоварӣ, онро ба ту касе ҳадия намекунад! – хап шиштӣ, мегирандаш, садо баланд кардӣ – бозпасаш медиҳандат!

Вале поезд ушел… дарвозаҳои савоби мубориаз баста. Диктатура ба фарҷом. Миллат ба иззату озодӣ расид!

Ҳоло, тоҷикони арҷманду соҳибақлон, мавсими (сезони) мубориза ва фарзияти он дар кишварамон фаро расида аст, ки кас намедонад, кай барои ҳамеша ба поён мерасад!

Мубориза баред то аҷру номе бо худ баред!

Даст рӯи дасту ду даст дар патаки биннӣ то ба кай мешинӣ?

Фардо, туро, ки худро умре марду бономусу мусулмони озодидӯсту танҳо бандаи Аллоҳ мешуморӣ, дигарон омада аз аҳримани бедини бадкеши душмани дину фарҳангу миллатат – Эмомалӣ озод карданд, шарм намедорӣ, ки бо ин ҳама дағдағаи мардӣ худат ҳам бо мо якҷо коре накардӣ? Ё ба муборизон ба ҷои ташаккур духтаратро ба занӣ медиҳӣ?

На! Ин роҳи ғалат ва одати палиди манғитиён аст, ки духтарони миллатро тортуқ мегиранд!

Ва ҳадиси актуалии имрӯз ин аст:

عن أمير المؤمنين أبي حفصٍ عمرَ بن الخطاب رضي الله عنه قال: سمعتُ رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: ((إنما الأعمال بالنيات، وإنما لكل امرئ ما نوى، فمن كانت هجرته إلى الله ورسوله فهجرته إلى الله ورسوله، ومن كانت هجرته لدنيا يصيبها أو امرأةٍ ينكحها فهجرته إلى ما هاجر إليه( متفق عليه) ))

Ин ҳадис не, балки мазмуни тамоми муборизаву озодист, ки ту дар куҷои ин қиссаи раванди зиндагонӣ қарор дорӣ?

Ба суоли «барои чӣ мубориза дорӣ» ва «барои чӣ аз мубориза худро канор гирифтаӣ» ҷавоб медиҳад. Ҳеҷ китоби ҳадисеро намеёбӣ,ки дар оғози он ин ҳадисро дарнаёбӣ!

Ҳеч миллате дар тӯли торих вуҷуд надорад, ки замоне аз ҷониби дигар миллате ба асорату ғуломӣ наафтода, ё қисмате аз хокаш истило нагашта бошаду кушта нагашта бошад!!

Нест ин гуна миллату ин гуна давлату ин гуна сарнавишт!

Русҳо борҳо аз ҷониби аҷнабиён тороҷу қатлу қамъ шудаанд. Русҳоро чингизиёну темуриёну фаронсавиҳову тоторҳову олмониҳову хазариҳову дигарон тороҷу тозиш кардаанд

Олмониҳоро русҳову инглисҳову фаронсавиҳову викингҳо тохтаанд

Арабҳоро форсҳову визонтиҳову мақдуниҳову юнониҳову ҳабашҳову итолиёиҳову фаронсавиҳову португалиҳову ҳатто русҳову амрикоиҳову инглисҳову дигарон борҳо тохтаанд.

Форсҳоро румиҳову визонтиҳову мақдуну юнониҳову фаронсавиву инглисҳову амрикоиву русҳову арабҳову туркҳову муғулону узбакҳову ҳатто афғонҳо тохтаанд

Ҷуҳудонро тақрибан тамоми оламиён куштаву ба асорат бурдаанд.

Тоҷикон ҳам тақрибан ҳамтақдири ҷуҳудонанд!

Вале чӣ сир аст, ки ҳеч яке аз ин миллатҳои бостонӣ маҳв нагашта то кунун мавҷуданд?

Назарияи ин ки гӯё лашкаркашии бегонагон миллатеро пурра аз сафҳаи гетӣ мезудояд дурӯғе маҳз аст!

Миллате, ки мубориза мебарад нахоҳад мурд!

Мубориза чист?

Ба даст шамшер гирифтан

Ба даст қалам гирифтан

Ба рақсидан

Ба хандидан

Ба забони хеш сухан гуфтан

Ба санъати миллии хешро пос доштану ҳимоят кардан

Ба хондану нигоштану санъатгарӣ кардан

Ба либоси миллии хешро ҳифзу тараққӣ дода, ба талаботи замона мутобиқ кардан

Ба ҳимоя намудани ҳуввияти диннӣ, эътиқодӣ, миллии худии хеш арҷ гузоштан

Ба дигаргуна будан дар байни башарият худро аз дигарон фарқ кунондан, то турк нашавӣ, рус нашавӣ, араб нашавӣ, инглис нашавӣ. – масх нашавӣ!

Уқобӣ, ё палангӣ, ё шерӣ ё ҳатто рӯбаҳӣ пӯстатро дигар накунӣ, боз бошӣ, мурғ нашавӣ. Паланг бошӣ, уштурқуланг нашавӣ.

Тоҷикӣ, тоҷик бимонӣ

Ҷуҳудӣ ҷуҳудбозиятро идома диҳӣ

Узбакӣ узбак бимонӣ

Бо инки имрӯз дар Тоҷикистону Ӯзбакистон як мушт мурғонро уқобу мушти дигар уқобонро мурғ тарсим кардаву барошон ҳуҷҷатҳои зӯракӣ додаанд, бечораҳоро зулм кардаанд!

Бо ин роҳ намешавад миллатеро маҳву аз худ кард,  ё худро бо тоҷик гуфтан аз хонаи муғулият ба тоҷикият пурра интиқол дод! Метавонӣ бо ҳамон асли оригиналат ба давлате хидмат кунӣ, миллататро дар паспортат иваз кардан чӣ лозим?…

Бо паспорт намешавад миллату шахсияту шаклу шамоилу менталитету расму оину лаҳнатро дигар кард!

Ҳазор агар зоғеро рангу бор диҳанд то кабӯтар шавад, боз ҳам аз қар-қараш онро мешиносам!

Рангорангии миллатҳо дар олами Худо зебову писандида аст!

Вале, чаро имрӯз ба мо талаққӣ мекунанд ки гӯё тоҷикон дар ҳама ҷо «шикаст» хӯрдаву ассимилятсия шудаанд?

Чунки ин дурӯғи бефурӯғе аз ақалиятҳокимонест, ки бо заифсозии ақлу ҳувияту дирояти мо умри давлатравоӣ ва дуздии қабилавии заифи худро тамдид кардан мехоҳанд!

Эмомалӣ ҳам аз бозе сари давлат оварданаш, тоҷикро тарсуву террористу чуркаву ҷоҳилу гумроҳгаштагон муаррифӣ кард!

Миллате, ки мубориза мебарад ҳеч гоҳ шикаст намехӯрад. Маҳв намешавад. Барда намегардад.

Ҳеч ҷанге, ҳеч ситезае, ҳеч кушторе, ҳеч табъизе, ҳеч таъаддие, ҳеч зулму ситаме ва ҳеч тирану диктаторе дар ҳеч гӯшае аз олам то абад боқӣ намонда аст! Фарҷом дорад. Кирдорашро агар имрӯз худаш ҷавоб надода бимирад, ҳатмани ҳатман бастагони наҳсаш рӯзе ҷавоби сахташро хоҳанд дод!

Мушкил оғози кор аст. Оғозаш кунед!

Мубориза худ мисли об аст – рафтан мегирад! 

Чи инсонҳои беиродаву пешипобини дурнанигареанд диктаторон, ки гумон доранд дар пушти силоҳу танку тӯп худу бастагону дуздиҳояшонро барои ҷовидон пинҳон хоҳанд кард!

На, Эмомалӣ ин ба ту дахл дорад!

Хуб гӯш кун!

Агар ман ба ҷоят мебудам, ин қадар ки зулму куштор карда будаму дуздиву ситам кардаву тамоми миллатро бар худу оилаи азизам душману бадбину пуркин карда будам, асло намегузоштам, ки пас аз ман ин ҳама душманон фарзандони азизи маро хору залил кунанду он ҳама қасоси хешро аз кӯдакону наберагону духтарони ман биситонанд!! Дар он рӯзгорон ки дигар ман дар ин олам нестам!

Марди ҳаким ҳамонест, ки душманонашро то ҳадди имкон бо худ душман мекунад ва бо овардани тамоми фарзандону духтару зану домодҳояш ҳамагиро зери зарбаву ниқор қарор намедиҳад!

Ту хатои стратегӣ ва ҳаётӣ кардаӣ, Эмомалӣ, ки ҳамаро бо оилаат ба пуррагӣ ба набард андохтаӣ.

Падари оқилу дурнигар чунин намекунад, балки ҳар балову мусибату паёмади эҳтимолиро аввал ба худ мегираду пасон ба ҳамсафонаш вомегузорад, то оилааш лоақал дар маърази хатар набошад!

Ту тамоми авлодатро «под удар» қарор додаӣ!

Вазифа доштан, сари мансаб будан, сарват аз ин роҳ ғун доштан ҳанӯз маънои дар амон будан нест.

Вақте оилаи ту дар амон мебуд, ки аслан вазифае намедошт!

Чи гунае ба гунгписарат гуфта будӣ: ту гушна нестӣ!

Охир ҳама акнун медонад, ки ҳеч бастае аз бастагонат то 100 соли дигар гушна нахоҳад монд, вале аз онҷо ки марди сиёсату давлатмард нестӣ, гумон кардӣ, ва ғалат кардӣ, ки агар ҳама аҳромҳову фишангҳои давлатеро аз миллате гирифта танҳо ба авлоди худам биспорӣ, амнияти вуҷудиро барошон таъмин кардаӣ, вале ин амалат баракс фалокату бадбахтиро сареътар ба оилаат фурӯ хоҳад овард!

Ту миллати тоҷикро ҳеч гоҳ шикаст дода наметавонӣ, чунки ин миллат бо ҳар василае бошад, бо ҳар роҳе бошад, ҳар тариқае ҳам бошад, мебинам, ки рӯз ба рӯз бештару бештар мубориза мебарад.

Пас, тибқи ончи то инҷо гуфтам, ҳеч миллате ҳеч гоҳе дар торих аз касе шикаст намебинад – ба зону мезанад боз ба по мешаваду мехезад.

Ва дар фарҷом танҳо ин туӣ, ки шикаст хоҳӣ хӯрд.

Чунки  ҳеч овозе аз садои миллат баландтар нест. Ҳеч муште аз мушти миллат қавитар нест.

Ҳеч ҳақиқате аз ҳақиқати миллат азимтар нест.

Ҳеч нерӯе аз нерӯи миллат нерӯмандтар нест!

Эмомалӣ, дар авҷи беақлию оилагирдоварию дуздию чаповулат шикаст хурдаӣ. – миллат дигар бо ту нест!

Ҳамин…

Ва дар фарҷом ба мухолифин ҳушдор:

Ҳар шахсе гузашт дар баробари зулм аз ҳақи хеш мекунад, ҳатман бохта аст.

Гузашт кардан мисли як пилла поён шудан аз зинапоя аст. Ҳарчанде як қадам поён гузоштӣ, ҳамон қадар ба пастӣ наздиктар мешавӣ ва ҳарчанде баромадан аз фаромадан душвортар аст, вале мухолифе ки ҳамеша боло мебарояд, ҳар қадам ки ба зинаҳо боло мегузорад ба мақсад наздиктараш мешавад.

Касоне, ки дар баробари Раҳмонови тарсуи шикастхӯрда сари мӯе аз ҳақиқати худ гузашт кардаву по ақаб гузоштаанд, худ акнун огоҳанд, ки чи қадар дар чашми ҳам мақомотиёну ҳам ҳокимону ҳам миллат уфти даҳшатборе кардаанд.

Вақте як қадам аз ҳақат гузашт кардӣ, ин оғози гузаштҳои паёпайи бисёрат дар оянда аст. Ин нишона ва индикатори ақабрӯ рафтанат аст, ки оғоз шуд, дигар умре задний ход рафтан мегирӣ!

Ва Худои олам ба паёмбараш вақте мехост сари мӯеву миқдори нӯги ангуште, танҳо барои дили душманонашро ба каф офардану азияту озорашонро рӯи пайравонаш камтар кардан, гузашт кунад, дар ҳол нидои осмонӣ ба гӯшаш овард:

﴿ وَلَوْلَا أَن ثَبَّتْنَاكَ لَقَدْ كِدتَّ تَرْكَنُ إِلَيْهِمْ شَيْئًا قَلِيلًا﴾

«Ва агар Мо туро устувор бар ҳақ намедоштем, наздик будӣ, ки (аз бисёр рағбат доштанат дар ҳидояти онҳо) ба сӯяшон андаке майл кунӣ». (Сураи Исро ,ояти 74 )

Дар ояти баъдӣ бубинед чи ҳушдоре Аллоҳ ба Паёмбараш медиҳад:

إِذًا لَّأَذَقْنَاكَ ضِعْفَ الْحَيَاةِ وَضِعْفَ الْمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيْنَا نَصِيرًا (75)

«Он гоҳ туро дучандон дар дунё ва дучандон дар охират азоб мекардем ва барои худ дар баробари Мо ёридиҳандае намеёфтӣ». ( Сураи Исро, ояти 75)

 Воқеан, наздик буд, ки ба онон андакак гузашти ночизе кунӣ!

Ҳама дар лаҳзаҳои душвору ноумедию бебарорӣ кӯшиш мекунанд, ки «муҷукаке» бар душману рақибу хасми сарсахташон гузашт кунанд, вале як бор аз худат бипурс, ки ҳамин душманонат, – ҳамин Раҳмонову дору дастгоҳаш ягон бор сари мӯе, муҷукаке, зарраяке, чени чанге барот гузашт кардаанд?

На! Абадан! Танҳо дом барот гузоштаанд, ки барои ҳамеша азат халосӣ ёбанд!

Ту чаро ба касоне, ки душмани қасамхӯрдаи оштинопазиратанд гузашт мекунӣ?

Дар ин олам, мухолифин ҳар гурӯҳу миллату равияе душмани ошкорои оштинопазири муайяни худро дорад, ки бояд ҳамаи нерӯву тавону вақту ҳастии хешу пайравонашро барои саркӯбу маҳву нобудиву дасткӯтаҳ карданаш аз аҳрому фишангҳои қудраташ равона бояд кунад!

Ин доғ дар байни арману озарӣ сари Қарабоғ барои абад боқист.

Путину Зеленский дар ҳамин кулминатсияи ҳодиса қарор доранд!

Ва ману ту бо Раҳмонову пайравони содиқаш ана дар ҳамин марҳала қарор дорему роҳу чорае ҷуз сарнагунияш моро аз ин вартаи танидаи 30 солааш наҷот нахоҳад дод!

Агар шумо бо ҳазорон гузашту сулҳу оштию калимабозию мушугурбабозиҳои тӯлониятон бо ин хуги гарданшахи якрави дузду камъақли нофаҳми хукзӯр ба ҷое расидаеду мо ноогаҳему дастоварде дар озодии худу миллату бастагону ватанатон доред, ба мо ҳам дар миён гузоред!

Мо бошем ҷуз сарнагунияш бо ҳар василаи дастрасе чорае надорем!

Мухолифин, ба пеш! Миллат, ба пеш! Ватан, ба пеш!

Ба самти сарнагунсозии ситамгари хукзӯре, ки пӯсташ аз хуку хар ҳам ғафстару ақлаш аз гову хачир ҳам бадтар шуда!

Ғалаба мехоҳед? Пас аз имрӯзатон гузашт тамом!

 Ана ҳаминро мо дар телевизиону шабакаҳо вай карда мемонем, занг задан тамом.

Дурусттараш гузашт кардан тамом!

Ҳаминро ба миллат вай кунед –  фаҳмонед. 

Сарнагунӣ кай аст? Сарнагунӣ?!

Тӯй каяй тӯй??

Share This Article